Подполковник Самад Давлатов, сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, зимни сӯҳбат бо Faraj.tj гуфт, ки «наворбардори хабаргузории «Озодагон» Абдураҳим Шукуровро ҳеҷ кас латукӯб накардааст ва ҳуқуқи задан ҳам надорад». Ин дар ҳолест, ки муассиси хабаргузории «Озодагон» Зафари Суфӣ мегӯяд, вай ва чанд нафари дигар бо чашми сар рухсори кабудшудаи Шукуров Абдураҳимро дар назди боздоштгоҳи тафтишотии Вазорати адлия дидаанд.
Инак сӯҳбати Faraj.tj бо подполковник Самад Давлатов, сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
Faraj.tj: — Наворбардор Абдураҳим Шукуровро кормандони шумо аз бахши ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бо кадом гуноҳ боздошт карданд?
Самад Давлатов: — Наворбардор Шукуров биноҳое, ки аксбардориву наворбардории он бар истилоҳ мамнӯъ аст, ғайриқонунӣ ба навор гирифтааст. Ана барои ҳамин боздошт шуд.
Faraj.tj: — Сабаби латукӯби ӯ аз назди СИЗО-и КДАМ то ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар чист?
Самад Давлатов: — Наворбардорро ҳеҷ кас назадааст ва ҳуқуқи задан ҳам надорад.
Faraj.tj: — Ба мӯҳлати 7 шабонарӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдории наворбардор ба хотири тоза шудани захмҳои бардоштаи ӯ мебошад?
Самад Давлатов: — Мӯҳтарам хабарнигорон, мо наворбардоратонро озод мекунем. Вай ба мо чӣ лозим аст?
Faraj.tj: — Пас, гуфта метавонед, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои ин амалашон ҷазо мегиранд?
Самад Давлатов: — Барои чӣ ҷазо гиранд? Мо ба ӯ даст нарасонидаем. Кормандони ман вазифаи ҷонии худро иҷро карданд. Мӯҳлати ҷазо ба охир расад, наворбардор ба кораш бармегардад.
Faraj.tj: — Вале захмҳо дар сару рӯяш аз куҷо пайдо шуданд?
Самад Давлатов: — Инашро ман намедонам.
Посух ва таъкидҳои подполковник Самад Давлатов, сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, дар ҳолест, ки ба иттилои масъулони суди ин ноҳия, парвандае алайҳи Абдураҳим Шукуров аз ҷониби онҳо дастрас нашудаву қароре низ барои ҳабси ӯ содир нагардидааст. Дар дафтархонаи умумии Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳам, ки тамоми парвандаҳоро аввалин шуда ба қайд мегиранд, аз мавҷудияти чунин парванда изҳори бехабарӣ карданд.
Ба иттилои «Озодагон», Абдураҳим Шукуров, наворбардори ин хабаргузорӣ, 25 декабри соли 2013 дар наздикии боздоштгоҳи тафтишотии Вазорати адлия аз сӯи кормандони милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ боздошт, латукӯб ва ба муддати 7 шабонарӯз ҳабс шудааст.