Бо гузашти 45 рӯз аз қазияи латукӯбижурналист Шоҳин Олбоқулзода даршаҳри Панҷакент, мақомот то ба ҳолнисбати гунаҳкор чора надидаанду баҷабрдида ҳатто ҷавоби хаттӣ ҳамнадодаанд, ки ин амалӣ гардиданимоддаи 18-и Қонуни ҶТ дар бораи“Муроҷиати шахсони ҳукуқӣ вавоқеӣ”-ро зери суол мебарад.
Дар моддаи 18-и Қонуни ҶТ дар бораи“Муроҷиати шахсони ҳукуқӣ ва воқеӣ” гуфта мешавад, ки муроҷиатҳои бамақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳодшуда дар давоми сӣ рӯз ва муроҷиатҳое, киомӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар муҳлати понздаҳ рӯз аз рӯзи бақайд гирифта шуданашон баррасӣ карда мешаванд.
Шоҳин Облоқулзода, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистондар водии Зарафшон? бо тасдиқи ин хабар иброз дошт, ки ӯ ҳанӯз санаи 13-умииюн ба мақомоти милитсия ариза навиштааст, вале аризаи ӯро санаи 14-уми июнба қайд гирифтаанд.
Номбурда инчунин иброз дошт: «Lар аввал маро даъват карда баёнот гирифтанд вагуфтанд, ки аз натиҷааш ба шумо хабар хоҳем дод. Аммо, аз рӯи шунидам, аз чӣбоис бошад, ки муфаттиши тафтишот ҳам иваз шудаасту вале то ҳол ба ман азнатиҷаи санҷиш расман хабар надодаанд».
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз санаи 13-уми июни соли равон, дар бозори марказиишаҳри Панҷакент ҳангоми иҷрои вазифаи касбиаш ба хабарнигори Марказитадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар водии Зарафшон Шоҳин Облоқулзода, якзан дарафтодаву ӯро латукуб карда буд.