[b]Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонуни нав дар бораи Васоити ахбори оммаро тасвиб карданд.[/b]
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, рӯзи 12-уми декабр тарҳи қонун дар бораи Васоити ахбори оммаро тасвиб карданд. Муаллифони ин тарҳ дар ҷаласаи парлумон гуфтанд, ки қонуни нави матбуот дар муқоиса ба қонуни феълӣ соддатар ва дар он баъзе бартариҳо ба фаъолияти хабарнигорон дода шудааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, дар қонуни нав таъкид шудааст, ки мақомот ба суолу номаҳои хабарнигорон бояд дар тӯли се рӯз посух бидиҳанд. Дар ҳоле ки дар қонуни феълӣ ин муҳлат як моҳ таъин шудааст.
Хабарнигори парлумонии Радиои Озодӣ, ки ин ҷаласаро назорат дорад, гуфт, қонуни нави Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон аз қонуни феълӣ чаҳор модда камтар мебошад. Қонуни нав аз 6 бобу 36 модда иборат буда, тарзи ташкили нашрияҳо ва фаъолияти хабарнигоронро танзим менамояд. Тарҳи нави қонуни матбуот дар ду соли пеш аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон — Олим Салимзода ва Акрамшо Филолиев таҳия ва ҷиҳати беҳтар ва хубтар омода шудани он, як гурӯҳи кории иборат аз рӯзноманигорон ва мутахассисон ташкил ва ба ин кор ҷалб шуда буданд.
Тарҳи мазкур дар тӯли ин муддат 18 бор дар маҳофили журналистӣ баррасӣ ва мулоҳизоти хабарнигорон роҷеъ ба он гирифта шудааст. Олим Салимзода, яке аз муаллифони ин тарҳ, ҳамагӣ се рӯз пеш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки «тарҳи қонун дар он шакле, ки имрӯз омода шудааст, ҳам аз нигоҳи услуб ва ҳам аз нигоҳи дарбаргирии меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҳам аз нигоҳи забон ва тарзи баён хеле такмил ёфтааст.»
Источник: http://www.ozodi.org/content/new-law/24796016.html