Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё дар ҳақиқат чунин фармоне содир шудааст ё не? Агар ҳа, пас чаро аз ин фармон журналистон огоҳ карда намешаванд, то онҳо роҳи дуру дарозро барои «дидору мулоқот» бо ин ҷанобон тай накунанд ва сарфи беҳудаи вақту маблағ нанамоянд?
Камина ҳеҷ бовар надорам, ки чунин як фармон ё дастуре аз ҷониби мақомот содир шуда бошад. Вале агар чунин аст, пас он хилофи моддаи 3 («Озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма») ва моддаи 23 («Ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот»)-и қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО» аст, ки ҳама ташкилоту муассисаҳои давлатию хусусӣ, мақомоти қудратӣ ва интизомии кишварро барои ба журналистон дастрас кардани ҳама гуна иттилоот муваззаф намудааст. Агар дар Тоҷикистон қонун санади фаъолият ва риояи тартибу низом бошад, пас чаро сардорони шӯъбаҳои милитсия дар ноҳияҳо аз номи вазири корҳои дохилӣ чунин як «фармони» нонавиштаеро дастак мекунанду ба шаъни роҳбарият ва вазорат доғ меоранд?
Чунин муносибат рӯзи шанбе, 20-уми июн, дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сурат гирифт. Ба қавли сардори ин шӯъба, мӯҳтарам Одиназода, онҳо иҷозати бо журналистон сӯҳбат кардан надоранд, ба ҷуз журналистони «худашон».
Ин нукта замоне баён карда шуд, ки ман назди навбатдори шӯъба худамро муаррифӣ намуда, мақсади бо сардори шӯъбаи милитсия вобаста ба як проблемаи хамин ноҳия сӯҳбат карданро иброз доштам.
Навбатдор, ки худро Куганов муаррифӣ намуд, ба сардор занг заду «як журналист аз Душанбе омадааст, мехоҳад бо шумо сӯҳбат кунад» гуфт. Шояд аз он сӯи гӯшӣ ҳамин суханон садо доданд, ки навбатдор айнан чунин ҷавоб дод: «Сардор фақат журналистони худамонро қабул мекунад». Ба суоли он, ки «Журналистони худатон киҳо хастанд?», навбатдор гуфт, «журналистони «Сипар».
Аз навбатдор хохиш намудам, то нусхаи фармони вазирро дар хусуси сӯҳбат накардан бо «журналистони бегона» нишон диҳанд, вале ӯ бо ҷавоби «сардор медонад» сӯҳбатро хотима бахшид.
Азбаски мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта аз ҷониби роҳбарони аввали шаҳру навоҳӣ ва раисони вилоятҳо рӯзҳои қабули шаҳрвандон эълон шудааст, вобаста ба ин ва дигар масъалаҳо хостам бо раиси ҳамин ноҳия Абдуҷон Таваккалзода сӯҳбат намоям.
Мутаасифона, ҳарчанд соат 11 буд, аммо роҳбари ноҳияро дар утоқи корӣ ёфт накардем. Тавре масъулини дастгоҳи раиси ноҳия хабар доданд, раис ҳамаи муроҷиаткунандагонро, ки зиёда аз 10 нафар буданд, то соати 10 қабул намуда, барои назорат аз болои таъмири нассоси обкашӣ рафтааст.
Ҳангоме, ки бо Таваккалзода сӯҳбати телефонӣ намудем, ӯ аз чунин як фармон изҳори бехабарӣ намуд ва дар охир қайд кард, ки «ростӣ, ман намедонам, аз фармону қарорҳои ин мақомот огоҳ нестам».
Тавре дар сӯҳбати телефонӣ сухангӯи ВКД Ҷалолиддини Садриддин ба мо иброз намуд, чунин фармон аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ ҳеҷ гоҳ содир нашудааст.
— Чунин фармон нест ва ягон нафар ҳуқуқ надорад аз номи вазир чунин гӯяд. Мо бо ҳама журналистони рӯзномаҳои мустақил сӯҳбат мекунем, ба мо занг мезананд, мепурсанд, ба ҳама саволҳояшон ҷавоб медиҳем. Нафаре, ки чунин муомила кардааст, барои гурехтан аз саволҳои журналистон ин корро кардааст, ки ин ҳуқуқро надорад,- меафзояд ӯ.
Аз ҷавоби сухангӯи ВКД Ҷалолиддини Садриддин бармеояд, ки сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ дар фаъолияти кории хеш бемасъулиятӣ зоҳир намудааст. Аз сӯҳбат гурехтани як нафар масъули воҳиди интизомӣ ва баҳонаи беасос пеш овардани ӯ ба чӣ маънӣ аст?
Ба ҳар сурат, интизор мешавем, ки дар ин маврид дар вазорати корҳои дохилӣ масъулин чораи дахлдор меандешанд ва ё ҳадди ақал журналистони «бегона»-ро огоҳ мекунанд, ки беҳуда «ташвиш» накашанд.
http://faraj.tj/regions/9840-pan1207-tshshsh-zhurnalisti-begona.html