Радди талаби «ИмрўзNews» аз сўи додгоњи Исмоили Сомонї

Додгоњи ноњияи Исмоили Сомонї талаби “ИмрўзNews”-ро дар мавриди иваз намудани раисикунандаи мурофиаи додгоњии ин нашрия бо Рустам Њукумов, писари раиси “Роњи оњани Тољикистон, рад кардааст.


Назири Нусрат, сармуњаррири рўзномаи “ИмрўзNews” дар сўњбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, аз додгоњ талаб кардаанд, Шерзод Низамов, ки бањси додгоњии Рустам Њукумов алайњи ин нашрияро баррасї мекунад, иваз гардад. Аммо додгоњ рўзи љумъа таъинот баровардааст, ки ин талаби нашрия рад карда шавад. Назири Нусрат мегўяд, аз оғози мурофиа Шерзод Низамов тамоми таклифоти нашрияро рад карда, пешнињодњои љониби даъвогарро қонеъ кардааст.

Дар њамин њол, бањси додгоњии «ИмрўзNews» ва Њукумов ба марњилаи нињої расидааст ва имрўз (25-уми феврал) дар назар аст, нашрия охирин суханашро баён кунад. Суханони охири љониби даъвогарро додрас дар мурофиаи рўзи љумъа шунидааст ва дар назар аст, имрўз њукми додгоњ нисбат ба даъвои Њукумов алайњи нашрия содир шавад.

Рустам Њукумов, писари Амонулло Њукумов, раиси корхонаи «Роњи оњани Тољикистон», рўзномаи «ИмрўзNews» — ро дар паст задани шарафи худ муттањам карда, аз додгоњ хостааст, шаъни ўро барқарор кунад. Њукумов аз рўзномаи “Имрўз News” 50 000 сомонї љуброн талаб кардааст. Норозигии аслии Рустам Њукумов, ба як навиштаи рўзнома, тањти унвони «Боқиев ва Њукумов «дарди сар» — и падарњо шудаанд», рабт дорад, ки «ИмрузNews» онро 16-уми октябри соли 2012 нашр кардааст. Назири Нусрат, муаллифи матлаб мегўяд, қазияњои боздошти Њукумов ва Максим Боқиев, писари раисиљумњури собиқи қирғизро ба баррасї кашида, дар навиштааш дар ягон љо ба тањқир роњ надодаст.

http://www.ozodagon.com/8836-talabi-imrznews-oidi-tayiri-dodras-rad-shudaast.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *