Тавсеъаи дастрасӣ ба интернет дар навоҳии Бадахшон

Бисёре аз навоҳии дуруфтодаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон барои бори аввал дар таърих ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ пайдо кардаанд.

Дар ин бора ба Би-би-сӣ Латиф Окимбеков, як масъули бахши тавсеаи интернет дар Бадахшон аз «Тоҷиктелеком», ширкати давлатии фароҳамгари интернет, иттилоъ дод.

Оқои Окимбеков гуфт, ки ҳамакнун дар қаламрави вилояти Бадахшон ба иловаи шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят, сокинони навоҳии Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз ва Ишкошим низ имкони истифода аз интернетро пайдо кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, қабл аз ҳама, кофеҳои интернетӣ дар марокизи ин навоҳӣ ифтитоҳ шудаанд. Вай мегӯяд ҳоло сокинони деҳоти дурдаст имкон доранд ҳам аз тариқи телефуни хонагӣ ва ҳам тавассути иртиботи бесим бо флэш-кортҳо аз интернет истифода кунанд.

[b]Хутути фибернурӣ[/b]

Латиф Окимбеков мегӯяд чунин дастрасӣ тавассути кашидани хутути фибернурӣ (оптико-волоконная линия) аз шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ба навоҳии мухталифи Бадахшон имконпазир шудааст.

Агар дар Ишкошим сим канда шавад, мо маҷбурем рӯзҳо мунтазири мутахассисон ва таҷхизот аз Душанбе бимонем.

Ба гуфтаи вай, тобистони гузашта кашидани ин хутут аз Душанбе то бисёре аз нуқоти дурдаст анҷом шудааст. Ҳадафи аслӣ аз интихоби хатти фибернурӣ таъмини иртиботи телефунии бокайфият ва интернет барои сокинон дар саросари вилоят будааст.

Носиралӣ Алибердиев, як масъули бахши «Амонатбонк» дар ноҳияи Роштқалъа, мегӯяд бо арзи вуҷуд кардани интернет дар минтақа теъдоди муштариёни ин бонк афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло бештари сокинони ин ноҳия барои гирифтани пуле, ки наздиконашон ҳар моҳ аз Русия ва дигар кишварҳо интиқол медиҳанд, фарсахҳо фосиларо барои рафтан ба шаҳри Хоруғ тай намекунанд.

Онҳо имкон пайдо кардаанд тавассути шабакаҳои интернетии интиқоли пул ин маблағҳоро баъди як соъат дар ноҳияи худ дастрас кунанд.

Аммо Шарифа Паҳлавонова, як шогирди мактабе ҳамагонӣ аз ноҳияи Ишкошим, гуфт интернете, ки дар ҳоли ҳозир аз тариқи телефун ироа мешавад, кайфияти хуб надорад ва кор бо он мушкил аст. Ӯ гуфт лаҳзаҳои тӯлонӣ мунтазир бояд буд, то сафҳаҳои интернетӣ боз шаванд.

Хонуми Паҳлавонова мегӯяд ба иловаи ин, иртибот бо интернет зуд-зуд қатъ мешавад ва имкон намедиҳад, ки сокинон аз шабакаи ҷаҳонӣ ба таври муносибе баҳра баранд.

[b]Иртиботи бидуни сим[/b]

Ба гуфтаи Латиф Окимбеков, мушкили аслие, ки имрӯз вуҷуд дорад, ин зуд-зуд канда шудани сими фибернурист. Вай мегӯяд: «Ин сим дар фосилаи беш аз 500 килуметр аз Душанбе ба Хоруғ, маркази вилоят, ва аз Хоруғ дар тӯли садҳо килуметр ба ноҳияҳо кашида шудааст.»

Дар ин масир ин хат аксаран аз дараҳо, шахҳо ва роҳҳои душворгузар мегузарад. То ба ҳол чандин маротиба канда шудани ин сим бар асари сангчарх, тарма ё ярч ба мушоҳида расидааст.

«Барои дубора пайваст кардани ин хутути фибернурӣ таҷҳизоти махсус лозим аст, ки дар Бадахшон то ҳол вуҷуд надорад. Агар дар Ишкошим сим канда шавад, мо маҷбурем рӯзҳо мунтазири мутахассисон ва таҷхизот аз Душанбе бимонем.»

Ба андешаи Раҳимбек Бобоев, як муҳандиси иртибототи телефунии бесим аз ширкати «Tcell», дар Помир ё Бадахшон кашидани сими фибернурӣ, ки дар чорчӯби як барномаи давлатӣ иҷро мешавад, ҳадафи хубест.

Вале бо назардошти он ки Бадахшон минтақае кӯхистонист, иҷрои чунин барномаҳо хеле гарон меуфтад. Ба андешаи оқои Бобоев, дар замони ҳозир дар манотиқи кӯҳистонӣ бояд иртиботи рақамӣ ё диҷитолии бесим бештар тавсеъа дода шавад, зеро он орӣ аз бисёр масрафот аст.

Вале аз сӯйи дигар, масъулони ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» дар сӯҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки анқариб хатти фибернурӣ то кӯтал ё гарданаи Кулма, нуқтаи охирини марзи Тоҷикистон бо Чин дар қаламрави Мурғоб, ноҳияи дурдасттарини Бадахшон, бурда шудааст.

Онҳо мегӯянд дар ҳоли ҳозир дар сатҳи баланд бо давлати Чин дар мавриди минбаъд аз ин кишвар ворид кардани трофик ё манбаъи интернет ба Тоҷикистон гуфтушунид идома дорад. Масъулони ин ширкат нисбат ба ҳалли ин масъала хушбинанд ва мегӯянд, ки шояд соли оянда ин масъала ҳалли худро пайдо кунад.

Масъулони «Тоҷиктелеком» гуфтанд ҳамакнун давлати Тоҷикистон ба интернет аслан тавассути ширкатҳои миёнарави Русия, Ӯзбекистон ва баъзе аз давлатҳои Урупо пайванд мешавад.

Мустақиман гирифтани интернет аз Чин, ба ақидаи масъулини «Тоҷиктелеком», мӯҷиби бамаротиб паст рафтани нархи истифода аз интернет ва хеле боло рафтани кайфияти он хоҳад шуд.

[b]Суръати пойин[/b]

Ба гуфтаи Раёсати иртибототи вилояти Бадахшон, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин вилоят як ширкати давлатӣ, яъне «Тоҷиктелеком» ва чаҳор ширкати саҳомиву хусусии «Tcell», «MLT», «Babilon-T», «Telecom Technology» хадамоти интернетӣ фароҳам мекунанд.

Панҷ моҳ аст, ки мо аз хадамоти ин ширкат бархӯрдорем. Вале мо ягон рӯз бо он суръате, ки дар қарордод зикр шудааст, кор накардаем
Бархе аз ширкатҳои бузург ва созмонҳои имдоди байналмилалӣ барои дарёфти интернет аз онтенҳои хусусӣ истифода мекунанд. Мардум имкон дорад дар хонаҳояшон ҳам аз тариқи сими телефун ва ҳам бо роҳи насби флэш-корт ба интернет дастрасӣ пайдо кунанд.

Аммо то ба ҳол дар бораи кайфияти ироаи интернет дар Бадахшон муштариён суолҳои зиёде доранд. Дилафрӯз Қушбегӣ, масъули як нашрияи мустақил дар Бадахшон, мегӯяд ин нашрия барои дарёфти интернет бо намояндаи ширкати «Babilon-T» дар Тоҷикистон қарордод бастааст.

Вай афзуд: «Панҷ моҳ аст, ки мо аз хадамоти ин ширкат бархӯрдорем. Вале мо ягон рӯз бо он суръате, ки дар қарордод зикр шудааст, кор накардаем. Суръати воқеъии интернет нисбат ба он шуморае, ки дар қарордод сабт шудааст, бамаротиб пойинтар аст.»

Мавҷуд набудани кунтрул ё назорат бар кайфият ва суръати интернет дар Бадахшон яке аз мушкилоти аслӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамроҳ Саъдоншоев, як донишҷӯйи Донишгоҳи шаҳри Хоруғ, мегӯяд: «Ман дар ҳоли ҳозир дар як сабқати интернетии ҷаҳонии донишҷӯён ширкат мекунам. Ман ба маркази интернет омада, соъатҳо мешинам ва пули зиёде сарф мекунам. Вале кореро, ки аз тариқи интернет иҷро карда метавонам, маро қонеъ намекунад.»

Бисёре аз муштариёни интернет дар Бадахшон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар тӯли чанд соли ахир нархи истифода аз ин шабака паст намешавад ва кайфияти он ҳам боло намеравад.

Бар асоси иттилоъи масъулони Раёсати иртибототи Бадахшон, дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Хоруғ панҷ марказ ё кофеи интернетӣ вуҷуд дорад. Теъдоди ин марокиз дар тӯли чанд соли ахир тақрибан зиёд нашудааст.

[b]Нархи гарон[/b]

Орзу, як сокини шаҳри Хоруғ, гуфт, ки соле пеш бо даҳ компютер як маркази ироаи интернетро ифтитоҳ кард. Вале ба сабаби хеле пойин будани суръат ӯ тамоми муштариёнашро аз даст додааст.

Ӯ мегӯяд тамоми трофики вурудӣ ба Бадахшон аз марказҳои интернетӣ дар пойтахт кунтрул мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ин марокиз бештари вақт суръати дар қарордод зикршударо кам мекунанд ва то ба ҳол меконисми дуруст ва мустақилли назорат бар суръати интернет ба вуҷуд наомадааст.

Латиф Окимбеков, намояндаи ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» дар Бадахшон, мегӯяд аксари марокизи интернетӣ дар Бадахшон барои наёвардани суд зуд баста мешаванд.

Қимати истифода аз интернет дар шаҳри Хоруғ дар ҳоли ҳозир аз 3 то 4 сомонӣ дар соъат аст. Ин дар ҳолест, ки Бадахшон, тибқи омори расмӣ ва созмонҳои имдодӣ, фақиртарин вилояти Тоҷикистон маҳсуб шуда, мизони бекорӣ дар ин минтақа ҳудуди 80 дарсадро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи масъулони марокизи интернетӣ дар Бадахшон, қисмати аслии корбарони интернет дар минтақаро афроди аз 15 то 45-сола ташкил медиҳанд. Инҳо аслан ҷавононе ҳастанд, ки донишҷӯ ё корҷӯянд ва нархи интернет барояшон гарон аст.

Нахустин бор дар вилояти мухтори кӯҳистонии Бадахшон шабакаи ҷаҳонии интернет дар соли 1995 пайдо шуд. Интернет дар ин минтақаро созмонии имдодии мавсум ба «CADA» ташкил дод. Вале тавассути он фақат аз почтаи электрунӣ мешуд истифода кард.

Соли 1998 якумин фароҳамгари интернет дар Бадахшон ширкати «Телеком Текнулужӣ» буд. Аз соли 2000 бад-ин сӯ ширкатҳои дигар низ ба фаъолият шурӯъ кардаанд.
Вале кайфият ва суръати интернет дар Бадахшон ба бозсозиву бознигариҳои ҷиддие ниёз дорад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101224_ea_qa_badakhshan_internet.shtml

Сиёсат дар соли 2010: «Таназзули демукросӣ, афзоиши ноамнӣ»

Аксари коршиносон интихоботи порлумонии Тоҷикистон, даргириҳо дар водии Рашт ва фирори 25 тан аз зиндониён аз маҳбасро аз таҳаввулоти асосии сиёсӣ дар соли 2010 унвон мекунанд.

Аз сӯйи дигар, бархе аз ҳуқуқдонҳо ба додгоҳ кашида шудани беш аз панҷ нашрияи мустақил дар Тоҷикистон ва зиндонӣ шудани як хабарнигор дар соли 2010-ро аз ҷумлаи иттифоқоте мешуморанд, ки демукросӣ дар ин кишварро зери суол мебарад.
Иддае дигар аз коршиносони сиёсӣ бо ишора ба баргузории ҳамоиши вузарои кишварҳои хориҷии Созмони Кунфронси Исломӣ ва нишасти раҳбарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Тоҷикистон ин ҳамоишҳоро низ ба феҳристи рӯйдодҳои муҳимми сол шомил кардаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, ин рӯйдодҳо бакуллӣ рӯйи зиндагии аксари мардуми кишвар асароти мухталифе бар ҷой гузоштаанд.

[b]»Шаффоф ва демукротик»[/b]

Сайфуллоҳ Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, мегӯяд, ки сиёсати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ рушди назаррасе кардааст.

Оқои Сафаров мегӯяд, ки ин сол барои Тоҷикистон ҳам соли пешрафт буд ва ҳам сангиниҳои мухталиферо дар сиёсат ба ҳамроҳ дошт.

Вале ба гуфтаи вай, таҳаввули ҷиддии сиёсие, ки Тоҷикистонро барои ҷаҳониён чун як кишвари демукротик ва ҳуқуқбунёд муъаррифӣ кард, интихоботи порлумонии моҳи феврали гузашта дар ин кишвар буд.

Оқои Сафаров афзуд: «Интихоботи порлумонӣ боз намояндагони ду ҳизби ҷадидро вориди порлумон кард, ки ин падидаи хубе барои рушди демукросӣ дар Тоҷикистон буд. Ҳарчанд баъд аз эъломи натиҷаи ин интихобот ихтилофи назарҳое миёни иддае аз аъзои аҳзоби сиёсии мухталиф вуҷуд дошт. Аммо дар кул, интихобот дар фазои демукросӣ баргузор шуд.»

Ин масъули Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон бархе аз ҳаводис дар ин кишвар, аз ҷумла даргириҳо дар водии Рашт ва ҳамлаи интиҳорӣ ба кормандони интизомӣ дар вилояти Суғдро ба густариши терурисм ва ифротгароӣ марбут медонад.
Вай мӯътақид аст, ки базудӣ ҳал кардани ин мушкил ва нобуд кардани теруристҳо дар ин минтақа низ «ба сиёсати хирадмандони давлати Тоҷикистон» вобаста будааст.

[b]»Тақаллуб дар интихобот»[/b]

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи ширкаткунанда дар муборизоти интихоботӣ, мегӯяд, ки дар интихоботи порлумонии соли 2010 тақаллуботи зиёде мушоҳида шуд, ки «ба эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ латма зад.»

Оқои Кабирӣ афзуд: «Ҳануз ҳам давлати Тоҷикистон шонс дорад, ки дар интихоботи оянда ва дигар тадобири сиёсӣ кӯшиш кунад, то иштибоҳоти қаблиро аз миён бибарад ва дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ эътибори кишварро боло бибарад.»

Ҳарчанд оқои Кабирӣ мегӯяд, ки интихоботи ахири порлумонӣ умед ба як ҷаҳиши бузург ба марҳилаи тозае аз демукросӣ дар кишварро эҷод карда буд, вале натиҷаи ниҳоии он ва тақуллуботе, ки зимни натиҷагирӣ аз он сурат гирифт, ошкор сохт, ки мақомоти тоҷик то ҳол омодаи эҷоди як ҷомеъаи демукротик ва ҳуқуқбунёд набудаанд.

Раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи рухдоди дигари ин сол мегӯяд: «Воқеъан бархе аз воқеъоти нохуш, ки паёмадҳои номатлубе дошт, ҳамаро бедор кард ва моро аз ҳолати фориғӣ ва мағрурияти сулҳу ваҳдат берун кашонд ва дарк кардем, ки масъалаи барқарории сулҳу ваҳдат дигар аст, аммо муҳимтар аз ҳама нигаҳдории он будааст.»

Вай афзуд, ки дар ин ҳол қувваҳои берунӣ метавонанд аз заъфи сиёсати кишвар ба суди хеш истифода кунанд. Муҳиддин Кабирӣ ба он нукта таъкид кард, ки боздошти маҳбусони фирорӣ дар Афғонистон ҳокӣ аз он аст, ки Тоҷикистон ба зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоъии кишвари ҳамсоя бояд аҳамияти бештаре диҳад.

Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, дар ин кишвари ҳаммарзи Тоҷикистон ҳукумат дорад оҳиста-оҳиста таҳким меёбад ва вай афзуд, ки сулҳ дар Афғонистон ва ҳамкориҳои бештар бо ин кишвари ҷангзада ба суди Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа аст.

Коршиносони сиёсӣ фирори 25 нафар аз маҳбусон аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо ба фаъолияти номуваффақи раҳбарони вақти ин кумита марбут медонанд.

Ба ақидаи онҳо, боздошти аксари зиндониёни фирорӣ ва истирдоди чаҳор тан аз онон аз Афғонистон ба Тоҷикистон баёнгари тақвияти ҳамкориҳои нерӯҳои интизомии Афғонистону Тоҷикистон будааст.
«Ихтилоф бо Ӯзбакистон»

Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик ва коршинос дар умури сиёсати хориҷии Тоҷикистон, низ бар ин назар аст, ки Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷӣ ва равобит бо кишварҳои ҷаҳон дар соли 2010 ба дастовардҳои хубе ноил шудааст.

Оқои Сатторзода мегӯяд: «Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки бо соири кишварҳои ҷаҳон равобит ва ҳамкориҳои хуб дошта бошад. Аммо ин кишвар на ҳамеша аз ин ҳамкориҳо истифодаи муассир кардааст. Ҳарчанд нақши Чин, кишвари ҳаммарзи Тоҷикистон дар сиёсат ва иқтисоди ин кишвар хеле назаррас аст.»

Вале Абдунабӣ Сатторзода бо изҳори таассуф аз афзоиши сардӣ дар муносиботи Тоҷикистону Ӯзбакистон дар соли сипаришуда ёдовар шуд ва гуфт: «Ихтилофи назарҳо дар мавриди бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ва гир кардани вогунҳо бо таҷҳизоти зарурӣ барои бунёди нерӯгоҳҳо дар қаламрави Ӯзбакистон муносиботи ин ду кишварро, ки қаблан ҳам сард буд, сардтар кард. Ва ҳамчунин дар муносиботи Тоҷикистон ва Русия низ сардие ба назар мерасид.»

Аммо вай афзуд, ки давлати Тоҷикистонро мебояд дар соли ҷадид муносиботро бо ин ду кишвари муҳимми минтақа беҳбуд бахшад. Ҳарчанд ин соҳибназар мегӯяд, ки Ӯзбакистон дар муносиботи хориҷии худ бо бештаре аз кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ мушкил дорад.

Оқои Сатторзода бо ишора ба баргузории ҳамоишҳо, аз қабили нишасти вузарои кишварҳои хориҷии Созмони Кунфронси Исломӣ дар Тоҷикистон, меафзояд, ки равобити сиёсии Тоҷикистон дар соли 2010, бавижа бо кишварҳои исломӣ ва Эрон, таҳкими бештаре ёфтааст.

[b]»Онҳо терурист мешаванд»[/b]

Вале Акбари Тӯраҷонзода, яке аз чеҳраҳои саршиноси мазҳабӣ, дар Тоҷикистон мегӯяд, ки иқдоми давлат барои бозгардондани донишҷӯёни тоҷик аз мадориси мазҳабии бархе аз кишварҳои исломӣ метавонад ба муносиботи сиёсии Тоҷикистон ва ин кишварҳо латма занад.

Оқои Тураҷонзода гуфт: «Бо ин кор ҳукумати Тоҷикистон воқеъан эълом дошт, ки ҳам Арабистони Саъудӣ, ки дар донишгоҳҳои исломии давлатии он донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекарданд ва ҳам давлати Миср, ки донишгоҳи Алазҳар дар он ҷо аз бузургтарин ва қадимитарин донишгоҳҳои мазҳабии дунёст ва ҳамин тур, донишгоҳҳои Покистон, ба истиснои бархе аз мадориси хусусӣ, маркази омода намудани теруристҳо ҳастанд.»

Оқои Тураҷонзода бо таъкид ба он ки ин кишварҳо бо терурисм муборизаи ошкор мекунанд ва дар ин замина бо Омрико ва кишварҳои ғарбӣ ҳамкорӣ мекунанд, афзуд: «Бо ҳамин, ба ин кишварҳо як тавҳин, ҳақорат ва иттиҳоми бузурге зада шуд.»
Ба ақидаи Акбари Тӯраҷонзода, ин омил ба муносиботи Тоҷикистон бо ин кишварҳо метавонад таъсироти манфӣ расонад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Тураҷонзода, дар ҳоле ки бештари мақомоти Тоҷикистон зимни арзёбӣ аз мазҳаб бар ин ақида ҳастанд, ки мардум набояд кӯр-кӯрона аз паси муллоҳои муттаъассиб биравад ва бояд дини исломро амиқ биомӯзанд, пас чаро мухолифи омӯзиши дин дар донишгоҳҳои исломӣ ҳастанд?

Президент Раҳмон дар яке аз мулоқотҳои худ бо сокинони вилояти Хатлон дар моҳи августи соли 2010 аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки фарзандони худро аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ бозгардонанд. Эмомалӣ Раҳмон он замон таъкид кард, ки «онҳо ҳама терурист ва экстремист (ифротгаро) мешаванд.»

Сипас, Кумитаи дини Тоҷикистон зарбулаҷале барои бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои хориҷӣ то авохири моҳи декабрро эълом кард ва то авохири сол беш аз 500 донишҷӯй аз донишгоҳҳои исломии кишварҳои шарқӣ ба ватан бозгардонда шудаанд.

Акбари Тураҷонзода мегӯяд, дар ҳоле ки Қонуни асосии Тоҷикистон озодии сафар ба кишварҳои хориҷӣ ва интихоби довталабонаи муассисоти омӯзиширо таъмин кардааст, бозгардондани иҷбории донишҷӯён аз мадрасаҳои исломӣ нақзи ҳуқуқи шаҳрвандии онҳо маҳсуб мешавад.

[b]»Маҳдудияти озодии баён»[/b]

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар соли 2010 фишор бар расонаҳои мустақил ва бавижа мавориди ба додгоҳҳо кашида шудани бисёре аз расонаҳои мустақил афзуда буд. Вай ин омилро монеъи рушди демукросӣ ва озодбаёнӣ дар Тоҷикистон унвон кард.

Оқои Қаршибоев афзуд: «Ҳодисаҳои ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои мустақил ва хабарнигорон аз соли 2008 бад-ин сӯй афзоиш ёфтааст. Аз аввали соли 2010 додгоҳҳо нашрияҳои мустақилли «Чархи гардун», «Озодагон», «Нигоҳ», «Пайкон», «Asia-Plus» ва «Миллат»-ро ба муҳокима кашиданд. Ва дар охири сол як хабарнигори мустақил дар вилояти Суғд зиндонӣ шуд.»

«Мо хеле хоҳони онем, ки муҳокимаи қазияҳои расонаҳо ва шокиён мунсифона баррасӣ шаванд. Вале нигаронии мо бештар аз он аст, ки на ҳама вақт қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ аст ва ҳангоми истифода аз он додгоҳҳо ба камбудиҳо роҳ медиҳанд.»

Ҳанӯз дар соли 2009 ҳуқуқдонҳо ва рӯзноманигорон дар ҳамоишҳои мухталифе пешниҳод мекарданд, ки моддаҳои марбут ба «тӯҳмат» ва «тавҳин» аз қонуни кайфарии Тоҷикистон хориҷ карда шаванд ва муҳокимаҳои додгоҳӣ дар робита бо қазияҳои хабарнигорон ва расонаҳо дар чаҳорчӯби қонуни шаҳрвандӣ баррасӣ шаванд.

Аз сӯйи дигар, оқои Қаршибоев ба ин ақида аст, ки барои дастрасӣ ба озодии баён дар кишвар ва коҳиши даъвоҳои эътимолӣ миёни хабарнигорон ва мусоҳибони онҳо дониши ҳуқуқии хабарнигорони тоҷикро бояд такмил дод.

Бархе аз сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва иддае аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар низ дар соли сипаришуда аз ба маҳкама кашида шудани нашрияҳои мустақил ва зиндонӣ шудани як хабарнигор дар шимоли Тоҷикистон интиқод карданд.

Аз ҷумла созмони омрикоии Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон аз қазоёи додгоҳии «Asia-Plus», «Озодагон», «Фараж», «Пайкон» ва «Миллат» дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва гуфта буд, ки муҳокимаи ин нашрияҳо метавонад ба мутаваққиф шудани фаъолияти онҳо мунҷар шавад.

Аз сӯйи дигар, иддае аз соҳибназарон баргузории ҳамоиши вузарои хориҷии кишварҳои узви Созмони Кунфронси Исломӣ ва нишасти раҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тоҷикистонро низ аз муҳиммтарин рӯйдодҳои соли 2010 медонанд.

Аммо бархе дигар бар ин назаранд, ки ин нишастҳо рӯйи зиндагии иҷтимоъии мардуми одӣ ва дар ҳамкориҳои Тоҷикистон ва сиёсати хориҷии ин кишвар таъсироти амиқе нагузоштаанд.

Ба ақидаи онҳо, аксари кишварҳои ширкаткунандаи ин ҳамоишҳо бо дарназардошти мушкилоти дохилии худ ва ихтилофот бо кишварҳои дигари узв омодаи ҳамкориҳои муассири сиёсӣ ва иқтисодӣ набудаанд.

Заринаи Хушвақт, Би-би-си,

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101229_zkh_politicalyears_review.shtml

Омилҳои ҳуқуқӣ ва анъанаи одоби журналистӣ дар ҷахон ва Тоҷикистон

[b]Таҷрибаи рушди озодии баён дар ҷаҳон муҳимияти риояи одоби нигорандагиро дар баробари омилҳои ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ исбот кардааст. Анъанаи риояи меъёрҳои ахлокии журналистон таърихи беш аз садсола дорад. Соли 2009 Шўрои матбуоти Норвеги ҷашни як асраи худро таҷлил намуд. Як моҳ қабл ҳайати Шўрои ВАО Тоҷикистон дар чашни нимасраи Шўрои матбуоти Нидерландия ширкат варзид. Яъне, ғояи худтанзимзикунии ВАО ва фаъолияти журналистӣ — тавассути риояи қоидаю қолабҳои аз ҷониби худи чомеаи журналистон қабул гардида, дирўз пайдо нашудааст.[/b]

Танзими ҳуқуқӣ ва худтанзимкунии фаъолияти ВАО дар ҳар мамлакат марҳалаҳои хосро тай мекунад. Масалан, таҷрибаи худтанзикунии ВАО дар Русия таърихи тўлонӣ надошта бошад ҳам, хеле ҷолиб аст. Дар ду даҳсолаи охир дар паҳнои ин кишвари собиқ шўравӣ кодексу хартияҳо, эъломияю конвенияхои ахлоқӣ, ҳамчунин сохторҳои ташкилии гуногун пайдо шуданд. Зимнан бояд таъкид намуд, ки барои таъмини риояи меъёрҳои ахлоқӣ бояд механизми татбиқи он аз қабили Шўрои ахлоқ ё Шўрои матбуот созмон дода шавад. Имрўз да Русия Коллегия оид ба шикоёт нисбати матбуот амал мекунад, ки ду палата дорад Палатаи аввал аз истеҳсолкунандагони маводи иттилоотӣ намояндагӣ кунад, палатаи дигар манфиати истеъмолкунандагони маводи иттилоотиро (аудиторияи ВАО) ифода мекунад. Қаблан дар назди Иттифоқи журналистони Русия Ҳакамоти калон (Большое жюри) амал мекард.

Маъмулан меъёрхои ахлоқ журналистӣ тибқи миқёси амалашон се хел мешаванд: кодексҳои ахлокии як нашрия ё ширкати ВАО, кодексҳои ахлоқии як соҳаи журналистика ва кодексхои ахлоқии сатҳи миллӣ. Хамчунин, шўроҳо ва комиссияҳои матбуот низ тибки шакли таъсисашон се гуна мешаванд: давлатӣ, давлатию ҷамъиятӣ ва ҷамъиятӣ. Ба андешаи мо, созмонҳое,ки дар асоси ҷаъиятӣ таъсис ва амал мекунанд, бештар мустақил буда ҷавобгўи ғояи худтанзимкунӣ дар соҳаи ВАО ҳастанд. Зеро механизмхои давлатӣ ва давлатию ҷамъиятӣ хоси танзими фаъолияти ВАО буда, ҷанбаи ҳуқуқӣ доранд.

Дар Финляндия қоидаҳои журналист ва Шўрои сухани оммавӣ асоси худтанзимкунии воситахои ахбори омма мебошанд. Дар қоидаҳо пешниҳодҳои журналистов ва ноширон дар бораи принсипҳои ахлоқи воситаҳои ахбори оммаи Финляндия инъикос ёфтаанд. Шўрои сухани оммавӣ мақоме мебошад, ки Қоидаҳоро тафсир менамояд, инчунин ба ҳайси довар амал мекунад. Ба Шўро ҳар нафаре метавонад муроҷиат намояд, ки хоҳиш дорад андешаи мутахассисонро дар бораи то кадом андоза аз ҷониби воситаҳои ахбори вайрон кардани одоби журналистро фаҳмад. Шурои сухани оммави инчунин метавонад оид ба кўшишҳои маҳдуд кардани озодии сухан ва матбуот андешаашро баён кунад.

Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ба омилҳои иҷтимоӣ-эҷодии озодии сухан мутаалиқ ҳастанд. Бинобар ин худтанзимкунӣ танҳо да чорчўбаи қонун амал карда, озодии баён ва иттилоотро кафолат медиҳад. Меъёрҳои ахлоқӣ рафтори журналистро мутобиқи стандартҳои муайяни касбӣ ба низом дароварда, имконияти ба вуҷуд омадани холатҳои нақзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷониби дигарро (аудитория, шаҳрванд ва ташкилот) пешгирӣ мекунанд.

Худтанзимкунӣ ва риояи одоби журналисти дар ҷахон баъди соли 1948 рушди тоза ёфтааст. Зеро меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ва назарияи масъулияти иҷтимоии журнализм ба ҳамдигар рабти мустаҳкам доранд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол кўшишҳои худтанзимқунӣ, таҳия ва қабули кодекси ахлоқи журналистӣ аз оғози соли 2000 гардида буд. Нахустин тарҳи кодекс бо номи «Одоби нигорандагӣ» бо ибтикори Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) аз ҷониби профессор Иброҳим Усмонов таълиф шудааст. Дар тўли даҳ сол ин масъала дар сатҳҳои гуногун – ҷаласаю конфронсҳо, «мизҳои гирд» ва ҳамоишҳои милиию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, билохир соли 2009 бо иштироки намояндагони ҷомеаи журналистӣ ва коршиносони миллию байналмилали хуҷҷати мухим – Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон таҳия гардид. Дар таҳияи он муаллифон аз таҷрибаи мамолики гуногун – Олмон, Қатар, Русия, Финляндия ва ғайра истифода намуданд. Имрўз Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби қариб 70 созмону ташкилоти ВАО эътироф гардидааст.

Мақсад аз кабули Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон баланд бардоштани масъулияти журналистон дар ҷомеа ва сифати журналистика мебошад. Дар пешгуфтори ин санад омадааст, ки «Ҷомеаи журналистони Тоҷикистон озодии суханро асоси фаъолияти худ қарор дода, масъулияти бовиҷдонона амалӣ гардидани онро дарк намуда, ин меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва журналистонро эълом ва қабул медоранд. Ҳеҷ яке аз ин меъёрҳо мақсади маҳдуд кардани озодии суханро надоранд».

Дар кишвари мо беш аз як сол мешавад, ки Шўрои воситаҳои ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шўрои ВАО) амал мекунад, ки мақсади асосиаш таҳкими меъёрҳои аҳлоқии фаъолияти журналистӣ аст. Шўрои ВАО созмони ҷамъиятӣ буда, аз ҷониби созмонҳои рўзноманигорӣ ва ташкилотҳои ВАО таъсис дода шудааст.

Тибқи муқаррароти оинномавиаш, Шўрои ВАО бо мақсади худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон, барои қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое, ки ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ таалук доранд, ташкил шудааст. Хадаф аз фаъолияти Шўрои ВАО рушди озодии баён, баланд бардоштани сифати рўзноманигорӣ ва таҳкими меъёрҳои байналмилалии рўзноманигорӣ дар Точикистон мебошад. Шўрои ВАО дар фаъолияти худ принсипҳои ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунадешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро ба роҳбарӣ гирифтааст.

Риояи меъёроҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ аз ҷониби журналистов дар шароити дигаргунсозиҳои демократӣ ба амнияти фаъолияти касбии онҳо ва пурсамар иҷро намудани рисолати ВАО дар ҷомеа журналистов мусоидат менамояд.

Нуриддин Қаршибоев

Источник:

Омилҳои ҳуқуқӣ ва анъанаи одоби журналистӣ дар ҷахон ва Тоҷикистон

Таҷрибаи рушди озодии баён дар ҷаҳон муҳимияти риояи одоби нигорандагиро дар баробари омилҳои ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ исбот кардааст. Анъанаи риояи меъёрҳои ахлокии журналистон таърихи беш аз садсола дорад. Соли 2009 Шўрои матбуоти Норвеги ҷашни як асраи худро таҷлил намуд. Як моҳ қабл ҳайати Шўрои ВАО Тоҷикистон дар чашни нимасраи Шўрои матбуоти Нидерландия ширкат варзид. Яъне, ғояи худтанзимзикунии ВАО ва фаъолияти журналистӣ — тавассути риояи қоидаю қолабҳои аз ҷониби худи чомеаи журналистон қабул гардида, дирўз пайдо нашудааст.

Матни пурраи мақоларо дар саҳифаи таҳлилии сомона, дар суроғаи зерин мутолиа намоед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=9]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=9[/url]

Нуриддин Қаршибоев

Источник:

Фарқияти таълими журналистон дар ИМА ва Тоҷикистон

[b]Дар мактаби журналистии ба номи Волтер Кронкайти шаҳри Феникси аёлоти Аризонаи Амрико 1300 донишҷӯ таҳсил мекунад. Ин мактаб дар шаҳраки донишҷӯён бунёд ёфтааст, ки дар он тамоми шароит барои таҳсил ва зисту фароғати муҳассилин фароҳам оварда шудааст.[/b]

Дар мактаби ба номи Волтер Кронкайт шабакаҳои телевизион, радио ва ҳамчунин рӯзномаву маҷалла ва сомонаи интернетӣ фаъол аст, ки тамоми кори онҳо бар души донишҷӯён аст.

[b]Таҷрибаомӯзӣ бо дастгоҳҳои муосир[/b]

Донишҷӯёни мактаб имкони таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар студияҳои муҷаҳҳаз бо фановариҳои муосирро доранд. Барои бахши телевизион студияи замонавӣ бо дастгоҳҳои сабт, танзим ва пахши барномаҳои телевизионӣ, барои бахши радио синфхонаи компютерҳои пайваст бо телефонҳои шаҳрӣ, студияҳо барои ташкили сӯҳбату мубоҳисаҳои радиоӣ ва асбобҳои рақамии сабти садо фароҳам оварда шудааст.

Мактаб бойгонии дастгоҳҳои аккосӣ, сабти садо ва наворбадориро дорад, ки ба мисли китобхона доимо амал мекунад ва донишҷӯён бо гузоштани ҳуҷҷат ва имзо дар дафтари қайд метавонанд аз он дар давоми рӯз истифода баранд. Дар баробари ин ағлаби донишҷӯён дорои телефони мобилии Iphone ҳастанд, ки онро бисёрҷониба истифода мебаранд. Яъне дар ҷойи ҳодиса акс, навор ва ё садо сабт мекунанд ва бо шарҳи кӯтоҳ онро ба сомонаи интернетии мактаб мефиристанд.
Мактаби мутахассисони рақобатпазир

[b]Марк Лодато[/b], устоди мактаби Кронкайт, мегӯяд, онҳо мекӯшанд то хатмкунандаҳояшон дасти кам даҳ соли оянда дар бозори мухобирот рақобатпазир бошанд.

Ӯ афзуд: «Мо кӯшиш мекунем ҳамеша донишҷӯёнро ба коре машғул созем. Донишҷӯёни мо ҳанӯз аз солҳои аввали таҳсил имкони кор ва омӯзиш дар студияҳои моро, ки бо фановариҳои навтарин муҷҷаҳазанд, пайдо мекунанд. Онҳо вобаста аз самти интихоб кардаашон дар солҳои баъдӣ, гузоришу қиссанависиро шурӯъ мекунанд. Таваҷҷӯҳи аслии мо дар баробари рӯшди маҳорати касбӣ, ба истифодаи фанновариҳои муосир равона шудааст. Мо мехоҳем, ки вақте донишҷӯ мактабро хатм мекунад, аз ҳама намуди дастгоҳ ва барномаҳои касбии компютерӣ истифода карда тавонад».

Устодони мактаби мазкур мегӯянд, онҳо ба донишҷӯёнашон шароити сафар ба нуқоти мухталифи аёлотро фароҳам меоранд. То он ки онҳо аз мушкилоти доғи ҷомеа гузориш навиштанро биомӯзанд. Дар ду сол як маротиба тамоми донишҷӯён ҷараёни интихоботи сенаторҳо ва ҳар чор сол интихоботи раисҷумҳуриро пӯшиш медиҳанд.

[b]Барномаҳои зиндаи телевизиони мактабӣ[/b]

Телевизиони мактаби рӯзноманигории Кронкайт дар рӯзи интихоботи ахири сенаторҳо ва намояндагони конгресс бо ҳамкории 50 донишҷӯ ду соат пахши зинда доштанд ва дар он донишҷӯён дар масоили иқтисодӣ, муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони Мексика ба Амрико, нақши сомонаҳои иҷтимоӣ дар интихобот ва дигар масоили хоси аёлот гузоришу сӯҳбатҳо созмон доданд.

Устодон мегӯянд, донишҷӯён ба сифати хабарнигори воқеӣ фаъолият мебаранд ва аз ҷойи ҳодиса гузоришҳои зиндаи сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ таҳия мекунанд.

[b]Крис Шук[/b], донишҷӯи ин мактаб, мегӯяд, нахуст барои як давраи таҳсил вай 2400 доллар пардохт мекард, аммо давраи ниҳоии таҳсилаш ба 3000 долар баробар шудааст. Крис гуфт, ин маблағ бо назардошти шароити таҳсил ва имконоте, ки мактаб барояш фароҳам овардааст, ночиз аст. Крис маҳорати рӯзноманигориро аз худ кардааст, аммо мегӯяд, дар оянда мехоҳад ба сифати коргардони видео фаъолият барад.

Ӯ гуфт: «Таҳсил дар ин мактабро ман дӯст медорам. Дар тамоми аёлот ин беҳтарин мактаб барои омӯзиш аст. Ман ҳоло ба сифати раҳбари техникӣ фаъолият дорам. Барои ман имконоти хуби омӯзиши кор дар барномаҳои зиндаи телевизионӣ мавҷуд аст.»

[b]Таҳсил дар факултаи журналистии ДМТ[/b]

Аммо дар Тоҷикистон журналистони ҳирфаӣ танҳо дар якчанд донишгоҳи кишвар таълиму тарбия мегиранд, ки факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллӣ яке аз онҳост.

[b]Муртазо Зайнидинов[/b], сардори ин факулта, мегӯяд, дар ҷараёни таълим ба донишҷӯён меъёрҳои муосири касбӣ омӯзонида мешавад. Дар факулта зиёда аз панҷоҳ нафар устодон ба беш аз 800 донишҷӯ таълим медиҳанд, ки аз миёни онҳо панҷ нафар унвони докторӣ ва 19 нафар номзади илмро доранд.

Муртазо Зайнидинов меафзояд, устодон аз рӯйи чор ихтисос дар панҷ кафедра — матбуот, журналистикаи радио ва телевизион, услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, журналистикаи байнулмилалӣ ва забонҳои хориҷӣ дарс мегӯянд. Вай мегӯяд, тайи солҳои охир дастрасии донишҷӯёну устодон дар факулта ба фановариҳои муосир осонтар гардидааст.

Ӯ афзуд: «Дар факултаи мо ду синфхонаи муҷаҳҳази компютерӣ амал мекунад. Онҳо бо хатти интернет пайвастанд. Ҳамчунин мо ду студия дорем. Студияи таълимии радио ва телевизион».

[b]Студияи хоксорона[/b]

Садорат мегӯяд, студияи омӯзишӣ барои гурӯҳи телевизион дар факулта бо фанновариҳои муосир ҳафтаи ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад, аммо ҳоли ҳозир студияи радиоӣ мавҷуд аст. Ин студия аз мизу курсиҳо, як дастгоҳи танзими кӯҳна ва чанд гӯши иборат аст. Зоҳиран мавриди истифодаи доимӣ қарор намегирад.

Дар ин замина яке аз хатмкунандаҳои ин факулта, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард дар сӯҳбат ба Ояндасоз гуфт, дар факулта устодон донишҳои хуби назарияӣ медиҳанд, аммо ба назари ӯ, шароит ҳанӯз ҳам ба талабот ҷовобгӯ нест ва на ҳама хатмкунандаҳо дар бозори меҳнат рақобатпазиранд.

«Донишҷӯён ҳоли ҳозир барои як сол 900 доллар маблағи шартнома пардохт мекунад ва меояд ба он хотире, ки дар инҷо ҳама чиро омӯзад. Аммо ҳатто синфхонаи компютерӣ ба ҳама дар факултет намерасад», -шикоят кард ӯ.

Ин мусоҳибам орзу дорад, ки факултаи журналистикаи тоҷикро низ чун мактабҳои рӯзноманигории кишварҳои пешрафта бубинад. Зеро мегӯяд, маҳз аз дониш ва омодагии касбии онҳо суръати рушди ҷомеаи демократӣ вобаста аст.

Фирӯз Баротов

Источник: Радиои «Озодӣ»

Нишебу фарози чаҳор соли «Фараж»

[b]Имрӯз 22-юми декабр, аз нашри нахустин шумораи ҳафтаномаи «Фараж» чаҳор сол сипарӣ мешавад. 22-юми декабри соли 2006, шумораи аввали он аз дасти чоп раҳо ва ба бозори матбуот ворид шуд. Аммо «Фараж» яке аз нашрияҳои хусусии чопи Душанбе дар ҳоле аз чаҳорсолагии ташкилёбии худ таҷлил мекунад, ки беш аз ду моҳ аст ба нашр намерасад.[/b]

Чопхонаҳои хусусӣ ва давлатӣ аз нашри он даст кашиданд. Ин ҳафтанома ба дунболи инъикоси ҳодисаи кушта шудани 25 сарбозу афсари вазорати дифои Тоҷикистон аз сӯи гурӯҳҳои мусаллаҳи вобаста бо Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ дар дараи Камароби ноҳияи Рашт дар рӯзи 19 сентябри соли ҷорӣ, мавриди интиқоди вазорати дифои Тоҷикистон қарор гирифт ва ниҳоят аз чопи он чопхонаҳо даст кашиданд.

Матни пурраи мақоларо дар саҳифаи таҳлилии сомонаи мо мутолиа карда метавонед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=7]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=7[/url]

Источник:

Дархости қатъи сармоягузорӣ дар нашрияҳои давлатӣ

[b]Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон зимни интишори як баёния хостори қатъи сармоягузории давлат дар нашрияҳои расмии ҳукуматҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳои ин кишвар шудааст.[/b]

Дар ин баёния таъкид мешавад, ки теъдоди ин гуна нашрияҳо зиёд буда, аммо онҳо «дар фазои иттилоъотӣ нақше ва дар таъмини амнияти иттилоъотии Тоҷикистон саҳме» надоранд.

Матни пурраи мақоларо дар саҳифаи таҳлилии сомонаи мо мутолиа карда метавонед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=8]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=8[/url]

Источник:

Фарқияти таълими журналистон дар ИМА ва Тоҷикистон

Дар мактаби журналистии ба номи Волтер Кронкайти шаҳри Феникси аёлоти Аризонаи Амрико 1300 донишҷӯ таҳсил мекунад. Ин мактаб дар шаҳраки донишҷӯён бунёд ёфтааст, ки дар он тамоми шароит барои таҳсил ва зисту фароғати муҳассилин фароҳам оварда шудааст.

Матни пурраи мақоларо дар саҳифаи таҳлилии сомонаи мо мутолиа карда метавонед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=6]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=6[/url]

Источник:

Дархости қатъи сармоягузорӣ дар нашрияҳои давлатӣ

[b]Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон зимни интишори як баёния хостори қатъи сармоягузории давлат дар нашрияҳои расмии ҳукуматҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳои ин кишвар шудааст.[/b]

Дар ин баёния таъкид мешавад, ки теъдоди ин гуна нашрияҳо зиёд буда, аммо онҳо «дар фазои иттилоъотӣ нақше ва дар таъмини амнияти иттилоъотии Тоҷикистон саҳме» надоранд.

Бино ба иттилоъи бахши матбуъот ва табъу нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳоло дар ин кишвар ҳудуди 400 ҳафтаномаву маҷаллаҳо сабти ном шудаанд, ки беш аз 70 дар сади онҳоро нашрияҳои давлатӣ ташкил медиҳанд.

[b]Нуриддин Қаршибоев,[/b] раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АРМТ ё НАНСМИТ), пешниҳод кардааст, маболиғе, ки ба ҳисоби бастани нашрияҳои давлатии «ғайримуассир» ба даст меояд, аз тариқи озмун ба нашрияҳои муваффақи давлатию мустақил ихтисос дода шавад.

Ба эътиқоди оқои Қаршибоев, ин амр заминаро барои эҷоди рақобати солим миёни расонаҳо ва зуҳури нашрияҳои ҷадиди озод ва мустақил дар Тоҷикистон фароҳам хоҳад кард.

Дар шароити феълӣ, нашрияҳои давлатӣ аз буҷети давлати Тоҷикистон сармоягузорӣ мешаванд ва нашрияҳои мустақил умдатан худкифо ҳастанд ё фаъолияти худро тавассути кумакҳои молии созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои рӯзноманигорӣ пеш мебаранд.

Зимнан, пешниҳоди қатъи сармоягузории давлат дар нашрияҳои расмии ҳукуматҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо ва нашрияҳои ба истилоҳ «соҳавӣ» ё ҳамон нашрияҳои вижаи вазорату идороти гуногуни давлатӣ, ки ба бозтоби таҳаввулот дар арсаҳои хоссе мепардозанд, қаблан низ матраҳ шуда буд.

Аз ҷумла, [b]Давлаталӣ Давлатзод[/b], намояндаи порлумон ва дабири кулли пешини ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, дар иҷлоси порлумон дар моҳи октябри соли ҷорӣ хостори коҳиши ҷиддии сармоягузорӣ дар нашрияҳои давлатӣ шуда буд.

Оқои Давлатзод таъкид кард, ки ин нашрияҳо наметавонанд дар баробари нашрияҳо ва расонаҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ рақобат карда ва ба «иттилоъоти нодуруст ва иғвоангези онҳо» дар мавриди воқеъиятҳои Тоҷикистон посух гӯянд.

Ҳамзамон, вай гуфта буд, ки пешниҳоди вай ба нашрияҳои давлатии саросарие чун «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ё «Народная газета» рабт намегирад.

Дар ҳамин ҳол, [b]Хуршеди Атовулло[/b], сардабири нашрияи мустақилли «Фараж», ки ба далоили мухталиф чопи он мутаваққиф шудааст, аз пешниҳоди бастани бештари нашрияҳои давлатӣ пуштибонӣ карда ва гуфт, ки ин иқдом бояд дар мавриди нашрияҳои саросарӣ низ сурат бигирад.

Ба гуфтаи оқои Атовулло, маъмулан нашрияҳои давлатӣ танҳо бо чопи хабарҳою матолиби расмӣ, ки аз тариқи родию ва телевизиюни давлатӣ пахш мешаванд, иктифо мекунанд ва аз ин лиҳоз, дар ҷомеъа чандон маҳбубияте надоранд.

Аммо [b]Қурбон Мадалиев[/b], муъовини аввали сардабири «Ҷумҳурият», нашрияи расмии давлати Тоҷикистон, пешниҳоди бастани нашрияҳои маҳаллиро ғайри қобили қабул хонд.

Оқои Мадалиев гуфт, ки беш аз 70 дар сади ҷамъияти Тоҷикистон дар манотиқи рустоӣ ба сар мебаранд ва сокинони рустоҳо умдатан иттилоъоти заруриро аз нашрияҳои ноҳияӣ дарёфт мекунанд.

Аз ин лиҳоз, ӯ таъкид кард, ки барои фаъолияти мӯътадили ин нашрияҳо на танҳо аз буҷети маҳаллӣ, балки аз буҷети давлати марказӣ низ маболиғи бештаре ихтисос дода шавад.

Дар ҳамин ҳол, [b]Қироншоҳ Шарифзода[/b], устоди риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, гуфт, ки танҳо нашрияҳои ноҳияӣ, ки мунтазам чоп мешаванд, барои сокинон дар дарёфти иттилоъот муҳим ва муфид хоҳанд буд.
Вале ба гуфтаи вай, дар шароити феълӣ бахши аслии ин нашрияҳо гоҳ-гоҳе мунташир шуда ва умдатан паёми раиси ноҳия ё чанд иттилоъи расмиро чоп мекунанд. Аз лиҳоз, аз баста шудани бештари нашрияҳои ноҳияӣ ба фазои иттилоъотии Тоҷикистон ҳеч халале ворид намешавад.

Аз сӯйи дигар, [b]Ато Мирхоҷа[/b], сардабири «Нақлиёт», нашрияи Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки дар сурати пуштибонии молӣ нашрияҳои «соҳавӣ ва ноҳиявӣ» метавонанд фаъолияти муассире дошта бошанд.

Оқои Мирхоҷа мегӯяд дар ибтидо нашрияи «Нақлиёт» аз сӯйи вазорат кумаки молӣ мешуд ва ҳоло дар пайи афзоиши теъдоди муштариёни он то ба 4 ҳазор нафар, ин нашрия худкифо шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон давлат ва порлумони Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ дар заминаи ислоҳи вазъи расонаҳои гурӯҳӣ дар кишвар даъват кардааст.

Ба гуфтаи бархе аз рӯзноманигорон, нашрияҳо ва расонаҳои мустақил на танҳо аз фаъолияти давлати Тоҷикистон интиқод мекунанд, балки дар сурати зарурат аз мавзеъгирии давлат дар қиболи масоили минтақа борҳо пуштибонӣ ҳам кардаанд.

Дар ин замина онҳо ба матолиби интиқодии нашрияҳои мустақил дар бораи фишорҳои Русия ва Ӯзбакистон дар масоили бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ва мутаваққиф шудани вогунҳои Тоҷикистон дар Ӯзбакистон дар як соли ахир ишора мекунанд, ки норизоятии сафоратҳои Русия ва Ӯзбакистонро низ ба дунбол доштааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101223_mm_statement_nansmit.shtml

Нишебу фарози чаҳор соли «Фараж»

[b]Имрӯз 22-юми декабр, аз нашри нахустин шумораи ҳафтаномаи «Фараж» чаҳор сол сипарӣ мешавад. 22-юми декабри соли 2006, шумораи аввали он аз дасти чоп раҳо ва ба бозори матбуот ворид шуд. Аммо «Фараж» яке аз нашрияҳои хусусии чопи Душанбе дар ҳоле аз чаҳорсолагии ташкилёбии худ таҷлил мекунад, ки беш аз ду моҳ аст ба нашр намерасад.[/b]

Чопхонаҳои хусусӣ ва давлатӣ аз нашри он даст кашиданд. Ин ҳафтанома ба дунболи инъикоси ҳодисаи кушта шудани 25 сарбозу афсари вазорати дифои Тоҷикистон аз сӯи гурӯҳҳои мусаллаҳи вобаста бо Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ дар дараи Камароби ноҳияи Рашт дар рӯзи 19 сентябри соли ҷорӣ, мавриди интиқоди вазорати дифои Тоҷикистон қарор гирифт ва ниҳоят аз чопи он чопхонаҳо даст кашиданд.

Дар ин миён дастрасӣ ба бархе аз сайтҳои интернетӣ дар кишвар маҳуд шуд ва ду нашрияи дигар «Пайкон» ва «Нигоҳ» низ бо айни ин мушкил рӯбарӯ шуданд. Дертар ин сомонаҳо ва нашрияи «Нигоҳ» низ тавонистанд дубора фаъолият дошта бошанд. Вале талошҳои «Фараж» бесамар анҷомиданд ва як- ду шумораеро, ки тавассути принтери ин нашрия ва дар авроқи ғайримаъмулӣ ба чоп расониданд, натавонист масорифи коғаз ва чопро пӯшонад.

Созмонҳои хабарии Тоҷикистон ва хориҷ аз он ва низ намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ғарбӣ ва Амрико бо интишори баёнияҳо аз ҳодисаи аз чоп бозмондани ин нашрияҳо изҳори нигаронӣ карданд. Вале оё ин нашрия ҳамин тавр аз байн хоҳад рафт, чуноне нашрияҳои «Рӯзинав», «Нерӯи Сухан» ва «Оламу одам» дар соли 2004 дар заминаи бо бархурд бо мақомот аз байн рафтанд ва ё ин ки ҳанӯзам барои чопи он талошҳо идома доранд? Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» дар посух ба ин пурсишҳо гуфт:

[b]Ҷавоб:[/b] Аз рӯзи аввале, ки се нашрияи мустақили сиёсӣ «Фараж», «Пайкон» ва «Нигоҳ» аз ҷониби чопхонаҳои ҳам хусусӣ ва ҳам давлатӣ барои муддате нашр карда нашуданд ва дастрасӣ ба панҷ сайти интернетӣ маҳдуд шуд, шурӯъ аз ҳамон рӯз, якҷо бо созмонҳои рӯзноманигории кишвар ва сардабирони як идда аз нашрияҳо, як мактуби дастҷамъона навиштем ба унвони мушовири давлатии раиси ҷумҳур оид ба масоили иҷтимоӣ, ки масоили расонаҳо ҳам ба ӯ рабт мегирад. Вале мутаассифона ба ин нома то ба имрӯз ҷавоб нагирифтаем. Дар идома Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ ба унвони вазири мудофиаи Тоҷикистон нома ирсол дошт то муайян кунад, ки маркази матбуотии ин вазорат дар изҳороте, ки тариқи телевизион пахш карда буд дар ҳамдастӣ бо террористон кадом рӯзномаҳои алоҳидаро дар назар дошт. Зеро дар онҷо сухан аз расонаҳо мерафт ва аз ягон нашрияи мустақил ё аз ягон васоитаи ахбори электронӣ ном бурда намешуд. То ҷое ман иттилоъ дорам, ба ин мактуб ҳам то ҳанӯз посух наомадааст ва ба дунбол мо як муроҷиатнома навиштем ба унвони президенти Тоҷикистон бо имзои 240 нафар аз рӯзноманигорони Тоҷикистон, ки ба ин қазия расидагӣ кунад ва ҳанӯз мӯҳлати ҷавоб анҷом наёфтааст. Фикр мекунам мо бояд ба он ҷавоб бигирем.

[b]Суол:[/b] [i]Беш аз ду моҳ аст, ки нашрияи «Фараж» чоп намешавад. Оё шумо метавонед бигӯед, ки далели аз нашр бозмондани нашрия чӣ аст?[/i]

[b]Ҷавоб:[/b] Ба ҳар мақомоте, ки мо муроҷиат кардем онҳо мегӯянд, ки онҳо дар ин кор даст надоранд. Танҳо пеши мо ҳамон фарзияҳое аст, ки аз назари худи мост. Ин яъне оғоз аз пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд, баъзе аз нашрияҳо мисли «Фараж», «Пайкон» ва «Нигоҳ» ба ин масъала сахт таваҷҷӯҳ карда буданд шояд сабаб ин бошад. Ман чунин фикр дорам , ки ин ба нашри мақолаҳое вобастагӣ дорад, ки дар назди далелу бурҳони пешоварда ночору музтар монданд, вагарна ба суд ва ё прокуратура муроҷиат мекарданд. Чун онҳо барои ин суолҳо ҷавоб надоштанд гузаштанд ба роҳҳои дигари мубориза. Яъне барои комилан маҳкам кардани даҳони журналистони ин нашрияҳо ва худи ин нашрияҳо.

[b]Суол: [/b] [i]Фикр мекунед «Фараж» дар бозори матбуот ҷойи по пайдо кард ва аз нигоҳи худи Шумо то куҷо тавонистед, ки тӯли ин муддат мавқеъ пайдо кунед?[/i]

[b]Ҷавоб:[/b] Ба фаъолияти «Фараж» на ман, балки дигар мутахассисон бояд баҳо диҳанд, лекин ман танҳо зикри як нуктаро зарур медонам, ки як нафар аз медиа-магнатҳои маъруфи амрикоӣ гуфтааст, ки нишондиҳандаи фаъолияти асосии рӯзнома ин теъдоди нашри он аст. Аз ин хотир миёни нашрияҳои мустақили сиёсӣ шумори нашри «Фараж» қариб баробари ҳафтаномаи русизабони «Азия-плюс» буд. Ҳато як-ду маротиба теъдоди нашр аз теъдоди нашри бархе дигар аз нашрияҳои мустақили сиёсӣ зиёд буд. Фикр мекунам агар аз рӯи теъдоди нашр миёни нашрияҳои мустақили сиёсӣ бигӯем «Фараж» теъдоди нашри бештар дошт. Ва ин нишондиҳандаи аз ҳама муҳим барои мо ҳам ҳаст. Вале аз ҷониби дигар мавзӯъҳое, ки дар «Фараж» баррасӣ мешуданд дар идома аз он дар дигар нашрияҳои мустақили сиёсӣ пайгирӣ карда шуд. Барои мисол ман метавонам бигӯям, ки ҳодисоти ҷанги шаҳрвандиро, ки аввалин шуда «Фараж» дар ин бора маводҳои ҷиддитарро нашр карда буд, ҳол онки як сол-ду сол пештар аз нашри ин гуна мавод наметавонистӣ дар ин мавзӯъ ҳарф занӣ. Ё ки силсиламақолаҳое, ки вобаста ба заводи алюминийи Тоҷикистон буд. Ин ҳам аввалин маротиба дар ҳафтаномаи «Фараж» чоп шуд. Ё ин ки як мавзӯъи хеле доғи рӯз, ки ҳанӯз ҳам аз сафҳаи матбуот канда намешавад масъалаи пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд. Ҳамон холигоҳеро, ки «Фараж» пур мекард ҳамин ҳоло холӣ боқӣ мондааст.

[b]Суол:[/b] [i]Шумо дигар талош хоҳед кард, ки ин нашрия чоп шавад ва барои мисол сарнавишти «Рӯзи нав» ва Нерӯи сухан» болои он такрор нашавад?[/i]

[b]Ҷавоб:[/b] Ҳанӯз ҳам талошҳои мо барои нашри «Фараж» идома дорад. Чун масъалаи чопи «Фараж» ба мақомоти баландпоя вобастагӣ дорад, аз ин рӯ гуфтушунидҳои мо бо ин доираҳо давом дорад. Яъне муроҷиати мо ба онҳо қатъ наёфтааст. Ва ҳанӯз мо аз онҳо барои идомаи фаъолияти «Фараж» посухи рад нагирифтаем. Ман фикр мекунам, ки паёмади ин кор нек хоҳад буд ва «Фараж» дубора ба дасти хонанда хоҳад расид.

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2255495.html

Ещё один сайт на WordPress