Прокурори генералӣ: 7 ҳазор сомонаҳои террористиву экстремистӣ фаъоланд

Раҳмон Юсуф Аҳмадзода, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо роҳбарияту фаъолони шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом ва Ашт вохӯриву мулоқот анҷом додааст.

Тавре Иқбол Илёсзода, сухангӯи шаҳрдори Исфара мегӯяд, дар мулоқот масоили пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбуҳаракатҳои тундгаро, омилҳои пайвастани иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳи ҷинояткори бо ном «Давлати Исломии Ироқу Шом» ва чораҳои устуворсозии қурби асъори миллӣ мавриди баррасӣқарор дода шудаанд.

Раҳмон Юсуф Аҳмадзода гуфтааст, ки айни замон тахминан 300 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи «Давлати Исломии Ироқу Шом» шомил гардида, дар набардҳои хунини давлати бегона ширкат меварзанд, ки аксарияташонро ҷавонони аз 18 то 35-сола ташкил медиҳанд. Аз ҷумла 40 нафарашон аҳли оилаҳои худро ба ин мулки бегона бурдаанд.

— Аз вилояти Суғд алҳол 99 нафар шаҳрвандон ба сафи ин ташкилоти террористӣ шомил шудаанд, ки 40 нафарашон сокинони шаҳру деҳоти Исфара мебошанд. То имрӯз аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ба ҳалокат расидаанд, 60 нафарро ташкил медиҳанд. Зану фарзандони нафарони оилаашонро ба Сурия бурда, ки худ фавтидаанд, ҳамарӯза дар ғуломии аъзои Давлати Исломӣқарор доранд,- таъкид намудааст Прокурори генералӣ.

— Прокурори генералӣ ҳамзамон изҳор дошт, ки алҳол дар шабакаи Интернет беш аз 7 ҳазор адад сомонаҳои паҳнкунандаи ақидаҳои террористиву экстремистӣ фаъоланд ва бояд насли ҷавони ҷомеаро аз ин хавфу хатари ҷиддӣ эмин нигаҳ дошт,- мегӯяд Илёсзода.

Дар ҷараёни мулоқот баробари зикри зарурияти устуворсозии қурби асъори миллӣ аз беинсофиву бемасъулиятии бархе кормандони бонкҳову нуқтаҳои саррофӣ (ивази асъор) шадидан интиқод карда шудааст.

Дар ин мулоқот Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд ва Сироҷиддин Икромов, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишаванда фикру ақидаҳои хешро баён доштаанд.

Дар идомаи вохӯрӣ чанде аз иштирокчиён аз шаҳру навоҳии Исфараву Конибодом ва Ашт ба музокира баромада, шомилшавии ҷавононро баҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, пайвастани иддае аз шаҳрвандони кишварро ба гурӯҳи ҷинояткори бо ном «Давлати Исломии Ироқу Шом», инчунин бетарафии хешу пайвандони гумроҳшудагон ва аҳли ҷомеаро дар ин гуна мавридҳо комилан ва қатъиян маҳкум намудаанд.

Тавре зикр гардид, миллати тоҷик танҳо бо такя ба анъанаҳои давлату давлатдорӣ, арзишҳои миллӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳанги исломӣ, дар асоси мазҳабҳои суннатии кишвар метавонад дар муқобили терроризму экстремизм ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир истодагарӣ кунад ва дастовардҳои истиқлолияти ҷумҳуриро ҳифз намояд. Ва фақат дар заминаи пойдории истиқлолияти давлатӣ арзишҳои миллӣ ва диниро аз ҳуҷумҳои афкору фарҳанги бегона эмин нигоҳ доштан ба мо муяссар мешавад.

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, раиси шаҳри Исфара зимни суханронии хеш, бо зикри муҳимияти мавзӯъ ва масъалаҳои баррасишаванда, пиромуни вазъи воқеииҷойдошта, силсилаи чораву тадбирҳои мушаххаси якчоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дар самти пешгирии гаравиши иддае аз ҷавонон ба афкори ғайр, шомилшавии онҳо ба ҳизбуҳаракатҳои мамнӯъ, гурӯҳҳои террористӣ экстремизми динидошта, азҷумла оид ба роҳҳои пешбурди корҳои фаҳмондадиҳиву мафкуравӣ дар байни падару модароне, ки фарзандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣқарор доранд, мушаххасан изҳори назар кардааст.

Даврон Зоҳидзода гуфтааст, ки мушкилоти мавҷудаи зикршуда танҳо ва танҳо тавассути эҳсоси амиқи неъмати бебаҳо будани сулҳу субот, соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва дарки хавфу хатари аслии терроризму экстремизм, дар сарҷамъии аҳли ҷомеа ҳаллу фасл карда хоҳад шуд.

Дар интиҳои мулоқот Раҳмон Юсуф Аҳмадзода, Прокурори генералииҶумҳурии Тоҷикистон ширкатдорони мулоқотро ба масъулиятшиносии бештар, фаъолнокӣ ва вусъат бахшидани кор дар самтҳои таъмини волоияти қонун, пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҳама гуна ҷинояткориву хатарҳои трансмиллӣ ва хусусияти экстремистиву террористидошта,ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ва оромиву суботиҷомеа даъват намудааст.

http://faraj.tj/news/9521-prokurori-general1251-7-1203azor-somona1203oi-terroristivu-ekstremist1251-faoland.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *