Раҳмон Асадулло, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон рӯзи 11 июл зимни як нишасти хабарӣ, ба амалкарди ин ниҳод ба масоили пурсару садо, посух дод.
Раҳмон Асадулло дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди пахши навор дар бораи Александр Содиқов тариқи шабакаи аввал гуфт, ки дар ин навор Содиқов ҳамчун гумонбар ба «ҷосусӣ» муаррифӣ шудааст.
Ба таъкиди раиси Кумитаи радио ва телвизиони Тоҷикистон дар сурати гуноҳи Александр Содиқов тасдиқ шавад, он гоҳ дигар шабакаҳои телевизионии давлатӣ низ дар бораи вай навор пахш хоҳанд кард.
Александр Содиқов ҳудуди як моҳ қабл дар шаҳри Хоруғ аз сӯи мақомоти амниятӣ ба гумони ҷосусӣ ба нафъи яке аз кишварҳои хориҷӣ боздошт шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.
Раҳмон Асадулло ҳамчунин дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи пахши наворҳо роҷеъ ба «муллоҳои фиребгар» гуфт, ки «намоиши наворҳо дар бораи «муллоҳо» маъракаи густарда зидди ҳеҷ як ҳизбу созмон нест.»
Ҳарчанд раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон гуфт, ки «бархе аз намояндагони аҳзоб ва гурӯҳҳо иддаъо мекунанд, ки ин алайҳи онҳо нигаронида шудааст.»
Ба андешаи ҷаноби Раҳмон, «ин дарди ҷомеа аст ва мо муваззаф ҳастем, ки дар ин бора ба мардум барномаҳо нишон диҳем.» Чун ба таъкиди раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, «бо вуҷуде ки шаҳрвандон ҳангоми рафтан ба назди муллоҳои фиребгар дарк мекунанд, ки вай дуруғ мегӯяд, аммо сокинон инро ба ҳамсояҳои худ намегӯянд, то дигарон аз рафтан ба назди чунин муллоҳо худдорӣ кунанд.»
Раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон пахши ин гуна барномаҳоро рисолати шабакаи телевиизиони давлатӣ медонад ва мегӯяд, то мардум аз аъмоли чунин «муллоҳои фиребгар» маълумот пайдо кунанд.»