Раҷаби Мирзо: “Президент қаҳрамони асосии “Рӯзи нав” буд”

[b]Аз чопи нахустин шумораи нашрияи мустақили “Рӯзи нав” дар Тоҷикистон ҳашт сол сипарӣ мешавад.[/b]

Аммо ҳафт сол қабл, дар оғози моҳи ноябри соли 2004, охирин шумораи ин ҳафтанома ба нашр расида буд. “Рӯзи нав” дар таҷрибаи баъд аз ҷангии Тоҷикистон аввалин нашрияи мустақилбуд, ки дар мӯҳлати хеле кӯтоҳ ба яке аз нашрияҳои муваффақ табдил ёфт ва бори аввал ба интиқоди фаъолиятҳои мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла раисиҷумҳури ин кишвар пардохт.

Раҷаби Мирзо сардабири “Рӯзи нав” тайи як соли нашри ин ҳафтанома ду бор мавриди латукӯби афроди ношинос дар Хуҷанду Душанбе ҳам қарор гирифт.

[b]Дар як тамоси телефонӣ бо Раҷаби Мирзо, сардабири нашрияи мутаваққифшудаи “Рӯзи нав” пурсидем, ки муваффақияти “Рӯзи нав” дар чӣ буд?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] “Дар маҷмӯъ, агар сабабҳои шӯҳрат ва маҳбубияти “Рӯзи нав”-ро баён кунем, се омили асосӣ пайдо мешавад. Аввалан, аз шумораҳои нахустин ба мавзӯъҳои табуи матбуоти Тоҷикистон, яъне ҳарф задан дар бораи ҳаёт ва фаъолияти президент шурӯъ кард. Мо дар шумораи аввали “Рӯзи нав” зиндагиномаи президент Эмомалӣ Раҳмонро дар шакли мухтасар чоп кардем. Ин матлаб дар ҷомеа сарусадоро ба вуҷуд овард. Вақте ки охири соли 2003 Додситонии кул мехост ба Рӯзи нав Амрнома бидиҳад, ҳамин матлабро ҳам мисол оварда буд, ки гӯиё бо нашри он мо ба зиндагии шахсии раисиҷумҳур дахл кардаем. Дар ҳоле ки ин матлаби мо баргирифта аз китобе буд, ки бо фармоиши дастгоҳи иҷроияи президент ва бо забони русӣ навишта шудааст. Бо ҳамин гуфтан мехоҳам, ки аввалин маротиба “Рӯзи нав” тавонист, ки ҳаёт ва фаъолияти президентро барои мардуми Тоҷикистон матбуотӣ бикунад.”

[b]Озодӣ: Чаро маҳз раисиҷумҳур қаҳрамони “Рӯзи нав” интихоб шуд?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] “Агар мо матбуоти ҳамон вақтро мурур кунем, мебинем, ки ҳолати матбуоти имрӯзаро дошт. Яъне дар бораи ҳама ҳарф задан мумкин буд, вале дар бораи раисиҷумҳур ҳарф задан тақрибан имкон надошт. Ҳамин гуна як ҳолат моро водор кард, ки ин мавзӯъро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода бошем. Мо дар “Рӯзи нав” ҳарфи кӯҳна намегуфтем. Ҳатман ҳаводисе мавриди таҳлил қарор мегирифт, ки ҳамон ҳафта сурат мегирифт. Фаъолиятҳои президент аз дидгоҳи мусбату манфӣ, аз дидгоҳи мухолифин баррасӣ мешуд. Вақте мухолифин гуфтем, инро ҳам бояд зикр кунем, оне, ки тавонист чеҳраҳои нави мухолифинро барои ҷомеа муаррифӣ бикунад, маҳз “Рӯзи нав” буд. Чун аксар намояндагони аҳзоби сисёии Тоҷикистон ҳарфҳои гуфтании зиёд доштанду бе минбар буданд, дар симои “Рӯзи нав” минбари худро пайдо карданд. Пас аз ин ҷараёне эҳсос мешуд, ки дар ҷомеа шахсиятҳое, ки назари дигар доранд ва тавони баррасии мавзӯъҳои сиёсиву иҷтимоиро доранд, ҳастанд. Мо аввалин маротиба дар шумораи “Рӯзи нав” алакай дар бораи номзадҳои алтернативии президентӣ сӯҳбат ва шахсиятҳои матраҳро муаррифӣ кардем.”

[b]Озодӣ: Яъне метавонем бигӯем, ки Шумо аз фаъолиятҳои раисиҷумҳур интиқод карда, мухолифинашро таблиғ менамудед?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] “Инро намешавад.миссияи хоси “Рӯзи нав” гуфт, вале як самт ё сабки хоси рӯзнома буд. Ҳаводиси баъд нишон доданд, ки ҳамин мавзӯъ серхаридор аст ва наметавонист аз мадди назари раҳбарияти рӯзнома дур бимонад. Вале дуруст аст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамин гуна назар доштанд, гӯиё ин як лоиҳаи махсус аст, ки ба муқобили ҳукумат, хосса президент Раҳмон равона шудааст. Ҳол он ки метавонист дар ҳолати мо як раванди одие бошад, ки як фазои муносиберо барои худ ёфтем ва он метаовнист барои мо паҳлуи тиҷоратӣ дошта бошад, на бештар аз ин.”

[b]Озодӣ: То ба ҳол сабабҳои мутаваққиф шудани нашри ҳафтаномаро расман бо мақомот дар миён гузоштед?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо: [/b]“Мо сӯҳбатҳои расмӣ надоштем. Вале имрӯз ҳам мақомот мегӯянд, ки гӯиё онҳо дар мутаваққиф шудани чопи “Рӯзи нав” даст надоранд. Аз ҷониби онҳо дастури шифоҳӣ ва катбӣ сурат нагирифтааст, ки чопхонаҳои Тоҷикистон нашрияро ба чоп нарасонанд. Аммо бубинед, моҳи августи соли 2004 шумораи навбатии “Рӯзи нав”-ро омода кардем. Ҳеҷ як аз чопхонаи Тоҷикистон розӣ намешуд, ки онро чоп кунанд. Раҳбарияти яке аз ин чопхона розӣ шуд, ки рӯзномаро ба табъ бирасонад. Мо гуфта будем, ки маоши шашмоҳаи кормандонашро пардохт мекунем. Аммо вақте рӯзномаро омода карда ба наздаш бурдем, нашрияро чоп накард. Дигар имкони дар дохили Тоҷикистон чоп кардани рӯзномаро пайдо накардем. Тасмим гирифтем, ки онро дар Қирғизистон чоп бикунем. Ин иқдоми мо ба ду омил вобаста буд. Якум, мехостем фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Тоҷикистон ва бидуни вайрон кардани қавонин идома бидиҳем ва дуввум бубинем, ки мақомот ба ин иқдоми мо чӣ вокунише нишон медиҳанд. Чоруми ноябри соли 2004 рӯзнома аз Қирғизистон ба Душанбе оварда шуд, вале аз ҷониби пулиси нақлиёт боздошт гардид. Сабабҳои бисёр гуногун ва хандаоваре ҳам гуфта шуд.”

[b]Озодӣ:[/b] [b]Агар имкон шавад, Шумо боз ҳамчунин рӯзномаеро ба монанди “Рӯзи нав” ва ё худи “Рӯзи нав”-ро ба нашр мерасонед?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] “Намедонам ба ин суол чи посухе бидиҳам. Зеро тасмимҳое доштам, ки чанд рӯзнома ҳам роҳандозӣ бикунам. Лекин исми Раҷаби Мирзо барои мақомот як исми даҳшатангез шудааст. Намедонам, бо чи сабаб имкон намедиҳанд, ки ин корро бикунам. Ҳатто мо як рӯзномаи тафреҳӣ ба роҳ монданӣ будем, пас аз шумораи аввалаш нагузоштанд, ки онро чоп бикунем. Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ба ҳеҷ далел исбот карда натавонистанд, ки ман иягон қонуни Тоҷикистонро нақз кардаам. Ба ҳар ҳол, имрӯз сари ин мавзӯъ андеша мекунам. Чун бояд коре кард. Зеро матбуоти тоҷик рӯз то рӯз хонандаҳои худро аз даст медиҳад. Пас, бояд иқдоме сурат бигирад.”

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24289252.html

Фасод ва расонаҳо: «Шаҳрвандон ба матбуъот эътимоди бештар доранд»

[b]Дар ҳамоише дар Душанбе таъкид шуд, теъдоди зиёде аз шаҳрвандони тоҷик барои додхоҳӣ шикоёти худро ба мақомоти зирабт на, балки ба нашрияҳо ва расонаҳои мустақил ирсол мекунанд, теъдоди чунин дархостҳо аз расонаҳо дар як соли ахир ба маротиб афзоиш ёфтааст.[/b]

Ҳамоиш таҳти унвони «Фасод ва расонаҳо» дар рӯзи ҷумъаи 5-уми август ба ибтикори Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва созмони “Маркази таълиму таблиғоти алайҳи фасод” баргузор шуд.

Ширкаткунандагони ҳамоиш таъкид карданд, ки далели муроҷиъати бештари шаҳрвандон ба расонаҳо қабл аз ҳама дарёфт нашудани посух ва ё беэътиноии ниҳодҳои давлатӣ нисбат ба дархостҳо ва эътимоди ками шаҳрвандон ба ин ниҳодҳо будааст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=111]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=111[/url]

Источник:

Фасод ва расонаҳо: «Шаҳрвандон ба матбуъот эътимоди бештар доранд»

[b]Дар ҳамоише дар Душанбе таъкид шуд, теъдоди зиёде аз шаҳрвандони тоҷик барои додхоҳӣ шикоёти худро ба мақомоти зирабт на, балки ба нашрияҳо ва расонаҳои мустақил ирсол мекунанд, теъдоди чунин дархостҳо аз расонаҳо дар як соли ахир ба маротиб афзоиш ёфтааст.[/b]

Ҳамоиш таҳти унвони «Фасод ва расонаҳо» дар рӯзи ҷумъаи 5-уми август ба ибтикори Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва созмони “Маркази таълиму таблиғоти алайҳи фасод” баргузор шуд.

Ширкаткунандагони ҳамоиш таъкид карданд, ки далели муроҷиъати бештари шаҳрвандон ба расонаҳо қабл аз ҳама дарёфт нашудани посух ва ё беэътиноии ниҳодҳои давлатӣ нисбат ба дархостҳо ва эътимоди ками шаҳрвандон ба ин ниҳодҳо будааст.

Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи “ASIA-Plus” гуфт, бештари шикоёт ба нашрияҳо марубат ба мушкилоти манзилӣ ё норизоиятии шаҳрвандон аз ҳукми додгоҳҳо ташкил медодааст. Вай гуфт пас аз чопи бархе аз шикоёт дар «ASIA-Plus» масъулони нашрия ба додситонию додгоҳҳо даъват шудаанд.

Ба эътиқоди оқои Мамадшоев, вазифаи матбуъот расондани иттилоъ аст, на бозрасии қазияҳо.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон далели афзоиши шикоёт ба матбуъотро ба дилсард шудани шаҳрвандон аз сохторҳои давлатӣ марбут хонд.

Зеро ба гуфтаи оқои Қаршибоев бар асоси як пажӯҳишҳои мустақил аз 100 муроҷиъати шаҳрвандон ба сохторҳои давлатӣ танҳо 1 ё 2 посухи мусбӣ дарёфт мешудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар бештари маворид ба муроҷиъати посухе дода намешавад. Ин дар ҳолест, ки бар асоси Қонуни “Муроҷиъати шаҳрвандон” масъулони сохторҳои давлатӣ бояд ба дархосту шикоёт посухи мушаххас гӯянд.

Аз сӯйи дигар, Сергей Романов, раиси Маркази мустақили ҳуқуқи башари Тоҷикистон гуфт, ки дар солҳои ахир шикоятҳо ё дархостҳо ба мақомоти давлатӣ аз тариқи пусти электрунӣ (имейл) ирсол мешаванд ва аз ин лиҳоз, мушаххас кардани он, ки имейл дарёфт шуда ё хайр душвор аст.

Оқои Романов ба унвони мисол аз сойти интернетии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки ҳамарӯза аз тариқи пусти электрунӣ даҳҳо дархосту шикоёт ворид шуда, аммо сарнавишти онҳо рӯшан нест.

Ӯ гуфт, танҳо гоҳ-гоҳе Президент Раҳмон дар мулоқотҳо таъкид мекунад, ки аз тариқи имейл аз фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ шикоёт ворид шудааст.

Сергей Романов гуфт, тибқи Қонуни “Муроҷиъати шаҳрвандон” масъулони сохторҳои давлатӣ, ки дар муддати муқаррар шикоёту дархостҳои шаҳрвандонро расидагӣ накардаанд, муҷозот хоҳад шуд.

Ҳамзамон, оқои Романов таъкид кард, то ҳол дар Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин замина оморе пайдо карда натавонистааст.

Дар ҳамин ҳол, Алиакбар Абдуллоев, раиси созмони “Маркази таълиму таблиғоти алайҳи фасод” гуфт, ки дар бархе мавориди шокиён барои бароварда сохтани ниёзҳои худ маҷбур мешаванд ба масъулони ниҳодҳои давлатӣ ришва бидиҳанд.

Оқои Абдуллоев ҳушдор дод, бо таваҷҷӯҳ ба он ки, бештари муроҷиъаткунандагон афроди фақир буда, имкони пардохти ришва надоранд ва шикоёту дархости онҳо баррасӣ намешавад, ин амр метавонад ба афзоиши норизоятӣ дар ҷомеъаи кишвар мунҷар шавад.

Сӯҳроб Қоҳирзода, раиси бахши иттилоъотии Ожонси назорати давлатӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, вуҷуди навоқис дар фаъолияти масъулони давлатӣ барои баррасии шикоёти шаҳрвандонро эътироф карда, вале гуфт, ки барои ислоҳи ин вазъ бояд васоити ахбори умум ва созмонҳои ғайридавлатӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ҳамкорӣ кунанд.

Аз сӯйи дигар, Паём Фурӯғӣ, корманди Фарҳангистони Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар шаҳри Бишкек гуфт, нахуст бояд сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандони тоҷикро боло бурд, то онҳо тавонанд аз манофеъ ва ҳуқуқи худ дифоъ кунанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Фурӯғӣ, расонаҳо ва нашрияҳои мустақил ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар роҳи мубориза барои дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон муттаҳид шаванд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/08/110805_mm_media.shtml

Эътирози Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз сарлавҳаи «Миллат»

[b]Ман аз сарлавҳагузорӣ дар шумораи ахири ҳафтаномаи «Миллат», ки гуё Тӯраҷонзода президентро насиҳат кардаву президент қабул надоштааст, норозӣ ҳастам,- гуфт Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар сӯҳбат ба TojNews.[/b]

— Дар ҳафтаномаи «Миллат» мақола чоп шуда ва сарлавҳа гузоштанд, ки «Тӯраҷонзода Президентро насиҳат кард, Президент қабул накард». Воқеан ман ҳеҷ гуна истилоҳи насиҳатро истифода набурдаам. Ман танҳо хоҳиш карда будам. Дар сӯҳбате, ки рӯзи аввали Рамазон бародар Раҳматкарим — хабарнигори радиои «Озодӣ» бо ман дошт, пурсид, ки агар рафту Қонун «Дар бораи масъулияту падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имзо шавад, чӣ мегуед? Ман ҷавоб додам, ки умедворам ин қонун имзо намешавад ва хоҳиш кардам, ки ин қонунро имзо накунанд. Тасвиби ин қонун дар моҳи шарифи Рамазон боиси нороҳатии мардум мешавад ва маҳрумияти даҳҳо ҳазор ҷавони аз 12 то 18-сола, ки ин гуноҳи кабира аст. Ман дар ин суханронии худ хоҳиш карда будам, ки ҷаноби Президент ин қонунро имзо накунанд. Дар ин ҷо аслан истилоҳи насиҳат ҷоиз нест, зеро насиҳатро касе мекунад, ки аз насиҳатшаванда дар синну сол бузуртар бошад. Ман дар синну сол аз эшон хурд ҳастам. Гузашта аз ин, боз эшон раиси давлат ҳастанд. Намешавад раиси давлатро насиҳат кард,- афзуд ӯ.

Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки хоҳиш дорад иштибоҳи дар ҳафтаномаи «Миллат» батабърасида ислоҳ шавад.

Исматуллоҳи АЗИЗ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=16773&Itemid=28

Э. Раҳмон аз баландии «Кохи матбуот»-и Суғд чиҳоро дид?

[b]5-уми август бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи Кохи матбуот баргузор шуд.[/b]

Ин кохи 13-ошёна баландтарин бино дар маркази вилояти Суғд аст, ки бо сарфи 18 миллион сомонӣ аз соли 2007 то кунун бунёд шудааст.

[b]ХУҶАНД ДАР «НАЗОРАТ»-И ХАБАРНИГОРОН[/b]

Ҷаноби Раҳмон ифтитоҳи чунин коргоҳи бузургро ба расонаҳо ва хабарнигорони Суғд табрик гуфт. Вай ҳуҷраҳои кории кохи мазкурро барои фаъолияти рӯзноманигорон хуб номид ва зимни сӯҳбати кӯтоҳ дар ҳузури хабарнигорон ҳазломез илова кард, ки аз баландии ин кох маркази вилояти Суғду фаъолияти раҳбарони вилояту шаҳр зери назари хабарнигорон хоҳад буд. Ин ҳамзамон ишорае буд ба нақши матбуот дар ҳаёти ҷомеа.

Ҷовиди Аштӣ, хабарнигори нашрияи «Ҷумҳурият» дар Хуҷанд гуфт, раисҷумҳур ба ҳар дафтари корӣ даромада, бо хабарнигорон мулоқот ва барори корҳои эҷодӣ таманно намуд.

[b]РАСОНАҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ҒАЙРИДАВЛАТӢ[/b]

Ҷӯра Юсуфӣ, муовини сардабири нашрияи «Вароруд», яке аз расонаҳои мустақили вилояти Суғд гуфт, нашрияаш дар ду соли ахир дар шароити ногувори молӣ қарор дорад ва пардохти ҳаққи иҷораи дафтар барояшон ба сахтӣ даст медиҳад. Агар утоқҳои Кохи матбуот бо нархи қобили қабул пешниҳод шавад, ба ин ҷойи нав кӯч хоҳанд баст. Зеро утоқҳои Кохи матбуот дорои компютеру принтер ва шабакаи интернет аст.

Зимнан, ҳукумат расонаҳои худро дар биноҳои ҳукумативу муассисаҳои дигари давлатӣ дар канори хеш гирифтааст. Мушкили дафтар асосан хоси расонаҳои ҳамагонии мустақил аст.

Бархе рӯзноманигорони Суғд мегӯянд, ҷо додани ҳама расонаҳо дар зери як бом назорат ва контроли онҳоро барои мақомот сабук хоҳад кард.

[b]ХАБАРНИГОРОНИ ПУШТИ МИЛАҲОИ ЗИНДОН[/b]

Боз шудани Кохи матбуот дар ҳоле сурат мегирад, ки аз поёни соли гузашта то кунун ду хабарнигор дар вилояти Суғд дар пайи фаъолияти касбӣ ба паси панҷара кашида шуданд. Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳаллии нашрияи «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт дар пайи чопи мақолаҳои танқидӣ дар бораи фаъолияти раҳбарони ҳукумати ин маҳал бо хости ин раҳбарон моҳи нуҳум аст дар маҳбас қарор дорад.

Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар вилояти Суғд бо иттиҳоми собитнашудаи мансубият ба Ҳизб-ут-таҳрир як моҳро дар боздошт сипарӣ кард. Алайҳи ин ду хабарнигор парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Бархе аз хабарнигорони Суғд мегӯянд, ки онҳо ҷиҳати пешбурди кори худ ба таъмини ҳуқуқӣ ва таҳаммулпазирии раҳбарон дар баробари навиштаҳои танқидии онҳо, бештар аз коху қасрҳо ва утоқҳои муҷаҳҳаз ниёз доранд. Онҳо мегӯянд, ки танҳо гиромидошти ҳуқуқи касбиашон ба фаъолият ва баёни озоди онҳо мусоидат хоҳад кард.

Сафари кории раисҷумур Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, ки дар зимни он Кохи матбуотро боз кард, рӯзи чоршанбеи 3-юми август аз шаҳри Панҷакент шурӯъ шуд. Анҷоми сафар рӯзи 6-уми август дар Хуҷанд бо баргузории намоиши ботантанаи ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар ҷойи қаблии ҳайкали Ленин дар назар аст.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24287540.html

Нургалиев: Сомонаҳои экстремистӣ бояд маҳдуд шаванд

[b]Дар қаламрави Русия ҳудуди 7,5 ҳазор сомонаи экстремистӣ фаъол аст.[/b]

Ин нуқтаро Рашид Нургалиев, вазири умури дохилии Русия имрӯз зимни суханронӣ дар шаҳри Хабаровск изҳор дошт. Номбурда, ки дар ҷаласаи комиссияи байниидоравӣ оид ба муқобила бо экстремизм дар Русия сӯҳбат мекард, зарурати андешидани тамоми чораҳоро ҷиҳати маҳдуд кардани фаъолияти чунин сомонаҳо баён дошт.

«Мо аллакай ба қонун дар бораи ВАО тағирот ворид кардем, акнун дар ҳолатҳои ҷудогона сомонаҳои интернетӣ ба ВАО алоқаманд хоҳанд буд», -афзуд вазир.

Нургалиев ҳамчунин илова намуд, ки васоити ахбори омма метавонанд, алайҳи экстремизм муборизаи беамон баранд.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/jahon/1643-2011-08-03-06-22-11.html

ДАР КАДОМ ҶАНГИ ИНТЕРНЕТӢ ТОҶИКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД?

[b]29 июли соли 2011 ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии USAID, Internews Network, Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад дар Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди Tajnet- яке аз заминаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ» мизи мудавваре баргузор кард, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, байналмилалӣ, ВАО ва коршиносони соҳаи технологияи иттиоолтӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) ширкат карданд.[/b]

Мизи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ Шаҳло Акобирова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ҳусни мақтаъ бахшид. Ӯ дар бораи ҳадафу мақсадҳои ин нишаст ҳарф зада иброз дошт, ки дар ин гирдиҳамоӣ ширкаткунандагони он сиёсати рушди технологияҳои муосир, инкишофи иқтидори Tajnet ва оқибатҳои баромадан аз доираи он, афзалияти рақобатпазирии бозор барои рушди Tajnet, нақши маводи ватанӣ баҳри таъминӣ амнияти иттилоотӣ, зарурат ва инкишофи телевизиони IP ва масоили дигарро, ки хеле муҳиманд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=110]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=110[/url]

Источник:

ДАР КАДОМ ҶАНГИ ИНТЕРНЕТӢ ТОҶИКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД?

[b]29 июли соли 2011 ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии USAID, Internews Network, Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад дар Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди Tajnet- яке аз заминаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ» мизи мудавваре баргузор кард, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, байналмилалӣ, ВАО ва коршиносони соҳаи технологияи иттиоолтӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) ширкат карданд.[/b]

Мизи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ Шаҳло Акобирова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ҳусни мақтаъ бахшид. Ӯ дар бораи ҳадафу мақсадҳои ин нишаст ҳарф зада иброз дошт, ки дар ин гирдиҳамоӣ ширкаткунандагони он сиёсати рушди технологияҳои муосир, инкишофи иқтидори Tajnet ва оқибатҳои баромадан аз доираи он, афзалияти рақобатпазирии бозор барои рушди Tajnet, нақши маводи ватанӣ баҳри таъминӣ амнияти иттилоотӣ, зарурат ва инкишофи телевизиони IP ва масоили дигарро, ки хеле муҳиманд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар сӯҳбати мизи гирд Муҳаббатшо Рӯзадоров, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои илм ва технологияҳои муосир, дар бораи сиёсати давлат дар ин самт ва ҷараёни воридшавии технологияҳои навин ба ҳаёти ҷомеъа суханронӣ карда қайд намуд, ки истифодаи Интернет дар ҳаёти рӯзмараи мардуми Тоҷикистон торафт бештару васеътар ҷорӣ мегардад. Дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯро оид ба сиёсати технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ амал мекунад, ки дар он мутахассисони шинохтаи ин соҳа кору фаъолият менамоянд.

Яке аз вазифаҳои ин Шӯро агар мусоидат кардан ба густариши ТИК дар ҷомеъа бошад, вазифаи муҳими дигари он аз таъмин намудани амнияти иттилоотӣ дар ин самт иборат мебошад. Ба гуфтаи М.уҳаббатшо Рӯзадоров истифодаи бо мақсад ва самараноки Интернет дар давлатдорӣ ва ҳаёти ҷомеъа дар ҳалли як проблемаи хеле бузурги давлатдорӣ ва мардуми Тоҷикистон, яъне аз бунбасти коммуникатсонӣ раҳо ёфтан нақши хеле муҳиме бозӣ кардааст. «Имрӯз мо метавонем, к и бо дурдасттарин ноҳияҳои худ пайваста дар алоқа бошем, сӯҳбат кунем, муколима намоем ва масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳукумати ҶТ ва давлати Тоҷикистонро матраҳ кунем, роҳҳои ҳарчи зудтари ҳаллу фасл кардани онҳоро пайдо намоем».

Суханронии Рустам Қосимов, директори Созмони ҷамъиятии «Интернет» ба мавзӯи «Таъмини амнияти манбаъҳои иттилоотӣ дар «Tajnet» бахшида шуда буд. Дар аввал ӯ дар бораи манбаъҳои иттилоотӣ, шаклу намуди онҳо тарз ва роҳҳои таъмини бехатарии фаъолияти онҳо ҳарф зада азҷумла қайд кард, ки таъмини амнияти иттилоотӣ замоне даст медиҳад, ки тамомӣ чораҳои зарурии техникиву ташкилӣ андешида шаванд.

Мониторинги фаъолияти провайдерҳои Тоҷикистон нишон дод, ки дар ин авохир таъминкунандагони шабакаи ҷаҳонии интернет ба масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ аҳамияти даркориро медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин мушкилот дар ин самт вуҷуд доранд. Барои мисол ҳатто дар ҳамлаи на чандон қавие аз берун фаъолияти шабакаҳои провайдерҳои мо метавонад дучори беназмиҳо шавад. Марказҳои коркарди маълумот низ маъмулан бо проблемаи таъмини амнияти иттилоотӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Мутаассифона, дар масъалаи таъмини барномаҳое, ки битавонанд амнияти иттилоотиро пайваста таъмин намоянд низ мушкилот дорем. Дар мо ширкатҳое, к и муштариёни интернетро бо барномаҳои литсензионӣ таъмин мекунанд, ангуштшумор мебошанд. Мо мутахассисони барномарезро низ дар ин самт гуфтан мумкин аст, ки қариб налорем. Яъне мутахассисонеро, ки тарҳи барномаҳоеро бисозанд, ки тавассути онҳо амнияти иттилоотӣ таъмин гардад ва агар дошта бошем ҳам онҳо бештар барои бозори берун фаъолият мекунанд.

Асомиддин Атоев, директори Академияи ТИК барои рушд, магистри илми компютерӣ, магистри илм оид ба ТИК барои рушд суханронии худро ба мавзӯи «Нақши контенти ватании Интернет дар таъмини амнияти иттилоотӣ дар асри технологияи рақамӣ» бахшид.

Ба гуфтаи Асомиддин Атоев зери мафҳуми амнияти иттилоотӣ пеш аз ҳама ин ҳифзи иттилоот ва системаи иттилоотро дарк мебояд кард. Бо истинод ба Консепсияи амнияти иттилоотии кишвар қайд намуд, ки ҳангоми фаъолият дар ин соҳа пеш аз ҳама манофеи миллӣ бояд дар назар гирифта шавад, ки зери ин мафҳум манфиатҳои ҳар фард, ҷомеъа ва давлат дар назар дошта шудааст. Имрӯз як омори аҷибе дар даст дорем.

Муштариён ҳангоми аз Интернет истифода бурдан ҳамагӣ ба миқдори 10 дар сад бо манбаъҳои ватанӣ кор мекунад. 90 дар сад вақти муштариёни Интернет дар Тоҷикистон бо дидани манбаъҳои хориҷӣ масраф мешавад. Барои чӣ сомонаи Tojnews аз минтақаи TJ ба минтақаи ORG, яъне минтақаи хориҷӣ рафт? Чӣ ӯро маҷбур ба ин кор кард?

Дар яке аз мактубҳои расмии амалдорони соҳаи алоқаи кишвар ба унвони ширкатҳои провайдерӣ аз 8-уми октябри соли гузашта бо ин мазмун «Ба мақсади таъмини амнияти иттилоотии кишвар аз Шумо хоҳиш менамоям, ки дар қатъ намудани дастрасӣ ба сомонаҳои зерин, азҷумла Tojnews.tj мусоидат намоед» дархост омада буд. Акнун худатон аз нуқтаи назари имрӯз бубинед, ки оё мо ба ҳадаф расидем? Tojnews.tj яке аз манбаъҳое мебошад, ки муштариёни зиёд дорад. Дар баробари хабару гузоришҳо дар ин сарчашма сӯҳбатҳои онлайн гузаронида мешаванд, ки мақбули хонандагони сершуморанд.

Аз он ки ба ин манбаъ нафарҳои зиёд ворид мешуданд, провайрдерҳои дохилӣ бурд мекарданд. Акнун пулҳо ба дигар минтақа мераванд. Ҳаминро бояд мо дарк кунем, ки дар кору мӯҳтавои чунин сомонаҳо ҷиҳатҳои мусбат низ кам нестанд. Масалан ба гуфтаи мутахассисони соҳа соли 2010 «дар ҷанги интернетии Роғун» сомонаҳои тоҷикистонӣ тавонистанд муштариёни худро бовар кунонанд, ки сохтмони Роғун бар зарари кадом як кишвари алоҳидае нест, баръакс он ба манфиати ҳамаи ҷонибҳост. Дар ин ҷанги Интернетӣ Тоҷикистон ғолиб омад.

Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Умрилло Меликов дар ин нишаст китоби нави хешро таҳти унвони «Иттилоот дар Интернет: танзимӣ ҳуқуқӣ» муаррифӣ намуд. Ба гуфтаи муаллиф дар ин китоб асосан дар бораи ду масъала сухан меравад. Дар муносибат бо Интернет чӣ иҷозат аст ва чӣ манъ аст. Ҳар чи к и дар ҳаёти воқеӣ барои мо иҷозат аст, ҳангоми истифодаи Интернет низ ҳамон чиз иҷозат дода шудааст.

Ва ҳарчи ки ба мо дар ҳаёти воқеӣ манъ аст. ҳангоми истифодаи Интернет ҳамон чиз барои мо манъ шудааст,-мегӯяд муаллиф. Дар китоб нахуст дар бораи мафҳумҳои Интернетӣ сухан меравад. Сипас муаллиф дар бораи таърихи пайдоиши Интернет, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот тавассути Интернет, ҳуқуқи ҷойгир ва паҳн намудани иттилоот дар Интернет дар ин китоби барои муштариёни муфид сӯҳбат мекунад.

Бахши муҳими ин китоб ба масъалаи риоя ва ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои вайрон намудани ҳуқуқи муаллиф ҳангоми истифодаи Интернет бахшида шудааст. Таҷрибаи ҷаҳонии танзими муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба Интернет, шартномабандӣ ҳангоми истифодаи Интернет дар ин китоб низ муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Ирина Симонова, ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Хома» натиҷаҳои таҳлили ҳуқуқӣ оид ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Интернетро муаррифӣ намуд. Таҳлили мазкур аз сӯйи ҳуқуқшинос Умрилло Меликов, Асомиддин Атов таҳти мушовирии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Манахов Виктор Николаевич амалӣ шуда буд. Дар натиҷаи омӯзиши мавзӯъ ва таҳлили маводҳо мо ба хулосае омадем, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар Интернет наметавон бо санаде танзим кард, мегӯяд ҳуқуқшиноси ТҶ «Хома».

Зеро дар бисёр кишварҳо муносибат ба фаъолияти Интернет мухталиф мебошанд. Масалан дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба Интернет ҳамчун ба васоити ахбори омма муносибат мекунанд. Сомонаҳоро мисли васоити ахбори омма дар вазоратҳои марбута ба қайд мегиранд. Дар Русия низ ба Интернет тақрибан ҳамин гуна муносибат мекунанд. Аммо ба ақидаи мо мавқеи хайрхоҳона ва мусбат дар масъалаи истифода аз Интернет дар қонунгузории мо ба мушоҳида мерасад.

Интернет дар мо воситаест, ки тавассути он маҳсулоти ВАО паҳн мешавад. Ин нукта дар Қонун «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», Қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва ғайра омадааст. Сипас Симонова гуфт, ки нақши Интернет дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеъа хеле муассир аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки муштариён аксаран дар ҷустуҷӯи асноди ҳуқуқӣ ба сомонаҳои гуногун иворид мешаванд. Бартарии Интернет дар ин робита аз ВАО хеле ошкоро ба чашм мехӯрад.

Дар хотима миёни ширкаткунандагони мизи гирд баҳсу мунозираҳои муфиде атрофи масоили матраҳшуда баргузор гардид.

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

Источник: http://ruzgor.tj/matbuot/5792.html

Вазорати хориҷа: Эълони аккредитатсияи журналистон

[b]Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон номнавис кардани журналистонро ба чорабиниҳои вижаи сиёсӣ шурӯъ кард.[/b]

Зимнан, раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати ин вазоратхона оғози аккредитатсияи кормандони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро барои чорабиниҳои зерини сатҳи олӣ, ки дар Душанбе аввали моҳи сентябри соли 2011 барпо мегарданд, эълон менамояд:

— ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ;

— ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ;

— вохӯрии чоргонаи президентони ҷумҳурии исломии Афғонистон, ҷумҳурии исломии Покистон, Федератсияи Русия ва ҷумҳурии Тоҷикистон;

— сафари президенти Федератсияи Русия ба ҷумҳурии Тоҷикистон;

— сафари президенти ҷумҳурии Эрон ба ҷумҳурии Тоҷикистон.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/1618-2011-08-02-04-47-26.html

Рушди Tajnet – яке аз заминаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ

[b]29 июли соли 2011 ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии USAID, Internews Network, Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди Tajnet – яке аз заминаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ» мизи мудаввар доир менамояд.[/b]

Дар чорабинӣ сиёсати рушди технологияҳои муосир, иқтидори инкишофи TajNet ва оқибатҳои баромадан аз доираи он, афзалияти рақобатпазирии бозор барои рушди TajNet, нақши маводи ватанӣ баҳри таъмини амнияти иттилоотӣ, зарурат ва инкишофи телевизиони IP баррасӣ мегарданд.

Ҳамчунин дар доираи кори мизи мудаввар муаррифии китоби «Иттилоот дар Интернет: танзими ҳуқуқӣ» ва натиҷаи таҳлили ҳуқуқӣ оид ба муносибатҳои ҷамиъиятӣ дар Интернет, пешкаш мешавад.

Интернет фазои озод буда, аз чумлаи бузургтарин шабакаи оммавӣ дар ҷаҳон мебошад. Истифодаи интернет технологияхо дар соҳаи иқтисод, илм, фарҳанг, иҷтимоиёт, маориф ва ѓайра васеъ ба роҳ монда шудааст. Имрўз ҳамаи давлатҳои дунё бо ин шабакаи глобалӣ пайвастанд ва Интернетро пеш аз ҳама ҳамчун манбаи иттилоъ истифода мебаранд. Вале, дар баробари ин набояд фаромўш кард, ки Интернет ин воситаи ахбори умум нест, балки пеш аз ҳама фазои интиқолкунанда барои паҳншавии ВАО ва васеъшавии бозори он мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ҷараёни интернетизация босуръат давом дорад. Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба масъалаи ҷорӣ намудани Интернет технологияҳо ба тамоми соҳаҳо диққати махсус медиҳад. Кори босамари Шўро оид ба технолгияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК), ки дар назди Президенти ҶТ фаъолият мекунад, шаҳодати ин гуфтаҳост.

Ин ҷараён мунтазам авҷ мегирад, зеро заминаҳои муайяни ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ мавҷуданд. Дар ин замина таъмини амнияти иттилоотиро метавон ба инкишофи TajNet суръат бахшид. Ҷомеаи тоҷикон бояд иттилоро аз маъхазҳои тоҷикӣ дастрас намоянд! Ин ҷо масоил вобаста бо истифодаи сарчашмаҳои мавчуда ва хамчунин пайдо намудани манбаъҳои нави иттилоотиро бо забони тоҷикӣ бояд омўхт.

Мо бояд амиқ донем, ки дар асри рақамӣ иқтидори рушди TajNet ва нақши контенти тоҷикӣ дар устувории амнияти иттилоотӣ чи гуна аст.

Таҷрибаи ватанӣ нишон медиҳад, ки баҳри таъмини амнияти миллӣ одатан усулҳое ба кор мераванд, ки на ба ҳимояи иттилоъ ва сарчашмаи он, балки баръакс ба маҳдудшавии дастрасӣ ба онҳо равона шудаанд.

Чунин муносибат бар хилофи мақсадҳои Консепсияи давлатии сиёсати итиилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «…ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубодилаи иттилоотии байналмилалӣ ва таъмини амнияти захираҳои иттилоотии миллӣ ва инфраструктураи иттилоотию коммуникатсионӣ…» мебошад.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни кори мизи мудаввар имкониятҳои рушди контенти тоҷикӣ дар фазои Интернет ва назари нав ба амнияти иттилоотӣ дар шароити кунунӣ муайян мешавад.

Ба чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Парламенти ҶТ, кормандони ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, байналмилалӣ, ВАО ва коршиносони соҳаи ТИК даъват шудаанд.

Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.

Источник:

Ещё один сайт на WordPress