ИЗҲОРОТИ

[b]Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мутақили Тоҷикистон[/b]

[b]ш. Душанбе, 12 майи соли 2011[/b]

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мутақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) шахсони мансабдор ва маъруфро даъват мекунад, ки ба танқид таҳаммулпазир бошанд ва даъвоҳои судии худро аз болои ВАО ва журналистони мамлакат бозпас гиранд. Тибқи маълумоти анҷуман, ҳоло ҳадди ақал панҷ парванда бо иштироки ВАО ва журналистон дар истеҳсолоти судӣ қарор доранд.

Қарори Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар бораи қатъ кардани истеҳсолоти парвандаи шаҳрвандӣ оид ба даъвои се нафар судяҳои Суди олӣ — Нур Нуров, Улуғбек Маҳмадшоев, Маҳмадиссо Саидов ва судяи суди шаҳри Душанбе Фахриддин Додометов аз болои адвокат Солиҷон Ҷӯраев ва газетаҳои «Фараж», «Озодагон» ва «Азия-Плюс», ки аллакай ҳукми қонунӣ пайдо кардааст, аломати хуби устувор гаштани принсипҳои демократии озодии сухан ва ВАО дар ҷумҳурӣ мебошад.

Парвандаи мазкур бо сабаби аз даъвои худ даст кашидани даъвогарон дар асоси моддаҳои 176 ва 225 Кодекси мурофиавии граждании ҶТ қатъ карда шуд. Тибқи арзёбии коршиносон, иқдоми мазкур ҷавоби даъвогарон ба даъватҳои ҷомеаи журналистӣ ва байналмилалӣ перомуни парвандаи мазкур мебошад. Ин амал ҳаргиз шаъну шараф ва эътибор, инчунин эътибори кории ҳокимияти судиро кам накарда, баръакс, шоҳиди даст кашидани онҳо аз даъвоҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ буда, барои риояи гаштани манфиатҳои ҷомеа равона гардидааст.

Бо вуҷуди он, хабаргузори рӯзномаи «Нури зандагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов қариб шаш моҳ инҷониб дар маҳбас нигоҳ дошта мешавад. Парвандаи ҷиноятии вай бо аризаи як қатор шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт оғоз карда шудааст. Исмоилов бо ҷиноятҳое айбдор карда мешавад, ки онҳоро моддаҳои 135, қисми 2, 136 қисми 2, 189, қисми 2 ва 250 қисми 2 пешбинӣ мекунанд. Даъвогарони парвандаи рӯзномаҳои «Азия-плюс» ва «Чархи гардун» ҳам мансабдорони баландмақом ва шахсони маъруф – собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, ҳоло муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Анвар Тағоймуродов ва собиқ намояндаи мардумӣ дар парламон Сайвалӣ Нуров мебошанд. Таҳлили мавод гувоҳӣ медиҳад, ки парвандаҳои номбаршуда ва дигар дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва ғайра бо иштироки журналистон ба фаъолияти касбии онҳо вобаста мебошанд.

Таҷрибаи баррасӣ кардани парвандаҳои оид ба тӯҳмат ва таҳқир дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки журналистон дар аксари мавридҳо бо сабаби танқиди шахсони мансабдор мавриди таъқиб қарор мегиранд, яъне дар воқеъ табдили мафҳумҳои танқид ва тӯҳмат ба амал меояд. Худи қаҳрамонони мақолаҳо, маъмулан, дар даъвоҳояшон на ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ, балки танҳо эҳсосоти аз мақолаҳо ҳосилкардаашонро ба асос мегиранд. Коршиносони ҳуқуқии анҷуман дар андешаанд, ки нодида гирифтани меъёрҳои байналмилалӣ ҳангоми баррасӣ гаштани парвандаҳои таҳқиру тӯҳмат ба маҳдуд гаштани озодии сухан, ки яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон шинохта мешавад, боис мегарданд

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ҳамчун созмони ҷонибдори меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии фаъолияти журналист, зарурати ба арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар арҷ гузоштани ҳамаи табақаҳои ҷомеаро қайд менамояд. Дар баробари ин, аз ВАО ва журналистони ҷумҳурӣ даъват ба амал меорем, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро новобаста аз мақоми иҷтимоиашон дар ҷомеа эҳтиром кунанд.

АМВАОМТ ҳамаи шахсони мансабдори давлатиро даъват менамояд, ки ба судяҳои Суди олии ҷумҳурӣ ва судяи суди шаҳри Душанбе, ки аз даъвоҳояшон ба рӯзномаҳо даст кашидаанд, пайравӣ намуда, даъвоҳои худро аз болои матбуоти тоҷик бозпас гиранд.

[b]Нуриддин ҚАРШИБОЕВ,
Раиси АМВАОМТ[/b]

Источник:

Қонун болост ё дарбон?

[b]Дар баррасии парвандаи Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ бо Вазорати адлия журналистон ду маротиба ҳангоми мурофиаи кушода дар беруни дар монданд.[/b]

Дарбони додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои ворид шудани журналистон ба толори мурофиаи суд монеа эҷод карда буд. Ў далел пеш меовард, ки аз боло супориш шудааст, то ба журналистон иҷозаи ворид шуданро надиҳад.Вале раисикунандаи парванда сабаби роҳ надодани журналистон ба мурофиаи кушодро аз дархост накардани ҷонибҳои парвандаашон баррасишаванда дар мавриди ширкати онҳо дар мурофиа шарҳ дод.

Ин дар ҳолест, ки тибқи мониторинги созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон роҳ надодан ба мурофиаҳои судии ошкоро аз ҷониби судяҳои алоҳида бисёр ба назар мерасид ва танҳо дар ду соли ахир вазъият то андозае беҳтар гаштааст.

Абдухалил Раҷабов, раҳбари Раёсати судҳои Шўрои адлия мегўяд, ки принсипи ошкоро будани муҳокимаи судӣ дар моддаи 19-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ пешбинӣ шудааст. Принсипи мазкур дар мавридҳои пешбиникардаи қонун васеъ истифода шуда, имконияти озодона ба толори мурофиаи судӣ даромадани ҳамаи шахсон, аз он ҷумла, намояндагони ВАО-ро таъмин месозад. Судҳо ҳамчунин вазифадор шудаанд, ки талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятиро дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ дар ҳамаи зинаҳои судӣ риоя намуда, ба вайрон кардани принсипи мазкур роҳ надиҳанд ва беасос иштироки шаҳрвандону намояндагони ВАО-ро дар толори суд рад накунанд.

Ҳоло саволе пайдо мешавад, ки вақте намояндагони ВАО ё дигар одамон ҳаққи қонунии иштирок дар мурофиаи судии кушодро доранд, чаро судяҳои алоҳида ин ҳуқуқи қонунии онҳоро сарфи назар карда, барояшон монеа эҷод мекунанд ва дар ин ҳолат чӣ кор бояд кард?

Дар ин маврид коршиносон андешаҳои мухталиф доранд. Гуфта мешавад, ки пеш аз ҳама ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ, ба хусус мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони васоити ахбори омма бояд беҳтар ба роҳ монда шавад. Дар робита ба ин масъала мактаби мустақили рўзноманигории «Тоҷикистон — асри XXI» лоиҳаеро таҳти унвони «Инъикоси масоили адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО» роҳандозӣ кардааст, ки дар оғози лоиҳа 6-уми майи соли ҷорӣ дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони мақомоти гуногуни давлативу созмонҳои ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ВАО мизи мудаввар баргузор шуд. Ҳадафи ин чорабиниро сарвари мактаби мазкур Сафо Сафаров чунин арзёбӣ кард: «Мақсади мизи мудаввар мусоидат ба таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО-и Тоҷикистон ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ мебошад. Дар ҷараёни лоиҳа 20 рўзноманигор аз манотиқи гуногуни кишвар ба омўзиш ва инъикоси ин масъала ҷалб карда мешаванд. Умедворем, ки мизи мудаввар боис мегардад, то як гуна ҳусни тафоҳум миёни намояндагони мақомоти давлатӣ, додгоҳӣ, ниҳодҳои қудратии кишвар, созмонҳои ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ВАО ба роҳ монда шавад».

[b]Шаффофияти муҳокимаи судӣ [/b]

Гуфта мешавад, ки аксар вақт кормандони додгоҳ ба журналистон ҳангоми иҷрои вазифа монеаҳо эҷод мекунанд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Асотсиатсияи миллии расонаҳои мустақил гуфт: «Мо шоҳиди чунин ҳодисаҳо ҳам мешавем, ки новобаста аз мавҷудияти қарори плениуми Суди олӣ, новобаста аз он ки ҳама дар сухан ҷонибдори шаффофияти фаъолияти худ ҳастанд, бештар барои инъикос кардани ин масъалаҳо монеа эҷод мекунанд». Ў бар ин назар аст, ки барои бартараф кардани мушкили мавҷуда дар баробари омўзонидани рўзноманигорон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва додрасҳо низ бояд омўзонида шаванд. То ин ки бо вуҷуди донистани ҳуқуқҳояшон, аз ўҳдадориҳои худ низ огоҳ бошанд ва ҳангоми фаъолияти рўзноманигорон ба онҳо монеа эҷод накунанд.

Ба қавли сарвари Марказ оид ба ҳуқуқи инсон Нурмаҳмад Халилов, судяҳои алоҳидае ҳастанд, ки барои ширкат дар мурофиаҳои кушод роҳ намедиҳанд. Ў афзуд, ки дар суди ноҳияи Рўдакӣ ва суди шаҳри Хуҷанд чунин ҳолатҳо ҷой доштанд. Вале солҳои ахир чунин проблемаҳо камтар ба назар мерасанд.

Абдухалил Раҷабов, сардори Раёсати судҳои Шўрои адлияи ҶТ иброз дошт, ки агар ҳолатҳои роҳ надодани судяҳои алоҳида дар мурофиаҳои судии ошкоро ба назар расад, нафароне, ки ҳуқуқашон поймол шудааст, ба Шўрои адлия ба таври хаттӣ метавонанд муроҷиат кунанд ва нисбати чунин судяҳо ҳатман чораҷўӣ карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки барои ҷавоби муроҷиати расмиро гирифтан зиёд интизор шудан лозим меояд, вале корафтодагон дар ҳолатҳои роҳ надодани судя ба мурофиаи кушод метавонанд ба раиси суд ё муовинонаш шикоят кунанд. Аммо Қаршибоев мисол меорад, ки ҳамин гуна ҳолат дар суди иқтисодӣ буд ва нафареро аз толори мурофиа берун карданд, лекин дар ҳамин вақту соат на раиси суд ва на муовинаш ҳузур надоштанд, то ки он нафар аз амали ғайриқонунии раисикунандаи суд ба онҳо муроҷиат кунад.

[b]Ба раисикунандаи суд либос маъқул нашуд, ё…?[/b]

Тибқи қонун шахсони иштироккунандаи мурофиаи ошкорои судӣ ҳуқуқ доранд ҷараёни муҳокимаи судиро дар коғаз ё диктофон сабт кунанд. Вале ба қавли Абдухалил Раҷабов, суратгирӣ ва сабти видео танҳо бо иҷозати раисикунандаи парванда мумкин аст. Раисикунандаи парванда метавонад дар ҳамаи ҳолатҳое, ки зарур мешуморад, сабти видеоӣ ё суратгириро манъ кунад.

Ба ин гуна манъкуниҳои раисикунандаи суд Нуриддин Қаршибоев изҳори норизоӣ кард. Вай гуфт, ки беҳтар аст, агар номгўи он ҷиноятҳое, ки вобаста ба он мурофиаҳои пўшидаи судӣ гузаронида мешаванд, мушаххас гардад ва мардум донанд, ки дар чунин мурофиа ширкат кардан имкон надорад. Дар баробари ин шояд дар асоси мактуб ё омода кардани ягон зерсанади ҳуқуқӣ талабот ва амри раисикунандаи суд барои иштирок накардани одамон дар мурофиаи кушодаи судӣ, манъи сабти овоз ё гирифтани навору акс аз ҷониби рўзноманигорон асоснок карда шавад. «Ман барои ширкат дар мурофиа омадам, шояд либосам ба раисикунандаи суд маъқул нашудааст, ё амалам писанд наомадааст, яъне дар кадом асос ман наметавонам сурат ё ба навор нагирам?» — мегўяд ў. Ба андешаи номбурда, барои ҳамкорӣ имкониятҳои хеле зиёд ҳаст, муҳим аз ҳама омодагии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва судӣ барои таъмин кардани шаффофият ва таҳти ҳисобот қарор додани фаъолияти худашон дар назди ҷомеа аст. Ва дар ин ҳолат метавон барои таъмини волоияти қонун дар ҷомеа иқдоме кард.

Дар ҳамин ҳол намояндагони мақомоти давлатӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, ки омодаи ҳамкориянд, вале дар баъзе ҳолат гуфтаҳои онҳо аз ҷониби журналистон таҳриф мешавад. Анвар Юсупов, муовини авали раиси Суди олии ҶТ гуфт: «Мо омодаем, ки бо ВАО ҳамкорӣ намоем. Журналистон метавонанд пеш аз навиштани мақола бо судяе, ки парвандаро баррасӣ мекунад, сўҳбат намоянд. Лекин чунин ҳамкорӣ ба он маъно нест, ки махфиятҳои судиро журналистон дар матбуот нашр кунанд».

Тибқи моддаи 5-и қонуни матбуот шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти заруриро диҳанд. Вале бисёр вақт намояндаҳои расмии давлатӣ аз додани маълумот худдорӣ мекунанд ва журналистонро ба якҷониба баррасӣ кардани мавзўъ айбдор месозанд, мегўяд сармуҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс» Марат Мамадшоев. «Мо намехоҳем, ки Шумо аз ягон кас ҷонибдорӣ кунед. Аксар вақт судяҳо мегўянд, ки парванда дар ҳоли баррасист ва ҳеҷ чиз шарҳ дода наметавонем. Мо шарҳ намехоҳем, танҳо гўед, ки шаҳрванд фалонӣ ба кадом ҷиноят гумонбар дониста мешавад ва дар сурати исботи худро ёфтани он чӣ сарнавиште ўро интизор аст», — иброз дошт ў.

[b]ВАО гунаҳкор ҳисобад, ҷиноят нест?[/b]

Мамадшоев мегўяд, дар ғарб ВАО бар ин ақидаанд, ки онҳо вазифадор нестанд, меъёри эҳтимолияти бегуноҳиро риоя созанд, аммо дар сурати мавҷудияти меъёрҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ, бояд ба он такя кунанд. Онҳо бар ин назаранд, ки меъёри эҳтимолияти бегуноҳиро бояд мақомоти расмӣ риоя кунанд, зеро қарори охирин ҳамеша аз ҷониби мақомоти судӣ бароварда мешавад. «Шахси ҳирфаӣ танҳо фактҳои дар даст доштаро месанҷад, на тахмину гумонро. Вақте мақомоти судӣ дар Тоҷикистон мегўянд, ки ВАО ба суд фишор меорад, ин эрод дар нисбати ВАО аз ҳад зиёд аст. Мо воқеан шаффофиятро мехоҳем, то ҷомеа донад, ки дар ин соҳа чӣ ба амал меояд», — иброз дошт ў.

Ба андешаи ҳуқуқшиносон, судяҳо то замоне, ки ҳалномаи судӣ набаромадааст, дар бораи натиҷаи баррасии парванда набояд пешгўӣ кунанд ва танҳо метавонанд дар хусуси ба кадом ҷиноят гумонбар будан ё дар ҳоли баррасӣ қарор доштани парванда сухан гўянд. Нигина Баҳриева, сарвари Бунёди ҷамъиятии «Nota Bene» дар ин бора гуфт: «Эҳтимолияти бегуноҳӣ ба масъулияти мақомоти давлатӣ дохил мешавад. Агар ВАО дар бораи эҳтимолияти гунаҳкорӣ ё бегуноҳии инсон сухан ронад, ин вайрон кардани қонун нест, вале агар намояндаи ҳокимият оид ба гунаҳкорӣ ё бегуноҳӣ то эълони ҳалномаи судӣ ибрози назар кунад, дар ин ҳолат масъалаи мустақилияти судӣ ба миён меояд».

Номбурда афзуд, ки озодии изҳори ақида маҳдудиятҳои худро дорад ва яке аз мақсадҳое, ки барои ҳифзи онҳо метавон ҳуқуқи инсонро маҳдуд кард, эътибори адолати судӣ мебошад. «Агар дар ҷараёни мурофиа сухан дар бораи он равад, ки ин судя дар қабули қарор мустақил нест, яъне ба эътибори адолати судӣ дахолати мустақим шавад, дар ин ҳолат ҷавобгарии муайян ба миён меояд», — изҳор дошт Баҳриева.

Ба қавли ў, ҳам кормандони ВАО ва ҳам намояндагони мақомоти давлатӣ бояд ин хусусиятҳоро ба назар гиранд, ки тибқи меъёрҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ВАО метавонанд ҷараёни мурофиаҳои судиро инъикос кунанд ва судяҳо метавонанд парвандаро то эълони қарори судӣ шарҳ надиҳанд. Ҳамзамон рўзноманигорон оид ба мўҳтавои парвандаи ҷиноятӣ зимни иштирок дар ҷараёни мурофиаҳои судӣ маълумот пайдо карда метавонанд. Вагарна имкон дорад, ки шарҳи судя дар ҷараёни мурофиа аз ҷониби рўзноманигорон ба таври гуногун маънидод карда шавад.

Гуфта мешавад, ки дар баробари ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва намояндагони ВАО ҳамчунин риояи ўҳдадориҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мушаххас шудани номгўи амалҳое, ки дар асоси он раисикунандаи баррасии парванда мурофиаро ба таври пўшида ё кушода метавонад гузаронад ва шаффофият дар фаъолияти давлатӣ хеле муҳим аст. Зеро танҳо бо ин роҳ волоияти қонунро таъмин кардан имконпазир мегардад. Дар акси ҳол тамоми қонуну қарорҳо ба ҷои амалӣ шудан, танҳо дар рўи коғаз мемонанд.

Исфандиёр ХАЛИЛӢ

Источник: http://ozodagon.com/tahlil/guzorish/334-2011-05-10-11-44-51.html

Пас аз чанд соат тақдири хабарнигори «Имрӯз-News» маълум мешавад

Қарор аст, пас аз чанд лаҳза дар суди ноҳияи Синои пойтахт баррасии парвандаи марбут ба хабарнигори рӯзномаи «Имрӯз-News» хотима ёбад. Маърифат Ашӯрмамедова, судяи суди ноҳияи Синои Душанбе, ки масъули баррасии парвандаи мазкур аст, гуфт, идомаи баррасӣ соати 15:30 сурат пазируфта, он ниҳоӣ мешавад.

«06008 аз ман 10 сомонӣ ришва гирифт!» унвони матлаби рӯзномаи «Имрӯз-News» дар санаи 3-юми марти соли равон аст, ки боиси оғози парванда алайҳи хабарнигори нашрия шуд. Дар ин матлаб Маҳмадраҷаб Шарипов, як ронандаи «Тангем» гуфтааст, нозири роҳ бо рақами сарисинагиии 06008 аз ӯ 10 сомонӣ пора гирифтааст. Муаллифи матлаб Мирзомуроди Бозор оид ба ин қазия ба БДА-и ҷумҳуриявӣ муроҷиат намудааст. Аз дафтари матбуотии ин ниҳод гуфтаанд, ки воқеан ронандае аз қонуншикании нозири роҳ ба онҳо шикоят бурдааст. Масъули дафтари матбуотӣ ба хабарнигор гуфтааст, аз рӯи рақами сарисинагӣ шахсияти нозирро муайян кардаанд, ки як масъули «Воҳиди махсус»-и ВКД будааст ва барои чораандешӣ ба раҳбарияти он дархост фиристодаанд. Баъди нашри ин матлаб Қаландар Назаров, сарнозири ротаи бехатарии ҳаракати воҳиди махсус алайҳи хабарнигор Мирзомуроди Бозор ва ронандаи «Тангем» Маҳмадраҷаб Шарипов аризаи шикоятӣ навишта иддао дорад, нисбати вай таҳқир ва тӯҳмат кардаанд.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/331—l-newsr-.html

Мулоқоти рӯ ба рӯи журналистон бо ниҳоди вижаи ҳукуматӣ

Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тасмим доранд бо журналистони ватанию хориҷӣ мулоқот анҷом диҳанд.Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тасмим доранд бо журналистони ватанию хориҷӣ мулоқот анҷом диҳанд. Тибқи иттилои расида, нишасти мазкур рӯзи 13-уми майи соли равон дар бинои муҷтамаи мавсум ба «Шарқи Озод» баргузор хоҳад шуд. Зимнан, масоили инъикоси кори агентӣ дар ВАО, фаъолияти кормандони соҳа ва вазоифи дар пеш доштаи ниҳоди мазкур мавриди баррасӣ қарор мегирад. Масъулини агентӣ омодаанд, дар рафти мулоқот ба суолҳои рӯзноманигорон посух гӯянд.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/323-2011-05-10-04-18-47.html

Ба журналистони Тоҷикистон инъикоси масоили нашъамандиро меомӯзанд

Дар шаҳри Душанбе барои рӯзноманигорон давраи омӯзишии шашрӯза баргузор мешавад.

Аз ташкилоти ҷамъиятии «Хома», ки созмондиҳандаи тренинги мазкур аст ба «Озодагон» гуфтанд, давраи омӯзишӣ амалӣ буда дар доираи он журналистон бо фаъолияти ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, беморхонаву марказҳои махсус, ки фаъолияташон ба ҳалли масоили нашъамандӣ равона шудааст шинос мешаванд. Зимнан, иштирокчиёни давраи омӯзишӣ бо шахсони аз нашъамандӣ табобатёфта низ сӯҳбат хоҳанд кард. Журналисти шинохтаи Олмон, тренери «Deutsche welle akademie» Беттина Руигис дар қатори равоншиносон, табибон ва коршиносони шинохтаи масоили нашъамандии Тоҷикистон барои иштирокчиёни тренинг дарс хоҳад гуфт. Давраи омӯзишӣ аз 16-ум то 22-юми май баргузор мешавад.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/317-2011-05-09-08-28-27.html

Ҷашни 160-солагии журналистикаи исломӣ дар Маскав

Дар Маскав 160-солагии журналистикаи исломӣ ҷашн гирифта шуда хоҳад шуд. Дар доираи ин ҷашн конфронси бузурги илмӣ-амалӣ низ пешбинӣ гардидааст.Тавре аз Кумитаи тадорукоти ин ҷашн хабар доданд, ин сана махсусан бо зодрӯзи Исмоил Гаспринский — аввалин муассиси рӯзномаи умумирусиягии мусулмонии «Тарҷумон», ки 16-уми майи соли 1883 ба чоп расидааст, дар як рӯз таҷлил мешавад.

Гуфта мешавад Исмоил Гаспринский яке аз асосгузорони ҷараёни «Ҷадидия» шинохта шуда, ҳамчунин аз ӯ ҳамчун ходими фаъоли ҷамъиятиву сиёсӣ ном мебаранад. Хидматҳои ин шахс барои ривоҷи Ислом дар Русия ва минтақа хеле бузург буда, бо таъсис ва сарварии рӯзномаи «Тарҷумон» солҳои зиёд дар ба ҳам овардани мусулмонони Русия ва минтақа талошу ҷаҳд карда будааст.

Ҷашнвора ва конфронси мазкурро Шӯрои муфтиёти Русия, Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ сарпарастӣ мекунанд. Дар кори конфронс олимон аз тамоми шаҳрҳои Русия ва кишварҳои мусулмонӣ ширкат хоҳанд кард.
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14138&Itemid=30

Бархӯрди нави ширкатҳои мобилӣ бо Бег Зуҳуров

Ахиран Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Интернет-провайдерони Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Президенти кишвар ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хоҳони хотима гузоштан ба дастури навбатии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Зуҳуров шуданд.Қабл аз ин сардори Хадамоти мазкур ба ҳамаи ширкатҳои таъминкунандаи алоқаи барқӣ Расонида буд, ки «бо сабаби таъмини бехатарии давлат ва ба танзим даровардани истифодабарии радиобасомадҳо ва воситаҳои радиоэлектронии ҳамаи намудҳои пайвастшавии интиқолшаванда аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз пайвастшавӣ тавассути оператори давлатӣ, набояд берун бароянд». Бо ҳамин далел Хадамот эълон дошт, ки аз 1-уми майи соли равон иҷозатҳои додашуда барои истифодабарии воситаҳои радиоэлектронии ҳамаи намудҳои пайвастшавӣ дар ноҳияҳои сарҳадӣ қатъ карда мешаванд.

Зимни муроҷиати худ намояндагони Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Интернет-провайдерони Тоҷикистон дастури навбатии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. С. Зуҳуровро, ки тибқи мактуби расмӣ аз 27-уми апрели соли 2011 таҳти №1-203 ба ширкатҳо-аъзоёни Ассотсиатсияҳо ирсол карда шуд, ғайриқонунӣ ва беасос мехонанд.

«Қарори мазкури мӯҳтарам Зуҳуров Б. С. бо вайрон намудани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Низомномаи комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо қабул шудааст, ки тибқи он чунин қарорҳо бояд дар мувофиқа бо мақомоти амнияти кишвар қабул карда шавад»,- омадааст дар муроҷиатнома.

Муроҷиаткунандагон мегӯянд, ки иқдомҳои нави Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бо сарварии Бег Зуҳуров садди роҳи инкишоф ва фаъолияти технологияи муосири амалкунанда шуда, сабаби коҳиш ёфтани буҷаи давлатӣ ва паст шудани обрӯю эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ мегардад. Онҳо бар ин назаранд, ки ҳамзамон, «пешниҳоди» Б. Зуҳуров оид ба амалӣ намудани пайвастшавӣ бо воситаи оператори давлатӣ ба он оварда мерасонад, ки дар натиҷаи зиёд шудани талаботи операторони дигар имкониятҳои техникии оператори давлатӣ кифоягӣ накарда, дар натиҷа тамоми алоқа метавонад аз кор монад ва боиси ба вуҷуд омадани зарари назаррас ба давлат ва тамоми сохторҳои он гардад.

«Чунин сиёсати Зуҳуров Б. С. ба он оварда расонд, ки имрӯз кишвари мо дар минтақа мавқеи пешсафро ҷиҳати ба маркази транзитии телекоммуникатсионӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз даст додааст. Дар натиҷа, ширкатҳои телекоммуникатсионии Афғонистон бо воситаи нахи нурӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваст шуда, кишвари мо аз фоидаи зиёди ин трафик маҳрум гардид»,- мегӯянд муроҷиаткунандагон ва хоҳиш мекунанд, ки барои дастгирии вазъи кунунии соҳаи алоқа ва инкишофи минбаъдаи он чора андешида шавад.

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14009&Itemid=30

Иштироки намояндагони ВАО дар мурофиаи судии ҷиноятӣ

[b]Масоили иштироки намояндагони ВАО дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, ҳамчунин иттилоотонии аҳли ҷомеа оид ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.[/b]

Дар робита имрӯз бо ибтикори мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Инъикоси масоили адолати судӣ дар мурофиаҳои ҷиноятӣ тавассути ВАО» мизи мудаввар баргузор намуд, ки дар он намояндагони дастгоҳи иҷроияи президент, судҳои олӣ ва конститутсионӣ, шӯрои адлия, прокуратураи генералӣ, дафтари ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳамчунин созмонҳои байналмилалию ҷамъиятии рӯзноманигорӣ ширкат намуданд.

Мақсади ин чорабинӣ мусоидат ба таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ буд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар муаррифии лоиҳаи «Инъикоси масоили адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО» матраҳ гардид. Тарҳи мазкур аз ҷониби Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» бо дастгирии Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Ҳадафи асосии лоиҳа ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба масоили ҳуқуқи инсон ва адолати судӣ дар Тоҷикистон, ташкили замина барои муҳокимаи ҷамъиятии масъалаҳои мазкур, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО мебошад.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/301-2011-05-06-1538.html

Зафари Суфӣ: Талош мекунем, хабаргузории «Озодагон» муваффақ шавад

Рӯзи 3 майи соли ҷорӣ хабаргузории «Озодагон» ба фаъолият шурӯъ кард. Раҳбарии ин хабаргузориро Зафари Сӯфӣ, сардабири ҳафтаномаи «Озодагон» ба дӯш дорад. Хабарнигори нашрияи «Миллат» дар ин росто бо Зафари Сӯфӣ сӯҳбате дошт.

— Зафар, мо дарак ёфтем, ки оҷонсии иттилоотии «Озодагон» ба фаъолият шурӯъ кардааст, воқеан дар рӯзи ҷаҳонии озодии баён инро чун як падидаи нек арзёбӣ мекунем ва лутфан бигӯед, ки ҳадаф аз роҳандозии ин хабаргузорӣ дар чист?

— Ҳадаф аз роҳандозии оҷонсии иттилоотӣ, на фақат аз ин оҷонсӣ фикр мекунам, ки аз ҳамагуна расонаҳои хабарӣ пеш аз ҳама расондани хабар аст. Мо бар ин натиҷа расидем ва ду сол мешавад, ки дунболи он будем, ки хабаргузорие дар кишвар фаъол шавад, то фазои иттилоотии кишвар аз он пур шавад. Худоро шукр, ки ба он ҳадаф даст ёфтем ва имрӯз ин хабаргузорӣ расман ба фаъолият шурӯъ кард.

— Медонем, ки ба роҳ андохтани як хабаргузорӣ як кори хело душвор ва масъулияти гарон аст, нирӯ, маблағ ва маъош барои кормандон мехоҳад. Шумо ягон манбаи молиявӣ доред ё ҷустуҷӯ мекунед, ки ҳамин кор густурдатар ва доиман бошад?

— Инро бояд бигӯям, ки Худованд бузург аст ва ба ин ҳеч кас шак надорад ва рӯзирасон худи ӯст. Вақте ки коре шурӯъ мешавад табиист, ки як шахс барномарезиҳоеро бояд анҷом диҳад. Мо барои як соли хабаргузорӣ масрафро дар назар гирифтаем. Яъне маблағи яксолаи таъмини кормандон ва ин хабаргузориро дар даст дорем. Соли оянда Худованд бузург аст. Умед аст, ки фаъолият беҳтар шавад, зеро ин ҷо таблиғ ва дигар корҳое ҳастанд, ки метавонем маблағ ба даст биёварем. Дар мавриди молӣ ҳаминро гуфтаниям, ки ҳамон тавре нашрияи «Озодагон» аз назари молӣ мутааллиқ ба Зафари Суфӣ буд, ин хабаргузорӣ низ ҳамин тавр аст, аммо ҳамчун расонаи хабарӣ моли мардум аст.

— Дар ин хабаргузорӣ киҳо фаъолият хоҳанд кард?

— Фелан фақат метавонам сармуҳаррири оҷонсиро барои шумо муаррифӣ кунам, ки яке аз рӯзноманигорони варзида, Хилватшоҳи Маҳмуд аст. Ба ҷуз ин дар бахши тоҷикӣ панҷ нафар ба фаъолият шурӯъ кардаанд ва дар бахши русӣ ду нафар кор мекунанд.

 Чӣ сабаб шуд, ки Шумо ҳамзамон бахши русиро таъсис додед?

— Воқеан, агар гӯям, ки бахши русӣ як ҳолате мешавад гуфт, ки нохун задани баъзе хабарҳо ба эҳсоси миллии мо буд, дурӯғ нагуфтам. Чун моро ҳамеша гуфтаанд, ки дар бахши ҷанги иттилоотӣ бохтем ва аммо дар ин замина касе кори ончунонае накард. Мо ҳам намегӯем, ки кори ончунонае мекунем, балки кӯшиш мекунем, ки дар ин росто коре карда бошем. Вақте дигарҳо бо забони дигар ба мо ҳуҷум мекунанд, мо гарчи дар дохил бо забони худамон гӯем, барои худамон гуфтаем. Ба он хотир ба забони русӣ ва шояд дар моҳи наздик бахши узбакӣ ҳам фаъол шавад, фақат ба он хотир, ки дар мавриди он таҳоҷуми иттилоотие, ки нисбати кишвар ва махсусан ба нисбати манофеи миллӣ ва номусу нанги миллат вақте беэҳтиромӣ мешавад ва ё як нафар аз шаҳрванди моро касе таҳқир мекунад, мо дар баробараш ба забони ҳамонҳо дар доираи қонун ҷавоб бигӯем. Ҳадафи аслии мо ҳамин аст. Ин ки мо масалан хабаррасонӣ бикунем ва барои онҳо фазосозӣ бикунем, ба забони онҳо табиист, ки бо он имкониятҳое, ки мо дорем мушкил аст. Дар сурате ки дигарҳо имкониятҳои бештар доштанд, махсусан ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон хело ҳам имкониятҳо доштанд. Метавонистанд ин корро бикунанд ва аммо накарданд ва намедонам иллаташ дар чист? Инро бояд аз онҳо пурсид, ки чаро накарданд, дар сурате ки вазифаашон ин буд, ки он корро бикунанд. Мо ҳоло ба унвони шаҳрванди кучактарин мекӯшем то хидмаде, ки метавонем бикунем. Албатта, танҳо ин ман нестам ва гурӯҳе аст, ки дар нашрияи «Озодагон» буданд. Ҳоло бошад омада ду тим шуданд ва ду командае, ки мехоҳанд дар ин росто ҷавоб бигӯянд, ба он лаҳне, ки онҳо гуфтаанд. Бигирем ҳамон тоҷикеро, ки сарашро буриданд. Дар дохил зиёд навиштем, аммо кадом рӯзноманигори мо ба забони русӣ чизе навишт, ки арзандаи вокунише бошад? Манзур ин аст. Ё вақте кишвари моро таҳқир мекунанд ё мегӯянд бояд Роғун насозанд. Ё хабари охироне, ки гӯё Бин Лодан зинда аст ва дар Бадахшон аст, ки ин таҳқири миллат аст. Дар чунин мавридҳо мо иншоаллоҳ вокуниш нишон хоҳем дод.

— Хеле хабаргузориву расонаҳо умрашон хеле кутоҳ будааст. Оё метавонӣ бигуӣ, ки ин хабаргузорӣ дарозумр ва муваффақ хоҳад буд?

— Мо талоши худамонро хоҳем кард. Ин ки фарз кардем барои як сол аз назари молӣ таъмин аст. Вақте аз назари молӣ таъмин аст ва буҷааш мушаххас аст, ин як сол муҳлати кӯтоҳе ҳам нест. Иншоаллоҳ, умедворем, ки муваффақ хоҳем шуд. Бояд бигӯям нияти мо холис аст ва танҳо хидмат кардан аст.

 Шумо, ки як журналисти ошкоргӯ ва сахтгӯ ҳастед бигӯед, ки оё маъоши кормандони расона чанд аст ё сирри идоравист?

— Дар ҳар сурат эълон кардани маъоши командон кори хубе нест. Ҳаминро бояд бигӯям, ки моҳонае барои бачаҳо дар назар гирифтаем, фикр мекунам, барои рӯзгор ва таъмини зиндагияшон басанда аст, ки онҳо ҳозир шудаанд, то кор кунанд.

 Зафар, барои шумо ва барои тамоми кормандони ин хабаргузорӣ барору комёбӣ мехоҳем.

— Муваффақ бошед!

Нуриддин Қаршибоев: «Агентӣ меҳоҳад ба оши тайёр кабудӣ шавад»

[b]Агентии сохтмон ва меъморӣ аз кормандони Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон талаб кардааст, ки утоқҳои корияшонро холӣ кунанд. Ба изҳори раиси ин Анҷуман Нуриддин Қаршибоев, Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот — 3-юми май роҳбари Агентӣ Абдувалӣ Комилов бо чанде аз тобеони худ ба идораи онҳо омада, талаби мазкурро пеш гузоштаанд.[/b]

Вале роҳбари Анҷуман Нуриддин Қаршибоев даъвои раиси Агентии сохтмон ва меъмориро, ки гуфтааст бояд онҳо то рӯзи 15-уми майи соли ҷорӣ утоқҳои кории худро холӣ кунанд, ғайриқонунӣ медонад. Ба гуфтаи ӯ, онҳо барои истифодаи утоқи иҷораи худ то соли 2013 шартнома дошта, ҳаққи иҷораро ҳам пардохтаанд. Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, ки дар сурати бо гуфтугӯ ҳал нашудани ин мушкил ба додгоҳ шикоят хоҳад кард.

— Онҳо тақозо доранд, ки то 15-уми ҳамин моҳ ин биноро тарк кунем. Вале мо ин корро намекунем. Мо масъалаи буду бошамонро мувофиқи қонун ба роҳ мемонем, ки инро қарори Суди Олии иқтисодӣ маълум мекунад. Чунки мо аз соли 1999 дар ин бино маскан гирифтаем ва мувофиқи тамдиди шартнома то соли 2013 қарордод дорем. Мо вақте ин биноро ба иҷора гирифтем, холиву вайрона буду баъди сӯхтор як ҳолати ногувор дошт. Гап сари ёфтани иҷора дар ҷойи дигар нест. Гап сари он аст, ки мо барои ободии ин бино, ки як саройча буд, маблағи зиёд сарф кардаем. Ин бино дар даҳ соли пеш як бинои холӣ ва вайроншудае буд, ки аз ҳисоби иҷораи созмони мо ва созмонҳои дигари ғайридавлатӣ намуди дигар гирифт. Агентӣ бошад, мехоҳад ба оши тайёр кабудӣ шавад,- мегӯяд ӯ.

Мавриди ёдоварист, ки Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳоло дар яке аз ошёнаҳои бинои Оҷонсии «Шаҳрофар», дар наздикии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷой гирифтааст.

Мушкинисо АСОЗОДА,TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14102&Itemid=28

Ещё один сайт на WordPress