Нахустин барномаҳои Шабакаи нави телевизионии СNT (Central Asian New TV — Телевизиони нави Осиёи Марказӣ) 3-юми май дар Рӯзи озодии баён пахш хоҳад шуд.
Поягузори Шабакаи нав телевизионӣ Зафари Суфӣ, муассиси гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” мебошад. Мақари телевизион дар Бишкек буда, он дар мақомоти зиддахли Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Зафари Суфӣ, ҳоло пахши озмоишии телевизион шурӯъ мешавад. СNT асосан рӯи барномаҳои хабарӣ ва фарҳангиву тафреҳӣ тамаркуз хоҳад кард. Барномаҳои ин телевизион бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пахш хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, ки дар сурати пеш омадани зарурат бо дигар забонҳои минтақа низ барнома пахш хоҳанд кард.
Ин аввалин телевизиони минтақавии хусусӣ мебошад. Зафари Суфӣ муассиси ҳафтаномаи “Озодагон” ва хабаргузории ҳамноми он мебошад, ки аз нахустин хабаргузоришои минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Гурӯҳи расонаҳои «Озодагон» аз расонаҳои соҳибнуфуз дар Тоҷикистон мебошанд.
Ба гуфтаи ҷаноби Суфӣ тарҳи телевизиони мазкурро ҳанӯз дар соли 2011 роҳандозӣ карда буданд.
http://www.tojnews.org/tj/news/pahshi-nahustin-barnomakhoi-snt-dar-ruzi-ozodii-bayon