Изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар мавриди сӯиқасд ба узваш

Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони узви Раёсати Олии ҳизб ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозодаро шадидан маҳкум намуда, онро як амали тарҳрезишуда алайҳи ҲНИТ ва шахсиятҳои он меҳисобад. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ин амали ноҷавонмардона идомаи фишорҳо ва фазосозиҳоест, ки вақтҳои ахир алайҳи ҲНИТ аз тарафи доираҳои муайян сурат мегирад ва барои эҷоди тарсу ваҳм дар байни аъзо, тарафдорон ва ҷомеаи кишвар равона шудааст.

«Тоҷикистон пас аз сулҳи ваҳдатофарин муддате дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи солими сиёсиву фикрӣ қарор дошт, ки боиси рушди нисбии иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар ва болоравии обрӯву ҷойгоҳи миллат гашта буд. Вале солҳои ахир каҷравиҳо дар ин раванд ва дур шудан аз арзишҳои тақдирсози ваҳдати миллӣ эҳсос мегардад, ки аз тарафи коршиносон ва аҳли ҷомеа қаблан ҳам таъкид шуда буд. Арзишҳое мисли мардумсолорӣ, гуногунандешӣ, озодии виҷдон ва матбуот батадриҷ заиф гашта, ҷои онро таҳкими усулҳои авторитарии идораи давлат, фасоди моливу идорӣ, поймолшавии ҳуқуқҳои диниву сиёсии шаҳрвандон ва нодида гирифтани ниёзу хостаҳои мардум ишғол менамояд. Ин ҳолат наметавонад нерӯҳои солими кишварро бетараф гузорад ва табиист, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ, васоити ахбори омма ва равшанфикрон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор мегирад. Ҷои таассуф аст, ки баъзе доираҳо ба ҷои ислоҳи вазъ ва бартараф кардани камбудиҳо даст ба душмантарошӣ ва фазосозиҳои носолим алайҳи дигарандешон мезананд. Ба ҷои муколама, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ шеваҳои номатлуби муносибат бо ҳизбҳои сиёсии мухолиф, рӯзномаҳои ғайридавлатӣ ва шахсиятҳои мустақил пеш гирифта мешавад, ки ин ҳама заминаро барои ворид шудани кишвар ба як марҳалаи носолими сиёсӣ фароҳам месозад. ҲНИТ қаблан ҳам аз инҳироф дар раванди муколамаи миллӣ, натиҷагириҳои яктарафаи сулҳу ваҳдат ва дур шудан аз арзишҳои он изҳори нигаронӣ намуда буд. Бахусус, пас аз интихоботҳои парлумонии соли 2010 муносибат бо ҳизбҳои сиёсӣ комилан аз чорчӯби рақобати солими сиёсӣ берун рафт, ки нишонаҳои он дар мавқеъгириҳои расмӣ ва ғайрирасмии намояндагони мақомоти давлатӣ зоҳир мегарданд. ҲНИТ масъулияти маънавии сӯиқасд алайҳи намояндаи худро қисман ба дӯши доираҳое мегузорад, ки бо назарҳо, таҳлилҳо ва ишораҳои ғаразнок ва сиёсатзадаи худ заминаро барои содир намудани чунин ҷиноят фароҳам сохтанд»,- омадааст дар изҳорот.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ таъкид мекунад, ки истифодаи хушунат ва даҳшатафканӣ дар рақобатҳои сиёсӣ дар ҳама ҳолат номақбул буда, истифода аз чунин василаҳои ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқӣ алайҳи сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва фаъолони сиёсӣ на танҳо ҷиноят, балки хатари бузурге ба амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа маҳсуб мешавад.

Шӯрои Сиёсии ҲНИТ дар баробари шадидан маҳкум кардани ин ҳодиса аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қотеъона талаб намудааст, ки фармоишгарон ва иҷрокунандагони ин ҷиноятро ҳарчи зудтар ошкор намояд ва ба ҷавобгарӣ кашад.

Ҳамзамон, Шӯро аз мақомоти давлатии кишвар, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандон даъват ба амал овардааст, ки барои эҳёи фарҳанги муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ дар фазои сиёсии кишвар талош намоянд.

Мушкинисо АСОЗОДА

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11402&Itemid=30

Латукӯби сардабири ҳафтаномаи «Наҷот»

Ҳикматулло Сайфуллозода дар бемористони «Қарияи Боло»

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири «Наҷот» ва узви раёсати олии ҲНИТ, мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Вай дар сӯҳбати кӯтоҳи худ гуфт, субҳи рӯзи душанбе, 7-уми феврал, дар роҳ ба сӯи идораи ҳафтанома дучори ҳамлаи афроди ношинос шудааст.

Ба гуфтаи вай, як нафари ношинос бидуни ҳеҷ огоҳӣ садди роҳаш шуда, таваҷҷӯҳи ӯро ба худ ҷалб мекунад ва ду нафари дигар ӯро мавриди латукӯб қарор медиҳанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода бар асари латукӯб аз ҳуш рафта, ба беморхонаи «Қарияи Боло» оварда мешавад. Ҳоло ӯ дар беморхонаи «Қарияи Боло» бистарӣ аст.

Яке аз пизишкони беморхонаи «Қарияи Боло» гуфт, ташхис нишон додааст, ки ҷаноби Сайфуллозода аз косахонаи сар зарб хӯрда, чашму даҳони ӯ низ доғи сиёҳ гирифтаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2299570.html

Ифшои боз як номаи маҳрамона дар бораи Тоҷикистон

Ин нома ҷузъиёти дидори як дипломати амрикоӣ бо генерал Абдулло Назаров, муовини вақти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар поёни соли 2009-ро дар бар мегирад.Тавилдара ва Мирзо Зиёев

Викиликс мегӯяд, генерал Назаров дар ин дидор ба ҷузъиёти амалиёти вижаи зидди афроди Мирзо Зиёев дар ноҳияи Тавилдара пардохта, аз ҷумла гуфтааст, дар ин ҷо дар канори размандагони собиқи мухолифин зархаридони тотору чечену доғистонӣ ва ҳатто кореягӣ меҷангиданд.

Ба навиштаи ин сомона, ҷаноби Назаров ҳамчунин хабар додааст, ки раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон Тоҳир Юлдош 5 ҷангии дигарро ба кӯмаки ҷангиёни Тавилдара фиристод, вале онҳоро дар марзи Дарвоз боздошт карданд.

Ба иддаои генерали тоҷик, ин гурӯҳ қасди анҷоми ҳамлаи террористӣ дар ҳошияи сафорати Амрикоро дошт, то дар Душанбе муҳити тарсу воҳима эҷод шавад.

“Тоҷикистон Кашмири дуввум мешуд”

Бино бар ин номаи нашркардаи Викиликс, Абдулло Назаров аз афзоиши ифротгароёни исломӣ дар кишвар изҳори ташвиш карда, гуфтааст, ки аксари онҳо дар Покистон таълим мегиранд ва ба ҷомеаи Тоҷикистон хатар доранд.

Ин сомона мегӯяд, ҷаноби Назаров дар бораи пайравони «Ҷамоати таблиғ» ҳам сӯҳбат карда, гуфтааст, агарчӣ пайравони ин ҷамоат созмони худро мубаллиғӣ меноманд, вале дар ҳодисаҳои Тавилдара симои воқеии бархе аз аъзои ин гурӯҳ ошкор шуд. Чунки онҳо, ба гуфтаи генерал Назаров, талош доштанд, то ба ҷангиён дар ин қаламрав бипайванданд.

Вай гуфтааст, гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар Тоҷикистонро барои бархӯрди шадид бо пайравони «Ҷамоати таблиғ» интиқод карданд, вале агар давлат чунин бархӯрди шадид намекард, Тоҷикистон ба як Кашмири дигар табдил меёфт.

Қонуни дин ва «Эрони кӯчак»

Дар посух ба ин суол, ки оё қонуни нави дини Тоҷикистон барои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм кӯмак кард ё халал расонид, Абдулло Назаров гуфта, ки «моро барои қабули ин қонун шадидан интиқод карданд, бахусус, дар мавриди он банди ин қонун, ки ҳузури наврасонро дар масоҷид манъ мекунад.»

Ҳамон тавре ки Викиликс менависад, генерал Назаров афзудааст, ки «як ба инқилоби исломии Эрон нигаред. Масоҷид одамонро ба ҳам овард ва сипас ба хиёбонҳо рехт. Тоҷикистон Амрико нест. Қонуни нав нуфузи раҳбарони диниро маҳдудият мекунад. Кӯдакон бояд аввал таълимоти дунявӣ гиранд, сипас ба масҷид раванд.”

Вай ҳамчунин гуфтааст, “имомоне, ки дар хориҷ аз кишвар таълим гирифтаанд, дар мавъизаҳои худ ибораи «марг бар Амрико»-ро истифода кардаанд.” Ҷаноби Назаров афзуда, ки «бояд пеши роҳи инро гирифт, вагарна Тоҷикистон як Эрони кӯчаке хоҳад шуд.»

Бо ин вуҷуд, то ҳол аслияти ин нома аз ҷониби сафорати Амрико ё мақомоти Душанбе таъйид ё такзиб нашудааст.

Тоҷикистон ва ифшогариҳои Викиликс

Аммо дар моҳи декабри соли гузашта рӯзномаи «The Guardian», чопи Лондон, се барқияи махфии сафорати Амрико дар Тоҷикистонро, ки Викиликс дастрас кардааст, ба чоп расонда буд.

Ин рӯзнома бо истинод ба ин барқияҳо навишт, ки Тоҷикистон бо маҷмӯе аз мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯст ва яке аз муҳимтарини онҳо президенти ин кишвар аст.

Матбуоти дохилии Тоҷикистон ҳам баъзе аз ин номаҳоро дар саҳифаҳои худ чоп карданд. Аз ҷумла, дар бораи охирин дидори Ричард Ҳоугленд, сафири собиқи Амрико дар Душанбе ва вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев.

Ҳамчунин, расонаҳои Русия аз қавли Викиликс дар як матлаб Ҳамроҳхон Зарифиро дастнишонда ва номзади Амрико барои раисҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда буданд, ки баъдан нусхаи англисии он пайдо нашуд.

Дар матлаби дигар аз сӯҳбати махфии вазири корҳои хориҷӣ, он замон сафири Тоҷикистон дар Амрико бо сафири вақти Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд сухан мерафт. Дар ин номаи дипломатӣ, ки Викиликс нашр кардааст, сафири амрикоӣ менависад, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ ӯро итминон медиҳад, то дар амри густариши нуфузи Амрико дар Тоҷикистон сабур бошад.

Ҳамроҳхон Зарифӣ баргузории сӯҳбат бо сафири амрикоиро таъйид кард, вале гуфт, тафсилоти ин сӯҳбатро, ки Викиликс чоп кардааст ё фантазияи худи сафир Ҳоугленд аст ё кормандони расонаҳо.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2299285.html

Зафар Абдуллоев ва тарки пешаи хабарнигорӣ

[b]Зафар Абдуллоев, асосгузори “Авесто” мехоҳад батадриҷ аз журналистика канор равад ва рӯ ба тиҷорат биорад.[/b]

Ҳафтаномаи “Факти ин комментарии”, нашрияи дигари марбут ба Зафар Абдуллоев низ ба далели мушкилоти молӣ дастикам то моҳи апрел аз нашр бозмондааст ва ӯ мегӯяд, шояд ин ҳафтавор низ бо ҳамин қатъи фаъолият кунад.

Дар маҳофили хабарнигории Душанбе қарори рафтани Зафар Абдуллоев аз майдони матбуот ба гунаи мухталиф тафсир мешавад, вале бисёриҳо мегӯянд, мушкилоти иқтисодӣ домани аксари нашрияҳои мустақили Тоҷикистонро сахт панҷа задааст ва бархеи онҳо шояд ба айни сарнавишти “Авесто” ё “Факти и коментарии” рӯбарӯ шаванд.

Худи Зафар Абдуллоев санҷидани нирӯяш дар як касбу кори комилан дигарро аз омилҳои аслии тағйири касби хабарнигориаш ном мебарад, вале мегӯяд, мушкилоти молии омада бар сари “Авесто” низ дар ин амр нақши муҳим дошт.

[b]ЗАФАР РАФТ, ВАЛЕ “АВЕСТО” ҲАМОН МЕМОНАД[/b]

Зафар Абдуллоев дар ҳоле тарки “Авесто” мекунад, ки шумори кормандони он аз 20 нафари қаблӣ акнун то ба ҳадди 3 нафар коҳиш ёфта, теъдоди нашри “Факти и комментарии” низ ҳамагӣ 500 нусха шудааст.

Аммо оё табдили молики “Авесто” боиси кунд шудани забони то ҳол дар баррасии масоили Тоҷикистон тунди ин хабаргузорӣ нахоҳад шуд? Ҷамшед Улмасов, сардабири ҳафтаномаи “Бизнес и политика” ва молики нави хабаргузории “Авесто” мегӯяд, сиёсати эҷодии “Авесто” аз ин ба баъд низ кадом тағйири усулие нахоҳад кард: “Он сиёсате, ки дар даври Зафар Абдуллоев буд, бетағйир боқӣ хоҳад монд. Тағйирот танҳо дар бахши пӯшиши хабарҳо пеш меояд ва мо ба ҷустуҷӯи ахбори бештари хубу ихтисосӣ такя хоҳем кард. Зафар Абдуллоев матлабҳои худро дар “Авесто” ҳамчунон нашр хоҳад кард, касе ба ӯ монеъ намешавад. Як шарти қарордод ҳамин аст, ки Зафар ҳар матлабе, ки мехоҳад, дар мо нашр мекунад, касеро танқид мекунад, ихтиёри ӯст. Моро аз ҳоло айбдор мекунанд, ки мо гӯё хабарнигорони рӯ ба Русия бошем. Ин чунин нест. Сиёсате, ки дар “Авесто” то ҳозир буд, тағйир намекунад, ҳамон боқӣ хоҳад монд.”

[b]ТАРҶУМАИ ҲОЛ[/b]

Зафар Абдуллоев 35 сол ва 4 фарзанд дорад ва соли 1976 дар Норак ба дунё омадааст. Зафар хатмкардаи риштаи менеҷменти Донишкадаи соҳибкории Душанбе буда, соли 1997 дар хабаргузории “Азия Плюс” ба кори журналистӣ шурӯъ кард. Ӯ дар ин ҷо то мақоми сардабири ҳафтавори “Азия Плюс” сабзид ва 6 сол пеш, ба дунболи як даъвои додгоҳӣ бар сари тақсими саҳмияҳои “Азия Плюс” бо муассисаш Умед Бобохонов, хабаргузории “Авесто”-ро созмон дод. Абдуллоев асосгузори нашрияҳои “Фараж”, “Овоза” ва “Факти и комментарии” ҳам ҳаст, ки дуи аввалро баъдан ба ҳайъати эҷодии он ҳафтаномаҳо супурд ва акнун аз идомаи нашри “Факти и комментарии” ҳам, ки теъдоди нашру обунаи электрониаш дар маҷмӯъ зери 1000 нусха шудааст, даст мекашад. Оқои Абдуллоев ҳамчунин аз муассисони Медиа-Алянс аст, ки ҳамчун алтернатива ба Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон ташкил шуда буд.

[b]МУОМИЛА БО «ТАЛКО»?[/b]

Зафар Абдуллоев бештар бо матлабҳои тунди интиқодиаш, бахусус пиромуни ношаффофиҳои фаъолияти «ТАЛКО», ширкати алюминсозии Тоҷикистон ва ба суратҳисобҳои бонкии машкук дар минтақаҳои оффшорӣ сарозер шудани фоидаҳои он маъруф буд. Хабари рафтани ӯ аз журналистика дар маҳофил ҳадсу гумонҳоеро ҳам эҷод кард, ки шояд ба манзури бастани забони ӯ аз танқидҳои минбаъдаи «ТАЛКО» муомилае дар ин миён сурат гирифта бошад ва ба Зафар Абдуллоев чунон пешниҳоди аз нигоҳи молӣ ҷолиб кардаанд, ки ӯ “не” гуфта натавонист.

Раҷаби Мирзо, хабарнигори мустақили тоҷик, мегӯяд, бештар худи Зафар Абдуллоев буд, ки тавассути чунин матлабҳои тунд роҳҳои тамос бо «ТАЛКО» ва ширкатҳои дигари марбут ба онро меҷуст. Вале Раҷаби Мирзо ҳам воқеъ шудани чунин як тамос дар ниҳояти амр ва сурат гирифтани муомилаҳое дар ин замина бо оқои Абдуллоевро баъид намедонад: “Шояд яке аз ҳадафҳои худи Зафар Абдуллоев ҳамин буд. Масалан, матлабҳои нисбатан тундтари “Авесто” ва худи Зафар Абдуллоев бештар равона шуда буд ба сӯи «ТАЛКО» ва ширкатҳои дигаре, ки бавосита ё бевосита ба раҳбарияти он наздикӣ доранд. Яъне шояд худи Зафар мехост бо чунин бархӯрд бо раҳбарони «ТАЛКО» наздикӣ пайдо кунад. Ва онки рӯзномаву сомонааш чандон муваффақ нашуд, фикр мекунам, шояд ба ҳамин самтгароиҳоии ин нашрияву ин хабаргузорӣ бастагӣ дошта бошад. Ва вақте ин ду тарҳ аз нигоҳи молӣ худро пӯшонда натавонист, шояд ба тавофуқоте ҳам рафта бошад. ”

[b]“ФАРАЖ” ДАР НАВБАТ АСТ…[/b]

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтавори мустақили “Фараж”, ки муассиси аввали он ҳам Зафар Абдуллоев буд, вуҷуди кадом муомилаи пӯшидае ба хотири рӯфтани пайи пои оқои Абдуллоев аз саҳнаи матбуотро ҳадсе бепоя меномад. Аммо ӯ монанди “Авесто” ба мушкилоти молӣ гирифтор шудани “Фараж”-ро эътироф мекунад ва мегӯяд, манъ шудани нашри ҳафтанома, ки қариб се моҳ давом кард, барои “Фараж” аз ҳисоби молиёту ҳаққи хадамоти шаҳрӣ ва пули чопу қоғазу маоши коргарон зери 70 000 сомонӣ қарз ба мерос гузошт ва агар аз созмонҳои имдодрасон ба кӯмак нарасанд, ӯ ҳам мулзам аст, ба муомилаҳои барояш пешниҳодшуда тан дар диҳад. Муомилаҳое, ки сардабири “Фараж” дар мавриди табдили молики “Авесто” радд, вале дар баробари нашрияи худаш тасдиқ мекунад.

Хуршеди Атовуллоҳ мегӯяд: “Бале, дар сӯҳбатҳои ғайрирасмӣ бо нафарони “гуногунсоҳа” ин гуна гуфтугӯҳо матраҳ шуда буд. Вале шарти онҳо ин буд, ки ман дигар ба журналистика машғул нашавам. Албатта, ман метавонам ҳамчун хабарнигори оддӣ кор кунам. Вале онҳо хавотир буданд, ки мабодо ман бо пули онҳо нашрияи дигари беҳтар аз “Фараж” бисозам Ин пешниҳодҳо як сол боз ироа шуда истодаанд, вале ман ба далели ҳамон шарташ розӣ набудам. Вале имрӯз, ки ҳоли “Фараж” беҳтар аз “Авесто” нест, дар сурати пешниҳоди ҷиддитар, ман маҷбурам, рӯи он ҷиддӣ фикр кунам.”

[b]З.АБДУЛЛОЕВ: “МАРО КАСЕ НАХАРИДААСТ”[/b]

Зафар Абдуллоев сарусадоҳо дар бораи кадом муомилаи пӯшидаи ӯ бо гурӯҳҳое, чун «ТАЛКО»-ро такзиб мекунад ва мегӯяд, касе ӯро “нахаридааст”: “Дар мавриди «ТАЛКО». Ман ба фарқ аз дигарон ҳамеша мегуфтам, ки мо хостори дастгирӣ ҳастем, вале ин бояд аз тариқи як Сандуқи пуштибонии матбуоти мустақили Тоҷикистон сурат бигирад. Рӯзномаҳоро нахаранд, вале кӯмак кунанд, ки онҳо аз нигоҳи ҳирфаӣ пеш бираванд. Аммо чунин Сандуқ дар кишвари мо нест, мутаассифона. Агар ман бо «ТАЛКО» ё ягон гурӯҳи дигар муомила мекардам, бовар кунед, онҳо хеле хуш мешуданд. Аммо на, маро нахаридаанд. Ҷамшед Улмасов ҳам намояндаи кадом гурӯҳи молӣ нест. Ман бояд дар бораи «ТАЛКО» ҳатман ягон чизи дигар бинависам ва шояд ин мардумеро, ки фикр мекунанд, маро харидаанд, таскини хотир диҳад.”

Зафар Абдуллоев мегӯяд, қаблан ҳам пешниҳодҳое барои фурӯхтани “Авесто” гирифта буд, вале ба ин далел, ки харидорон ғаразҳои сиёсӣ доштанд, розӣ нашуд ва дар ниҳоят онро бидуни дарёфти кадом маблағ ба нафаре супурд, ки дидгоҳи бо ӯ наздик дошта, сиёсати қаблии ин хабаргузориро дигар намекунад.

Раҷаби Мирзо, хабарнигори тоҷик мегӯяд, яке аз онҳое, ки хоҳиши харидани “Авесто”-ро доштанд, худи ӯст. Раҷаби Мирзо то поёни соли гузашта сардабирии рӯзномаи “Имрӯз Нюс”, як нашрияи наздик ба «ТАЛКО» ва Ориёнбонкро бар ӯҳда дошт ва аз ин рӯ аз ӯ пурсидам, ки оё “Авесто”-ро худи ӯ харидан мехост ва ё миёнҷие байни Зафар Абдуллоев ва мухотаби матлабҳои интиқодии ӯ буд. Ӯ дар посух гуфт: “На, на. Ин пешниҳоди инфиродӣ буд, вале Зафар Абдуллоев гоҳе бо шӯхӣ, вале гоҳе ҳам хеле ҷиддӣ мегуфт, ки ман “Авесто”-ро ба шумо намефурӯшам, чунки ман гӯё ҳадафҳои сиёсӣ дорам. Ва инак ба нафаре вогузораш кард, ки дар мавқеъи наздик ба Зафар Абдуллоев ва чанд тани дигаре, ки аз ин гурӯҳанд, қарор дорад. Фикр мекунам, дар ин ҷо масоили сиёсӣ чандон вуҷуд надошт. Ҳадди ақал барои онки мо бархӯрди ҷиддии мақомоти Тоҷикистон ва ширкатҳоеро, ки ӯ нисбат ба онҳо интиқоди шадид мекард, то имрӯз надидаем.”

[b]ҚАЗИЯИ СОМОНАБАНДӢ[/b]

Аммо дар ҳамин тирамоҳи гузашта сомонаи “Авесто” дар пайи шурӯъи даргириҳои Камароб бо баҳонаҳои фаннӣ масдуд шуд ва танҳо дар ин авохир мақомот эътироф карданд, ки масдуд шудани “Авесто” ва сомонаҳои дигари тундгӯ далоили амниятӣ дошт ва ба амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар Рашт марбут буд.

Ба бовари Хуршеди Атовуллоҳ, масдуд шудани дастрасӣ ба сомонаи “Авесто” ҳамон қатраи охире шуд, ки косаи сабри Абдуллоевро пур кард ва ӯ аз идомаи кори хабарнигорӣ дигар батамом дасту дил шуст: “Зафар метавонист, ҳамчун муассис боқӣ монда, кори хабаргузориро ба як нафари мавриди эътимодаш бисупорад ва сарашро сабук кунад. Вале вақте болои мушкилоти иқтисодӣ сомонааш баста шуд ва ба будҷаи бе он ҳам хароби хабаргузорӣ зарбаи ҷиддитар зад, албатта, ҳамаи ин болои ҳам мешавад ва боис шуд, ки ӯ ба як тасмими қатъӣ биояд.”

Аммо Зафар Абдуллоев мегӯяд, масдуд шудани сомонаи “Авесто” ӯро баръакс то чанд моҳи дигар барои идомаи кор дар хабаргузорӣ ташвиқ кардааст: “Ман аз ягон навъ фишор наметарсам. Баръакс барои ман, ки аксар вақт муқобили маҷро меравам, кор кардан дар шароити фишор роҳаттар аст. Вақте сомонаи “Авесто”-ро бастанд, ман чанд моҳ бо шавқи хеле бештар кор кардам. Вале вақте ин ҳама фишор фурӯ нишаст ва вазъ ба ҳолати оддиаш баргашт, шавқи ман ба кор дар сомона ҳам дубора гум шуд.”

[b]МАТБУОТИ МУСТАҚИЛ, ВАЛЕ БӮҲРОНӢ[/b]

Масъалаи дигаре, ки табдили молики “Авесто” ва қасди рафтани Зафар Абдуллоев аз майдони матбуот бармало кард, мушкилоти сахти молиест, ки аксари расонаҳои мустақили Душанбе, ба хусус нашрияҳову сомонаҳои дар тирамоҳ, дар пайи нооромиҳои водии Рашт масдудшуда, гирифтор шудаанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, бахусус нашрияҳои мустақил дар вазъи хеле мушкил қарор гирифтанд ва бар иловаи буҳрони молӣ, рӯйдодҳои тирамоҳи гузашта, ки 3 нашрияи мустақили “Фараж”, “Пайкон” ва “Нигоҳ” аз нашр бозмонд ва сомонаҳои интернетии “Авесто”-ву “Тоҷнюс” масдуд шуданд, ба мушкилоти матбуоти мустақили тоҷик афзуд.

Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, вазъ ба ҳадде печида шудааст, ки дар ғайри сурати кӯмаки созмонҳои ҳомии озодии матбуот, сарнавишти “Авесто”-ро бисёре аз нашрияҳои дигар низ шояд такрор кунанд: “Бино бар он, ки чопхонаҳо чопи ин нашрияҳоро бар ӯҳда нагирифтанд ва дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ маҳдуд буд, онҳо аз муштариёни худ маҳрум шуданд. Теъдоди нашри “Фараж”, барои мисол, аз 8 000 нусха то ба 3000 фуромад ва чанд шумора, ки чоп нашуд, ин нашрияҳо аз даромад низ маҳрум шуданд. Ва ба ҳамин хотир, он созмонҳое, ки рисолаташон кӯмак ба воситаҳои мустақили ахбор аст, бояд ин хабаргузориҳо ва нашрияҳоро ҳаддалимкон дастгирӣ кунанд, то аз байн нараванд.”

НАНСМИТ ҳанӯз дар шурӯъи бӯҳрони саросарии молӣ таҳқиқоте анҷом дода буд, ки бар асоси натоиҷаш, 40 дарсади нашрияҳои мустақил худро дар вазъи мушкили молӣ эҳсос мекунанд. Дар пайи ин таҳқиқот, созмонҳои хабарнигорӣ ва нашрияҳои мустақил аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки дар давраи бӯҳрон ба манзури дастгирии матбуот ба расонаҳо имтиёзҳое, аз ҷумла дар мавриди пардохти молиёт, қоил шавад.

Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, ки дархости онҳо аслан баррасӣ нашуд ва бо онки аз он дархост як солу чанд моҳ гузашт, посухи расмие ҳам то ҳол аз сӯи ҳукумат нагирифтаанд: “Муттаассифона, аз ҷониби ҳукумат ва мақомоташ ин пешниҳоди раҳбарони нашрияҳои хусусӣ дастгирӣ наёфт. Онҳо ҳатто он имконотеро, ки доштанд, аз тариқи имтиёзҳои андоз ё таъсиси як сандуқи кумак ба матбуот дар шароити бӯҳрониро напазируфтанд ва ин пешниҳодҳо ҳатто мавриди баррасӣ дар сатҳи ҳукумат ҳам қарор нагирифт. Азбаски матбуоти мустақил як рукни демократия аст ва дар ҳар ҷомиаи демократӣ ҳаққи вуҷуд дорад, давлат низ бояд нисбат ба он бетафовут набояд ва бояд бо роҳҳои гуногун чунин нашрияҳоро дастгирӣ кунад. Мо пешниҳод дорем, ки ҳамаи васоити ахбор, сарфи назар аз шакли моликияташ, ки хусусист ё ҳукуматӣ, бояд ба маблағҳои будҷа дастрасии баробар дошта бошанд.”

[b]БОЗОРЁБӢ КОРЕ ОСОН НЕСТ[/b]

Раҷаби Мирзо аммо бозорёбиро яке дигар аз мушкилоти умдаи матбуоти муосир дар Тоҷикистон медонад ва мегӯяд, расонаҳои марбут ба Зафар Абдуллоев низ бо вуҷуди онки масоили доғеро доман мезаданд ва мавзеъи тунди интиқодӣ доштанд, натавонистанд мухотаби зиёд пайдо кунанд: “Мангар, ки кӣ мегӯяд, бингар, ки чӣ мегӯяд. Барои ман муҳим ҳамин аст, ки оё як расона рисолати худро то куҷо анҷом медиҳад? Новобаста аз онки ба пуштибонӣ аз ин ё он гурӯҳ, ё кадом кишваре муттаҳамаш кунанд. “Авесто” дар оғоз яке аз хабаргузориҳои хеле муваффақ буд. “Факти и комментарии” ҳам аз нашрияҳои хеле ҳирфаӣ маҳсуб мешуд. Вале баъдан бархӯрди Зафар ба як доираи хеле маҳдуд сурат гирифт, ки ин боиси пайдо накардани маҳбубият ё аудиторияи васеътар барои ин нашрияву ин хабаргузорӣ шуд.”

Аммо Хуршеди Атовулло Зафар Абдуллоевро аз қавитарин хабарнигорони русзабон дар кишвар ба қалам дода мегӯяд, ки ӯ ҷои худро дар матбуоти тоҷик ёфта буд: “Зафар аз созмондиҳандагони Медиа-Алянс ва муассиси “Фараж” ва ҳафтавори як замони пуровозаи “Овоза” ҳам ӯст. Ва имрӯз “Авесто”-ву “Факти и комментарии”.. Ин ҳама аз ҷойгоҳи хеле мустаҳкам ва аз ҳунари рӯзномасозӣ доштану сайт сохта тавонистани Зафар Абдуллоев гувоҳӣ медиҳад. Бо вуҷуди бӯҳрон ва камбудиҳои молӣ, “Авесто” имрӯз ҳам сомонаи дуввум ё севвуми пурхонандатарин дар кишвар аст. Дуввуман, аз назари ҷасорати журналистӣ ҳам кам нашрияе ҳаст, ки ҳампои “Факти ин комментарии” бошад. Вале инки Зафар Абдуллоев ба далели мушкилоти иқтисодӣ наметавонад бозори фурӯши нашрияашро пайдо ё кори беҳтари хабаргузоришаро таъмин кунад, мавзӯъи дигар аст.”

[b]ЗАФАР БА ОСИЁБИ КӢ ОБ МЕРЕХТ?[/b]

Бархе, аз ҷумла дар байни хабарнигорони тоҷик ҳам, фаъолияти Зафар Абдуллоевро чандон холисона намедонанд. Бархе мӯътақиданд, ки ӯ дар ин майдон аз ҷониби Тошканд бозӣ мекунад. Ба бовари бархеи дигар, Зафар Абдуллоев ба осиёби Маскав об мерехт.

Дар гуфтугӯ бо оқои Абдуллоев шӯхиомез пурсидамаш, ки ин ҳама сол ба нафъи кӣ кор мекард ва ба осиёби кӣ об “мерехт”?. Зафар Абдуллоев гуфт: “Ман барои кӣ кор мекунам. Барои ҳеҷ кас! Вақте ман аз «РусАЛ» танқид мекардам, сафири Русия Максим Пешков боре таънаомез маро гуфт, ки ман бояд аз Тошканд маош бигирам. Сафорати Узбакистон ду дафъа алайҳи ман номаи эътирозӣ навишта буд ва маро ҳатто ба вазорати хориҷа даъват карда буданд. Вақте мо аз созмонҳои амрикоӣ кӯмак дарёфт кардем, афроди наздик ба мақомоти Тоҷикистон маро айбдор мекарданд, ки рӯ ба Амрико овардаам. Вале баъди онки чанд матлаби танқидӣ навиштем, фикр накунам, ки сафири Амрико имрӯз моро дӯсти кишвараш бишуморад. Ҳамин тавр, як вақт маро 3-4 бор дар сафарҳои хориҷии президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ гирифтанд. Ба дунбол гап хест, ки Зафар “ҳукуматӣ” ва тарафдори Раҳмон аст. Вале шукри Худо, сомонаи мо масдуд шуд ва мушкилоти молии мо собит мекунад, ки мо аз ҳукумат ягон маблағ ё имтиёз нагирифтаем.”

[b]ЖУРНАЛИСТИКА ҲАМЧУН ҲОББӢ[/b]

Зафар Абдуллоев мегӯяд, акнун орзуи таъсиси як тиҷорати хурдеро дар сар дорад, вале бо вуҷуди канор рафтанаш аз журналистикаи фаъол ҳаққи нашри матлабҳояш дар “Авесто”-ро махсус ҳифз кардааст ва ҳам дар садади сохтани як блоги хусусии интернетист, то минбаре барои гуфтани ҳарфҳои дар дилаш ҷамъшуда дошта бошад: “Ин як тиҷорати хеле хурд аст, чунки пули маҳдуду ночизи ман барои кушодани тиҷорати ҷиддӣ намерасад. Ман зиндагии худро дигарбора аз сифр оғоз хоҳам кард. Аммо журналистика бароям як ҳоббӣ хоҳад монд. Яъне чизе, ки пул намеорад, балки танҳо барои роҳати маънавист.”

Аммо Хуршеди Атовулло мегӯяд, аз майдон рафтани хабарнигороне, чун Зафар Абдуллоев, хеле ҳайф аст: “Бояд ягон кӯмак мекарданд, то худи Зафар дар майдон мемонд, чунки мисли Зафар Абдуллоев журналистони ҷасур ва ҳам забондоне, ки ба чанд забон навишта метавонанд, Тоҷикистон қариб ки надорад. Албатта, ҳайф аст рафтанаш.”

Мирзои Салимпур

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2297073.html

Нигарониҳо аз таъқиби хабарнигори “Азия-Плюс”

Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон ва НАНСМИТ аз таъқиби хабарнигори нашрияи “Азия-Плюс” изҳори нигаронӣ кардаанд.

Ҳафтаи гузашта сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ нашрияи «Азия-Плюс»-ро ба додгоҳ кашида, 1 миллион сомонӣ товон хоста буд.

[b]“Тафтишот ё инквизитсия?”[/b]

Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, дар мақолае дар “Азия-Плюс” дар ҳаққи ӯ суханони дурӯғ ва таҳқиромез нашр шуда, шаъну шараф ва ҳайсияти ӯро паст задааст.

Дар мақолаи таҳқиқотии “Тафтишот ё инквизитсия?”, ки ба қалами хабарнигор Рамзия Мирзобекова марбут аст, саҳнаҳое аз шиканҷаи боздоштшудагон тавассути кормандони раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД, аз ҷумла дар вилояти Суғд тасвир шуда буд.

Сардори раёсати ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ин мақола мавриди ба иддаои худаш дурӯғ ва таҳқирро нисбат ба шахсияти худаш кашф карда ва аз додгоҳ хостори расидагӣ ба ин қазия шудааст.

Анвар Тағоймуродов дар аризаи даъвогии худ ҳатто таъкид кардааст, ки шояд муаллифи мақола ва хабарнигорони дигар омилони ҳамлаи интиҳории Хуҷандро мешинохтанд ва аз нияти онҳо огаҳӣ ва эҳтимолан бо онҳо ҳамкорӣ доштанд.

[b]»Қонунро нодида мегиранд»[/b]

Дар изҳороти ду созмони хабарнигории Тоҷикистон ба нақли қавл аз Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-Плюс” низ чунин гуфта шудааст: “Рамзия Мирзобековаро борҳо ба Додситонии кулл барои дақиқ кардани маълумоте, ки дар мақола истифода шудааст, даъват карданд. Худи онҳо қонунро, ки ифшои номи манбаъро манъ мекунад, нодида мегиранд.”

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ё НАНСМИТ, мегӯяд, таъқибу бозпурсии хабарнигорон, на бо ҳадафи ислоҳи кор, балки барои бастани даҳони хабарнигорон сурат мегирад.

Вай афзуд, онҳо аз Додситонии кулл ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ хостаанд, ки ин қазияро пайгирӣ кунанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2293537.html

“Авесто” молики нав пайдо кард

Зафар Абдуллоев хабаргузории “Авесто”-ро ба ихтиёри ҷамъияти “Муҳаммад Ҳилол”, ки молики «Бизнес и политика» низ ҳаст, вогузоштааст.

Мудири акнун собиқи хабаргузори «Авесто» мегӯяд, бино ба далели мушкилоти молӣ ва иқтисодӣ водор ба чунин иқдоме шудааст.

[b]»Хабаргузорӣ имкони рушдро надошт»[/b]

Ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, ӯ дигар масъули ин хабаргузорӣ нест, балки фақат то чанд муддате ба масъулони нави он дар мудирияти кори хабаргузорӣ кӯмак хоҳад кард.

«Тайи солҳои охир хабаргузории «Авесто» ба мушкили молӣ ва иқтисодӣ мувоҷеҳ буд. Чанд соли аввал аз ҳисоби кӯмакҳои билоивази созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекард. Баъд аз соли бӯҳронии 2008 то кунун вазъи молии хабаргузорӣ ба шиддат заиф шудааст. Ман ҳамчун молик ба чунин натиҷа расидам, ки ин хабаргузорӣ дигар имкони рушдро надорад. Дар ин муддат назари ман ҳам роҷеъ ба масоил тағйир ёфт ва тасмим гирифтам, ки дигар ба сурати фаъолона машғули кори жураналистӣ набошам. Онро ба сурати ройгон ва барои ҳамеша ба ихтиёри ҷамъияти «Муҳаммад Ҳилол» додам. Бовар дорам, ки молики нав метавонад кори хабаргузориро муваффақона пеш барад»,-афзуд ӯ.

Молики собиқи хабаргузории «Авесто» мегӯяд, акнун бо эҳтимоли зиёд шояд ба тиҷорат машғул шавад, аммо ҳамзамон муаллифи матбуот боқӣ хоҳад монд.
Зафар Абдуллоев вуҷуди ҳар гуна фишор дар гирифтани чунин тасмимро рад мекунад. Вай мегӯяд, харидорони дигаре низ ба ӯ пешниҳоди фурӯхтани хабаргузориро дода буданд, аммо бо эҳтимоли зиёд ҳадафи онҳо ба даст овардан ва баъдан куллан бастани «Авесто» буд.

Аммо акнун суол ин аст, ки бо молики нав пайдо кардани хабаргузории «Авесто» самту сӯ ва ҷиҳати фаъолияти он низ тағйир пайдо хаҳад кард ва ё ба ҳамин шева ба фаъолияти худ идома хоҳад дод.

Ҷамшед Улмасов, сардабири нашрияи русизабони “Бизнес и Политика”, ки акнун молики хабаргузории “Авесто” ҳаст, мегӯяд, тағйири усулие дар фаъолияти ин хабаргузорӣ пеш нахоҳад омад.

Ҷаноби Улмасов мегӯяд: «Дар сиёсате, ки то кунун Зафар Абдуллоев пеш мебурд, дар ин хабаргузорӣ тағйироте пеш нахоҳад омад. Танҳо барои тақвияти бештари хабаргузорӣ талош хоҳем кард, то матолиб ва хабарҳои бештареро пӯшиш диҳем. Инчунин, талош мекунем, ки нашри хабарҳо бо забони англисиро низ роҳандозӣ кунем.»

[b]Аз тиҷорати сухан ба тиҷорати коло[/b]

Хабаргузории “Авесто” дар соли 2004 тавассути созмони иҷтимоии «Кӯҳи нор» таъсис шуда буд. Ин хабаргузорӣ дар баробари «Азия-плюс» ва хабаргузории давлатии «Ховар» яке аз се хабаргузории умдаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки ахбори кишварро пӯшиш медиҳанд.

Вале бештар аз як соли охир «Авесто» бо нашри матолиби интиқодӣ маълум шуда буд. Дар ин муддат «Авесто» бисёр талош кард, то робитае миёни мақомоти сиёсии кишвар ва ширкати Талко, инчунин, муомилоти молии онро ошкор кунад.

Ҳоло Зафар Абдуллоев ба нашрияи ба гуфтаи худаш номуназзами нашрияи «Факты и комментарии» идома хоҳад дод, вале он ҳам ба гуфтаи худаш як амри муваққат аст.

Ӯ мегӯяд, бештар моил аст ба тиҷорат машғул шавад. Акнун на тиҷорати хабар ё сухан, балки тиҷорати коло.

Раҳматкарими Давлат

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2293604.html

Манъи намоиши барномаҳои «Ал-ҷазира»

Ҳукуматдорони Миср пахши барномаҳои телевизиони «Ал-ҷазира»-и давлати Қатарро дар қаламрави ин кишвар манъ карданд. Тибқи иттилои телевизиони давлатӣ, ҳамчунин фаъолияти журналистон ва дафтари намояндагии ин ширкати телевизионӣ манъ шуда, дастарсӣ ба «Ал-ҷазира» аз тариқи алоқаи маҳвораӣ низ масдуд гардид.

Аҳолии Миср маъмулан хабарҳои кишварашонро тариқи ҳамин ширкати телевизионӣ дастрас мекарданд ва гузоришоти зиндаи ин шабака сурати ҳолро возеҳтару равшантар инъикос менамуд. Сокинон мегӯянд давлат беш аз пеш дастарсии онҳоро ба ахбори дақиқ маҳдуд кардааст ва ширкатҳои телевизиониву радиоии давлатӣ ахбореро пешкаш мекунанд, ки даҳҳо бор сонсур шудааст.

«Ал-ҷазира» зарфи чанд рӯзи охир халои иттилоотиро роҷеъ ба рӯйдодҳои Миср пур мекард, ки акнун ҷои он холӣ монд.

Фирӯзи МУҲАММАД, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11177&Itemid=30

Нигаронии журналистон аз муносибати Шарифхон Самиев

Хабарнигорони минтақаи Қӯрғонтеппа маҳфилеро бо номи «маҳфили журналистон» таъсис додаанд, ки он моҳе як маротиба баргузор шуда, ҳамаи журналистонро ҷамъ мекунад. Дар нахустин маҳфиле, ки рӯзи 29-уми январ дар бинои Раёсати телевизион ва радиои вилоят баргузор гардид, Саидқул Шомалангзода — сухангӯи дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон баён дошт, ки ин маҳфил аз ҷониби худи хабарнигорон таъсис ёфта, аслан мавзӯҳои вобаста ба мушкилоти рӯзноманигорони минтақаро баррасӣ менамояд.

Дар нахустин маҳфил аслан мушкилоти пайдо намудани иттилоъ аз ҷониби мансабдорон матраҳ гардида, аз ҷумла гуфта шуд: «Баъзе хабарнигорон зимни пайдо кардани хабар аз мансабдорони вилояти Хатлон ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Бисёре аз мансабдорон барои пешкаши иттилоъ аз онҳо мактуби расмии махсусеро аз номи раиси вилоят талаб мекунанд ва ба ин баҳона аз ҳамкорӣ бо хабарнигорон дар масъалаи пешкаши иттилоъ худдорӣ меварзанд».

Мушкили дигаре, ки дар маҳфил сари он баҳс ба вуҷуд омад, вокуниш нишон надонани баъзе аз мансабдорони вилоят ба матлабҳои навиштаи таҳлилию танқидии хабарнигорон мебошад.

Аксари журналистон гуфтаҳои хешро аз баргузории нишастҳои хабарии Шарифхон Самиев — раиси шаҳри Қӯрғонтеппа мисол оварданд, ки ба гуфтаи онҳо, муносибати шаҳрдор бо хабрнигорон дар нишастҳояш нигаронкунанда мебошад.

Рустами САФАР, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11167&Itemid=28

Шикояти хабарнигорони Қурғонтеппа

Дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон нахустин маҳфили “Хабарнигорон” баргузор шуд, ки дар он хабарнигорон мавзӯъи ҳамраъйии рӯзноманигоронро мавриди баррасӣ қарор доданд.Дар ин маҳфил, ки ба ҷуз хабарнигорон дар он мақомоти раёсати вилоят низ ҳузур доштанд, таъкид шуд, ки хабарнигорон дар заминаи дастарӣ ба хабар аз “мансабдорони вилоят” бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, зеро аксаран аз хабарнигорон барои мусоҳиба иҷозати катбии раиси вилоят тақозо мешавад.
Хабарнигорон ҳамчунин шикоят карданд, ки мақомоти маҳаллӣ дар посух ба гузориш ва мақолаҳо дар расонаҳо “аслан вокуниш нишон намедиҳанд.”
Дар маҳфили хабарнигорони расонаҳои тоҷикӣ ва ӯзбакию русии Қӯрғонтеппа ширкат карданд. Онҳо аз риъоят нашудани одоб аз сӯйи бархе аз мақомот дар ҷараёни нишастҳои матбуъотӣ шикоят карданд.
Хабарнигорон барои мисол аз Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қурғонтеппа мисол оварданд. Ба гуфтаи онҳо оқои Самиев дар ҷараёни як нишасти матбуъотӣ хабарнигори ҳафтаномаи ӯзбакии “Халқ овозӣ”-ро, ки ба сар кулоҳи тоҷикӣ дошт, “Тоқӣ!” садо додааст, ки боиси норизоятӣ ва ранҷиши хабарнигорон гаштааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/01/110131_sq_ak_press_freedom.shtml

Хулосаи матолиби нашрияҳои Тоҷикистон

Таркиш дар фурудгоҳи «Домодедово», ки боис ба кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон низ шуд, аз муҳимтарин матолиби ин ҳафтаи нашрияҳои Душанбест.
«Боз навҳаи «Бачамой …» баланд шуд», «Ноновари хона», «Тоҷикистониёни кушташуда», «Теракт дар Маскав: тоҷикон фавтиданд» Таҳти ин сарлавҳаҳо бахши аъзами ҳафтномаҳои чопи Душанбе ҳодисаи таркиш дар «Домодедово» ва куштаву захмӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро бо аксҳо ва нигаронӣ аз ваҳшати терроризм ба риштаи тасвир кашидаанд.

[b]»Мардони ватан нонбиёрӣ рафтанд»[/b]

«Азия-плюс» бо хабарҳои расмӣ дар робита ба таркиш иктифо намуда, ному насаби ду тан аз кушташудаҳо ва 16 захмишударо бо нишонии пурраашон дарҷ кардааст.

«Миллат» як сафҳаи худро ба ин ҳодисаи маргбор бахшида, изҳори таассуф мекунад, ки тоҷиконро бе ин ҳамалоти террористӣ ҳам скинҳедҳо ё тоссарҳо ва миллатгароёни рус таъқиб мекунанду ба қатл мерасонанд. Ба навиштаи ин ҳафтанома, дар ҳодисаи «Домодедово» низ балои марг ба сари ҳамватанони бечораи мо рехтааст.

«Пайкон» зери сарлавҳаи «Мардони ватан нонбиёрӣ рафтанд» аксҳоеро аз лаҳзаҳои таркиш дар «Домодедоево» дар сафҳаи аввали худ ҷой додааст.

«СССР» ду саҳифаи худро ҳамроҳ бо аксу хабарҳо ба таркиши «Домодедово» ихтисос дода, таъкид мекунад, ки новобаста аз изҳои «қафқози»-ю «исломӣ» мақомоти Русия бояд дастандаркорони аслиии ин воқеаро фош кунанд. Зеро ба навиштаи ин нашрия, Русия дар ростои баргузории як маъракаи муҳими ҷаҳонӣ Олимпиадаи Сочӣ ва Ҷоми ҷаҳон-2018 қарор дорад.

[b]Чаро вазорати муҳоҷирон таъсис нашуд?[/b]

«Фараж» дар заминаи ҳодисаи «Домодедово» ба масъалаи таъсиси Хадамоти муҳоҷират ҳам таваҷҷӯҳ намуда, навиштааст, ки бунӣди ин ниҳод бисёр муҳим аст, вале набояд ин идора ба манбаи даромади чанд масъули дигар табдил ёбад.

Ба ҳамин мавзӯъ нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон — «Наҷот» низ рӯ оварда, таҳти унвони «Чаро вазорати муҳоҷират таъсис дода нашуд?» зарурати як ниҳоди фарогирро, ки тавонад лашкари муҳоҷирони тоҷик дар Русияро танзим кунад дар миён гузоштааст.

«Нигоҳ» низ ба зарур будани ин хадамот таъкид карда, менависад, ки барои ҳамаҷониба таҳти назорат қарор додани муҳоҷирони корӣ ниҳоди босалоҳиятар, яъне вазорат зарур аст.

[b]Қонунҳои ғайриодии Тоҷикистон[/b]

Дар ҳоле ки аз тариқи расонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ баҳси қонуни масъулияти падару модар идома дорад, «Азия Плюс» менависад, Тоҷикистон чанд қонуни ғайриодие қабул кардааст, ки дар ҳеҷ гӯшаи дунё вуҷуд надорад.

Яке қонуни танзими расму оинҳо ва ҳоло — тарҳи қонуни масъулияти падару модар. Ин ҳафтанома пешниҳод мекунад, ки як қонуни дигари ғайриодӣ ҳам бояд пазируфта шавад ва ин ҳам қонун дар бораи мубориза алайҳи маҳалгароӣ.

Дар ҳамин ҳол, шоир Бозор Собир қабл аз бозгашташ ба Амрико дар сӯҳбат ба нашрияи «Миллат» ба номуассир будани ҳузури аҳзоби сиёсӣ таъкид карда, гуфтааст, аксари ин аҳзоб барои ҷомеаи Тоҷикистон зарур нестанд, бахусус, ҳизби динии наҳзати исломӣ.

[b]Оромгоҳи бузургон дар Лучоб[/b]

Дар ҳоле ки ҳафтаномаҳо ба масоили мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон таваҷҷӯуҳ доранд, ҳафтаномаи «СССР» таҳти унвони «Дар бодияи хомӯшони Миллат» аз оромгоҳи Лучоб гузориши муфассале нашр намудааст, ки вазъи ногувори қабри чеҳраҳои фарҳангу ҳунар ва адаби тоҷикро бо аксҳои мухталиф тасвир кардааст.

Ин мақола ба 100-солагии Мирзо Турсунзода, шоир ва қаҳрамони миллии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ба навиштаи ин ҳафтанома, мармари марқади оромгоҳи устод Турсунзода рахна хӯрда, навиштаҳои қабр нохоно шудаанд ва қабри дигар аз шоирону ҳунармандони номовари тоҷик, ки дар ин оромгоҳ ҳастанд ба вайрона табдил шудааст.

Мирзонабии Холиқзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2288910.html

Ещё один сайт на WordPress