Раҳимов: Агар дархост шавад, ҳамла ба Атовуллоевро таҳқиқ мекунем

[b]Пулиси Тоҷикистон мегӯяд, ки дар сурати дархости мақомоти Русия иддаъои Додоҷони Атовуллоҳ мабнӣ ба даст доштани мақомоти тоҷик дар сӯиқасд ба ҷонашро таҳқиқ хоҳад кард.[/b]

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 20 январ дар як нишасти матбуъотӣ дар ин бора ибрози назар кард, аммо вай гуфт, ки то ҳол чунин дархосте аз ҷониби Русия ворид нашудааст.

Вай гуфт, ки дар бораи иддаъои Додоҷони Атовуллоҳ, хабарнигори мухолифи давлати Тоҷикистон, тавассути расонаҳои гурӯҳӣ огоҳ шудааст, вале то ҳол далеле дар ин бора дар даст нест.

Оқои Раҳимов афзуд: “Агар бозрасони рус дар ин бора иттилоъи дақиқе дошта бошанд, ҳатман ба мо муроҷиъа мекунанд. Дар ин сурат мо бо онҳо ҳамкорӣ мекунем.”

Ин дар ҳолест, ки баъд аз сӯиқасд ба ҷонаш, Додоҷони Атовуллоҳ дар нахустин мусоҳибаи худ бо нашрияи “Новая газета”, чопи Маскав, мақомоти Тоҷикистонро ба даст доштан дар суиқасд ба ҷони худ муттаҳам кард.

Дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ оқои Атовуллоҳ ин иддаъоро таъйид кард ва афзуд, ки вай дар бораи эҳтимоли тарроҳии сӯиқасд ба ҷонаш дар авохири соли гузашта иттилоъоте дарёфт карда буд.

Вай афзуд: “Чанд мақоми амниятии Тоҷикистон ба ман хабар доданд, ки алайҳи ман сӯиқасде тарроҳӣ мешавад. Ин афрод ба ман машварат доданд, ки базудӣ Маскавро тарк кунам. Ман ҳам ин фикрро доштам, вале ба далели гирифторӣ ба корҳо натавонистам сареъан аз ин шаҳр берун равам.”

Сӯиқасд ба ҷони Додоҷони Атовуллоҳ, муассиси нашрияи «Чароғи рӯз» ва созмони мухолифи «Ватандор», ки аз мунтақидони сарсахти сиёсатҳои Президент Раҳмон ба шумор меравад, шоми 12-уми январ дар яке аз хиёбонҳои пойтахти Русия сурат гирифт.

Ба гуфтаи оқои Атовуллоҳ, вай барои дидор бо як тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз манзилаш берун рафт ва дар хиёбон ҳадафи ҳамлаи фарде бо «чеҳрае монанд ба мардуми мо» қарор гирифт.

Пизишкони бемористоне, ки оқои Атовуллоҳ ба он ҷо мунтақил шуда буд, иқрор кардаанд, ки дар пайи ин ҳамла ҷигар (кабид), гурда (куля) ва шуши (рияи) ин хабарнигор захмӣ шуда ва теғи корд ҳамагӣ як сонтиметр аз қалбаш фосила доштааст.

Оқои Атовуллоҳ дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт комилан мутмаин аст, ки ҳамла ба ӯ ангезаи сиёсӣ дорад ва мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши норизоятӣ дар кишвар нигарон ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамла ба ӯ пас аз нокомии давлати Тоҷикистон дар боздошт ва ё моил сохтани ӯ ба «оштӣ» сурат гирифтааст.

Вай афзуд, ки ин ҳодиса шумори ҳаводорони ҷунбиши «Ватандор», созмони таҳти раҳбарии ӯро, афзоиш хоҳад дод. Ба ин далел, вай тасмим гирифтааст, ки фаъъолияти ин созмонро барои «аз роҳи сиёсӣ ва мусолиматомез» барканор кардани Президент Раҳмон тақвият бидиҳад.

Ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳро бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва дохилии мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон маҳкум карда ва хостори таҳқиқи сареъи ин ҳодиса аз сӯйи мақомоти рус шуданд.

Дар тӯли бист соли ахир мақомоти Тоҷикистон борҳо аз Русия боздошт ва истирдоди оқои Атовуллоҳро дархост кардаанд. Додситонии Тоҷикистон оқои Атовуллоҳро ба тавҳин ва таҳқири раиси ҷумҳур муттаҳам карда буд.

Дар гузашта Додоҷони Атовуллоҳ дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ изҳор дошта буд, ки дар остонаи таҷлил аз 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон афроде аз номи раиси ҷумҳури ин кишвар ӯро барои бозгашт ба ватан ташвиқ кардаанд, вале ӯ ин пешниҳодро напазируфтааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/01/120120_if_ataullaev.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *