Раиси ноҳияи Қубодиён Саидумрон Абдураҳмонзода журналистонро таҳқир кард

Саидумрон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Қубодиён, дар ҷануби Тоҷикистон санаи 22-юми май дар як сўҳбати телефонӣ хабарнигореро, ки мехост аз мушкилии мардуми зарардидаи деҳаи Заркамари ноҳия гузориш таҳия кунад, таҳқир намуда, нисбаташ сухани қабеҳ гуфт ва журналистонро ҷангандоз номид.

Тавре хабарнигори радиои Озодӣ дар вилояти Хатлон Орзуи Карим хабар дод, вай бо мақсади равшанӣ андохтан ба вазъ ва ҷалб кардани диққати роҳбарияти ноҳия ба мушкилоти мардуми деҳаи Заркамари ноҳияи Кубодиён, ки дар натиҷаи пайомади борони сели санаи 12-13 май зарари калони молӣ дидаанд, бо раиси ноҳия Саидумрон Абдураҳмонзода тариқи телефон дар тамос шуд.

Тавре журналист гуфт, ҷаноби Абдураҳмонзода ҳангоми алоқаи телефонӣ бо чанд нафаре дигар ҳамнишаст будаанд ва ба хабарнигор “шароити мардуми ноҳия хуб аст” гуфта, аз идомаи сўҳбат сар кашидааст. Ҳамзамон дар муроҷиат ба ҳамнишинонаш гуфтааст, ки “ин паатҳо аз Қурғонтеппа занг задаанд”.

Ин дар ҳоле, ки мегуяд Орзуи Карим, дар натиҷаи борон ва омадани сел санаи 12-13-уми майи соли равон беш аз 20 манзили истиқоматии сокинони деҳаи Заркамар комилан хароб гардида, аз ниҳодҳои ҳукуматӣ ба ҷуз хайма ва курпаҳои созмони ҳилоли аҳмари Тоҷикистон дигар кумаке пайдо накардаанд. Ҳоло 140 нафар мардуми аз офати табиӣ зарардида дар наздикии ин деҳа дар хаймаҳо зери офтоби гарм зиндагӣ мекунад ва аз ваъзи саломатияшон нигаронӣ кардаанд. Онҳо ба хабарнигор гуфтанд, ки ҳукумат ба мушкилии онҳо расидагӣ намекунад ва пулис ба онҳо таҳдид кардааст, ки набояд ба ниҳоде муроҷиат кунанд.

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *