Чопи матлабе дар “Фараж” боиси шикояти додгоҳӣ шуд

[b]Бахши Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд далоили як матлаби нашрияи “Фараж”-ро мунсифона хонда ва дар ин замина ба додгоҳи иқтисодӣ шикоят бурдааст.[/b]

Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир барои чопи матолиби интиқодӣ муаллифон ва соҳибони нашрияҳо барои таҳвин ва тӯҳмат ба додгоҳ кашида мешаванд.

Обид Шаропов, як масъули Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯяд, ки онҳо далоилеро, ки дар матлабе дар нашрияи “Фараж” мунташир шуда буд, таҳқиқ кардаанд. Собит шудааст, ки далоили муаллифи матлаб воқеъият доранд.

Ду моҳи қабл нашрияи “Фараж” шикояти Равшан Абдуллоева, як сокини ноҳияи Спитаменро зери унвони “Суперсоҳибкоре аз ноҳияи Спитамен” мунташир карда буд.

Дар ин матлаб, муаллиф аз тахриби як мактаби тоҷикӣ дар ноҳияи Спитамен шикоят карда ва навиштааст, ки мақомоти давлатӣ қитъаи заминеро, ки дар он мактаб фаъол буд, ба соҳибкоре барои бунёди маркази тиҷоратӣ ихтисос додааст”.

Оқои Шаропов мегӯяд, ки “дар ҳақиқат санҷиш муайян кард, ки дар мактаби шумораи 3 ягона мактаби тоҷикӣ, ки дар шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен воқеъ аст, бо қарори раиси собиқи ҳам ҷамоат ва ноҳия ба андозаи 30 сотих замин аз ҳисоби мактаб ба як соҳибкор ихтисос шудааст”.

Ин масъули Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд, гуфт, ки ҳарчанд ки тибқи лоиҳаи шаҳрсозӣ дар сурати тахриби ин мактаб мебоист мактаби ҷадид бунёд мешуд, вале алорағми муқаррароти қонун масъулони ноҳия ин қитъаи заминро дар ихтиёри соҳибкор гузоштаанд.

Обид Шаропов, афзуд: “Ҳоло мо ба додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд шикоят бурда тақозо дорем, ки ин қитъаи замин барои сохтмони мактаб бозпас гирифта шавад.”

Дар ҳамин ҳол, масъулини бахши Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯянд, ки нашрияҳои Тоҷикистон дар заминаи фасодкорӣ матлаби кам мунташир мекунанд.

Вале Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи “Фараж” мегӯяд, ки “худдории расонаҳо аз чопи матолиб дар бораи фасодкорӣ ба ин далел аст, ки онҳо намехоҳанд бо мақомоти тафтишотӣ ва ҳуқуқӣ баҳси додгоҳӣ дошта бошанд”. Ҳарчанд, ба гуфтаи вай, дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ мавориди зиёди фасод мушоҳида мешавад.

Ба унвони мисол, оқои Атовулло аз қазияи додгоҳии нашрияҳои “Фараж”, “Озодагон” ва “Азия плюс” бо қозиҳои Додгоҳи олӣ ва қазияи нашрияи “Миллат”бо вазорати кишоварзӣ ном бурд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/04/110421_if_aa_reaction_media.shtml

ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ АЛАЙҲИ ХАБАРНИГОРИ «ИМРӮЗNEWS»

[b]Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо даъвои сарнозири ротаи бехатарии ҳаракати роҳи Воҳиди махсуси ВКД, Қаландар Нозиров алайҳи як сокини шаҳри Душанбе ва хабарнигори рӯзномаи «ИмрӯзNews», Мирзомуроди Бозор парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст.[/b]

Imruz NewsХабарнигори рӯзномаи «ИмрӯзNews», Мирзомуроди Бозор бо шикояти ронандаи микроавтобуси тамғаи «Тангем» матлабе дар рӯзнома дар таърихи 4 марти соли 2011 таҳти унвони «06008 аз ман 10 сомонӣ ришва гирифт!» матлабе нашр намуд. Дар матлаб ронандае бо номи Маҳмадраҷаб Шарипов мегуфт, ки аз ӯ нозири роҳ, ки рақами сарисинагиаш 06008 барои вайрон кардани қоидаи роҳ 10 сомонӣ ришва гирифтааст.

Дар матлаб аз номи ронанда омадааст, ки баъд аз он ки автомашинаи ӯ аз ҷониби нозири роҳ нигоҳ дошта мешавад, нозир бемуаррифии худ ба ронанда дағалӣ намуда, таҳдид мекунад, ки ба маблағи аз 105 то 175 сомонӣ ҷарима мекунад. Дар натиҷа аз ронанда 10 сомонӣ маблағ мегирад. Ронанда бошад, иддаъо дорад, ки ӯ ягон қоидаи роҳро вайрон накардааст.

Хабарнигор ба Азизмурод Аслонов, сардори шӯъбаи ташвиқоти раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД дар тамос мешавад. Аслонов низ тасдиқ мекунад, ки аз номи чунин ронанда ба раёсати онҳо аризаи даъвоӣ ворид шудааст.

Нозири роҳ бошад, ба додгоҳ даъво бурдааст, ки бо ин матлаб ронанда ва хабарнигори рӯзнома ӯро беасос ва ғайриқонунӣ дар содир намудани ҷинояти махсусан вазнин (яъне гирифтани пора дар вақти пешбурди фаъолияти хизматӣ) дар миёни мардум таҳқир ва тӯҳмат намуда обрӯяшро паст задаанд. Гӯё аз ин амал ӯ худро дар назди ҳамкоронаш ва мардум беасос шармандаву беобрӯ ва аҳволи саломатиашро бад меҳисобад.

Бо чунин гуфтаҳо корманди БДА идаъо кардааст, ки алайҳи ронанда ва хабарнигори рӯзнома бо талаботи 135 (қисми 3) ва 136 (қисми 2 банди «б») КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шавад. Ҳамин тавр алайҳи ронанда ва хабарнигори рӯзнома парванда боз шуда, рӯзи 20-уми апрел (чаҳоршанбе) соати 8-и субҳ мурофиа баргузор мегардад.

Дар ин бора ба сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии «Рӯзгор» аз идораи рӯзномаи «ИмрӯзNews» хабар доданд.

«ИмрӯзNews»

Источник: http://ruzgor.tj/news/4978.html

Коғаз қимат шуд, рӯзнома ҳам

Коршиносон мегӯянд, болоравии қимати рӯзномаҳо, ки ба думболи афзоиши нархи қоғаз сурат гирифтааст, ояндаи матбуоти чопиро дучори мушкил хоҳад кард.
Тоҷикистон коғаз ва маводи чопӣ назири плёнка ва палатинаро аз Русия ва Чин ворид мекунад ва воридкунандагони ин мавод ба далели афзоиши роҳкиро ва молиёт қимати онро боло бурдаанд. Ин дар ҳолест, ки манбаи аслии таъмини молии аксари кулли рӯзномаҳои Тоҷикистон аз фурӯши шумораи он ба даст меояд ва бозори таблиғоти тиҷоратӣ шакл нагирифтааст.

[b]Барои мутолиа кардани матни пурраи гузориш нишонаи зеринро пахш кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=47]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=47[/url]

Раҳматкарими Давлат

Источник:

Коғаз қимат шуд, рӯзнома ҳам

[b]Коршиносон мегӯянд, болоравии қимати рӯзномаҳо, ки ба думболи афзоиши нархи қоғаз сурат гирифтааст, ояндаи матбуоти чопиро дучори мушкил хоҳад кард.
Тоҷикистон коғаз ва маводи чопӣ назири плёнка ва палатинаро аз Русия ва Чин ворид мекунад ва воридкунандагони ин мавод ба далели афзоиши роҳкиро ва молиёт қимати онро боло бурдаанд. Ин дар ҳолест, ки манбаи аслии таъмини молии аксари кулли рӯзномаҳои Тоҷикистон аз фурӯши шумораи он ба даст меояд ва бозори таблиғоти тиҷоратӣ шакл нагирифтааст.[/b]

[b]»СОҲИБКОРОН БА РЕКЛАМА МАЙЛ НАДОРАНД»[/b]

Аз сӯи дигар, давлат низ ҳеҷ гуна барномаи кӯмак ба матбуоти мустақилро надорад. Созмонҳои байналмилалии кӯмаккунанда низ мизони кӯмакҳои худ ба матбуотро коҳиш Акбари Саттор, раиси ИЖ Тоҷикистон додаанд. Акбари Саттор, раиси ИЖ Тоҷикистон иллати аслии мушкилотро дар шакл нагирифтани муносибатҳои бозории мутаммадин дар Тоҷикистон медонад.

Ӯ мегӯяд: «Теъдоди зиёд дошта бошанд, ақалан 15 ҳазор тираж дошта бошанд, метавонанд нархҳоро поин нигаҳ доранд. Дар ҳамаи кишварҳои собиқ шӯравӣ заъифтарин бозори реклама дар Тоҷикистон аст. Соҳибкорон майли зиёде ба рекламаи матбуот надоранд. Фақат созмонҳои байналмилалӣ ва чанд ширкати мобилӣ реклама медиҳаду халос. Барои ҳамин рӯзномаҳо, ки аз реклама маҳрум ҳастанд маҷбуранд нархҳоро боло баранд».

[b]РӮЗНОМАҲО ДАР ПЕШОРӮИ МУШКИЛОТ[/b]

Ба гуфтаи коршиносон, таҷрибаи собит дар кишварҳои пешрафта аз ҳисоби талиғоти бозоргонӣ таъмини молӣ шудани нашрияҳост. Дар ҳоле, ки дар кишварҳои дигар ҳудуди 70 — 80 дарсади даромади нашрияҳоро нашри огаҳиҳои тиҷоратӣ фароҳам мекунад, дар Тоҷикистон баръаск ҳудуди 90 дарсади оидоти нашрияҳо аз ҳисоби фурӯши шуморагонашон аст. Коршиносон мегӯянд, як роҳи ҳалли ин мушкил вуҷуд дорад ва он ҳам шакл гирифтани бозори таблиғот ё реклама дар Тоҷикистон аст.

Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи «Озодагон» мегӯяд, идомаи чунин вазъ, дар ҳоле, ки бо таваҷҷуҳ ба афзоиши қимати бозор ва молиёт имкон дорад, арзиши рӯзномаҳо аз ин ҳам болотар биравад, аз миён рафтани хеле аз нашрияҳоро таҳдид мекунад. Зеро қиматшавии рӯзномаҳо боиси он мешавад, ки онҳо камтар ба фурӯш биравад, яъне тиражи онҳо, ки манбаъи аслии доромадашон аст, коҳиш пайдо кунад.

Оқои Сӯфӣ мегӯяд: «Метавон интизор дошт, ки то шаш моҳ ё як соли дигар Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи «Озодагон» шояд чанд рӯзнома фаъолияти худро фақат ба далели мушкили молӣ қатъ кунад. Дар ҳоле, ки ҳама чизро доранд, аз ҷумла нерӯи корӣ ва зеҳнӣ доранд, фазосозӣ карда метавонанд, ба ҳама меъёрҳо мутобиқ ҳастанд, аммо мушкили молӣ доранд. Бозори таблиғоти тиҷоратӣ шакл нагирифтааст. Он чи, ки шакл гирифтааст, мутаалиқ ба як ё ду рӯзнома аст, ки агар дар миёни дигар рӯзномаҳо ҳам тақсим шавад, ҳоли он ду ҳам мушкил ва монанди рӯзномаҳои дигар хоҳанд шуд».

[b]МАҲДУДИЯТИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ[/b]

Таҳлилгарон мегӯянд, афзоиши қимати нашрияҳо бар изофаи мушкилоте, ки барои худи расонаҳо ва масъулини он хоҳад овард, инчунин дастрасии мардум ба иттилоотро низ маҳдудтар мекунад.

Абдуфаттоҳ Воҳидов, коршиноси умури расонаҳо мегӯяд, то расм шудани фарҳанги бозаргонӣ ва шакл гирифтани бозори реклама, ба манзури ҷилавгирӣ аз муфлис шудану аз суқут кардани нашрияҳо, давлат бояд як барномаи мусоидат ба матбуоти мустақилро рӯи даст бигирад. Оқои Абдуфаттоҳ Воҳидов, коршиноси умури расонаҳо Воҳидов мегӯяд: «Мо борҳо пешниҳод кардем, ки давлат бояд ба матбуот имтиёз бидиҳад. Ин таҷриба дар ҳамаи давлатҳои мутамаддин ҳаст. Дар он давлатҳо миёни ахбори давлатӣ ва ғайри адвлатӣ фарқ намегузоранд. Барои он, ки матбуоти мустақил наҷот пайдо кунад, бояд давлат тавассути додани имтиёз, яъне коҳиши андозҳо, нархи чопхонаҳо ва ё додани қоғаз бояд ба матбуот кӯмак кунад».

Дар ду моҳи пеш тибқи як қарори дигари мақомот, аз фурӯши нашрияҳо дар хиёбони марказии Душанбе ба баҳонаи танзими фурӯши хиёбонӣ, ҷилавгирӣ шуд. Масъулини нашрияҳо мегӯянд, ки ин иқдом боис шудааст, ки тиражи рӯзномаҳо ба таври чашмгир коҳиш пайдо кунад.

[b]ҚАЗИЯҲОИ ДОДГОҲИИ РӮЗНОМАҲО[/b]

Мушкили болоравии қимати рӯзномаҳо дар ҳолест, ки ҳамаи нашрияҳои мустақили ҷиддии сиёсӣ, дар ҳоли ҳозир мушкили баҳсҳои додгоҳиро доранд. Ва дар аксари ин баҳсҳо даъвогар мақомоти давлатӣ мебошанд Ва дар чанд маврид додгоҳҳо бар алайҳи нашрияҳои мустақил, аз ҷумла «Пайкон» ва «Миллат» қарор содир карданд. Парвандаи нашрияҳои «Чархи гардун», «Фараж», «Озодагон», «Азия плсю» дар дасти баррасии додгоҳ қарор дорад.

Дар бозори матбуоти чопии Тоҷикистон ду навъи рӯзномаҳо, давлатӣ ва мустақил фаъол ҳастанд, ки матбуоти мустақил пешгомтар аз матбуоти давлатӣ аст. Аммо матбуоти давлатӣ на мушкили қоғаз дорад ва на муштарии чандоне дар бозори матбуот.

Раҳматкарими Давлат

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/3558272.html

Мушкили таъсиси телевизиони форсизабон чист?

[b]Асадулло Раҳмонов тавофути идеологиро мушкили аслӣ барои роҳандозии шабакаи телевизионии кишварҳои форсизабони намедонад.[/b]

Раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 15-уми апрел дар рӯ ба рӯи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, «то ҳол таҷҳизоти зарурӣ барои насб ва роҳандозии ин шабака тавассути Эрон дастрас нашудааст ва ин масъала то ҳол норӯшан мондааст.»

Ба таъкиди Асадулло Раҳмонов, бар асоси тақсимот, барои таъсиси шабакаи муштараки телевизионӣ, бино ва дигар умури марбут ба таҳияи асноди ҳуқуқӣ бар ӯҳдаи Тоҷикистон ва воридоти таҷҳизот ба Эрон ва таҷҳизоти пахш ба Афғонистон вогузор шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфта буд, таҷҳизоти зарурӣ барои фаъол кардани телевизиони муштараки форсизабон харидорӣ шуда ва дар сурати мувофиқати ҷониби Тоҷикистон барои насби он, ин шабака метавонад дар айёми Наврӯз шурӯъ ба кор кунад.

Бо вуҷуди талошҳои Тоҷикистон ва Эрон ҳанӯз ин лоиҳа, ки аз тавофуқоти сарони кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон маншаъ мегирад, мавриди иҷро қарор нагирифтааст.

Пешрафт накардани ин иқдом ба мавқеи Афғонистон низ рабт дорад. Зеро он гуна, ки Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон гуфт, тайи ду соли ахир намояндаи Афғонистон танҳо дар як мулоқоти гурӯҳи корӣ барои роҳандозии телевизионӣ форсизабон ширкат кардааст.

Хуршеди Ҳамдам

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/3558339.html

Гузоришгарони бидуни марз: Аз Додоҷони Атовулло ҳимоят кунед

[b]Гузоришгарони бидуни марз бо интишори баёнияе аз давлатҳои Русия ва Олмон хостааст аз Додоҷони Атовулло, рӯзноманигор ва сиёсатмадори мунтақиди давлати Тоҷикистон ҳимоят кунанд.[/b]

Ин созмони мудофеъи озодии баён, ки мақараш дар Порис аст, талошҳои давлати Тоҷикистон барои бозгардондани иҷбории оқои Атовулло ба ин кишварро «ғайриқонунӣ ва номаъқул» хондааст.

Ин баёнияи Гузоришгарони бидуни марз рӯзи сешанбеи 12 апрел дар сойти ин созмон соъоте баъд аз он мунташир шуд, ки Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон гуфт ин ниҳод аз Русия хостааст Додоҷони Атовуллоро ба Тоҷикистон истирдод кунад.

Дар баёнияи ин созмон омадааст: «Тақозо номаъқул аст, зеро пас аз он ки ӯ дар Олмон дар соли 2002 ҳаққи паноҳандагӣ дарёфт кард, Тоҷикистон ва Русия аз лиҳози қонунӣ ҳақ надоранд ба ӯ даст расонанд. Мо умедвор ҳастем, ки мақомоти Русия тибқи қавонини байналмиллалӣ мисли дафъаи гузашта ин тақозоро рад мекунанд.»

Ин созмон мегӯяд ба далели ин ки паноҳандаи сиёсӣ дар ҳеҷ шароите наметавонад ба кишвари аслиаш баргардонда шавад, тақозои мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди ӯ бо нақзи асоситарин қонуни байналмиллалӣ мояи нигаронӣ аст.

Додоҷони Атовулло бунёнгузори нашрияи «Чароғи рӯз» дар соли 1991 пас аз касби истиқлол аст. Номи ин нашрия бо интишори матолиби баҳсбарангез ва интиқодӣ алайҳи режими вақти кумунистӣ дар он замон сари забонҳо шуд.

Пас аз оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон нашрияи «Чароғи рӯз» дар Русия бо матолиби интиқодӣ дар бораи ҳукумати ҷадид нашр мешуд.

Созмони Гузоришгарони бидуни марз менависад оқои Атовулло дар соли 2001 пас аз он ки мавриди таҳдиди куштан қарор гирифт ва муттаҳам ба тавҳини раиси ҷумҳур ва зоҳиран «эҷоди тафриқаи нажодӣ ва хусумати мазҳабӣ» шуд, Тоҷикистонро дубора тарк кард.

Ба навиштаи созмони Гузоришгарони бидуни марз аъзои хонаводаи ин мунтақиди давлат дар Тоҷикистон барои чанд ҳафта таҳти боздошт қарор гирифтаанд ва таҳдидҳо ба ҷони вай идома доштааст.

Ӯ моҳи июли соли 2001 дар фурудгоҳе дар Маскав мавриди боздошт қарор гирифт, аммо вокуниши сареъи гурӯҳҳои ҳуқуқи башар нисбат ба боздошти вай боъис шуд то ӯ ба Тоҷикистон фиристода нашавад.

Барои муддате парванда алайҳи оқои Атовулло қатъ шуд, аммо нашрияи «Чароғи рӯз» ба интишори матолиби интиқодомез дар бораи мақомоти Тоҷикистон идома дод.

Дар соли 2007 оқои Атовулло дар Маскав эълом дошт, ки ҷунбишеро ба номи «Ватандор» таъсис додааст.

Аммо шумори дақиқ ва ҳуввияти аъзои ин созмон, ки дар Тоҷикистон расман сабт нашудааст, рӯшан нест, агарчи оқои Атовулло муддаъӣ аст, ки ҳатто бархе афрод дар ҳукумат низ шомили ин созмон ҳастанд.

Соли 2008 мақомоти Тоҷикистон оқои Атовуллоро муттаҳам карданд, ки раиси ҷумҳури ин кишварро тавҳин кардааст ва хостори тағйири низоми қонунӣ аз тариқи тавассул ба зӯр шудааст.

Додситони кулли Тоҷикистон ҳам дархости ҷадиди истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро бар пояи ҳамин иттиҳомот донистааст.

Оқои Атовулло талошҳои истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро марбут ба фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ ва сиёсии худ хондааст.

Созмони Гузоришгарони бидуни марз мегӯяд озодии матбуъот дар Тоҷикистон дар соли гузашта коҳиш ёфтааст ва мақомот ҳоло талош мекунанд оқои Атовуллоро хомуш кунанд.

Ин созмон ёдовар мешавад, ки Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли пешини Тоҷикистон дар соли 2008 оқои Атовуллоро «терруристи иттилоъотӣ» хонда буд.

Оқои Атовулло дар робита ба дархости ҷадиди додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст ҳеҷ кишваре ҳақ надорад ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунад ва талош барои истирдоди худро гоми дигаре барои ҳушдори рӯзноманигорон ва маҳдуд сохтани озодии баён талаққӣ кардааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/04/110413_l16_reporters_without_borders.shtml

Қолабшикании директори телевизиони «Сафина»

[b]Директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» Лутфулло Давлат дар нишасти расонаӣ эълон дошт, ки дар дар ноҳияи Ҷиргатол намояндагии телевизиони «Сафина» дар минтақаи Рашт ифтитоҳ ёфт ва минбаъд рӯйдоду воқеоти рӯзмараи панҷ ноҳияи ин минтақа ба тамошобинон сари вақт расонида мешавад. Ӯ дар ин сӯҳбат таъкид кард, ки барномаҳои телевизони «Сафина» қолабӣ набуда, гузоришоти он хеле озод ба роҳ монда шудааст.[/b]

Лутфулло Давлат изҳор намуд, ки ният доранд барномаҳои иттилоотияшонро низ ба гунаи нав пешниҳоди тамошогарон намоянд.

— Барои ба таври нав пешниҳод намудани барномаҳои иттилоотӣ мо аллакай чанд гурӯҳи ҷавононписарону духтаронеро, ки аз конкурс гузаштанд, интихоб намуда, қариб чандин моҳ боз бо онҳо кор бурда истодаем. Мо мехоҳем барномаҳои иттилоотиямонро бо услуби ҳозиразамон пешниҳод намоем, ки як духтару як бача бошанду хеле озод барнома гузаронанд. Ман ҳамчун роҳбари муассиса ҳамеша таъкид мекунам, ки дар ҳама ҳолат бояд шумо рӯҳия ва ҳолати озод дошта бошед, — гуфт ӯ.

Ӯ мегӯяд, ин як замоне буд, ки дар барнома бояд наттоқ хеле ҷиддӣ бошад ва наҷунбад.

— Ман мехоҳам, ки ҳамин қолаб набошаду барнома камтар зиндатар шавад. Ман ҳамеша таъкид мекунам, ки дар тасдиқи фикри шарике, ки дар паҳлуяш нишастааст, баранда як имо дошта бошад. Ин ҳам як гунаи озод будан дар рафти барнома аст, — афзуд мавсуф.

Лутфулло Давлатов ҳамчунин гуфт, ки барои барномаҳои иттилоотӣ ороиши нав фармоиш додаанд ва худо хоҳад, баъди тақрибан 20 рӯз бо ороиши нав ба намоиш мебароянд.

— Дар идораи мо камтар ноқисиҳо ҳаст. Ҷойе, ки барномаҳои иттилоотӣ бурда мешавад, камтар паст аст. Мо ҳарчанд кофтем, ҷойи муносиб наёфтем. Ман бисёр мехоҳам, ки як ҷойи хубтар барои ин бахш муносиб гардонем, то барномаҳо озодтар бошанд, зеро дар сурати эҳсоси озодиву самимият сухан ба тамошогар хубтар рафта мерасад, — афзуд Лутфулло Давлат.

Мушкинисо АСОЗОДА, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=13481&Itemid=30

Ба намоиш гузоштани камфарҳангии тобеони Қоҳир Расулзода

[b]Хабарнигори минтақавии Оҷонсии иттилоотии TojNews Ҷамшед Маъруф, ки мебоист дар нишасти матбуотии тақвимии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок мекард, бо баҳонаи дар тан надоштани шиму костюм ва галстук аз маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд берун карда шуд.[/b]

Тавре худи Ҷамшеди Маъруф иттилоъ медиҳад: «Вақте вориди толор гаштем, чун мисли дигар журналистон аз масъулин варақаи иттилотиро ба даст гирифтем ва дар яке аз ҷойҳо нишастем. Баъдан, як нафар масъул (намояндаи ҳукумат) танҳо ба хотири дар тан шиму костюм ва галстук надоштанам, ба наздам омад ва аз ман хоҳиш намуд, ки бояд бо либоси расмӣ, яъне шиму костюм бо галстукаш омада бошам, чун нишаст нишасти раиси вилоят аст. Вале дар танам либосе буд, ҷинс, свитери пешаш секунҷа. Ҳарчанд фаҳмонидам, ки як ба ҳаво бингареду хаққи чунин талабро надоред, аммо масъулин гуфтанд, ки танхо бояд бо либоси расмӣ омада бошам. Чун пештар дар ин мақомот кор мекардам, нахостам, ки зиёд баҳс шаваду берун шудам».

Аҷиб ин аст, ки ба гуфтаи хабарнигорони дигар дар ин нишаст буданд журналистоне, ки бе галстук, дар тан свитер ва аз болояш костюм доштанд.

Вале новобаста аз ин, дар Оҷонсии иттилоотии TojNews бар онанд, ки ин амали масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бефарҳангии маҳз ва ҳатто беодобист. Ҳич як мансабдор ҳаққи таъин намуди либос барои журналистонро надорад.

Аз ин рӯ, раиси вилояти Суғд ҷаноби Қоҳир Расулзодаро зарур аст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ин масъаларо баррасӣ намуда, масъулини камфарҳанг ва моил ба рафторҳои фашистонаашонро водор ба арзи маъзарати расмӣ намоянд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷамшеди Маъруф аз фаъолтарин хабарнигорони минтақавии ОИ TojNews буда, аксарияти хабару гузоришхояш аз вилояти Суғд оҳанги мусбат доранду асосан ба инъикоси фаъолиятҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида шудаанд.

Фаромарзи ФОЗИЛ

Фаромарзи ФОЗИЛ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=13535&Itemid=28

Додгоҳ, «Ҷумҳурият» ва радди шикояти Зойиров

[b]Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ даъвои Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ алайҳи «Ҷумҳурият»-ро бесос донист.[/b]

Раҳматилло Зойиров аз додгоҳ хоста буд, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият», нашрияи президенти Тоҷикистон, ҷавобияи ӯро нашр ва инчунин барои зиёни маънавӣ ба Ҳалномаи додгоҳ ба нафъи нашрияи расмӣ ва алайҳи даъвои раиси як ҳизби мухолиф, гумонҳо бар сари ҷонибгароии додгоҳҳо дар қазияҳои матбуотро бештар ҷониби яқин мебарад…

Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) мегӯяд, аз болои ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят хоҳад бурд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонаи зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=46]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=46[/url]

Раҳматкарими Давлат

Источник:

Додгоҳ, «Ҷумҳурият» ва радди шикояти Зойиров

[b]Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ даъвои Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ алайҳи «Ҷумҳурият»-ро бесос донист.[/b]

Раҳматилло Зойиров аз додгоҳ хоста буд, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият», нашрияи президенти Тоҷикистон, ҷавобияи ӯро нашр ва инчунин барои зиёни маънавӣ ба Ҳалномаи додгоҳ ба нафъи нашрияи расмӣ ва алайҳи даъвои раиси як ҳизби мухолиф, гумонҳо бар сари ҷонибгароии додгоҳҳо дар қазияҳои матбуотро бештар ҷониби яқин мебарад…

Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) мегӯяд, аз болои ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят хоҳад бурд.

[b]ЗОЙИРОВ РОЗӢ НЕСТ[/b]

Вай мегӯяд, дар мақолае, ки таҳти унвони «Зойиров ба осиёби кӣ об мерезад?», дар таърихи 12-уми феврали соли 2010 нашр шуда буд, мавриди тӯҳмат ва таҳқир қарор гирифтааст. Дар ин мақола ба сурати ғайри мустақим талош шудааст, ки аз Раҳматилло Зойиров чеҳрае монанд ба омили нуфузии Узбакистон тасвир шавад.

Ҷаноби Зойиров аз додгоҳ дархост карда буд, ки «Ҷумҳурият»-ро ба нашри ҷавобияи ӯ ва пардохти зарари маънавӣ водор кунад. Ба гуфтаи ӯ, ин мақола дар ҷараёни корзори интихоботи парлумонии соли гузашта ба обрӯи ӯ таъсири сӯъ расонидааст. Аммо додгоҳ даъвои Раҳматилло Зойировро роҷеъ ба тӯҳмату таҳқир ва инчунин нашри посух рад кардааст.

Раҳбари ҲСДТ мегӯяд, аз чунин ҳалномаи додгоҳ розӣ нест: «Додгоҳ дар мурофиа дид, ки «Ҷумҳурият» барои исбот далел пешниҳод карда натавонист. Якум, ин ки «Ҷумҳурият» ба таври расмӣ ба додгоҳ пешниҳод кард, ки Ализода мегуфтанӣ муаллифро намешиносад ва суроғаашро ҳам намедонад. Баъд гуфтанд, ки гӯиё ба муҳоҷират рафтааст, боз гуфтанд, ки мақоларо ба почтаи электронӣ фиристодааст. Баъд дар мурофиа намоядаи «Ҷумҳурият» дар додгоҳ ваъда кард, ки радифро нашр мекунанд ва ҳатто рӯзаш таъйин буд, ки рӯзи шанбе бояд нашр мекарданд. Вале пас аз як ҳафта намояндаи рӯзнома омада гуфт, ки роҳбарият розӣ нашуд, зеро аз боло супориш шудааст. Яъне онҳо ӯҳдадории дар мурофиа гирифтаашонро иҷро накарданд. Акнун додгоҳ ба нафъи онҳо ҳалнома баровард, ман ба додгоҳи кассатсионӣ шикоят мебарам.»

[b]ДОДГОҲ ВА НАШРИЯҲО[/b]

Ин дар ҳолест, ки сардабир ва намояндаи «Ҷумҳурият» дар додгоҳ аз ҳар гуна изҳори назар дар ин маврид худдорӣ намуданд.

Баъд аз содир шудани қарори додгоҳи кассатсионӣ ё таҷдиди назар, ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳукми иҷро дар хоҳад омад. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва хоса қозие, ки ҳалномаро ба нафъи «Ҷумҳурият», нашрияи президенти Тоҷикистон, акнун содир кардааст, дар як моҳи пеш алайҳи нашрияи мустақили «Миллат» ҳалномаи дигареро содир карда буд, ки бар асоси он ин нашрия бояд 1 ҳазору 500 сомонӣ ба нафъи Вазорати кишоварзӣ пардохт кунад.

Қабл аз он ҳам ин додгоҳ нашрияи «Пайкон»-ро барои пардохти ҳудуди бештар аз 200 ҳазор сомонӣ ба нафъи идораи давлатии «Тоҷикстандарт» водор намуда буд. Инчунин даъвои як мақоми вазорати корҳои дохилӣ, ки акнун дар курсии муовини вазорат нишастааст, низ алайҳи нашрияи «Азия-Плюс» низ дар дасти баррасии ин додгоҳ аст.

[b]ТАЪСИРИ МАҚОМОТ[/b]

Соҳибназарон мегӯянд, содир намудани ҳалнома ба нафъи нашрияи президент ва бар алайҳи раиси ҳизби мухолифи ҲСДТ наметавонад бидуни таъсири мақомоти иҷроия сурат гирифта бошад. Зеро ба гуфтаи коршиносон, дар ин маврид оддитарин талаботи Қонуни матбуот, яъне ҳаққи ҳатмии шаҳрванд ба ҷавоб гуфтан дар мавриди иттиҳом алайҳи худаш воридшуда дар матбуот, аз сӯи додгоҳ нодида гирифта шудааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар ин маврид мегӯяд: «Талаботи Қонун ин аст, ки дар ҳамон ҳаҷм, ҳамон саҳифа бояд раддия нашр шавад. Албатта, вобаста ба мақоме, ки «Ҷумҳурият» дорад ва он нашрияи расмии президенти Тоҷикистон аст, ин масъала то додгоҳ норафта ҳалли худро пайдо мекард. Аммо вақте ки қазия ба додгоҳ расид, мутмаин нестам, ки додгоҳ ба далелу бурҳони ҷонибҳо мунсифона баҳо дода тавонад.»

[b]ТАРАФГИРИИ ДОДГОҲҲО[/b]

Ҳамчунин, дар додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе низ баҳси се қозии додгоҳҳои Тоҷикистон бо се нашряи мустақили «Озодагон», «Фараж» ва «Азия-Плюс» идома дорад, ки хостори пардохти 5 миллион сомонӣ ҷуброни маънавӣ аз сӯи нашрияҳо шудаанд.

Созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳои ғарбии муқими Душанбе ва ташаккулҳои журналистӣ бо изҳори нигаронӣ аз парванда алайҳи нашрияҳо, онро истифодаи додгоҳ чун асбоби фишори давлат ба озодии матбуот унвон кардаанд.

Аммо акнун ҳалномаи додгоҳ ба нафъи нашрияи расмӣ ва алайҳи даъвои раиси як ҳизби мухолиф, гумонҳо бар сари ҷонибгароии додгоҳҳо дар қазияҳои матбуотро бештар ҷониби яқин мебарад.

Раҳматкарими Давлат

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/3556279.html

Ещё один сайт на WordPress