Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) Акбаралӣ Сатторов аз намояндагони ВАО даъват намуд, ки дар шароити зуҳури тамоилҳои мушкил дар ҷаҳони муосир, зимни инъикоси ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистон басо эҳтиёткор бошанд.
Дар ҳамин ҳол, А.Сатторов хотиррасон кард, ки ҷанги шаҳрвандии аввали солҳои 90-уми қарни гузашта дар Тоҷикистон маҳз аз саҳифаҳои нашрияҳои он замон шурӯъ шуд.
«Дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот сарфи назар аз ҷонибдори кадоме аз аҳзоб ё номзади ҷудогона будан, шумо қабл аз ҳама бояд манфиатҳои миллиро ба инобат бигиред», — гуфт раиси ИЖТ зимни суханронӣ дар мизи гирд бахшида ба нақши ВАО дар интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ.
Сатторов бар ин назар аст, ки ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоб як давраи хеле ҳассос аст ва «дар бисёре аз кишварҳо ҷангҳо маҳз аз рӯйи натоиҷи интихобот сурат гирифтаанд».
«Дар ҷаҳони муосир моро хатарҳои зиёде иҳота кардаанд ва қабл аз ба маърази ҷомеа пешниҳод шудани мавод, мо бояд ҳар қадами худро дониста гузорему ҳар суханамонро санҷида бигӯем», — афзуд номбурда.
http://news.tj/tj/news/raisi-izht-angi-sha-rvand-dar-ikiston-az-sa-ifa-oi-nashriya-o-o-oz-shud