Дар арафаи иди матбуот, ки 11 –уми март ҷашн гирифта мешавад, хабарнигори Faraj.tj Комрони Аслон посухи чанде аз фаъолони иҷтимоиро ба ин суол гирдоварӣ намуд: «Рӯзноманигор дар ҷомеаи Тоҷикистон чӣ нақш дорад?».
Адибаи Азиз, шоира:
— Рӯзноманигор пулест миёни ҷомеа ва ҳукумат. Нақши феълии рӯзноманигор муҳим боқи мондааст. Рӯзноманигор ҳамеша талош мекунад, ки масъалаҳои доғро расонаӣ намояду муаммоҳои мардум ҳаллу фасл ёбанд. Аммо аҷибаш он аст, ки рӯзгори худи онҳо саршор аз дард ва омехта бо мушкилҳост, яъне чорасозон дар давои дарди худ бечораанд… Мехоҳам, ки рӯзноманигор тарроҳи хуби ҷомеа боқи бимонад, вале нахуст манзили худ, мушкили худ ва дили худро таъмиру тармим бисозад. Агар рӯзноманигор аз хуқуқи хеш дифоъ карда натавонад, пас ҷеч фарде оқил дунболи ормонҳои ӯ нахоҳад рафт, ба ҳарфҳои баланди у нахоҳад бовар кард. Барои худ ва барои ҳамаи қалакашон шуҷоате на кам, садоқат ба қалам, ҳақиқат дар кор, адолат дар рафтор мехоҳам.Ва бо истифода аз минбари шумо Рӯзи матбуотро ба тамоми ҳамқаламон муборакбод мегуям!
Асадуллоҳ Аминов, корбари фейсбук:
— Дар замони муосир рӯзноманигор дар ҷомеъа мавкеи густардаеро пайдост ва метавонад андешаи ҷомеъаро ба тарзи дилхоҳ тағйир диҳад.
Баҳром Ҳамроев, президенти Ҷамъияти муҳоҷирони сиёсии Осиёи марказӣ:
— Агар мо рӯзноманигорҳои тоҷикро дар назар гирем ҳолашон аз рӯзноманигорҳои кишвари Ӯзбекистонро фарқияте надорад, чун маҳдудиятҳои зиёдеро дороянд.
http://faraj.tj/news/12684-r1263znomanigor-dar-1207omeai-to1207ikiston-ch1251-na1179sh-dorad.html