Вакили дифоъи Муҳамадюсуф Исмоилов аз болои ҳукми Суди ноҳияи Мастчоҳ, ки хабарнигори нашрияи «Нури Зиндагӣ»-ро ба 11 соли зиндон маҳкум кард, ба Суди олии Тоҷикистон шикоят бурд.
Садриддин Саидов, вакили дифоъи Исмоилов дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба TojNews гуфт, чанд лаҳза пеш шикояти худро тариқи почтаи электронӣ ба Суди олии Тоҷикистон фиристодааст.
Ёдарс мешавем, ки қаблан ҳам Коллегия оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди вилояти Суғд ва ҳам Раёсати ин Суд ҳукми Суди сайёри ноҳияи Мастчоҳро дар бораи 11 сол ҳабс намудани Муҳаммадюсуф Исмоилов бетағйир гузошта буданд.
Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки дар таърихи 28-уми октябри соли равон бо ҳукми Суди ноҳияи Мастчоҳ барои тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ ба мӯҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум шуд, ҳукми судро ноодилона арзёбӣ карда буд.
Мувофиқи ҳукми Суд, Муҳаммадюсуф Исмоилов баъд аз раҳоӣ аз зиндон наметавонад тӯли панҷ сол ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул шавад.
Айбдоркунандаи давлатӣ барои Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки ба тамаъҷӯӣ айбдор мешавад, аз Суд 14 соли зиндонро талаб карда буд.
Адвокати рӯзноманигор — Садриддни Саидов — дар мурофиа гуфт: «Айбҳои эълоннамуда нисбати Исмоилов дар ҷараёни мурофиаҳои судӣ исботи худро наёфтанд ва далели сабти овоз аз сӯҳбати телефонии Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки гӯё тамаъҷӯӣ кардааст, фикри айбдориро собит накардааст».
Худи Муҳаммадюсуф Исмоилов дар рӯзи аввали мурофиаи судиаш, ки 22-юми октябр шурӯъ шуда буд, гуфт, ки «худро гунаҳкор намеҳисобад».
http://www.tojnews.tj/parvandai-muhammadusuf-ismoilov-ba-sudi-oli-raft