Парлумон: Алоқаю интернетро масдуд месозем, агар…

Бо тасдиқи вориди тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби парлумони кишвар аз ин ба баъд мақомот дастрасӣ ба алоқаю интернетро дар ҳолатҳои зарурӣ дар сартосари кишвар масдуд месозад.

Дар ҷаласаи навбатии парлумон имрӯз, Хайрулло Сӯфиев, вакили парлумон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризим» — ро муаррифӣ намуд.

Мувофиқи ин лоиаҳа дар ҳолатҳои зарурӣ натанҳо дар минтақаи амалиёти зиддитеррористӣ, балки дар тамоми гӯшаи кишвар алоқаву интернет қатъ карда мешавад, ки он барои осоншавии мубориза бар зидди террористон мусоидат менамояд. Раиси Маҷлиси намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров ин лоиҳаро дастгирӣ намуда, афзуд, ки маҳз ҳамин алоқаи мобилию интернетӣ сабаб шуд, ки гурӯҳи террористии Ҳоҷӣ Ҳалим миёни ҳам гуфтугӣ кардаву муборизаашон ба дарозо кашид. Инчунин Зуҳуров аз симкортҳое, ки бешиноснома фурӯхта мешаванд, изҳори нигаронӣ кардаву онро бетартибӣ хонд

— Террорист симкортҳои беномро ба 5 сомонӣ мехарад ва дар ҳар тараф корашро амалӣ мекунад. Аз ӯ на паспорт мепурсанд, на ҳуҷҷат. Ин як бетартибӣ аст. Ин як роҳи зиёд шудани ҷинояткорон аст ва ҷустуҷӯю пайдо кардани онҳо ба мақомот душвор мегардад. Бигзор фурӯши он манъ карда шавад, -афзуд, Зуҳуров.

 

http://faraj.tj/news/11553-parlumon-alo1179ayu-internetro-masdud-mesozem-agar.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *