Чанд рӯз пеш як тан аз ҳампешаҳоям бо як чиновник баъди давутозҳо, ҷустуҷӯйҳову зангзаниҳои зиёд ҳамсӯҳбат шуду шоҳиди бевосита гардидам. Ин чиновник ҳукм баровард, ки журналистон душмани халқанд! Маҳз ба он хотир, ки журналистон сафедро сафеду сиёҳро сиёҳ мегӯянд ва ҳар камбудие, ки дар кори чунин роҳбарон ҳаст, онро фош месозанд.
Хонандаи мӯҳтарам иттилоъ дорад, ки бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва қарори ҳукумати кишвар аз моҳи октябри соли 2012 корҳои таҷдиду азнавсозии роҳи Айнӣ-Панҷакент, ҳудуди 113 км шурӯъ шуда буд. Ҳампешаи ман Хуршед Фозилов, журналисти ҷавон, вале болаёқат тибқи супориши идораи ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «СССР» оид ба сохтмони ин роҳ маводеро бояд омода менамуд. Баҳри амалӣ шудани ин мақсад ӯ муддате чанд менеҷери роҳи мазкур Анзур Раҷабовро телефониву бевосита ҷустуҷӯ мекард. Ҳар боре, ки барои дарёфти Раҷабов ба вай занг мезад, ҷанобашон мегуфт, ки ҳоло дар Айнӣ ва ё Хуҷанду Душанбе асту чун Панҷакент омад, бо ӯ ҳатман вохӯрда, ҳамсӯҳбат хоҳад шуд. Ростӣ, ин ҳолат беш аз як моҳ давом намуд, ки банда шоҳиди бевоситааш будам.
Ниҳоят, рӯзи 8-уми апрел баъди зӯҳр Хуршед дарак дод, ки ҷаноби Раҷабов дар Панҷакент асту ба ӯ дар бораи рафти корҳои таҷдиди роҳ ва сифату мушкилоташ суолу ҷавоб кунем. Чун банда низ бояд матлабе дар ин бобат омода менамудам, ин пешниҳодро қабул кардам. Ҳарду ба мавзеъе, ки «Дарвозаи Бухор» ном дораду онҷо сохтмони роҳ дар авҷ аст, омадем. Анзур Раҷабовро ҳамроҳи як корманд аз Бангладеш ва тарҷумонаш пайдо кардем. Хуршед матлабро баён кард. Оқои Раҷабов дар аввал баъди матлаби моро фаҳмидан розӣ нашуд, ки сӯҳбат орояд. Аммо баъдан бо як ҳукми омирона ба Хуршед рӯ оварда, гуфт: «Гап зан, чӣ мехоҳӣ?!». Баъди андаке сӯҳбат бо Хуршед Фозилов ва суоли ӯ оид ба сифати роҳу фурӯравии ин қисмати роҳи навсохта дар мавзеи Дупула ва назди идораи воҳидҳои кишоварзӣ, ки ҳачун «идораи колхоз» миёни мардум машҳур аст, Раҷабов ба якборагӣ пӯстинашро чаппа пӯшид.
Вай бо як садои ситезанда мегуфт: «Ту душмани халқӣ, шумо журналистон ҷои он ки шодӣ кунед, ки бароятон бо ин қадар пулҳои калон роҳ месозанд, ким-кадом як ҷоякеро чӯкидааст, турбаи обаш кафидааст мегӯӣ?! Агар душмани халқ набошед, магар ҳамин ҳам гап шуд, ки куҷое фурӯ рафтааст, латок нест, қисмате зери об мондааст,- гӯён суол мекунед!?».
Сипас ҷаноби Раҷабов ҷои он, ки ба суолҳо ҷавоб гӯяд, ба ҳуҷуми лафзӣ гузаштаву мегуфт, ки «ту саводи инженерӣ надорӣ, як кӯдаки дирӯза, ки ман бо ту сӯҳбат кунам. Агар зарур бошад, миллион бор занг мезанӣ. Агар журналист бошӣ, моҳҳо аз паси ман медавӣ. Ҳамон ҳолат ҳам хоҳам, сӯҳбат мекунам, нахоҳам, не. Он мактубе, ки аз Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо бароят бо имзои Шоқулов омадаасту дар нақшаҳояш мӯҳр нест, онҳо низ барои ман қоғазаке беш нестанду ба дард намехӯранд. Умуман, бо ту кӯдак, ки агар журналист бошӣ, душмани халқӣ, сӯҳбат кардан намехоҳам. Аз дастат ҳар коре ояд, кардан гир! Ман ба назорати роҳ машғулам, чи хеле мехоҳам, ҳамон хел кор мекунам, ба ин кори ту набошад!». Баъди ин таҳоҷум Анзур Раҷабов ба дашном гузашта гуфт: «Аз они маро барвақт буридагӣ. Бурида тонӣ, бур».
Чунин буд муносибату сӯҳбати Анзур Раҷабов — менеҷери роҳи Айнӣ-Панҷакент, ки ба андешаи худаш, калони ин роҳ асту ҳар кореро хоҳад, анҷом медиҳад бо як журналисти ҷавон, вале болаёқати ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «СССР» дар водии Зарафшон.
Шояд масъулину мутасаддиёни болоӣ баъди хондани ин матлаб ба чунин ашхос қонуну фармонҳоро гӯшрас кунанд?
http://faraj.tj/main/8972-ra1207abov-zhurnalist-dushmani-hal1179.html