РАИСИ АГЕНТИИ МЕЪМОРӢ ЖУРНАЛИСТОНРО МУТТАҲАМ КАРД

Раиси агентии меъморӣ ва сохтмон журналистонро ба пешниҳоди муғризонаи воқеият муттаҳам кард.

Абдувалӣ Комилов, раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди Хукумати Точикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, журналистҳо мавзӯи муҳоҷират ва камбизоатиро дар ВАО норудуст шарҳ медиҳанд.

Абдувалӣ Комилов, дар нимаи дуюми нишасти матбуотӣ, ки имрӯз 16-уми январ, дар Маркази “Иттилоот ва муошират” баргузор шуд, ба интиқоди журналистон шуруъ карда, ба журналистон насиҳат дод:

“…Объективӣ бошед. Мо дар ҳақиқат аз ҳисоби омори музди меҳнатӣ паст дорем, лекин маблағҳое, ки муҳочирон меоранд, мо ба ягон ҳисоби оморӣ дохил намекунем. Агар мо ба ҳисоботи оморӣ ин маблағҳоро дохил кунем, мо сатҳи зиндагиамон хеле баланд мешавад.

Биёед, мо ҳозир гап шунавем. Ҳамин маблағҳоеро, ки омадааст, омадан гирад. Барои он ки, як Точикистон муҳочират намеравад. Баъд, инро шумо журналистҳо нодуруст шарҳ медиҳед. Тамоми туркҳо аз ватанашон берун кор мекунанд, аммо ҳамин, ки точикон рафта дар дигар ҷо кор кард, ҷанҷол мебардорем…”

Ҳамчунин Абдувалӣ Комилов таъкид кард:

“- Вазифаи мо одами саводнокро тайёр карда, фиристодан мебошад. Халқамон халқи меҳнаткаш аст, меҳнат мекунад. Ду миллиарде, ки аз ҳисоби муҳочирон меояд, агар ба сари аҳолӣ тақсим кунем, мо хеле бой мешавем. Мо ҳамин ҳисоботҳои омориро мегирему баъд љанљол мекунем, ки мо кабағал…

Бинобар гуфтаи журналистон, барои иштирокдорони нишасти матбуотӣ, аз доираи мавзӯъ берун рафтани раиси агентии сохтмон ва меъморӣ боиси тааҷҷуб ва нигаронӣ буд.

http://www.tojnews.org/raisi-agenty-journalistonro-mataham-kard

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *