[b]Агар барномаҳои як шабакаи телевизиюнӣ мутанаввеъ ва ҷаззоб набошанд, воқеъиятҳо, эҳсосоту авотиф ва манофеъи гурӯҳҳо ва ақшори мухталифи ҷомеъа дар он бозтоб наёбанд, бинанда ба дунболи манобеъи дигари иттилоърасонӣ хоҳад рафт.[/b]
Ин вазъият гоҳо боъис мешавад, ки ақшору гурӯҳҳои ба ҳошия рондашуда ва маҳрум аз ахбору иттилоъот, аз ҷумла ҷавонон ва табақоти нодору камбизоъат, ба манобеъе рӯй оваранд, ки афкори ифротгароёна ва музир барои ҷомеъаро таблиғ мекунанд.
Ин матлаб рӯзи ҷумъаи 7 декабр дар ҷаласае, ки Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати хориҷаи Бритониё дар Душанбе баргузор кард, матраҳ шуд.
\’Телевизиюни ҷамъиятӣ\’
Ин ҷаласаи мизи гирд таҳти унвони \»Нақши телевизиюни ҷамъиятӣ дар пахши барномаҳои ҷаззобу мутанаввеъ ва ҷавобгӯйи интизороти мухотабон дар асри интернет\» бо ширкати намояндагони расонаҳо дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин ҳамоиш аз ҷумла Морек Бекерман, мушовири ҳайъати уманои Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ, ва Истивен Витл, нозири собиқи хатти машйи таҳририяи Би-би-сӣ, дар бораи чолишҳое сухан ронданд, ки ин расонаи бритониёӣ барои ҳифзи истиқлоли худ аз давлат, пойдорӣ дар баробари рақобат ва дифоъ аз асли \»ҷамъиятӣ (умумӣ) будани\» худ дар мароҳили мухталифе рӯбарӯ шудааст.
Морюс Лукосюнос, раиси собиқи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи Вилнюс, низ дар бораи \»Таҷрубаи табдили телевизиюни давлатӣ ба телевизиюни ҷамъиятӣ дар Литвонӣ\» суханронӣ кард.
Вай бо ишора ба гузаштани телевизиюнҳои саросарӣ ба системи пахши диҷитол гуфт, бо таваҷҷуҳ ба ин ки таҷҳизот барои дарёфти барномаҳои диҷитол маблағ мехоҳад, дар кишварҳои фақир мумкин аст ин амр бисёре аз гурӯҳҳо ё ақшори ҷомеъаро аз дастрасӣ ба талевизиюн маҳрум кунад.\»
Аз ин рӯ, вай муътақид аст, ки конолҳои телевизиюнӣ бояд барои таҳвил ба системи диҷитол барномарезии дақиқу фарогире дошта бошанд, то бахши аъзаме аз мухотабони худро дар фароянди гузор ба текнулужии нав аз даст надиҳанд.
Хатари ифротгароӣ
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, ҳадаф аз баргузории ин мизи гирдро табодули назар ва таҷруба барои \»беҳбуд бахшидан ба муҳтавои барномаҳои телевизиюнӣ\» дар Тоҷикистон хонд.
Вай гуфт: \»Эродҳое, ки дар бораи мундариҷаи барномаҳои телевизиюнии мо гирифта мешаванд, мунсифона ҳастанд. Ҳам шабакаҳои телевизиюнии давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ ниёзҳои на ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоъиро дар назар мегиранд.\»
Ин дар ҳолест, ки Истивен Витл, ки дар гузашта нозири хатти машйи таҳририяи Би-би-сӣ буд, гуфт: \»Воқеъият ин аст, ки агар телевизиюни давлатӣ ниёзҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоъиро дар назар нагирад, ҷомеъа ба манобеъи ифротӣ рӯй меоварад.\»
Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд давлат дар кунтрули барномаҳои телевизиюнияш қудратманд аст ва онҳоро ба минбари худ табдил диҳад, аммо дар заминаи ҷалби мухотабон ба телевизиюнҳои худ нотавон аст.
Оқои Витл афзуд: \»Имрӯз дастрасии мардум ба фанновариҳои ҷадид ва манобеъи мухталифи хабариро наметавон кунтрул кард. Пулт (фармон)-и телевизиюн дар дасти мардум аст ва онҳо ҳар шабакаеро, ки мехоҳанд, мегузоранд. Бо интихоби конолҳои мавриди назари худ онҳо дарвоқеъ ба ин ё он телевизиюн ба наҳве раъй медиҳанд.\»
Дар ин ҳамоиш ҳамчунин таъкид шуд, ки бештари телевизиюнҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо пули давлат ё ҷомеъа ва ё аз ҳисоби молиёте, ки мардум ба давлат мепардозанд, фаъъолият мекунанд. Пас дар баробари тасмимоти мақомоти давлатӣ бояд манофеъ ва ниёзҳои мардум ва ақшори мухталифи ҷомеъа дар таҳия ва пахши барномаҳо дар назар гирифта шаванд.
Инзиво ва ақабмондагӣ
Ширкаткунандагон масъулияти телевизиюни ҷамъиятӣ ё умумиро барои дастёбӣ ба эҷоди як ҷомеъаи дорои фарҳанг ва тамаддуни камоли матлуб бисёр муҳим хонданд.
Таъкид шуд, ки таҳия ва пахши барномаҳои хабарӣ, тафреҳӣ, омӯзишӣ, фарҳангӣ ва варзишии мавриди алоқаи гурӯҳҳои мухталифе аз ҷомеъа, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон, сиёсатмадорон, ақаллиятҳои қавмӣ ва ҳамаи ақшори дигари иҷтимоъӣ ба суди давлат ва миллат аст.
Бахусус дар ҷавомеъе, ки дар онҳо даромади мардум чандон боло нест, телевизиюн танҳо василаест, ки афкори умумиро шакл медиҳад ва диди онҳоро нисбат ба масоили фарҳангӣ, варзишӣ, беҳдоштию илмӣ ва ғайра фарохтар месозад. Дар ғайри ин сурат, мардуми зиёде беш аз пеш дар инзиво қарор гирифта ва аз ончи \»ҷомеъаи имрӯзин\» хонда мешавад, ақаб мемонанд.
Дар ҳамин ҳол, натоиҷи як пажӯҳиши Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон ҳокист, ки 77 дар сади ҷамъияти ин кишвар аз тариқи амвоҷи онолуг барномаҳои телевизиюнро тамошо мекунанд ва танҳо 22 дар сад аз онҳо онтенҳои моҳвораӣ доранд.
Омори корбарони телевизиюни кобелӣ дар Тоҷикистон ба 1 дар сад баробар аст. Телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки то моҳи июни соли 2015 пахши диҷитоли (рақамии) ҳамаи барномаҳои худро таъмин кунанд.
Бино ба иттилоъи расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 57 шабакаи родию ва телевизиюн вуҷуд дорад.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2012/12/121207_sq_nansmit_media.shtml