Рӯзи мурофиаи судии роҳбари КВН-и Тоҷикистон маълум гаридид

Мурофиаи парвандаи рӯзноманигори машҳури тоҷик ва роҳбари КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов, ки тафтишоти он дар тӯли шаш моҳ идома дошт, рӯзи 10-уми июл дар суди шаҳри Хуҷанд таъин шудааст.

Хайрулло Мирсаидов эътироф менамояд, ки дар ҳуҷҷҷатҳои ҳисоботии маблағҳое, ки барои фаъолияти КВН-и Тоҷикистон ҷудо шуда буданд, норасоиҳо ҷой доранд ва худро барои ин масъул меҳисобад. Дар баробари ин, вай дар мурофиаҳои судӣ қайд намудааст, ки аудит ва санҷиши ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ба тариқи ҳамаҷониба ва воқеъбинона анҷом дода нашудаанд, ки боиси айбдор кардани ӯ аз рӯи моддаҳои 245 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340 (сохтакорӣ, тайёр кардан, ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштааст, ки дар ин маврид низ қисман ҷавобгарии худро эътироф мекунад.

Дар мавриди айбе, ки ба Мирсаидов тибқи моддаи 346 КҶ РТ (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) эълон шудааст, ӯ тамоми раванди судиро пурра инкор мекунад. Моддаи 189, қ. 2, б. “г” (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), бо сабаби набудани далелҳо аз истеҳсолот гирифта шудааст.

Аз рӯи парвандаи мазкур манфиатҳои Мирсаидовро дар суд се адвокат ҳимоя мекунанд. Адвокатҳо Бахтиёр Насруллоев, Дилафрӯз Самадова ва Аскар Турсунов, ки хизматрасонии онҳоро ТҶ «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» пешниҳод менамояд, чунин мегӯяд: «Мо умедворем, ки парвандаи Мирсаидов ба таври беғаразона баррасӣ карда хоҳад шуд ва аз суд ҳалли одилонаро интизорем».

Хотиррасон менамоем, ки Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5 декабри соли 2017 ҳамчун гумонбар тибқи 4 моддаи КҶ ҶТ боздошт шуда буд. Дар рафти тафтишот, бино бар тасдиқ нашудани далелҳо моддаи 189 Кодекс хориҷ карда шуд. Анҷомёбии мурофиаи судӣ нисбати Мирсаидов дар ояндаи наздиктарин дар назар дошта шудааст.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/17047-r-zi-murofiai-sudii-ro-bari-kvn-i-to-ikiston-ma-lum-garidid.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *