Рӯзи сиёҳи нияти пок

Таъсиси телевизони муштараки форсизабононро метавон номуваффақтарин лоиҳаҳои ҳамдастии се кишвари ҳамзабон унвон кард. Ин тарҳ, ки нахустин бор моҳи сентябри соли 2006 дар шаҳри Душанбе байни сарварони се кишвари форсизабон-Тоҷикистону Эрону Афғонистон матраҳ шуд, манзалату вазни сухану қарордоди раисони се ҷумҳурро бо дарҳамбарҳамиҳои пешомада ва наздики панҷ соли нокомӣ пойин бурд. Акнун дар ин майдони ҳамкории се ҷониб яке аз муваззафшудагони амалисозии ин тарҳ Алиасғари Шеърдӯст худро тани танҳо мебинад. Дар мизи мудавваре, ки бо тасмими намояндагии хабаргузории «Форс» дар Душанбе доир гашт, мушкилоти ба таъхир афтодани ифтитоҳи телевизиони муштараки форсизабонон «Наврӯз» баррасӣ шуда, гилагузориҳои зиёдеро ба бор оварда сифати ҳукуматҳои се кишварро ба намоиш гузошт…

[b]Қадами ҷиддии Эрону канораҷӯйии Афғонистон[/b]

Зарурати таъсиси телевизиони муштараки форсизабонон пешниҳоди қӯҳнаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз забони Маҳмуди Аҳмадинажод садо доду хуш қабул шуд. Аммо амалисозии ин тарҳ муаммои сарбастаро мемонад, ки кас намедонад нуги калоба дар дасти кист. Гуфта мешавад, ки дар қадамҳои аввали амалисозии ин тарҳ масъулияти пешбурди корро дар ин самт аз ҷониби Ҷумҳурии исломии Эрон сафири он дар Тоҷикистон Алиасғари ШЕЪРДӯСТ, намояндаи Тоҷикистон мушовири давлатии Президенти кишвар Сайидмурод ФАТТОЕВ ва масъулияти ҷониби дигарро муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Афғонистон Сайиднозири АҲМАДӣ бар дӯш гирифтаанд. Дар ҳамин лаҳзаҳои аввал Президенти кишвар аз сарони ду давлати ҳамзабон даъват ба амал овард, ки маркази ин телевизон шаҳри Душанбе бошад. Ҳамин буд, ки ҷониби Тоҷикистон муваззаф шуд, ки макони қароргоҳи телевизионро таъмин намояду давлати Эрон таъмини васоили техникии онро. Дар назар будааст, ки Афғонистон таъминоти моҳвораиро ба дӯш дошта бошад. Вале, ба изҳори Алиасғари Шеърдӯст мақомоти марбутаи Эрон то ҷойи имкон вазифаҳои худро дар мисоли таъмини таҷҳизотҳо амалӣ ва ҳатто зиёдтар аз он гардонида истодааст, вале ҷониби Афғонистон аз лаҳзаи имзои қарордоди сарони давлатҳо то ин замон баъди гузаронидани ду ҷаласаи васеъ ҳам мавқеи худро рӯшан накардааст.

— Бояд барои таҳияи барномаҳо бо тавлидоти муштарак ва эҷоди дафтаре дар Кобул амалиётҳои лозим анҷом бигирад. Аммо ҳанӯз ҷониби Афғонистон намехоҳанд дар ин саҳна ворид бишаванд, — мегӯяд ӯ.

Ба изҳори сафир, таъкиди Аҳмадинажод ҳам буд, ки мо вақте мегӯем шабакаи муштараки форсизабонон, ғойиб будани Афғонистон дуруст нест. Алиасғари Шеърдӯст нахуст аз мақомоти баландпояи Афғонистон дар кундии амалишавии телевизион шиква карда, гуфт, ки ахиран хостори мулоқот шуданаш сари ин масъала бо Вазири иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ки чанде бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доштанд, бенатиҷа будааст.

[b]Асадулло Раҳмон нота мехоҳад[/b]

Мутобиқи қарордоди ҷонибҳо Кумитаҳои садову симои ҳар се кишвар ӯҳдадор шудаанд, ки амалисозии ин тарҳро бароҳ монанд. Вале ба гуфтаи Алиасғари Шеърдӯст он ҳамкориеро ҳам, ки дар назар буд бо Кумитаи радио телевизиони Тоҷикистон бошад, надидаанд.

— Дар ҳақиқат табақае аз бинои шабакаи «Баҳористон» ба мо доданд, ки барояшон қобили истифода набуд. Баъзе васоили сохтмон ҳам дар он маҳал рехта шуда буд. Аввал гуфтанд, ки мо худамон таъмир мекунем. Муддате мунтазир мондем. Чун дидем, ки амале накарданд, худи тарфи Ҷумҳурии исломии Эрон шӯрӯъ ба таъмири ин бино кард. Системаи барқаш аз замони шӯравӣ буд. Ҳамаи кораш кулия тармим шуд. Мо агар дар як замини холӣ корро шурӯъ мекардем, осонтар ва бароямон хеле камхарҷтар мебуд. Вале чун онҷоро бароямон вогузор карда буданд, мо ночор будем, ки онҷоро омода ба кор бикунем», — гуфт сафир.

Баръакси ҳолате, ки раиси Кумитаи радио телевизион Асадулло Раҳмон чанде пеш дар мусоҳибае Эронро муттаҳами адами ҳамкорӣ кардааст, ба изҳори Алиасғари Шеърдӯст раиси Кумита ҳатто ба зангҳои телефонияш ҷавоб намедодааст.

— Мо як моҳ талош кардем, ки бо эшон як ҷаласа бигзорем. Ба мо гуфтанд, ки бояд ёдошти расмӣ бидиҳед. Аслан дар кори барномасозӣ набояд чунин бошад. Нотаи расмӣ мо фақат барои мулоқоти мақомоте медиҳем, ки як бор меҳоҳанд биёянд инҷо. Мо ҳар рӯз бояд чунин ҷаласот дошта бошем. Дар ин миён алъон шонздаҳ ҳайати расмӣ аз Эрон, Олмон, Ҳоланд омаданд инҷо, ҳолатро боздид карданд. Ҳамин алъон, ки ман бо шумо сӯҳбат мекунам, як ҳайати муҳиме аз Олмон инҷо аст. Як ҳайати муҳиме аз Эрон ҳам омадаанд. Дӯстонамон ҳастанд, ки на харҷ бикунанд, мизбонӣ бикунанд, балки меомаданд, ки мо намояндаи телевизиони Тоҷикистон ҳастем, шумо ки омадед инҷову ин корҳоро анҷом медиҳед, хушомадед, вале афсӯс. Ман узрхоҳӣ мекунам, се-чор нафаре наҳор дар хонаи ман буданд. Олмониҳо дӯст медоранд, ки як хонаи тоҷикистонӣ бубинад. Ман онҳоро даъват кардам ба хонаи худ.

Аслан дӯст намедоштам, ки инҷо гилояе матраҳ бишавад, аммо ҳақиқатан дилозурда шудам. Ман дар ин майдон танҳо ва шахси ман танҳо ҳастам. Афғонистон худашро берун кашида канор. Тоҷикистон, ки мо инҷо меҳмонашон ҳастем, телевизион дуруст мекунем, ҳайате, ки омаданд, ҳоло ду муовини радио телевизиони Эрон дар инҷо ҳастанд, як ронадаашонро нафиристоданд фурудгоҳ, ки бигӯяд «оғо омадед, хуш омадед». Як бор оғои Асадулло Раҳмон дар сӯҳбат бо ман нашуд, ки ту ки инҷо масъулияти ин корро ба ӯҳда дорӣ, ҳолат чӣ ҷурӣ аст? Мо хеле вақтҳо то соати 12 шаб дар он макони телевизион будем. Бачаҳои «Баҳористон шоҳиданд», меоянд баъзе вақтҳо мебинаду мегӯяд: «Худо қувват!», Як бор Асадулло Раҳмон наомаданд, ки чунин гӯянд. Боз ине, ки мегӯянд ҷониби Эрон ҳеҷ коре накардаст, ман мегӯям, ки ҷаноби Асадулло Раҳмон, шумо чӣ коре кардаед? Мо ки омадем кор бикунем инҷо. Ман намехоҳам гилоя бикунам. Агар Асадулло Раҳмон ин масъаларо матраҳ накарда буд, ман матраҳ намекардам. Ҳоло ки муовинашон инҷост, мепурсам, ки ба чуз ду табақа аз як сохтмони фарсуда барои ин телевизион чӣ коре карданд? Чаро инҷо наомаданд то мо рӯ ба рӯ сӯҳбат дошта бошем? Ман аз Вазорати корҳои хориҷӣ дархост мекунам, ки сӯҳбати моро бо Асадулло Раҳмон ҳамоҳанг созад, — бо шикваи зиёд дархост кард сафир.

Муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон Ҳабибулло НОЗИРӣ, ки дар нишаст бо сафири Эрон ширкат дошт, дар посухи суханони сафир гуфт:

— Ростӣ, ман ба пуррагӣ огоҳ нестам. Ман пеш аз омадан омӯхтам, дар ин бора гуфта мешавад, ки биноро бояд Тоҷикистон омода кунад, таҷҳизотро Эрон ва моҳвораро Афғонистон. Дар ҳамин ҳудуд ман маълумот дорам, маълумоти зиёде надорам. Он чӣ ки Алиасғари Шеърдӯст гуфтанд, ман нав огоҳӣ ёфтам, пешниҳоди ҷаноби Шеърдӯстро ба раиси Кумитаи радио телевизион ва шахсони масъули мақомот мерасонам, мо ба ҳам меоем, дар ин мавзӯъ сӯҳбат мекунем.

[b]Хомӯшии шубҳаноки Фаттоев[/b]

Ба изҳори Алиасғари Шеърдӯст мушовири Президенти кишвар Сайидмурод Фатттоев ҳам, ки масъули ҷониби Тоҷикистон дар амалисозии ин тарҳ аст, хомӯшӣ ихтиёр кардааст.

— Ман ду се бор бо Сайидмурод Фаттоев сари ин мавзӯъ мулоқот кардам. Чанд матлабро аз онҳо хостам. Яке ин буд, ки ин маҳали телевизион кӯчак асту ё онро такмил бикунем, то мо битавонем таҳририяву студиёро дар онҷо мустақар бикунем ё маҳалле бидиҳед, ки мо бихарем. Мутаассифона аввалин матлаб, ки масъалаи ҷой буд, ҳанӯз ҳал нашудааст. Дигар дархостамон ин буд, ки як ҷаласоте бо масъулини радио телевизион дошта бошем, то барномасозон бояд бишинаду нақшаҳояшонро ҳамоҳанг бикунанд.Эшон қабул карданду гуфтанд, ки дастур медиҳанд, то ин иттифоқ биуфтад. Матлаби севум он буд, ки як таърихеро муайян бикунанд, ки дар ин рӯз телевизиони Наврӯз бояд ифтитоҳ бишавад. Мутаассифона аз Фаттоев ҷавобе нагирифтем, — изҳор дошт сафир.

Ба гуфтаи сафири Ирон муҳимияти мушаххас шудани саннаи ифтитоҳи телевизион, ки мутобиқи қарордод бо ду ширкати ду ширкати хориҷӣ онҳо 45 рӯз қабл аз замони шурӯъи кор бояд инҷо оянду 20 рӯз таҷҳизотро насб кунанд, 25-рӯз таҷриба баранд ва як моҳи аввал қарордод аст, ки болои сари дастгоҳҳо бошанд.

Дар ин баробар Алиасғари Шеърдӯст масъалаи воридоти таҷҳизотро низ мувоҷеҳ ба мушкилот хонд. ӯ гуфт, ки барои ворид кардани таҷҳизотҳои зарурӣ аз Олмон бо сафири Тоҷикистон дар Берлин ва раиси ширкати «Сомон-Эйр» сӯҳбат доштааст, вале мутаассифона натиҷае набахшидааст.

— Ба ҳар ҳол, ҳоло мо мехоҳем рӯзи мушахаси пахши телевизионро маълум кунанд, то барномасозиҳои аввалияро анҷом бидиҳем, — мегӯяд сафир.

Бояд гуфт, ки аз аз оғози қарордоди ин тарҳ борҳост, ки саннаи ифтитоҳи телевизион маълуму баъд номаълум қафо партофта мешавад. Бори ахир қарор буд, ки он дар арафаи рӯзҳои Наврӯз ифтитоҳ шавад ва шояд «Наврӯз» ном гирифтани телевизиони муштарк ҳам бар ин асос буд. Акнун ба асоси тасмигириҳои аввалия раиси Ҷумҳурии исломии Эрон Аҳмадинажод ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидори Наврӯзии худ дар Теҳрон тавофуқ ва таъкид кардаанд, ки ифтитоҳи озмоишии ин шабака дар моҳои наздик, пеш аз оғози 20-умин солгарди ҷашни истиқлол сурат бигирад.

[b]Хостаҳои ҳукумат болост ё ҷомеа?[/b]

Ба андешаи иштирокчии мизи мудаввар коршинос Саймиддин Дӯстов таъсиси телевизиони муштарак афсонаи халқи тоҷикро ба хотир меорад. Ба андешаи ӯ, ин ҳамон қиссаи ба шавҳар додани духтари Лаку Пак аст, ки намедонад ҳоло духтарашон дар синфи ҳафт-ҳашт мехонаду синаш ба шавҳар нарасидааст.

— Орзуи фарҳангиёни се кишвар, ки зарурати мавҷудияти як телевизиони муштаракаро эҳсос мекарданд, чун ба дасти ҳукуматҳои ин давлатҳо расид, шарманда шуд. Соли панҷум аст, ки дар ин бора мақомдорон сухан мегӯянду ба натиҷае нарасидаанд. Ба назри инҷониб сабаби асосӣ сифат ва хостаҳои ин ҳукуматҳост. Ман ба он боварам, ки ҳар пружа, ки мисли ин телевизион ба он аз нигоҳи ҳукуматҳо ҳамчун ба абзори сиёсӣ назар афканда мешавад ва ба он аз ҳамин зовия баҳо медиҳанд, номуваффақ хоҳад буд. Ҳукумати кунунии Тоҷикистон хостаҳои худро дорад, Ҷумҳурии исломии Эрон хостаҳои худро, ҳукумати Карзай хостаҳои худро, вале мусаллам аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ҳам ҳама хостаҳои худро доранд. Беҳтар мебуд, ки ин ҳукуматҳо ба хостаҳои ҷомеаҳои ин кишварҳо такя мекарданд ва бо ҷалби фарҳангиён ин тарҳро амалӣ мекарданд, — мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи коршинос, гумон аст, ки «ин телевизион баъди ба истифода дода шудан ҳам диққати ҳазоронро ҷалб кунаду боиси таваҷҷӯҳ бошад, зеро ин телевизион телевизиони ҳукуматҳои ин давлатҳо хоҳад буду хостаҳои ин ҳукуматҳо на ҳама вақт баёнгари манфиатҳои миллианд. Ин тарҳ бояд тарҳи ҷамъиятӣ бишавад, вагарна ҳич асаре дар муҳити итилоотӣ нахоҳад дошт».

[b]Роҳи қафо гаштан нест…[/b]

Бовуҷуди, Алиасғари Шеърдӯст ба он бовар аст, ки чун ин кор дар сатҳи сарварони давлат матраҳ гардидааст, амалӣ шуданист.

ӯ он андешаеро ҳам, ки шояд дар барномасозиву пахши намоиш барои мардуми Афғонистон мушкили забонӣ пеш ояд, сода шуморида мегӯяд, ки метавон ҳамон барномаҳоро дар баробари забони форсии дарӣ бо забони пашту низ таҳия кард.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Назари дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки бояд ҳукуматҳо дар амалисозии ин тарҳ ба ширкатҳои хусусӣ такя кунанд, зеро дар ягон длавлат телевизионҳои ҳукуматӣ муваффақ набуданду намешаванд.

Дар ҳама ҳолат, амалисозии тарҳи телевизиони муштарак муҳиму ҷиддисту дар ҳолати хаёли хом шудани он ҳадси ҳамдиливу ҳамзабониву ҳамфарҳангӣ зери суол мемонад.

«Нигоҳ»

Источник: http://www.tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14694

Зарурати таъсиси сандуқе вижа барои ҳимоят аз хабарнигорон

[b]Теъдоде аз созмонҳои рӯзноманигорӣ ва хабарнигорони мустақил дар сададанд барои ҳимояти ҳуқуқии худ дар додгоҳҳо як сандуқи изтирорӣ таъсис диҳанд.[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ), рӯзи панҷшанбеи 26 май дар ҳамоише бо номи “Дастрасӣ ба кумакҳои ҳуқуқӣ” дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар пайи афзоиши қазияҳои додгоҳӣ алайҳи расонаҳо зарурати таъсиси чунин сандуқе ба миён омадааст.

Оқои Қаршибоев афзуд, ки феълан дар додгоҳҳои Тоҷикистон 8 парванда дар қиболи нашрияҳои мустақил ва хабанигорон баррасӣ мешавад ва бештари хабарнигорон ва расонаҳои мустақил имкони пардохти ҳаққи хидмати вакили мудофеъро надоранд.

[b]Матни пурраи гузоришро дар сомонаи мо бо пахш кардани суроғаи зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=64]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=64[/url]

Источник:

Зарурати таъсиси сандуқе вижа барои ҳимоят аз хабарнигорон

[b]Теъдоде аз созмонҳои рӯзноманигорӣ ва хабарнигорони мустақил дар сададанд барои ҳимояти ҳуқуқии худ дар додгоҳҳо як сандуқи изтирорӣ таъсис диҳанд.[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ), рӯзи панҷшанбеи 26 май дар ҳамоише бо номи “Дастрасӣ ба кумакҳои ҳуқуқӣ” дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар пайи афзоиши қазияҳои додгоҳӣ алайҳи расонаҳо зарурати таъсиси чунин сандуқе ба миён омадааст.

Оқои Қаршибоев афзуд, ки феълан дар додгоҳҳои Тоҷикистон 8 парванда дар қиболи нашрияҳои мустақил ва хабанигорон баррасӣ мешавад ва бештари хабарнигорон ва расонаҳои мустақил имкони пардохти ҳаққи хидмати вакили мудофеъро надоранд.

Ҳамчунин, ширкаткунандагони ҳамоиш таъкид карданд, ки Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ”, муддати 7 моҳ боз дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад ва зану фарзандонаш ба кумакҳои молӣ шадидан ниёз доранд.

Зимнан, оқои Исмоилов ҳафт моҳ пеш дар ноҳияи Ашт, дар шимоли Тоҷикистон, боздошт шуда ва аз сӯйи мақомоти додситонӣ ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ муттаҳам шудааст.

Аммо масъулони АМРМТ боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ дар шимоли Тоҷикистон муртабит хондаанд.

Ҳамчунин, Алиҷони Муҳаммад, хабарнигори дигари мустақил аз шаҳри Душанбе, ахиран дар пайи як баҳси шаҳрвандӣ перомуни хариду фурӯши манзил аз сӯйи мақомоти интизомӣ боздошт шудааст.

Ҳамчунин, додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ахиран фаъолияти Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиоти рӯзноманигорӣ, як созмони рӯзноманигориро, ки муассиси нашрияи «Пайкон» аст, мутаваққиф карда ва нашрия низ аз чоп мондааст.

Нуриддин Қаршибоев гуфт, ки дар сурати таъсиси Сандуқи изтирорӣ барои ҳимояти ҳуқуқӣ аз расонаҳо ва хабарнигорон мумкин аст дар канори пардохти ҳаққи хидмати вукалои мудофеъ ба хонаводаҳои хабарнигорони боздоштшуда низ кумакҳои молӣ ироа шавад.

Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, АМРМТ ҳамасола ба ин манзур 1800 дулор ихтисос медиҳад, ки ин маблағ ночиз буда ва барои ҳимоят аз ҳуқуқи расонаҳо ва хабарнигорон дар додгоҳҳо кифоят намекунад.

[b]Имкони дастрасӣ ба кумаки ҳуқуқии ройгон[/b]

Зулфиқор Замонов, раиси Шӯрои назоратии Идораи ҳуқуқи башар ва риъояти қонуният дар Тоҷикистон, гуфт, ки моддаи 19-и Қонуни Асосӣ ироаи кумакҳои ҳуқуқии ройгон ба атбоъи ин кишварро замонат додааст.

Ба гуфтаи вай, бар асоси ин санад, давлати Тоҷикистон муваззаф аст хадамоти ройгони вакили мудофеъро барои намояндагони ақшори фақири ҷомеъа дар додгоҳҳо таъмин кунад.

Ӯ таъкид кард, ки бархе аз нашрияҳо ё хабарнигорон, ки имкони молии гирифтани вакили мудофеъро надоранд, метавонанд аз ин ҳаққи худ истифода кунанд.

Аммо бархе аз сардабирони нашрияҳои мустақил, ки таҷрубаи муҳокимаҳои додгоҳиро доштанд, истифода аз хидмати ройгони вакили мудофеъро дар ҳалли қазоёи додгоҳӣ ғайримуассир хонданд.

Онҳо гуфтанд, ки таҷрубаи муҳокимаҳои додгоҳӣ ҳокист, ки кайфияти кумаки ҳуқуқии ройгони вукалои мудофеъ пойин буда ва ба таври фаврӣ ироа намешавад.

Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж”, нашрияи мустақил, гуфт, ки аз ин лиҳоз ба ҳангоми муҳокимаи додгоҳии ин нашрия аз хадамоти ҳуқуқии пулӣ истифода шуда ва ҳаққи хидмати вакили мудофеъро Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон пардохтааст.

Ҳамзамон, раҳбарони созмонҳои рӯзноманигорӣ гуфтанд, ки бештари вукалои мудофеъ аз ҳимояти ҳуқуқии нашрияҳои мустақил дар додгоҳ бо баҳонаҳои мухталиф худдорӣ мекунанд ва «танҳо чанд нафари нотарс» назири Иноят Иноятов, Қимат Розиева, Солиҷон Ҷӯраев ва Қаюм Юсуфов, ба ҳимоят аз расонаҳои мустақил дар додгоҳҳо розӣ шудаанд.

Қимат Розиева, вакили мудофеъ, гуфт, ки ба ҳангоми баррасии парвандаҳои нашрияҳои мустақил дар додгоҳҳо на танҳо рӯзноманигорон, балки вакилони мудофеъ низ таҳти фишори мақомоти давлатӣ қарор мегиранд.

Ҳамзамон, хонуми Розиева таъкид кард, ки дар сурати муттаҳид шудани рӯзноманигорон ва талошҳои муштараки вукалои мудофеъ, хабарнигорон, расонаҳо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар қазоёи додгоҳӣ ба пирӯзӣ даст ёфтан мумкин аст.

Ӯ ба унвони мисол аз даъвои се додрас бо Солиҷон Ҷӯраев, вакили мудофеъ ва нашрияҳои “ASIA-Plus”, “Фараж” ва “Озодагон” дар соли ҷорӣ ёдовар шуд, ки ба таври мусолиматомез ҳал шудааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/05/110526_mm_press.shtml

Ҷефри Пайат озодии ВАО-ро дар Душанбе баррасӣ кард

Муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ҷефри Пайат ба Душанбе ташриф оварда, бо масъулини вазорати умури хориҷа мулоқот кард.

Тавре ба «Озодагон» аз сафорати Амрико дар Душанбе иттилоъ доданд, ҳадафи аслии ин нишаст идомаи муҳокимаи масъалаҳои дар ҷараёни машваратҳои дуҷонибаи ҳосилшуда буд. Аснои боздиди худ ҷаноби Пайат бо донорони байналмиллалӣ барои муҳокимаи ҳамоҳангсозии кӯмаки хориҷӣ ба таҳкими марзҳои Тоҷикистон вохӯрд. Ҳамзамон, мулоқоти ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои баррасии масоили ҳуқуқи инсон, озодии мазҳабӣ, волоияти қонун, озодии воситаҳои ахбори омма ва масъалаҳои ҷавонон ва гендерӣ сурат пазируфт. Маврид ба ёдоварист, 12-уми апрели соли равон ёвари котиби давлатии ИМА Блейк ҳайати намояндагони ИМА-ро дар машваратҳои дуҷонибаи солона бо ҳукумати Тоҷикистон роҳбарӣ намуд. Зимнан, ҳукуматҳои ИМА ва Тоҷикистон ҳолати муносибатҳои дучониба, бахшҳои манфиатҳои умумӣ ва роҳҳои густариши ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/552-2011-05-24-12-00-34.html

МУРОҶИАТНОМАИ

[b]Иштирокчиёни мизи мудаввари «Вижагиҳои фаъолияти журналистӣ дар шароити муосир: мушкилоти ВАО- и Тоҷикистон»[/b]

[b]Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон[/b]

Мо, иштирокчиёни Мизи мудаввар эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки мавқеъи мо – журналистон ва коршиносони ВАО –и кишварро нисбати матну мӯҳтавои лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» мавриди баррасӣ қарор диҳед.

Омӯзиши лоиҳаи қонуни мазкур нишон дод, ки он дорои як қатор бартариҳо буда, аммо аз камбудиҳо низ холӣ нест. Дар иртибот бо ин, мо як қатор таклифу пешниҳодҳои худро ба самъи вакилон расонида, бовар дорем, ки ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи қонун, онҳо ба эътибор гирифта мешаванд:

Ҳамин тариқ:

1. Моддаи 2 лоиҳа ба иловае эҳтиёҷ дорад, ки бартарии меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшударо таъкид кунад;

2. Матни моддаи 3 лоиҳа нисбати он, ки редаксия метавонад масъулияти ахбору маводи нашркардаашро ба дӯш нагирад, нодуруст ва хилофи қонунгузорист;

3. Бақайдгирии давлатии ВАО бо тартиби барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ муқарраршуда (моддаи 6 лоиҳа) иштибоҳи дағали ҳуқуқист, зеро ВАО усулан наметавонанд субъекти ҳуқуқ бошанд – онҳо ҳамагӣ ва фақат шакли паҳн намудани ахбори оммаанд. Нигаред ба матни моддаи 1 лоиҳаи қонун: ВАО ин рӯзнома, маҷалла…, хабарҳои агентиҳо, барномаҳои телевизиону радио ва ғайра мебошад. Яъне ВАО ташкилот ё шахс нестанд Дар ин сурат, баҳисобгирии давлатии ВАО (моддаи 7 лоиҳа), ки бо чунин тарзи бақайдгирии давлатӣ асос ёфтааст, низ эътибори ҳуқуқӣ нахоҳад дошт, ногуфта аз он, ки такрори бақайдгирии як шахси ҳуқуқӣ мамнўъ аст;

4. Бақайдгирии ВАО ва оинномаи редаксияи он (агар редаксия чун шахси ҳуқуқӣ ташкил шавад) бояд ба зиммаи Вазорати адлия ва ё беҳтар ба мақомоти махсуси (масалан агентӣ, хадамот ва ғ.) ваколатдори давлатӣ доир ба ин соҳа гузошта шавад;

5. Бо назардошти он ки мафҳумҳои «раддия» ва «ҷавоб» комилан мухолифанд, зарур аст, ки дар моддаи 19 лоиҳа ҳар яке аз ин ҳолатҳоро алоҳида шарҳ дода, асос ва тартиби амали ҳуқуқи раддия ва ҷавоб (чун дар моддаи 174 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҷудогона ва мукаммал дарҷ гардад;

6. Вобаста ба матни ҳамин моддаи 19 лоиҳа қайд кардани он ҳолатро зарур мешуморем, ки шахси ҳуқуқӣ наметавонад соҳиби «шаъну шараф» бошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 5 ва 42), Кодекси гражданӣ (моддаи 174) чунин ҳолатро фақат ба шаҳрванд ва инсон мутааллиқ медонанд.

7. Пешниҳод менамоем, ки қисми охирини моддаи 25 лоиҳа чун матни моддаи 7 Қонуни Конститутсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар гардад: «дар иттилооти худ натиҷаи баррасии парвандаи мушаххасро пешакӣ ҳал намоянд». Ҳамин моддаи лоиҳа, ба андешаи мо, метавонист бо матни қисми 2 моддаи 144 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳфуз доштани манбаи иттилоотро муайян мекунад, пурра карда шавад;

8. Лозим мешуморем, ки дар лоиҳа меъёрҳои моддаи 38 Қонуни амалкунанда «товони зарари маънавӣ» бо номи нави «ҷуброни зарари маънавӣ» (чун дар Кодекси гражданӣ) барқарор шаванд ва ба он сархати дуюме бо мазмуни зайл илова гардад: «андозаи ҷуброни зарари маънавиро суд аз рӯи талаботи оқилона ва одилона, бо назардошти вазъи молумулкии редаксияи воситаи ахбори омма муайян менамояд. Андозаи ҷуброни зарари маънавӣ набояд ба маҳдуд гардонидани фаъолияти воситаи ахбори омма ва ё ба бастани фаъолияти он оварда расонад»;

9. Ба моддаи 32 лоиҳа меъёри зерин аз моддаи 36 Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» илова карда шавад: «агар ин маълумот тавассути васоити дигари ахбори омма нашр шуда бошад ва зимнан манбаи он зикр гардида бошад»;

10. Дар лоиҳаи конун бояд моддаи махсус ба асосҳо, шарту шароит, тартиби қатъи табъу нашр ва боздоштани фаъолияти ВАО бо бақайдгирии чунин амалҳо бахшида шавад. Инчунин дар матни лоиҳа мебоист мафҳум ва мӯҳтавои амалҳои таҳқиқоти журналистӣ ва тартиби паҳн намудани ахбору маводи бо истифодаи сабти ниҳонӣ (скрытая запись) гирифташуда ҷой дода мешуд.

Вакилони мӯҳтарам,

Ҳоло ки лоиҳаи қонуни мазкур барои омӯзиш ва таҳқиқи иловагӣ дар кумитаҳо ва шӯъбаи ҳуқуқии дастгоҳи Маҷлиси намояндагон қарор дорад, ба ақидаи мо, ба назар гирифтани ҳолатҳои дар боло зикргашта, бешубҳа, ба манфиати кор хоҳад буд. Дар айни замон лоиҳа аз дигар лаҳзаҳои заифии ҳуқуқӣ, мантиқӣ ва таҳрирӣ низ холӣ нест. Масалан ҷой доштани ибораи «хусумати иҷтимоӣ» дар моддаи 9 лоиҳа дар сурати набудани тавзеҳи чунин мафҳум ба фаъолияти харрӯзаи журналиcтоне, ки проблемаҳои танқидӣ- иҷтимоиро мебардоранд, хатари ҷиддие хоҳад буд.

Бо назардошти нақшу мақоми ВАО дар ҷамъияту давлат, ки, аз ҷумла, аз пайёми имсолаи Президенти кишвар ба парламенти мамлакат бармеоянд, пешниҳод мекардем:

• Дар асоси меъёрҳои дахлдори Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро дар ду қироат баррасӣ намояд ва баъди қироати аввал онро ба муҳокимаи умумихалқӣ барорад;

• Гузаронидани муҳокимаи парламентии лоиҳаи қонун «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» бо иштироки намояндагони ВАО низ зарурати воқеӣ дорад ва мувофиқи максад хоҳад буд.

3.05.2011 ш. Душанбе

Источник: Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Рўзномахои Мустакил ва ноМустакил…

[b]Боби1. Аз советӣ то хусусӣ [/b]

Дар замони Ҳукумати Советӣ одамон ҳар рўзу ҳар соат бетоқатона интизори рўзномаю журналҳо буданд, ки кай хаткашон меояд. Ҳама коргару деҳқон, хонашин, нафақахўрон дар ҷойҳои кор ва почта ихтиёрӣ ба рўзномаҳои марказӣ, республикавӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ обуна мешуданд. Нархи рўзномаҳо хеле арзон 2-3 тин буд, ҳоло бошад, 1,5-2 сўм.

Агар рўзе 1 рўзнома бо ягон сабабе ба хонандагон дастрас намешуд, мекофтанду гунаҳкорро муайян мекарданд ва ҷазояш медоданд, барои он ки ҳамаи рўзномаҳо ба манфиати халқу Ватан буд. Ҳоло ҳам, хусусан рўзномаҳои мустақил, ба манфиати халқ ва пешбурди мамлакат хизмати босазо мекунанд.

[b]Матни пурраи матлабро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=63]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=63[/url]

Источник:

Рўзномахои Мустакил ва ноМустакил…

[b]Боби1. Аз советӣ то хусусӣ[/b]

Дар замони Ҳукумати Советӣ одамон ҳар рўзу ҳар соат бетоқатона интизори рўзномаю журналҳо буданд, ки кай хаткашон меояд. Ҳама коргару деҳқон, хонашин, нафақахўрон дар ҷойҳои кор ва почта ихтиёрӣ ба рўзномаҳои марказӣ, республикавӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ обуна мешуданд. Нархи рўзномаҳо хеле арзон 2-3 тин буд, ҳоло бошад, 1,5-2 сўм.

Агар рўзе 1 рўзнома бо ягон сабабе ба хонандагон дастрас намешуд, мекофтанду гунаҳкорро муайян мекарданд ва ҷазояш медоданд, барои он ки ҳамаи рўзномаҳо ба манфиати халқу Ватан буд. Ҳоло ҳам, хусусан рўзномаҳои мустақил, ба манфиати халқ ва пешбурди мамлакат хизмати босазо мекунанд.

Дар рўзномаҳои давраи советӣ масъалаҳои ҳалталаб, камбудию норасоиҳо дар ташкилотҳо, колхозу совхозҳо, идораю вазоратхонаҳо, судҳою прокуратураҳо буда чоп мешуданд. Дар баробари ин, аз танқиду норасоиҳои дар рўзнома нишондодашуда касе малол намешуд, мисли ҳозира рўзномаҳоро ба суд намекашиданд, ба адреси кадом ташкилоте, ки камбудӣ нишон дода шуда буд, дар ҳамон ташкилот дар муддати кўтоҳ дар маҷлисҳои кушоди ибтидоӣ, партиявии ташкилот муҳокима карда мешуд ва ба шахси гунаҳкор ҷазои сазовор дода ва ҳам аз тарафи комитети партиявии район назорат бурда мешуд, ки камбудии дар рўзнома нишондодашударо дар мўҳлати муайяншуда ислоҳ гарданд ва ба редаксия аз иҷрои мақолаи танқидӣ ҷавоб нависанд.

Дар замони истиқлолият сафи рўзномаҳои ҳукуматӣ хеле кам шуд ва он рўзномаҳое, ки мебароранд, он қадар завқовар нестанд ва бо таърифи каме муваффақиятҳо дода мешаванду намебинанд, ки Тоҷикистон дар чӣ ҳол асту халқамон дар кадом шароит умр ба сар мебарад.

[b]Боби 2. Рўзии Раҷабу Нерўи Мухтор…[/b]

Шукрони истиқлолият ва демократияи он, ки дар мамлакатамон рўзномаҳои мустақил шумораашон дар солҳои охир зиёд шуд, вале мансабдорони баландпояи ҳукумат ба сари онҳо ҷабру ситам овард. Солҳои қабл рўзномаҳои «Нерўи сухан»-и Мухтор Боқизода ва «Рўзи нав»-и Раҷаби Мирзо мебаромад, ки дар матбуоти ҳамон замон сазовори эҳтироми мардум буданд, бисёр камбудиҳои фасодкору хиёнаткорро ҷасурона ошкор мекарданд. Ба ҷои он ки мансабдорон камбудиҳои ошкоршударо ислоҳ кунанду ба халқу ватани худ хизмати босазое ва аз журналист барои ошкор намудани камбудӣ миннатдорӣ ва узр пурсанд, онҳоро бастанд! Ин рафтори онҳо ноҷавонмардона аст ва ҳукумат фасодкоронро пуштибонӣ кард.

Имрўз дар ошкор намудани бисёр камбудию фасодкорӣ рўзномаи «Пайкон» саҳми калон дошт, ҳар як тири «Пайкон» рост ба нишон мерасид, тираш бехато буд, барои ҳамин буд, ки ҳамаи мансабдорони баландпоя аз тирҳояш метарсиданд. Имрўз Пайкон ҳам дар мушкилӣ қарор дорад…

Ман 1 вақтҳо шунида будам, ки матбуотро оинаи давлат мегуфтанд, ин дар ҳақиқат рост аст, барои он ки тамоми камбудию норасоӣ ва сиру асрори ин ё он мансабдорро мебинад ва барои барҳам додани камбудиҳо кўшиш ба харҷ медиҳад, ки камбудию норасоиҳои ҷойдошта саривақт ислоҳ шаванд. Агар ҳукумат васоити ахбори оммаро пуштибонӣ кунад, дар навбати аввал маоши онҳоро баланд бардорад ва назорат кунад, хараҷу мараҷ, коррупсия ва дигар нуқсонҳои зараровар барҳам мехўрад ва иқтисодиёт дар мамлакат баланд мегардад. Тоҷикистони азиз яке аз мамлакатҳои тараққикардаи дунё мегардад.

[b]Боби 3. СССР фахри Тоҷикистон[/b]

Ҳоло дар Тоҷикистон рўзномаи сермухлистарин, серхонандатарин, ки берун аз мамлакат машҳур аст, ҳукумат бояд ба ин рўзнома, ки номаш СССР аст, фахр кунад. Дар ин рўзнома журналистони бисёр ҳам ватанпарвару миллатдўст, болаёқат, ботаҷрибаи бойдошта аз чиҳати иқтисодию сиёсӣ саводнок ва халқпарвар кор мекунанд, ки ин ба манфиати халқу ватан аст. Халқи тоҷик, хусусан синнусолрафтаҳо бо ин рўзномаи СССР мефахранду шоданд ва баромадани рўзномаро бесаброна интизоранд. Ҳамаи кормандони ВАО-ро бо Рўзи матбуот табрик мегўям, дар корҳояш мувафаққиятҳои калон орзу мекунам…

Ҷумъа МУРОДОВ, нафақагир, ноҳияи

Источник: http://www.khatlonpress.tj/index.php?option=com_content&task=view&id=735&Itemid=1

Шикваи Эрон аз мушкилоти ташкили TV-и форсизабонон

[b]Алиасғари Шеърдӯст ҷониби Тоҷикистонро дар таъхири роҳандозии ТВ форсизабони «Наврӯз» муттаҳам кард.[/b]

Ӯ гуфт, ҷониби Эрон ба ҳама тааҳуди худ амал карда ва то кунун сохтмони ин телевизионро таъмир намудаааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи сафир, онҳо таҷҳизотро ворид сохта ва интизори посухи ҷониби Тоҷикистон барои таъйини рӯзи мушаххаси нашри барномаҳои ин телевизионанд.

Аммо мегӯяд ҷаноби Шеърдӯст, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, Асадулло Раҳмонов, ба зангҳои телефонии ӯ барои ҳамоҳангсозии нашри барномаҳо пусух намедиҳад.

[b]Матни пурраи гузоришро баъди пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мтолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=62]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=62[/url]

Источник:

Шикваи Эрон аз мушкилоти ташкили TV-и форсизабонон

[b]Алиасғари Шеърдӯст ҷониби Тоҷикистонро дар таъхири роҳандозии ТВ форсизабони «Наврӯз» муттаҳам кард.[/b]

Ӯ гуфт, ҷониби Эрон ба ҳама тааҳуди худ амал карда ва то кунун сохтмони ин телевизионро таъмир намудаааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи сафир, онҳо таҷҳизотро ворид сохта ва интизори посухи ҷониби Тоҷикистон барои таъйини рӯзи мушаххаси нашри барномаҳои ин телевизионанд.

Аммо мегӯяд ҷаноби Шеърдӯст, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, Асадулло Раҳмонов, ба зангҳои телефонии ӯ барои ҳамоҳангсозии нашри барномаҳо пусух намедиҳад.

[b]»РАҲМОНОВ ҶАВОБ НАМЕДИҲАД»[/b]

«Ҳатто зангҳое, ки мо мезанем, Асадулло Раҳмонов ҷавоб намедиҳад. Мо як моҳ талош кардем, ки як ҷаласа бо эшон бигузорем, ба мо гуфтанд, ки ёддошт бидиҳед. Нотаи расмӣ бидиҳед. Аммо нотаи расмӣ мо фақат барои мулоқоти мақомоте медиҳем, ки як бор мехоҳанд биоянд ва мулоқот кунанд. Мо ҳар рӯз бояд ҷаласа дошта бошем. Ман намехоҳам гилоя бикунам, агар Асадулло Раҳмонов матраҳ накарда буд, ман матраҳ намекардам. Вале ман ин ҷо суол мекунам, чун муовини мӯҳтарами эшон ин ҷо ҳастанд, ғайр аз ду табақаи як сохтмони махруба чӣ коре барои ин телевизион карданд? Ҳақиқатан дилозурда шудам, мо дар ин майдон ва шахси ман аълон танҳо ҳастам»,-афзуд сафири Эрон.

Гуфтанист, Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар чанд ҳафтаи пеш Эронро ба амал накарданаш дар иҷрои тааҳуди худ барои роҳандозии телевизиони «Наврӯз» муттаҳам намуда буд.

Аммо сафири Эрон чунин чизеро радд мекунад ва мегӯяд, Эрон бештар аз тааҳуди худ амал кардааст. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки бар асоси тавофуқ таъмини сохтмон бар ӯҳдаи ҷониби Тоҷикистон буд, Тоҷикистон фақат як бинои фарсударо дар ихтиёри ин телевизион қарор дода, ки Эрон маҷбур шудааст, онро таъмир бикунад.

[b]ГИЛА АЗ МУШОВИРИ РАИСИҶУМҲУР[/b]

Ҷаноби Шеърдӯст ҳамчунин афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ворид намудани таҷҳизот низ ирода нишон надодааст. Ӯ гуфт, аз ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла аз сафири Тоҷикистон дар Олмон ва аз раиси ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр» дархост намудааст, ки дар амри ворид намудани таҷҳизоти техникӣ аз Олмон мусоидат кунанд. Аммо инҳо чунин кореро накардаанд.

Гузашта аз он, ба гуфтаи сафири Эрон, ӯ дар мулоқоти ахири худ аз Сайидмурод Фаттоев, мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамоҳангсози ҷониби Тоҷикистон дар таъсиси телевизиони «Наврӯз» низ ҳаст, хостааст, ки ба мушкилоти мавҷуд расидагӣ кунад ва ҷониби Тоҷикистон таърихи оғози нашри барномаҳоро таъйин кунад.

Аммо мегӯяд сафир, мушовири раисиҷумҳур то кунун ба ин дархост посух нагуфтааст. Дар ҳоле, ки бар асоси тавофуқи масъулини телевизион бо ширкатҳои олмонӣ, бояд 45 рӯз қабл аз оғози пахши барномаҳо ин рӯз таъйин шавад, то мутаххасисони олмонӣ ба Тоҷикистон биоянд ва корҳои техникиро ба сомон расонанд.

[b]МУОВИНИ РАҲМОНОВ: «ОГОҲ НЕСТАМ»[/b]

Дар ҳамин ҳол, Ҳабибулло Нозирӣ, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки дар нишасте ба манзури баррасии мушкилоти роҳандозии телевизиони «Наврӯз» бо сафири Эрон дар шаҳри Душанбе ширкат дошт, дар посухи ин суханони сафир гуфт: «Ростӣ, ман ба пуррагӣ огоҳ нестам. Ман пеш аз омадан омӯхтам, дар ин бора гуфта мешавад, ки биноро бояд Тоҷикистон омода кунад, таҷҳизотро Эрон ва моҳвораро Афғонистон. Дар ҳамин ҳудуд ман маълумот дорам, маълумоти зиёде надорам. Он чӣ ки Алиасғари Шеърдӯст гуфтанд, ман нав огоҳӣ ёфтам, пеҳшниҳоди ҷаноби Шеърдӯстро ба раиси Кумита мерасонам, мо ба ҳам меоем, дар ин мавзӯъ сӯҳбат мекунем.»

Таҳлилгарони тоҷик, ки дар ин нишаст ширкат доштан мегӯянд, мушкили аслӣ дар роҳандозии телевизиони форисзабон давлатӣ будани ин тарҳ аст. Дар ҳоле ки ҳар се кишвари форсизабони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар мадорҳои мухталифи сиёсати ҷаҳонӣ қарор доранд ва манофеи мухаталиферо дунбол мекунанд.

[b]МУШКИЛИ ПАНҶСОЛАИ ТВ ФОРСИЗАБОН[/b]

Аз нигоҳи идеологӣ низ Тоҷикистон як давлати дунявӣ ва Эрону Афғонистон низомҳои маҳзабӣ доранд, ки метавонад як мушкили дигар дар барномасозиҳои ин телевизион бошад.

Аммо сафири Эрон мегӯяд, роҳи ҳалле барои нигаронии ҷониби Афғонистон низ пайдо шудааст ва он нашри ҳамзамони барномаҳо бо забони пашту хоҳад буд. Аммо мегӯяд ҷаноби Шеърдӯст, вазири фарҳанги Афғонистон Махдуми Раҳмин низ аз мулоқот роҷеъ ба ин масъала дар охирин сафари худ ба Тоҷикистон худдорӣ намудааст.

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар соли 2006 ба таъсиси телевизиони муштараки форсизабон иқдом намуданд. Аммо ба далоили мухталиф роҳандозии он то кунун анҷом нашудааст.

Аммо бо ҳама вуҷуд, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон дар охирин мулоқоти худ дар Наврӯзи гузашта тавофуқ намуданд, ки телевизиони “Наврӯз” қабл аз таҷлили 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон оғоз ба кор кунад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24180142.html

Беш аз 227 ҳазор сомонӣ барои пахши барномаҳои радиои Суғд

[b]Бо мақсади дастрас намудани таҷҳизоти техникӣ ҷиҳати оғоз намудани пахши 8-соатаи радиои вилоят, дар асоси дархости сардори идораи телевизион ва радиои вилоят қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз 16-уми майи соли ҷорӣ ба тасвиб расид. Дар ин бора ба TojNews аз Хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд.[/b]

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи қарори мазкур ба Сарраёсати молияи вилоят супориш дода шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои бақияи озоди буҷети вилоятӣ дар ҳолати 1-уми январи соли равон ба ҳисоби идораи телевизион ва радиои вилоят 227700 сомонӣ ирсол намояд.

— Идораи телевизион ва радиои вилоят муваззаф гардидааст, ки истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, дар ин хусус ба Сарраёсати молияи вилоят ҳособот пешниҳод намояд, — афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки зимни ҷаласаи корӣ Қоҳир Расулзода доир ба таъмини фазои иттилоотӣ ва фарогирӣ бо барномаҳои телевизионӣ ба масъулин супориш дода буд, ки ҳар сол аз буҷаи вилоятӣ барои насби таҷҳизоти мавҷпахшкунакҳои телевизонӣ 1 млн. сомонӣ ҷудо намоянд.

Ҳамзамон ин иқдом оид ба супориши дигари раиси вилоят барои гузаштан ба барномаҳои радиои вилоятӣ аз пахши 1-соата ба пахши 8-соата тадбирҳо андешида мешавад, ки барои харидорӣ намудани таҷҳизоти зарурӣ беш аз 220 ҳазор сомонӣ маблағ лозим мебошад, садо дода буд.

Ҷамшед МАЪРУФ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14502&Itemid=30

Ещё один сайт на WordPress