Китоби нави рӯзноманигор Умари Шерхон бо номи «Пурдил», ки фарогири мусоҳиба, очерк ва мақолаҳои муаллиф аст рӯйи чоп омад.
Китоби мазкур роҷеъ ба диловарию ҷавонмардони тоҷик дар размгоҳҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисса мекунад. Маҷмӯаи «Пурдил» аз фаслҳои «Хотира бурун аз иродаи вақт аст», «Фарзандони диловари тоҷик», «Аз изтироб то нӯшбод» ибора буда, он ба ҷашни 70 солагии Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида мешавад.
Муқарризи китоб Давлаталӣ Алимов, номзади илмҳои таърих буда, он бо дастгирии Директори КТН «Шарқи озод» Ёқуб Исмоилзода ба табъ расидааст.
Умари Шерхон яке аз журналистони соҳибқалами кишар буда, навиштаҳои ӯ аз ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта то ба имрӯз дар расонаҳои даврӣ ба табъ мерасанд.
Номбурда муаллифи китобҳои «Кохи ҳунар», «Гурд», «Омад», «Таҳамтан», «Асил», «Данғара», «Давлатманд», «Сипос» ва амсоли онҳо мебошад.
Шерхон узви Иттифоқҳои журналистон, нависандагон ва Ассотсиатсияи пулитсистони Тоҷикистон мебошад.
http://faraj.tj/news/11954-purdil-i-umari-sherhon-chop-shud.html