Қаблан аз дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ иттилоъ дода буданд, ки имрӯз санаи 13-уми моҳи равон соати 10:00 ҷаласа баргузор мегардад.
Аммо чун хабарнигори Faraj.tj барои иштирок дар ҷаласа дар парлумон ҳозир мешавад ба ӯ иҷозаи вуруд ба толори маҷлисгоҳро намедиҳанд. Сабаби ба журналистон иҷозаи вуруд надодан дар ҷаласаи мазкурро масъулон ба он маънидод мекунанд, ки ҳанӯз рӯйхати хабарнигорони дар ҷаласаҳои парлумонӣ иштирок мекарда муайян карда нашудааст.
Барои иштирок дар ҷаласа аз расонаҳои гуногун хабарнигорон ҳузур доштанд, ки ба ҳеҷ яке аз онҳо ҳақи вуруд шуданро надоданд ва журналистони даъватшудаи бо сари хам ба коргоҳашон баргаштанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳарчанд рӯйхати хабарнигорони парлумонӣ як моҳ пеш ба ҷои лозима омода ва пешниҳод карда шуда буд, то кунун ба тасмим нарасидааст.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/10983-parlumon-zhurnalistonro-ba-alasa-ro-nadod.html