Ба хотири гиромидиошти хотираи президенти Озарбойҷон Гейдар Алиев дар сафоратхонаи ин кишвар дар Тоҷикистон бо сафирони чанде аз кишварҳои хориҷӣ, намояндагони ВАО ва собиқ президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов вохӯрӣ доир гардид.
Аббосалӣ Гасанов, сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон меҳмононро хайра мақдам гуфта, дар бораи фаъолияти арзандаи Гейдар Алиев баҳри рушди Озарбойҷон маълумот дод ва суханро ба Қаҳҳор Маҳкамов дод, ки замони дар ҳаёт будани Гейдар Алиев бо ӯ мулоқоту суҳбатҳо доштааст.
Зимни суханронӣ Қаҳҳор Маҳкамов қайд кард, ки Гейдар Алиев дар як муддати кӯтоҳ барои мардуми Озарбойҷон хизматҳои хеле зиёди арзанда карда, ба туфайли он ин кишвар дар ҳоли рушди босуръат қарор дорад.
Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, роҷеъ ба робитаҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон ибрози андеша намуд. «Мо бо Озарбойҷон робитаҳои таърихиву фарҳангии қавӣ дорем. Ҳангоме ки мо бо таърихи Озарбойҷон шинос мешавем, дарк мекунем, ки то чӣ андоза бо мардуми ин кишвар умумиятҳое дорем ва чунин таассуроте ҳосил мешавад, ки гӯё таърихи халқи тоҷикро мутолиа дошта бошем», — гуфт номбурда.
Қобили зикр аст, ки моҳи апрел сафоратхонаи Озарбойҷон дар Тоҷикистон таҳти унвони «Меъмори Озарбойҷони муосир — Гейдар Алиев» миёни журналистон озмун эълон карда, дар он 14 нафар рӯзноманигорони Тоҷикистон маводи дар ин мавзӯъ навиштаи худро пешниҳод намуданд. Аз рӯи натиҷаҳои озмун журналисти ҳафтавори «Азия-Плюс» Манижа Қурбонова ғолиб дониста шуд.
http://www.news.tj/tj/news/pir-zii-zhurnalisti-aziya-plyus-dar-ozmuni-saforati-ozarboi