Ҳамлаи афроди номаълум ба Ҳикматулло Сайфуллозода

[b]Субҳи рӯзи душанбеи 7 феврал афроди номаълум ба Ҳикматулло Сайфуллозода, аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), аз аҳзоби умдаи мухолиф, ҳамла карда ва ӯро ҳадафи зарбу шатм қарор додаанд.[/b]

Оқои Сайфуллозода дар асари ин ҳамла ҷароҳатҳои сангин бардошта ва ба бемористон мунтақил шудааст.

Ин ҳодиса дар назди манзили вай дар маҳаллаи 112, дар бахши ғарбии шаҳри Душанбе, замоне сурат гирифтааст, ки вай ба ҷойи кораш мерафт.

Далоили ин ҳодиса маълум нест ва афроди муҳоҷим шинохта нашудаанд. Аммо пулис ба таҳқиқи ин ҳодиса оғоз кардааст.

Маҳмадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин ҳодиса як навъ «суиқасд ба ҷони сардабири нашрияи «Наҷот» ва узви шӯрои сиёсии ҲНИТ» аст.

Ба гуфтаи вай, шоҳидони айнӣ гувоҳӣ додаанд, ки афроди муҳоҷим ба оқои Сайфуллозода тайи чанд рӯзи ахир «ба дунболи ӯ» будаанд. Вай ҳамчунин ҳадс зад, ки ин ҳамла «суфоришӣ» аст ва имкон дорад ба ибрози назарҳои ахири оқои Сайфуллозода дар матбуъот муртабит бошад.

Ба гуфтаи вай, Саидиброҳими Назар, узви порлумони Тоҷикистон аз ҲНИТ, дар тамосе телефунӣ бо вазири умури дохилӣ ин мавзӯъро баррасӣ карда ва женерол Абдураҳим Қаҳҳоров ваъда кардааст, ки таҳқиқи ин ҳодисаро таҳти назар хоҳад дошт.

Ҳикматулло Сайфуллозода аз фаъолони ҲНИТ буда ва сардабирии нашрияи «Наҷот»-ро бар ӯҳда дорад. Вай таҳлилгари Маркази таҳлилии «Диалог», вобаста ба ин ҳизб, низ буда ва пайваста дар матбуъот дар масоили мухталифе ибрози назар кардааст.

Дар ин авохир, вай бавижа дар бораи ҳаводиси Миср ва асароти эҳтимолии он бар вазъи Тоҷикистон ва минтақа ибрози назар мекард. Вай пештар аз тарҳи баҳсбарангези қонуни масъулияти волидон, ки давлат ахиран таҳия карда ва ба баррасии умумӣ гузоштааст, низ интиқод карда буд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони ҲНИТ хабар доданд, ки зуҳри рӯзи душанбе ҷаласаи изтирории раҳбарони ин ҳизб баргузор ва ҳодисаи ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозода баррасӣ шудааст.

Онҳо эълом карданд, ки рӯзи сешанбе як баёнияи расмии ин ҳизб дар мавриди лату кӯби оқои Сайфуллозода мунташир хоҳад шуд.

Зимнан, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, барои анҷоми маъмурияте ба шаҳри Истонбули Туркия рафта ва дар кори анҷумани порлумонии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ширкат мекунад.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони аҳзоби дигар, аз ҷумла ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозодаро маҳкум карда ва хостори таҳқиқи сареъи ин ҳодиса шудаанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110207_ea_if_sayfullozoda.shtml

Ҳимояти Гузоришгарони Бидуни Марз аз «ASIA-Plus»

[b]Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи нашрияи «ASIA-Plus» аз сӯйи як мақоми пулиси Тоҷикистонро маҳкум кардааст.[/b]

Ин созмон ҳамчунин аз ниҳодҳои қазоии Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар заминаи озодии баён ва дастёбӣ ба иттилоъот хотима диҳанд ва ба Қонуни асосии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ эҳтиром гузоранд.

Қаблан Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон зимни интишори баёнияе муштарак аз пайгарди қазоии ин ҳафтанома аз сӯйи Анвар Тағоймуродов, раиси Идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буданд.

Ҳамакнун, Гузоришгарони Бидуни Марз низ ба ин ду созмон пайваста ва ин амалро навъе нақзи муқаррароти байналмилалӣ ва қавонини Тоҷикистон дар бораи озодии баён талаққӣ кардааст.

Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон зимни интиқод аз ин иқдоми оқои Тағоймуродов аз Додситонии кул ва ниҳодҳои дигари интизомӣ даъват карда буданд, ки ин ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор дода ва аз мавориди нақзи қавонин дар заминаи дастрасии мардум ба иттилоъот ва озодии баён ҷилавгирӣ кунанд.

Зимнан, дар пайи чопи матлабе аз Рамзия Мирзобекова, хабарнигори “ASIA-Plus” таҳти унвони «Бозрасӣ ё инкивизитсия (истинтоқ)?» дар 21 декабри соли гузашта дар мавриди истифода аз шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ оқои Тағоймуродов ин нашрияро ба «таҳвину бӯҳтон» муттаҳам кардааст.

Ӯ нашрияи “ASIA-Plus”-ро ба яке аз додгоҳҳои шаҳри Душанбе кашида ва тақозои пардохти ғаромат ба миқдори 1 милюн сомонӣ ё муъодили 165.625 юруро кардааст.
Ҳамчунин, Анвар Тағоймуродов хонуми Мирзобекова ва хабарнигорони дигарро ба пӯшиши муғризонаи инфиҷори авоили моҳи сентябр дар шаҳри Хуҷанд муттаҳам карда ва гуфтааст, ки «онҳо аз қасди бади ин афрод иттилоъ доштанд ва мумкин аст бо онҳо робита дошта бошанд.»

Ба гуфтаи Марат Мамадшоев, сардабири “ASIA-Plus”, ба дунболи шикояти Анвар Тағоймуродов Рамзия Мирзобекова, хабарнигори ин нашрия, ба додситонии кулли Тоҷикистон даъват шуда ва мавриди бозпурсии як маъмури додситонӣ қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи хонуми Мирзобекова, ин маъмур аз ӯ умдатан дар бораи манобеъи хабариаш суол кардааст. Бар асоси моддаи 19-и Қарордоди байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ, ки Тоҷикистон онро дар соли 1999 имзо кардааст, «ба ҳар нафар озодии баён, ҳаққи озодии ҷустуҷӯ, дарёфт ва инъикоси иттилоъот дар шакли лафзӣ, катбӣ ё чопӣ» замонат дода шудааст.

Афзун бар ин, дар моддаи 30-и Қонуни асосии Тоҷикистон низ чунин замонат ба ҳар шаҳрванд дар заминаи озодии баён ва истифода аз куллияи манобеъи иттилоъотӣ дода шуда ва сонсури давлатӣ ва таъқиб барои интиқод мамнӯъ эълом шудааст.

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, ки афзоиши мавориди таъқиби хабарнигорон ва пайгардҳои қонунӣ алайҳи онҳо намоишгари он аст, ки ҳадаф аз ин иқдом бештар на ислоҳи иштибоҳот ё тантанаи адолат, балки хотима додан ба нашри матолиби интиқодӣ ва хомӯш сохтани нашрияҳои мухолиф аст.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Гузоришгарони Бидуни Марз, фишори афзоянда бар нашрияҳои мустақил боъиси маҳдуд шудани озодии баён ва афзоиши худсонсурӣ дар Тоҷикистон шуда ва ба эътбори байналмилалии ин кишвар низ латмаи ҷиддӣ хоҳад зад.

Ҳарчанд дар гузашта низ мавориди ба додгоҳ кашидани нашрияҳои мустақил аз сӯйи мақомот ва афроди гуногун дар Тоҷикистон зиёд ба мушоҳида расида, вале ба навиштаи Гузоришгарони Бидуни Марз, корзори густардаи саркӯби хабарнигорон ва сонсури матбуъот дар пайи ҳамлаи гурӯҳе мусаллаҳ ба мошинҳои вазорати дифоъ дар авохири моҳи сентябри гузашта оғоз шудааст.

Ин созмон ёдовар мешавад, ки ба дунболи ин ҳодиса Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, аз шеваи пӯшиши ин ҳодиса дар нашрияҳои мустақил башиддат интиқод карда ва 17 созмони расонаиро ба «ҳамдастӣ бо терруристҳо» муттаҳам кардааст.

Дар пайи ин, ниҳодҳои молиётӣ чанде аз нашрияҳои мустақил ва чопхонаҳоро бозрасӣ карданд ва фаъолияти чанд нашрия барои муддате мутаваққиф шуд. Дар моҳи октябри гузашта мақомот чанд сойти хабариро низ дар Тоҷикистон масдуд карданд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110204_mm_rsf_statement.shtml

Изҳороти созмонҳои журналистӣ оид ба латукӯби Сайфуллозода

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии ахбори оммаи мустақили Точикистон, Медиа Алянси Тоҷикистон ва Бунёди «Индем» бо пахши як баёния ҳодисаи аз ҷониби ашхоси номаълум ба таври ваҳшиёна мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифтани сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозодаро маҳкум карда, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ва ба таври ҷиддӣ тафтиш шудани қазияи мазкурро талаб доранд.«Субҳи рӯзи 7-уми феврали соли 2011 Ҳикматулло Сайфуллозода аз ҷониби бадхоҳони номаълум мавриди ҳамла қарор гирифта, ба таври ваҳшиёна латукӯб шуд. Сабаби латукӯб шудани Сайфуллозода ҳанӯз аниқ нест. Бо вуҷуди он, дар ҷомеаи демократӣ сӯиқасд ба ҳаёт ва саломатии на танҳо журналист ва шахси маъруф, балки ҳар як шаҳрванд қобили қабул нест. Бо чунин тарз қасос гирифтан аз одамони номақбул ҷиноят буда, мутобиқи қонун бояд ҷиддан мавриди ҷазои сахт қарор бигирад. Баъзе коршиносон ҳодисаи мазкурро ба фаъолияти касбии журналистии Ҳикматулло Сайфуллозода марбут медонанд. Созмонҳои ҷамъиятӣ ва ВАО омода ҳастанд, ки ин ҳодисаро мавриди таҳқиқи журналистӣ қарор дода, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои фош кардани ҷинояти мазкур мусоидат намоянд. Ошкор намудани ҷиноят оид ба ҳодисаи ҳамла ва латукӯб кардани Ҳикматулло Сайфуллозода марбут ба обрӯю эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои босалоҳияти давлатии Тоҷикистон мебошад,- омадааст дар изҳороти дастҷамъии созмонҳои журналистӣ.

Ёдовар мешавем, ки Ҳикматулло Сайфуллозода дар баробари кор карданаш дар маркази таҳлилии «Диалог», соли гузашта сардабирии ҳафтаномаи «Наҷот» — нашрияи расмии ҲНИТ-ро бар ӯҳда гирифт.

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11395&Itemid=30

Нигаронии ду созмон аз «таъқиби рӯзноманигорон»

[b]Ду созмони умдаи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон аз ончи фишор бар расонаҳои мустақил дар ин кишвар медонанд, ибрози нигаронӣ кардаанд.[/b]

Дар баёнияе, ки Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани расонаҳои мустақилли ин кишвар интишор додаанд, аз ба додгоҳ кашида шудани ҳафтаномаи “ASIA-Plus” шадидан интиқод шудааст.

Анвар Тағоймуродов, раиси бахши ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран дар истинод ба як матлаби Рамзия Мирзобекова, хабарнигори «ASIA-Plus», дар бораи мавориди шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ ин нашрияро ба «таҳвину бӯҳтон» муттаҳам карда ва ба додгоҳ кашидааст.

Оқои Тағоймуродов аз ин нашрия тақозои пардохти як милюн сомонӣ ғароматро кардааст.

Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, зимни интиқод аз ин иқдоми оқои Тағоймуродов ёдовар шудаанд, ки Тоҷикистон дар соли 1999 ба санади байналмилалии озодиҳои маданӣ ва сиёсӣ пайвастааст.

Ба гуфтаи онҳо, ин санад озодии баён, ҷамъоварии иттилоъ ва пахши онро замонат додааст. Гузашта аз ин, моддаи сиюми Қонуни асосии Тоҷикистон низ замонати чунин озодиҳоро дода ва сонсури давалтӣ ва таъқиби рӯзноманигорон барои интиқодро мамнӯъ кардааст.

Ба навиштаи муаллифони баёния, қазияҳои ахири додгоҳӣ алайҳи хабарнигорон ва расонаҳои гурӯҳӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳадафи ниҳоии афроде, ки ба додгоҳ муроҷеъа мекунанд, гӯё таъмини адолати додгоҳӣ набуда, балки онҳо қасд доранд аз ин роҳ «даҳони хабарнигоронро бубанданд.»

Дар ҳамин ҳол, Рамзия Мирзобекова, хабарнигори «ASIA-Plus», ахиран ба додситонии кулли Тоҷикистон даъват шуда ва мавриди бозпурсии як маъмури додситонӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи хонуми Мирзобекова, ин маъмур аз ӯ умдатан дар бораи манобеъи хабариаш суол кардааст.

Вай афзуд: «Чунин тасаввур пайдо шуд, ки бозраси додситонӣ бештар на ба мавзӯъи истифода аз шиканҷа дар фаъолияти маъмурони пулис, балки ба мавзӯъи манобеъи иттилоъотии ман таваҷҷӯҳ дорад.»

Аз сӯйи дигар, бозраси додситонӣ аз ҳузури вакили мудофеъи хонуми Мирзобекова дар бозпурсӣ монеъ шудааст ва ин хабарнигор тасмим гирифтааст, ки дигар бидуни вакил ба додситонӣ ҳозир нашавад.

Марат Мамашдоев, як масъули нашрияи “ASIA-Plus”, хабар дод, ки нашрия тасмим гирифтааст бо ирсоли номае ба раиси ҷумҳурӣ ва порлумони Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷомеъаро ба ин қазия ҷалб созад.

Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон аз Додситонии кул ва ниҳодҳои дигари интизомӣ даъват кардаанд, ки ин ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор дода ва аз мавориди нақзи қавонин дар заминаи дастрасии мардум ба иттилоъот ва озодии баён ҷилавгирӣ кунанд.

Зимнан, бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки мавориди ба додгоҳ кашида шудани хабарнигорон ва расонаҳои гурӯҳӣ аз шеваҳои мутамаддинонаи баҳсу гуфтугӯ ва ҳалли ихтилофот миёни расонаҳо ва мақомоти давлатӣ маҳсуб мешавад.

Вале ҳамзамон, ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки афзоиши чунин мавориде мумкин аст ба ривоҷи худсонсурӣ дар фаъолияти хабарнигорон ва расонаҳои гурӯҳӣ мунҷар шавад.

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар ним соли ахир, бавижа баъд аз оғози амалиёти ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ алайҳи пайкорҷӯён дар шарқи Тоҷикистон, расонаҳои гурӯҳӣ пайваста таҳти фишори мақомот қарор гирифтаанд ва ин амр бар мушкилоти матбуъот афзудааст.

Қаблан камбуди маблағ барои чопи нашрияҳо ва дастрасии душвор ба манобеъи расмии хабарӣ аз мушкилоти умдаи хабарнигорон дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи сешанбе хабари тағйири молики хабаргузории “Avesta” таъйид шуд. Зафар Абдуллоев, муассис ва мудири пешини ин хабаргузорӣ, гуфт, ки мудирияти ин расонаро ба Ҷамшед Ӯлмасов, сардабири ҳафтаномаи “Бизнес ва политика” вогузор кардааст.

Далели ин амр мушкилоти молӣ унвон шуда ва ба гуфтаи оқои Абдуллоев, вай қасд дорад чопи нашрияи “Факти и комментарии”-ро низ мутаваққиф созад ё ин нашрияро низ ба фурӯш гузорад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110201_if_mass_media.shtml

Сардабирони рӯзномаҳо сӯйиқасд ба ҷони Сайфуллозодаро маҳкум мек

Таҳлилгари масоили сиёсӣ Ҳикматулло Сайфуллозода, ки аз тарафи ашхоси ношинос мавриди латукӯб қарор гирифта, дар шӯъбаи ҷарроҳии асаби №2-и маркази миллии тиббии Қарияи Боло бистарист, ин амали бераҳмонаро сӯиқасд ба ҷонаш хонда, онро ба таҳлили амиқу ошкоргӯиҳояш дар масъалаҳои доғи ҷомеа вобаста медонад. Айни замон аз рӯйи ин қазия тафтишот ҷараён дорад ва мақомот далели аслии сар задани моҷаро ва гунаҳкоронро ҷӯёянд.Ҳанӯзам ин савол нокушода аст, ки Ҳикматулло Сайфуллозода ба кӣ чӣ «бадӣ» кард, ки мавриди «ҳамла» қарор гирифт? Худи ӯ мегӯяд, ки бо касе ҳарфҳои пасту баланд назадааст ва оне, ки шахсе бо ӯ пешорӯ омада салом мегӯяду ду нафари дигар ногумон ӯро аз пушти сар зада беёд мекунанд, амали тарҳрезишуда аст.

Дар ин росто, сардабирони нашрияҳои кишвар ин амалро ба ҷуз сӯйиқасд чизе намедонанд ва чунин рухдодро дар ҷомеаи мутамаддин маҳкум мекунанд.

Ба андешаи Муҳаммадалӣ Мақсадуллоҳ — сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чархи гардун», сӯиқасд ва латукӯби сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода сирф ба фаъолияти коршиносии ӯ марбут аст ва албатта он хоси ҷомеае нест, ки худро мутамаддин мешуморад. «Бешак ин амали матраҳшуда маҳз ба таҳлилҳои густурдааш нисбати рӯйдодҳои ахири ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон рабт доранд. Яъне метавон гуфт, ки «забони сурхаш ба сари сабзаш ҳамин балоро овард» ва Худо кунад, ки онро ба хайр гардонад. Агар чунин аст, пас шояд ба хотири эҳтиёт ва ҳифзи амнияти худу пайвандон журналистон ва коршиносони тоҷикро салоҳ набошад дар ҷомеае, ки чорчӯбаи қолабҳояш тавони бардошти фошгӯӣ ва ё воқеъбаёниро надорад, даҳон кушоянд. Чунки вақтҳои охир таҳдид ва ё ба истилоҳ, ниқорталабӣ дар муқобили журналистон афзоиш ёфта истодааст. Ва ин таҳдид чашми онҳоро тарсонидааст, ки ҳангоми вохӯрӣ аз ҳамдигар мепурсанд: «Оянда навбати кист?». Модоме чунин аст, пас, вақти он нарасидааст, ки ба таври қонунӣ ба журналистон яроқи муҳофизатӣ диҳанд?»,- иброз медорад ӯ.

Зафари Сӯфӣ — муассиси ҳафтаномаи «Озодагон» дар ин маврид мегӯяд: «Дар ҳар сурат бо таваҷҷӯҳ ба он вазъу воқеияте, ки ҳаст, яъне ҷаноби Сайфуллозода имрӯз дар бемористон дар як вазъи ноҷуре қарор доранд, табиист, ки касе ӯро латукӯб карда. Ин сӯиқасд буда ё набуда, бояд, ки ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон инро мушаххас кунанд ва онҳое, ки Сайфулозодаро задаанд, маълум шаванд. Он вақт метавон дар мавриди сӯйиқасд будан ё набуданаш возеҳтар сӯҳбат кард. Вале атрофиҳояшон ва манобеъе, ки маълумот додаанд, гуфтаанд, ки чанд рӯз аст дар атрофи устод Сайфуллозода баъзе нафарон рафтуомад доштанд ва эҳтимол дорад, ки ин латукӯб аз пеш барномарезӣ шуда бошад. Агар барномарезӣ шуда бошад, дар назар бигирем, воқеан ҳам сӯйиқасд аст. Агар сӯйиқасд мушаххас шавад, табиист, ки метавонад он ба фаъолияти ҳизбӣ ё сармуҳарририи Сайфуллозода, ки чун коршиноси масоили сиёсӣ дар хеле маврид боҷуръат сухан мегӯяд, рабт дошта бошад. Ҳама гуна фишор рӯи ҳама гуна озодии як инсон маҳкумшаванда аст. Аз ин назар, агар ин чиз сӯйиқасд ба фаъолияти устод Сайфуллозода ба унвони як рӯзноманигор не, ба унвони як соҳибандеша бошад, воқеан қобили маҳкумият аст ва бояд маҳкум шавад, на танҳо аз тарафи мани кӯчак, балки аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин. Чун дар ҷомеаи мутамаддин набояд инсонро чунин латукӯб кард. Агар чӣ Сайфуллозода, чӣ ҳар каси дигар дар андешааш хатое рух дода, бояд бо роҳи қонунӣ баррасӣ шавад».

Ба андешаи Хуршеди Атовулло — сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж», аз ҳама фарзияҳо, фарзияи ба фаъолияти журналистии Сайфуллозода рабт доштани ин латукӯб бештар аст. « Ин амал шояд ба хотири тарс додани журналистон сурат гирифта бошад, аммо гумон дорам, мақомоти тафтишотӣ ба ин суол посух хоҳанд ёфт»,- гуфт ӯ.

Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки ҳамчун сардабир ва раиси ассотсиатсияи журналистии «Медиа-Алянс» бо дигар сардабирон ва раҳбарони созмонҳои журналистӣ назари худро нисбати ин қазия пахш хоҳанд намуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳикматулло Сайфуллозода дар баробари кор карданаш дар маркази таҳлилии «Диалог», соли гузашта сардабирии ҳафтаномаи «Наҷот» — нашрияи расмии ҲНИТ-ро бар ӯҳда гирифт.

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11385&Itemid=28

Мақомот: Латукӯби сардабири «Наҷот» таҳқиқ мешавад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамлаи афроди ношинос ба сардабири нашрияи ин ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозодаро «сӯиқасд ба ҷони ӯ» ва «кӯшиши тарс додани фаъолони ҲНИТ» арзёбӣ кард. «Сӯиқасд буд»

Масъулони ин ҳизб аз мақомоти интизомии Тоҷикистон хостаанд, ки шахсияти ҳамлаварон ба ҷони узви фаъоли ин ҳизбро ошкор ва онҳоро ба муҷозот бикашанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи «Наҷот» ва узви раёсати олии ҲНИТ, субҳи 7-уми феврал дар роҳ ба сӯи идораи ҳафтанома, тақрибан дар наздикиҳои манзили худ, ба таври ғайримунтазира дучори ҳамлаи афроди ношинос шудааст. Ӯро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона меоранд.

Замоне ки ба «Қарияи Боло»-и пойтахт рафтем, Ҳикматулло Сайфуллозода бистарӣ буд ва бар асари дард ҳаракат намекард. Яке аз наздикони ӯ, ки болои сараш истода буд, гуфт, бештар дар ноҳияи сараш зарбаҳои сангин задаанд.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба «Озодӣ» дар мавриди чӣ гуна дучори афроди ҳамлавар шудани Сайфуллозода гуфт, «як нафари ношинос бидуни ҳеҷ огоҳӣ садди роҳаш шуда, ба ӯ саломуалейк мегӯяд ва таваҷҷӯҳи ӯро ба худ ҷалб мекунад. Ду нафари дигар ӯро бо чӯбдаставу мушту лагад мавриди латукӯб қарор медиҳанд. Ин сӯиқасд аст.»

Барои изҳори назар ё барои фаъолияти ҳизбӣ?

Яке аз ҳамсоягони Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, дар роҳ ба сӯйи мағоза тани нимҷони нафареро мебинад, ки дар лаби ҷӯйбор беҳуш хобидааст. Вай гуфт, вақте наздиктар меояд мешиносад, ки ҳамсояаш Сайфуллозода аст.

Ин ки чаро Ҳикматулло Сайфуллозода мавриди ҳамла қарор гирифтааст, ҳанӯз фарзияи мушаххасе дар даст нест.

Бархе аз намояндагони ҲНИТ мегӯянд, шояд ба хотири изҳори назарҳои ӯ дар мавриди вазъи сиёсии дохил ва хориҷи Тоҷикистон буд, ки сардабири «Наҷот» мавриди таъқиб қарор гирифтааст.

Бархеи дигар ба ин назаранд, ки шояд гурӯҳҳои муайян мехоҳанд бо роҳи латукӯб «алови чашм»-и аъзои фаъол ва ҳатто роҳбарони ҲНИТ-ро бигиранд.

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумони Тоҷикистон, ба ин назар аст: «Фикр мекунам, ин амал аз тарафи идораҳои муайян танзим шудааст, ки қасд доранд фаъолон ва раҳбарони муҳими Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро битарсонанд.»

ВКД таҳқиқ мекунад

Аммо ба сурати умум ҳам намояндагони ин ҳизб ва ҳам таҳлилгарону рӯзноманигорон интизори натиҷаи ниҳоии таҳқиқоти гурӯҳи кормандони Вазорати умури дохилӣ мебошанд.

Навбатдори Вазорати умури дохилӣ полковники милиса Икромиддин Ҳотамов гуфт, як гурӯҳи махсуси Вазорати умури дохилӣ ҳодисаи мазкурро дар ҷои ҳодиса таҳқиқ доранд.

«Ба таври дақиқ мо намедонем, ки чӣ шудааст. Вале як гурӯҳ ҳодисаи латукӯб шудани журналистро таҳқиқ мекунанд. Журналист аз хонааш мебарояд ва ду нафар ӯро дар назди манзилаш латукӯб кардаанд. Ҳар тозагие, ки пеш омад мо ба вазир гузориш медиҳем»,-афзуд ҷаноби Ҳотомов.

Дар ҳоли ҳозир ҷараёни таҳқиқи ҳодисаи латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозодаро шахсан вазири умури дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров назорат мебарад.

Аммо то кунун Вазорати умури дохилӣ дар робита ба ин воқеа фарзияе пешинҳод накардааст ва ҳанӯз парванда ҳам боз нанамудааст.

ҲХДТ: «Амали таассуфангез»

Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки раҳбарияти онро Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, ҳодисаи латукӯби узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Ҳикматулло Сайфуллозодаро «як амали таассуфангез» ном бурда ин амалро маҳкум намуд.

Усмон Солеҳ, масъули шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ гуфт: «Мо ин ҳодисаро маҳкум мекунем. Бо роҳи зӯрӣ, латукӯб ё фишор ҳал кардани масъала роҳи дуруст нест. Мо то анҷоми таҳқиқоти ниҳодҳои интизомӣ интизор мешавем, ки сабаби аслии ин амал чӣ аст. Вале бо сардабири нашрияи «Наҷот» нашрияи як ҳизб чунин рафтор намудан ҷои тааасуф аст.»

Ба қавли намояндагони ҲНИТ, дар гузаштаи начандон дур, ба вижа пас аз интихоботи моҳи феврали соли 2010, боздошту ба додгоҳ кашидани аъзои ин ҳизб дар Хатлон, Суғд ва Бадахшон бисёр рух додааст, аммо латукӯб шудани узви фаъоли он ҳодисаи нахустин будааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, узви раёсти олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буда, дар соли гузашта сардабирии ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи расмии ин ҳизбро ба ӯҳда гирифт. Вай дар маркази таҳлилии «Диалог» дар Душанбе кор карда, дар расонаҳо бештар ба унвони таҳлилгари масоили сиёсӣ ва динӣ сӯҳбат мекунад.

Ҷаноби Сайфуллозода дар як ҳафтаи ахир бештар дар бораи навори Алии Бедакӣ, таҳаввулоти Миср ва раҳбарони худкома андешаҳои худро ироа карда буд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2299570.html

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАК

ш. Душанбе, 8 феврали соли 2011

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Точикистон (АМВАОМТ), Медиа Алянси Точикистон (МАТ) ва Бунёди «Индем» ҳодисаи аз ҷониби ашхоси номаълум мавриди ҳамла ва ба таври ваҳшиёна лату кӯб қарор гирифтани сармуҳаррири рӯзномаи «Наҷот» (нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон) Ҳикматулло Сайфуллозодаро маҳкум карда, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ва ба таври ҷиддӣ тафтиш шудани қазияи мазкурро талаб доранд.

Субҳи рӯзи 7 феврали соли 2011 Ҳикматулло Сайфуллозода аз ҷониби бадхоҳони номаълум мавриди ҳамла қарор гирифта, ба таври ваҳшиёна лату кӯб шуд. Сабаби лату кӯб шудани Сайфуллозода ҳанӯз аниқ нест. Бо вуҷуди он, дар ҷомеаи демократӣ сӯиқасд ба ҳаёт ва саломатии на танҳо журналист ва шахси маъруф, балки ҳар як шаҳрванд қобили қабул нест. Бо чунин тарз қасос гирифтан аз одамони номақбул ҷиноят буда, мутобиқи қонун бояд ҷиддан мавриди ҷазои сахт қарор бигирад.

Баъзе коршиносон ҳодисаи мазкурро ба фаъолияти касбии журналистии Ҳикматулло Сайфуллозода марбут медонанд. Созмонҳои ҷамъиятӣ ва ВАО омода ҳастанд ки ин ҳодисаро мавриди таҳқиқоти журналистӣ қарор дода, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои фош кардани ҷинояти мазкур мусоидат намоянд.

Ошкор намудани ҷиноят оид ба ҳодисаи ҳамла ва лату кӯб кардани Ҳикматулло Сайфуллозода марбут ба обрӯю эътибори мақомоти ҳифзи хукук ва дигар сохторҳои босалоҳияти давлатии Тоҷикистон мебошад.

[b]А.Сатторов, Раиси ИЖТ

Н.Қаршибоев, Раиси АМВАОМТ

Х.Ниёзов, Дабири кули МАТ

С.Дӯстов, Раиси Бунёди «Индем»[/b]

Источник:

«Миллат»: «Қарори додгоҳ ғайриқонунист»

[b]Пас аз як соли баҳс миёни ҳафтаномаи «Миллат» ва вазорати кишоварзӣ, додгоҳ ин қазияро ба нафъи ин ниҳоди давлатӣ ҳал кард.[/b]

Аммо ҳалнома аз сӯи Дилором Абдураҳимова, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва ҳамзамон додраси парванда, танҳо дар ҳузури тарафҳо, бидуни ширкати хабарнигорон эълом шуд. Дар ниҳоят маълум гардид, ки додгоҳ ҳафтаномаи «Миллат» -ро муваззаф кард, ки барои ворид кардани зарари маънавӣ ба вазорати кишоварзӣ маблағи 1, 5 ҳазор сомонӣ ва ё муодили беш аз 300 доллари амрикоӣ товон пардохт кунад.

Вазорати кишоварзӣ матлаби нашрнамудаи ҳафтаномаи «Миллат» зери номи «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» дар яке аз шумораҳои ин нашрия дар охири соли 2009 -ро тӯҳмате нисбати ин вазорат хонда ва тақозои пардохти 1 миллион сомонӣ товон карда буд. Дар муқобил нашрияи «Миллат» ба додгоҳ даъвои мутақобила бурд ва аз вазорати кишоварзӣ 1 сомонӣ товон талаб кард.

Идомаи маводро дар бахши тахлилии сомонаи мо мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=18]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=18[/url]

Бароти Юсуфӣ, Хуршеди Ҳамдам

Источник:

«Миллат»: «Қарори додгоҳ ғайриқонунист»

[b]Пас аз як соли баҳс миёни ҳафтаномаи «Миллат» ва вазорати кишоварзӣ, додгоҳ ин қазияро ба нафъи ин ниҳоди давлатӣ ҳал кард.[/b]

Аммо ҳалнома аз сӯи Дилором Абдураҳимова, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва ҳамзамон додраси парванда, танҳо дар ҳузури тарафҳо, бидуни ширкати хабарнигорон эълом шуд. Дар ниҳоят маълум гардид, ки додгоҳ ҳафтаномаи «Миллат» -ро муваззаф кард, ки барои ворид кардани зарари маънавӣ ба вазорати кишоварзӣ маблағи 1, 5 ҳазор сомонӣ ва ё муодили беш аз 300 доллари амрикоӣ товон пардохт кунад.

Вазорати кишоварзӣ матлаби нашрнамудаи ҳафтаномаи «Миллат» зери номи «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» дар яке аз шумораҳои ин нашрия дар охири соли 2009 -ро тӯҳмате нисбати ин вазорат хонда ва тақозои пардохти 1 миллион сомонӣ товон карда буд. Дар муқобил нашрияи «Миллат» ба додгоҳ даъвои мутақобила бурд ва аз вазорати кишоварзӣ 1 сомонӣ товон талаб кард.

Ҳамакнун бо эъломи ҳалномаи додгоҳ, Нарзулло Додобоев, намояндаи вазорати кишоварзӣ аз он истиқбол кард ва гуфт, «аз қарори суд мо розӣ ҳастем. Зеро он даъвои мо, ки раддия чоп кардани ҳафтанома ва пардохти маблағ маъқул дониста шуд».

Аммо Ҷунайд Ибодов, намояндаи ҳуқуқии ҳафтаномаи «Миллат» қарори додгоҳро ғайриқонунӣ медонад ва мегӯяд, «далеҳое, ки мо пешниҳод карда будем, асоси қонунӣ ва ҳуқуқӣ доштанд, онҳоро додгоҳ тамоман ба инобат нагирифт, ки ин қарор ғайриқонунӣ ва ноадолатона аст. Зеро он далелу маводе, ки мо ба додгоҳ пешниҳод карда будем, дар бораи талаву тороҷи маблағҳои буҷа аз сӯи вазорати кишоварзӣ ҳамаи онҳо асоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ доранд. Мо онҳоро аз мақомотҳои давлатие, ки мутассадии ин кор ҳастанд, гирифтем».

Ба таъкиди ҷаноби Ибодов, қарори додгоҳ дар бораи пардохти маблағ барои зарари маънавӣ ба вазорати кишоварзӣ низ нақзи қонунгузории кишвар аз сӯи додгоҳ аст. Зеро ба гуфтаи вай, тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон, зарари маънавӣ на ба вазорат, балки ба шахси воқеӣ расонда мешавад. Ба ин тартиб ҷониби ҳафтаномаи «Миллат» тасмим гирфтааст, ки нисбати ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бубарад.

Дар ҳамин ҳол масъулони созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ алайҳи ҳафтаномаи «Миллат» — ро фишор болои матбуот ва озодии баён арзёбӣ карданд. Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар ин бора гуфт, «исбот кардани он чизе, ки масалан фасод ҷой дорад ё надорад дар як вазорат, мо ҳама медонем, ки ҷой дорад, лекин исбот карда тавонистан мушкилиҳои зиёдеро пеш меорад. Аз ин хотир қароре, ки додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ алайҳи «Миллат « баровард, албатта беадолатона аст ва як навъ фишор болои матбуоти Тоҷикистон аст».

Бо ин ҳам Адолати Мирзо, сардабири нашрияи «Миллат» бар ин бовар аст, ки ин иқдом ҳеҷ таъсире ба фаъолияти журналистии онҳо нахоҳад гузошт, балки «бархӯрди ноодилонаи додгоҳ дасту дили моро ба фаъолияти журналистӣ бештар мегардонад ва мо роҳамонро барои фош кардани камбудҳои ҷомеа, аз ҷумла фасодзадагӣ дар ниҳодҳои давлатӣ идома медиҳем».

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳоле, баҳс миёни ҳафтаномаи «Миллат» ва вазорати кишоварзиро ниҳоӣ кард, ки то ду рӯзи дигар ин додгоҳ шикояти вазорати адлияи Тоҷикистон алайҳи Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистиро, ки молики «Пайкон», яке дигар аз ҳафтаномаҳои мустақил аст, баррасӣ мекунад.

Вазорати адлия ба далели нақз шудани муқаррароти қонун, хостори мутаваққиф шудани фаъолияти ин созмон шудааст. Аммо он гуна, ки Ҷумъабой Толибов, раиси ин Бюро ва сардабири нашрияи «Пайкон» мегӯяд, чоп шудани матолиби интиқодӣ нисбати вазорати адлия бо номҳои «Истеъфо» ва «Бузкашӣ дар атрофи СУМ“ дар шумораҳои моҳи октябри соли гузашта ва январи соли ҷорӣ дар ин ҳафтанома, боиси ба додгоҳ кашонда шудани созмонаш шудааст.

Ин дар ҳолест, ки охири моҳи январи соли гузашта додгоҳи шаҳри Душанбе дар баҳсе миёни нашрияи «Пайкон» бо Агентии «Тоҷикстандарт» ҳафтаномаро барои тӯҳмат мутаҳҳам донист ва пардохти маблағи 300 ҳазор сомонӣ товонро тақозо кард. Ҳамакнун рӯшан аст, ки дар сурати ҳал шудани баҳс ба нафъи вазорати адлия дар додгоҳи Фирдавсӣ, на танҳо фаъолияти Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ мутаваққиф хоҳад шуд, балки ҳафтаномаи «Пайкон» низ аз чоп хоҳад монд.

Ин дар ҳолест, созмонҳои байналмилалӣ ва ба хусус созмонҳои дифоъ аз рӯзноманигорон борҳо аз амалкарди ниҳодҳои давлатӣ барои ба додгоҳ кашондани хабарнигорон ва расонаҳо интиқод кардаанд. Аммо бо ин вуҷуд дида мешавад, ин раванд дар ин авохир густариши чашмгире пайдо мекунад. Ба додгоҳ кашонида шудани Рамзия Мирзобекова, хабарнигори ҳафтаномаи «Азия Плюс» тавассути Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷумлаи ин таҳаввул аст, ки дар ҳафтаи оянда додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба мурофиаи он оғоз хоҳад кард.

Бароти Юсуфӣ, Хуршеди Ҳамдам

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2300698.html

ҲНИТ: «Ҳамла ба Сайфуллозода амали тарҳрезишуда аст»

Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозодаро «амали тарҳрезишуда» алайҳи ин ҳизб номид.

Дар изҳороти ин ҳизб, ки пас аз зуҳри8-уми феврал мунташир шуд, гуфта шудааст, «ин амал идомаи фишорҳо ва фазосозиҳоест, ки алайҳи ҲНИТ аз тарафи доираҳои муайян сурат мегирад.»

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ гуфт, шӯрои сиёсии ҳизбаш дар баробари маҳкум кардани ин ҳодиса, аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, то фармоишгарон ва иҷрогарони латукӯби сардабири «Наҷот»-ро ошкор ва ба ҷавобгарӣ бикашад.

Масъулони ин ҳизб аз заъфи арзишҳои мардумсолорӣ, озодии виҷдон ва матбуот низ изҳори ташвиш кардаанд.

Онҳо гуфтаанд, «ҳоло усулҳои авторитарии идораи давлат, фасоди моливу идорӣ, нақзи ҳуқуқҳои диниву сиёсии шаҳрвандон ва нодида гирифтани ниёзу хостаҳои мардум» бештар ба мушоҳида мерасанд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ, ки латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода аз тарафи афроди номаълумро баррасӣ мекард, гуфтааст, ба ҷои муколама ва ҳамкорӣ шеваҳои номатлуби муносибат бо ҳизбҳои сиёсии мухолиф пеш гирифта шудааст, ки «ин ҳама заминаро барои ворид шудани кишвар ба як марҳилаи носолими сиёсӣ фароҳам меорад.»

«Бахусус, пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 муносибат бо ҳизбҳои сиёсӣ комилан аз чорчӯби рақобати солими сиёсӣ берун рафт, ки нишонаҳои он дар мавқеъгириҳои расмӣ ва ғайрирасмии намояндагони мақомоти давлатӣ зоҳир мегарданд»,-гуфта шудааст дар ин изҳорот.

[b]Нигаронии созмонҳои хабарнигорӣ[/b]

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон ҳам бо пахши баёнияе аз латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода изҳори нигаронӣ кардаанд.

Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон, НАНСМИТ, “Медиа-Алянс” ва “Бунёди Индем” бо пахши изҳороти муштарак аз мақомоти интизомӣ тақозо кардаанд, то ин қазия “ба таври ҷиддӣ” тафтиш шавад.

Ин созмонҳо латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи “Наҷот” аз сӯи афроди номаълумро “амали ваҳшиёна” хондаанд.

Онҳо навиштаанд, “дар ҷомеаи демократӣ сӯиқасд ба ҳаёт ва саломатии на танҳо журналист ва шахси маъруф, балки ҳар як шаҳрванд қобили қабул нест. Бо чунин шева қасос гирифтан аз одамон ҷиноят буда, бар асоси қонун бояд мавриди ҷазои сахт қарор бигиранд.”

Ҳикматулло Сайфуллозода субҳи рӯзи ҳафтуми феврал дар назди манзили худ аз сӯи афроди номаълум мавриди ҳамла қарор гирифт. Вай ҳоло дар беморхонаи “Қарияи Боло”-и шаҳри Душанбе бистарист.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон агарчӣ мегӯяд, ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардааст, вале то ҳанӯз дар ин бора парванда боз накардааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақии Тоҷикистон (НАНСМИТ), гуфт, созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон омода ҳастанд, ин қазияро мавриди таҳқиқоти журналистӣ қарор дода, ба мақомоти интизомӣ барои ошкор кардани “афроди номаълум”-е, ки Ҳикматулло Сайфуллозодаро латукӯб кардаанд, кӯмак намоянд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2301073.html

Ещё один сайт на WordPress