[b]Намояндагони шуморе аз расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русия, мустақар дар ин кишварро, ба ончи «миёншикании рӯзноманигории мустақил дар Тоҷикистон» мехонанд, муттаҳам кардаанд.[/b]
Ин мавзӯъ рӯзи ҷумъаи 22 июн дар ҷаласаи марбут ба панҷумин солгарди таъсиси телевизиюни «Симои мустақили Тоҷикистон» (СМТ) матраҳ шуд.
Масъулони Симои мустақилли Тоҷикистон мегӯянд, ки аз ду сол пеш бад-ин сӯ сокинони бархе аз манотиқи Тоҷикистон ба далели мухтал шудани барномаҳояш тавассути фиристандаҳои пойгоҳи низомии Русия ба ин телевизиюн дастрасӣ надоранд.
Ширкаткунандагони ҷаласа аз он ибрози нигаронӣ карданд, ки давлати Тоҷикистон то кунун натавонистааст аз ин навъ «қонуншикании» пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави худ ҷилавгирӣ кунад.
Дар ҳоле ки телевизиюни Симои мустақилли Тоҷикистон аз Вазорати роҳ ва иртибототи ин кишвар барои пахши барномаҳояш мавҷи 29-ро харидорӣ карда, аммо дар пойизи соли 2009 рӯи ин мавҷ барномаҳои дигаре тавассути фиристандаҳои пойгоҳи низомии Русия пахш мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз ҳуқуқдонҳо, тибқи қавонини Тоҷикистон, пойгоҳи низомии Русия ҳаққи пахши барномаҳои худро дар берун аз пойгоҳи худ надорад.
Гуфта мешавад пойгоҳи низомии Русия фиристандаҳоеро дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб насб карда ва ба василаи онҳо барномаҳои телевизиюни «ОРТ»-и Русияро рӯйи мавҷи барномаҳои СМТ ё Симои мустақилли Тоҷикистон бозпахш мекунад.
Бархе аз коршиносон мегӯянд дар ин қазия мақомоте, ки мавҷи нодурустеро ба СМТ фурӯхтаанд, муқассиранд, вале мақомот мегӯянд ин мавҷ замоне ки расман холӣ маҳсуб мешуд, дар ихтиёри телевизиюни СМТ қарор дода шудааст.
Баъзе аз рӯзноманигороне, ки дар ҷаласаи марбут ба панҷсолагии таъсиси телевизиюни СМТ ҳозир буданд, пешниҳод карданд, ки барои ҳалли ин қазия рӯзноманигорон ва намояндагони ҷомеъаи маданӣ дар назди сохтмони пойгоҳи низомии Русия як роҳпаймоии эътирозӣ баргузор кунанд.
Аз ҷумла, Саёфи Мизроб, сардабири нашрияи «СССР», дар ин бора гуфт: «Талаб кардани мавҷи нав ба маънои таслимшавии СМТ, таслимшавии тамоми журналистикаи (рӯзноманигории) Тоҷикистон, таслимшавии Сарқонун ва давлати Тоҷикистон дар назди як пойгоҳи низомии Русия аст.»
Вай афзуд: «Ба назари ман, ҳамаи мақомоти давлатие, ки фаъъолияти онҳо ба амнияти иттилоъотӣ марбут аст, комилан кори худро иҷро намекунанд. Кофӣ аст, ки ба ёд орем, чи тавр шабакаи ОРТ-и Русия қазияи халабонҳоро дар барномаҳояш бозтоб дод ва ин шабака дар Тоҷикистон ба ҷойи барномаҳои телевизиюни мустақилли мо, ки дар он мавзеъи Тоҷикистон бозтоб меёфт, пахш мешуд.»
Оқои Мизроб пешниҳод кард, ки дар сурати лозим рӯзноманигорон бояд роҳпаймоие эътирозӣ дар назди сохтмони пойгоҳи низомии Русия баргузор кунанд.
Аммо Иброҳим Усмонов, устоди рӯзноманигорӣ ва дар гузашта мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки калиди ҳалли ин қазия дар дасти ҳукумат аст ва бояд аз ҳукумат талаб карда шавад, на пойгоҳи низомӣ.
Оқои Усмонов гуфт: «Бояд ба ҳамон муассисае муроҷеъат ва эътироз кард, ки бо СМТ шартнома (қарордод) дорад ва агар пойгоҳи низомии Русия қонуншиканӣ кардааст, ҳамон муассиса масъул аст, ки алайҳи онҳо ба додгоҳ шикоят барад.»
Дар ҳамин ҳол, Зинатуллоҳ Исмоъилов, раиси телевизиюни СМТ, гуфт, ки дар қарордоди миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи пойгоҳи низомӣ, омадааст, ки танҳо дар сурати дастрас набудани конолҳои русӣ тавассути моҳвора, пойгоҳи низомӣ метавонад фиристандае барои худ насб кунад, аммо чунин иҷозаро пойгоҳи низомӣ нагирифтааст.
Оқои Исмоъилов афзуд: «Аммо инҳо чи кор карданд, на танҳо фиристанда монданд, балки дар Душанбе, Қурғонтеппа ва Кӯлоб фиристанда монданд ва рӯйи мавҷи мо барномаҳои русиро на танҳо дар пойгоҳи худ, балки барои мардуми мо, пахш мекунанд.»
Ширкаткунандагон дар поёни ҷаласа гуфтанд, ки ниҳоди масъул барои ҳалли ин мавзӯъ қабл аз ҳама Идораи давлатии иртиботот ва Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ҳастанд, ки танзими фаъъолияти ҳамаи родию ва телевизинҳо дар кишварро бар ӯҳда гирифтаанд.
Дар ниҳоят, тасмим бар ин шуд, ки созмонҳои рӯзноманигорӣ бори дигар бо ирсоли номае ҳалли ин қазияро аз ин ниҳодҳо тақозо кунанд.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/06/120622_sq_independent_tv_russian_base.shtml