ПАРВАНДАИ МАҲМАДЮСУФ ИСМОИЛОВ БА СУД РАФТ

Парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори собики нашрияи «Нури зиндагӣ» дирӯз 23-юми сентябр ба суд ирсол шудааст.

Дар ин бора ба TojNews Фазлиддин Худойбердиев, вакили мудофеъи Муҳаммадюсуф Исмоилов иттилоъ дод.

Бино ба қавли манбаъ, парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов аз ду рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — 250, қисми 2 (тамаъҷӯӣ) ва 247, қисми 2 (қаллобӣ) ба суди ноҳияи Ашт ирсол шудааст.

Қаблан суд муҳлати ҳабси пешакии Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори собиқи ҳафтаномаи “Нури зиндагӣ”-ро, ки 24-уми август анҷом меёфт, то 24-уми сентябр тамдид карда буд.

Маҳмадюсуф Исмоилов, ҳоло 53 сол дорад. Вай соли 2010 бо иттиҳоми туҳмату таҳқир, боздошт шуда, баъдан бо қарори суд, баъди қариб як соли ҳабс озод шуда буд.

Ду соли ахир Маҳмадюсуф Исмоилов асосан ба фурушӣ рӯзномаҳо машғул буд ва чанд матлаби ахираш дар рӯзномаи «Имрӯз-News» нашр шуданд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, (НАНСМИТ) мегӯяд қазияи Исмоилов ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ рабте надорад.

-Бо вуҷуди ин НАНСМИТ қазияи боздошти журналист Маҳмадюсуф Исмоиловро пайгирӣ мекунад, мо дар киро кардани вакили дифоъ ба журналист кумак кардем, ҳоло парванда дар ҷараёни тафтишот қарор дорад, -гуфт Нуриддин Қаршибоев.

Муҳаммадюсуф Исмоилов 24-уми июн дар пайи шикояти як зан бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир шуда буд.

http://www.tojnews.tj/parvandai-ismoilov-ba-dodgoh-raft

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *