[b]Боби1. Аз советӣ то хусусӣ[/b]
Дар замони Ҳукумати Советӣ одамон ҳар рўзу ҳар соат бетоқатона интизори рўзномаю журналҳо буданд, ки кай хаткашон меояд. Ҳама коргару деҳқон, хонашин, нафақахўрон дар ҷойҳои кор ва почта ихтиёрӣ ба рўзномаҳои марказӣ, республикавӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ обуна мешуданд. Нархи рўзномаҳо хеле арзон 2-3 тин буд, ҳоло бошад, 1,5-2 сўм.
Агар рўзе 1 рўзнома бо ягон сабабе ба хонандагон дастрас намешуд, мекофтанду гунаҳкорро муайян мекарданд ва ҷазояш медоданд, барои он ки ҳамаи рўзномаҳо ба манфиати халқу Ватан буд. Ҳоло ҳам, хусусан рўзномаҳои мустақил, ба манфиати халқ ва пешбурди мамлакат хизмати босазо мекунанд.
Дар рўзномаҳои давраи советӣ масъалаҳои ҳалталаб, камбудию норасоиҳо дар ташкилотҳо, колхозу совхозҳо, идораю вазоратхонаҳо, судҳою прокуратураҳо буда чоп мешуданд. Дар баробари ин, аз танқиду норасоиҳои дар рўзнома нишондодашуда касе малол намешуд, мисли ҳозира рўзномаҳоро ба суд намекашиданд, ба адреси кадом ташкилоте, ки камбудӣ нишон дода шуда буд, дар ҳамон ташкилот дар муддати кўтоҳ дар маҷлисҳои кушоди ибтидоӣ, партиявии ташкилот муҳокима карда мешуд ва ба шахси гунаҳкор ҷазои сазовор дода ва ҳам аз тарафи комитети партиявии район назорат бурда мешуд, ки камбудии дар рўзнома нишондодашударо дар мўҳлати муайяншуда ислоҳ гарданд ва ба редаксия аз иҷрои мақолаи танқидӣ ҷавоб нависанд.
Дар замони истиқлолият сафи рўзномаҳои ҳукуматӣ хеле кам шуд ва он рўзномаҳое, ки мебароранд, он қадар завқовар нестанд ва бо таърифи каме муваффақиятҳо дода мешаванду намебинанд, ки Тоҷикистон дар чӣ ҳол асту халқамон дар кадом шароит умр ба сар мебарад.
[b]Боби 2. Рўзии Раҷабу Нерўи Мухтор…[/b]
Шукрони истиқлолият ва демократияи он, ки дар мамлакатамон рўзномаҳои мустақил шумораашон дар солҳои охир зиёд шуд, вале мансабдорони баландпояи ҳукумат ба сари онҳо ҷабру ситам овард. Солҳои қабл рўзномаҳои «Нерўи сухан»-и Мухтор Боқизода ва «Рўзи нав»-и Раҷаби Мирзо мебаромад, ки дар матбуоти ҳамон замон сазовори эҳтироми мардум буданд, бисёр камбудиҳои фасодкору хиёнаткорро ҷасурона ошкор мекарданд. Ба ҷои он ки мансабдорон камбудиҳои ошкоршударо ислоҳ кунанду ба халқу ватани худ хизмати босазое ва аз журналист барои ошкор намудани камбудӣ миннатдорӣ ва узр пурсанд, онҳоро бастанд! Ин рафтори онҳо ноҷавонмардона аст ва ҳукумат фасодкоронро пуштибонӣ кард.
Имрўз дар ошкор намудани бисёр камбудию фасодкорӣ рўзномаи «Пайкон» саҳми калон дошт, ҳар як тири «Пайкон» рост ба нишон мерасид, тираш бехато буд, барои ҳамин буд, ки ҳамаи мансабдорони баландпоя аз тирҳояш метарсиданд. Имрўз Пайкон ҳам дар мушкилӣ қарор дорад…
Ман 1 вақтҳо шунида будам, ки матбуотро оинаи давлат мегуфтанд, ин дар ҳақиқат рост аст, барои он ки тамоми камбудию норасоӣ ва сиру асрори ин ё он мансабдорро мебинад ва барои барҳам додани камбудиҳо кўшиш ба харҷ медиҳад, ки камбудию норасоиҳои ҷойдошта саривақт ислоҳ шаванд. Агар ҳукумат васоити ахбори оммаро пуштибонӣ кунад, дар навбати аввал маоши онҳоро баланд бардорад ва назорат кунад, хараҷу мараҷ, коррупсия ва дигар нуқсонҳои зараровар барҳам мехўрад ва иқтисодиёт дар мамлакат баланд мегардад. Тоҷикистони азиз яке аз мамлакатҳои тараққикардаи дунё мегардад.
[b]Боби 3. СССР фахри Тоҷикистон[/b]
Ҳоло дар Тоҷикистон рўзномаи сермухлистарин, серхонандатарин, ки берун аз мамлакат машҳур аст, ҳукумат бояд ба ин рўзнома, ки номаш СССР аст, фахр кунад. Дар ин рўзнома журналистони бисёр ҳам ватанпарвару миллатдўст, болаёқат, ботаҷрибаи бойдошта аз чиҳати иқтисодию сиёсӣ саводнок ва халқпарвар кор мекунанд, ки ин ба манфиати халқу ватан аст. Халқи тоҷик, хусусан синнусолрафтаҳо бо ин рўзномаи СССР мефахранду шоданд ва баромадани рўзномаро бесаброна интизоранд. Ҳамаи кормандони ВАО-ро бо Рўзи матбуот табрик мегўям, дар корҳояш мувафаққиятҳои калон орзу мекунам…
Ҷумъа МУРОДОВ, нафақагир, ноҳияи
Источник: http://www.khatlonpress.tj/index.php?option=com_content&task=view&id=735&Itemid=1