Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар бораи маҳдудияти Шабакаи телевизиони моҳвораии «К+» дар Тоҷикистон гуфт, «Кумита ба маҳдудияти мавҷи ин шабака дар ҳудуди кишвар даст надорад».
«Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита фарогирии 4 шабакаи давлатиро ба ӯҳда дорад ва мо ба пахши ягон шабакаи телевизионӣ монеа эҷод накардем», — гуфт Асадулло Раҳмонов.
Ёдрас мекунем, роҳбарияти Шабакаи моҳвораии телевизиони «К+»-и Қазоқистон Ҳукумати Тоҷикистонро ба қатъи барномаҳои ин шабака дар ҳудуди Тоҷикистон айбдор карда буд.
Дар изҳороти роҳбарияти ин шабака, ки 5-уми июл пахш шуд, гуфта мешавад, аз 2-юми июли соли ҷорӣ сигнали Шабакаи телевизиони «К+» дар моҳвораи HotBird (13*) қисман халал меёфт ва аз 4-уми июл дар ҳудуди Тоҷикистон пахши он пурра қатъ шудааст.
Роҳбарияти «К+» ин иқдомро ғайриқонунӣ унвон карда, аз ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳукуматҳои тамоми кишварҳоро даъват кардааст аз нақзи озодии баён ва монеасозӣ ба пахши сартосарии иттилоот пешгирӣ кунанд.
Раиси кумита дар бораи сабти тӯйи арӯсудомодии писари президент Эмомалӣ Раҳмон, ки Додоҷон Атовуллоев дар «К+» мавриди интиқод қарор дода, гуфтааст, наворҳоро аз Асадулло Раҳмонов дастрас кардааст, гуфт, «ба гапи занакҳои лаби об гӯш надиҳед. Мо ин гуна туҳматҳоро бисёр шунидаем. Кӯшиш кунед, ба сарчашмаҳои боэътимод такя кунед», — гуфт Асадулло Раҳмонов.
Асадулло Раҳмонов, ҳамчунин, ба савол дар бораи он ки «чаро расонаҳои давлатӣ ба Додоҷон Атовуллоев вокуниш нишон намедиҳанд?» — гуфт, ҳамаи барномаҳои мо ҷавоб ба Додоҷон Атовуллоев аст.