Рӯзноманигорони ҷавон роҳҳои пешгирии одамфурӯширо меомӯзанд

Рӯзҳои 11-12 июл дар шаҳри Душанбе тренинги дурӯза аз ҷониби Созмони байналмилаии Муҳоҷират дар мавзӯи «Масоили марбут ба ҳуқуқи инсон, хатарҳои муҳоҷират ва савдои одамон» баргузор мегардад.

Мақсади асоии баргузории тренинг такмили донишу малакаи шаҳрвандон доир ба масоили марбут ва ҳуқуқи инсон, хатарҳои муҳоҷират ва савдои одамон тавассути расонаҳои хабарӣ мебошад.

Вазифаҳои тренинги мазкур шиносоии намояндагони расонаҳои хабарии Тоҷикистон ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон, хатарҳои муҳоҷират ва савдои одамон дар ҶТ, баланд бардштани сатҳи огаҳии намояндагони расонаҳои хабарии Тоҷикистон аз қонунгузориҳои кишвар ва конвенсияҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон ва қурбониёни савдои одамон, инчунин мусоидат ба фарогирии бештар ва беҳтари мавзуоти марбут ба ҳуқуқи инсон ва хатарҳои савдои одамон дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон  арзёбӣ мешавад.

Дар тренинг зиёда аз 20 рӯзноманигор иштирок намуда, ба онҳо дар ин муддати ду рӯз аз ҷониби тренерҳои таҷрибадор роҳҳои пешгирии савдои одамон, ҷанбаҳои ҳуқуқии мавзуи мазкур ва хатарҳои он дар кишвар омӯзонида мешавад.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/11390-r-znomanigoroni-avon-ro-oi-peshgirii-odamfur-shiro-meom-zand.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *