Пешниҳоди журналистон: яке аз хиёбонҳои Қӯрғонтеппа ба номи Пирумқул Сатторӣ гузошта шавад

Хабарнигорон ба шаҳрдори Қӯрғонтеппа пешниҳод кардаанд, ки номи як хиёбони марказии ин шаҳр ба номи хабарнигор ва адиби марҳум Пирумқул Сатторӣ гузошта шавад.

Пешниҳоди номгузории як хиёбони шаҳр ба номи Пирумқул Сатторӣ 21 декабр аз ҷониби рӯзноманигорон пешниҳод шуд. Амирулло Асадулло, шаҳрдори Қӯрғонтеппа онро пазирйфта гуфт, ки пешниҳоди шуморо барраси мекунем.

Пирумқул Саттори як хабарнигори пуркор, адиб ва корманди шинохтаи театр буд, ки хабару мақолаҳои зиёдеро дар матбуоти водии Вахш интишор карда, дар миёни мардум як хабарнигори ҷасур, ҳақиқатнигор шинохта шуда буд.

Инчунин Амирулло Асадулло ба суоли хабарнигори АМВАОМТ дар мавриди дастгирии хабарнигорон гуфт, ки онҳо то тобистони соли 2015 бинои наверо ба хизмати хабарнигорон ва кормандони ВАО дар маркази шаҳр медиҳанд.

Сохтмони бино ҳоло идома дорад , ки қабати аввалаш барои журналистон дода мешавад ва қабати дуюм ва сеюмаш дар ихтиёри адибону шоирон ва кормандони фарҳанг гузошта хоҳад шуд.

Шаҳрдори Қӯрғонтеппа дар поёни нишасти хабарияш аз кори хабарнигорон ва инъкоси гузоришу мақолаҳояшон дар матбуот, радио телевизон ва онлайн сипосгузорӣ кард.

Хабарнигори шабакаи мониторинги АМВАОМТ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *