Пешбарии номзадии 11 журналист ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон

Дар маъракаи қарибулвуқӯъи интихоботи парлумонӣ 11 нафар журналистон номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешбарӣ шуданд.

Ба гуфтаи сухангӯи Ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон Маҳмудҷон Файзраҳмонов, ҳизби онҳо фаъолон аз ҳисоби журналистон Маҳмадалии Ҳайит, худи М.Файзраҳмон, Ҳикматулло Сайфуллозода, Саидиброҳими Назар, Пайрав Масаидов, Абдуқаҳҳори Давлат ва Раҳматуллои Раҷабро номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешбарӣ намудааст.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон журналистон Низом Қосим ва Олим Салимзодаро, ки дар даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумон низ ҲХДТ-ро намояндагӣ мекунанд, дубора номзад пешбарӣ кард

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон рӯзноманигор Улафтхонум Мамадшоева ва Ҳизби демократи Тоҷикистон журналист Аҳмадшоҳ Комилзодаро номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ карданд.

http://news.tj/tj/news/peshbarii-nomzadii-11-zhurnalist-ba-vakil-dar-palatai-poenii-parlumon

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *