«Пайк»-и Хатлон яксола шуд

Ягона нашрияи мустақили вилояти Хатлон — «Пайк» баъди тай кардани роҳи пуршебу фароз ба яксолагӣ расид.

Ин ҳафтанома моҳи июли соли гузашта бо саргардониҳои зиёд аз ҷониби рӯзноманигори машҳури тоҷик Аҳмади Иброҳим таъсис дода шуд ва тавонист дар муддати як сол халои иттилоотии вилояти Хатлонро то андозае пур кунад.

— Як омили дер сабти ном шудани нашрияаамон дар он буд, ки гурӯҳҳое фикр доштанд мо мухолифи давлат матлабҳо нашр мекунем. Аммо “Пайк” мухолифи ҳеҷ як ҷонибе нест ва ба ҳама баробар минбар медиҳад. Мо минбар пешниҳод мекунем ба ҳамаи онҳое, ки гуфтан мехоҳанд. Албатта, дар доираи қонунҳои ҷории кишвар. Маводҳои танқидӣ албатта ба нашр мерасонем. Ба хотири ислоҳи камбудиҳо ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ. Танқиду таҳлил мекунем. Танқидҳои созанда, на ин ки сӯзанда. «Пайк» мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинони вилояти Хатлонро дар саҳифаҳои худ ҷой медиҳад. Ҳоло фазои иттилоотии вилояти Хатлон, бузургтарин вилояти Тоҷикистон холӣ ба назар мерасад. Ин ҷо 25 шаҳру ноҳия аст, ки нисфи ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Аз ин тарафи вилоят ба он тарафи он 700 километрро ташкил медиҳад. Албатта, бо як нашрия намешавад фазои иттилоотиро пур кард. Аммо то андозае ин халоро пур кардан мумкин аст,- гуфта буд ҳамон вақт А. Иброҳим.

Аммо баъдан бо амри Прокуратураи вилояти Хатлон фаъолияти «Пайк» як муддат қатъ гардид. Гуфта мешуд, ки фаъолияти нашрияи мазкур бо далели сари вақт тамдид нашудани мӯҳлати кории он қатъ гардидааст. Вале сардабири он Аҳмади Иброҳим изҳор дошт, ки дар Вазорати фарҳанг барои чопи нашрия дар аввал барои 5 моҳ ба қайд гирифта буданд. «Бо гузашти вақти муқарраршуда бояд дубора тамдид мекарданд, аммо дар давоми панҷ моҳ аз Вазорати фарҳанг огаҳиномае нагирифтаем, то ки зудтар аз пайи дароз кардани мӯҳлати фаъолияти нашрия  шавем»,- гуфта буд ӯ. Ҳарчанд ишораҳо ҳам вуҷуд дошт, ки масъала на дар иҷозатнома, балки дар он буд, ки ин газета чандин мансабдорони вилоятро танқид кард ва прокуратура дигар айбе наёфт, то ҳафтаномаро бубандад.

Ниҳоят, баъди тамдид шудани мӯҳлати фаъолият, «Пайк» дубора ба кор оғоз кард ва айни замон пешсафона ба чопи матолиб атрофи мубрамтарин мушкилоти вилояти Хатлон машғул аст.

Аҳли эҷоди faraj.tj ба ҳамкасбони худ — ходимони «Пайк» яксолагии нашрияро самимона табрик мегӯянд.

http://faraj.tj/news/5679-payk-i-hatlon-yaksola-shud.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *