Мурофиаи Усмонов, Ҳизбуттаҳрир ва «Субҳи хилофат»

Бозбинии парвандаи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ, рӯзи панҷшанбеи 18-уми август идома хоҳад ёфт.

Нахустин рӯзи муҳокимаи парвандаи хабарнигори Би-би-сӣ, Урунбой Усмонов, дар боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Дар ин рӯз хулосаи айбдорӣ азсӯи Назир Абдураҳимов, намояндаи

Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ бар асоси ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои «шарикӣ дар ҷиноят» ва «ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ» айбдор дониста мешавад.

Ба қавли мақомҳои додгоҳӣ, хабарнигори Би-би-сӣ дар як соли ахир бо чанд узви Ҳизбуттаҳрир мулоқот ва аз як узви он маҷаллаи «Субҳи хилофат», нашрияи ин созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъро дастрас намуда ва дар ин бора ба мақомот хабар надодааст.

Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ зимни суханронӣ дар ин мурофиа иртиботаш бо Ҳизбуттаҳрирро рад кард ва худро бегуноҳхонд. Вай гуфт, сӯҳбатҳояш бо чанд аъзои Ҳизбуттаҳрир ва дарёфти як маҷаллаи ин ҳизби мамнӯъ дар пайи фаъолиятҳои касбиаш сурат гирифтааст, на аз рӯи таваҷҷӯҳу иртиботаш бо ин ҳизб.

Аммо чаҳор нафаре, ки барои иртиботбо Ҳизбуттаҳрир муттаҳм мешаванд ва мурофиаи онҳо низ якҷоя бо Урунбой Усмонов сурат гирифт, баён доштанд, ки Усмоновро чун узви Ҳизбуттаҳрир намешиносанд. Танҳо яке аз онҳо — Яҳё Раҳмонхоҷаев, ба гуфтаи худаш, бо хабарнигори Би-би-сӣ дар коргоҳи ӯ мулоқот карда ва ба ӯ маҷаллаи «Субҳи хилофат»-ро додааст.

Ин чаҳор айбдоршаванда узвияти худ дар Ҳизбуттаҳрирро тасдиқ карданд. Онҳо танҳо воқеият надоштани бархе аъмолро, ки ҷониби айбдоркунанда ба онҳо иртибот медиҳад, баён доштанд. Ин чаҳор нафар Абдунабӣ Абдулқодиров, Яҳёхон Раҳмонхоҷаев, Талъат Мавлонов ва Иброҳимбек Маҳмудов мебошанд, ки дар оғози моҳи июни соли ҷорӣ аз сӯи нерӯҳои амниятӣ боздошт шудаанд.

Муҳокимаи парвандаи хабарнигори Би-би-сӣ, Урунбой Усмонов, қарор буд субҳи рӯзи 16-уми август дар толори Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва бо дарҳои боз баргузор шавад. Аммо додгоҳ онро дар боздоштгоҳи муваққати рақами 2- и шаҳри Хуҷанд баргузор кард.

Вакилони мудофеи Усмонов мегӯянд, мақомот талош карданд, то ин муҳокима дар доираи маҳдуд баргузор бишавад. Дар зимн, ба толори додгоҳ ба ҷуз вакилони мудофеъ танҳо 3 хабарнигор ва он ҳам бо талоши зиёд ворид гаштем.

Хабарнигори Би-би-сӣ рӯзи 13-уми июни соли ҷорӣ аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъ ва ифротгарои Ҳизбуттаҳрир боздошт шуда ва пас аз тақрибан як моҳ шартан аз боздоштгоҳ раҳо гардид. Чаҳор нафари дигари парвандаи вай низ дар аввали моҳи июн аз ҷониби кормандони интизомиву амничятӣ дастгир шудаанд.

Боздошти Усмонов вокунишҳои байнулмилалро дар пай дошт ва ҳамкорони вай дар дафтари марказии Би-би-сӣ дар Лондон чанд бор дар рӯ ба рӯи сафорати Тоҷикистон дар Бритониё ба нишони эътироз ва ба ҳадафи озодии вай таҷаммӯъ карданд.

Урунбой Усмонов, ки беш аз 10 соли ахир ба унвони хабарнигори бахши Осиёи Марказии радиои Би-би-сӣ дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, фаъолият мекунад, 59 сол дорад. Вай раҳбарии бахши адабиёти узбакӣ дар Иттиҳоди нависандагони вилояти Суғдро низ ӯҳда дорад.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Озодӣ

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24297991.html

Оғози муҳокимаи хабарнигори Би-би-сӣ дар Суғд

[b]Додгоҳи вилояти Суғд муҳокимаи парвандаи Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистонро, пас аз як соъат таъхир оғоз кард.[/b]

Интизор мерафт ҷаласаи додгоҳ дар соъати 10-и субҳи рӯзи сешанбе дар додгоҳи вилояти Суғд шурӯъ шавад. Аммо ба гуфтаи масъулони додгоҳ, “ба далели нокофӣ будани ҷойи нишаст дар толори додгоҳи вилояти Суғд” муҳокимаи ин парванда пас аз як соъат таъхир дар боздоштгоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз шуд.

Гуфта мешавад танҳо ба се хабарнигор иҷоза дода шуда дар ҷараёни муҳокима ҳузур дошта бошанд.

Вакилони мудофеъи Ӯрунбой Усмонов ин тасмими додгоҳро навъе талош «барои маҳдуд сохтани дастрасии хабарнигорон ба ҷаласоти додгоҳ” арзёбӣ кардаанд.
Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ ба ширкат дар фаъолияти созмонҳо ва аҳзоби динии мамнӯъшуда аз сӯйи додгоҳ ё ифротгаро муттаҳам шудааст.
Вале ҳам Ӯрунбой Усмонов, ҳам вакилони мудофеъаш ва ҳам Би-би-сӣ ин иттиҳомро бакуллӣ рад мекунанд.

Дар додгоҳ ҳамчунин 4 нафари дигар аз муттаҳамон ба узвияти Ҳизби Таҳрир, Абдунабӣ Абдулқодиров, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Яҳёхон Раҳмонхоҷаев, сокини шаҳри Хуҷанд, Талъат Мавлонов, сокини шаҳри Истаравшан ва Иброҳимбек Маҳмудов, сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар авоили моҳи июни соли ҷорӣ ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизби мамнӯъи Таҳрир дар вилояти Суғди Тоҷикистон боздошт шуда буданд, муҳокима мешаванд.

Дар рӯзи аввали ҷаласаи додгоҳ, ки 5 соъат идома дошт, ба Ӯрунбой Усмонов ва чаҳор нафари дигар айбнома эълом шуд.

Чаҳор нафар аз муттаҳамон бархе аз иттиҳомоти воридаро пазируфтаанд аммо оқои Усмонов гуфтааст комилан бегуноҳ аст.

Ҷаласаи навбатии додгоҳ рӯзи панҷшанбеи 18 август, дар боздоштгоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

Оқои Усмонов пас аз поёни ҷаласаи муҳокима ба манзили худ баргаштааст.

Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13 июни соли ҷорӣ, ҳангоме ки аз маҳалли кор ба хона бармегашт, нопадид шуд. Як рӯз пас, маъмурони амниятӣ ва пулис ӯро ба хонааш оварда, манзилашро такурӯ карданд ва дубора бо худ бурданд.

Шоми панҷшанбеи 14 июл Ӯрунбой Усмонов пас аз як моҳи боздошт аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳти шароити «берун нарафтан аз маҳалли зист» аз боздошт озод шуд.

Би-Би-Си

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/08/110816_mm_usmonov.shtml

Тафсири Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон

Душанбе — 2011

ББК 76.0+76.01+76.02
Т — 32

Зери таҳрири Н. Қаршибоев, раиси АМВАОМТ

Муаллифон:

Иноят Иноятов ва Нуриддин Қаршибоев

Муҳаррири масъул – А.Воҳидов

Мусаҳҳеҳ – Гулрухсори Нуриддин

Тафсири Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон (бо забони тоҷикӣ)

Дастур бо ибтикори Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) бо кӯмаки филиали Интернюс дар Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ ба табъ расид. Ройгон паҳн карда мешавад.

Дастури мазкур кӯшиши нахустини шарҳ додани Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон буда, ба нияти пойдор гаштани фаҳмиши ягона ва риояи меъёрҳо аз ҷониби журналистон ба хотири рушди озодии баён таҳия шудааст.

Муаллифони дастур аъзои Шӯрои ВАО буда, аз ибтидо иштирокчии раванди таҳия ва татбиқи механизми худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон буда, ҳангоми таҳия аз таҷрибаи ҷаҳонӣ истифода бурдаанд.

Дастур барои роҳбарон ва муассисони ВАО, журналистон, ҳуқуқшиносони соҳа ва донишҷӯён пешбинӣ шудааст.

(С) АМВАОМТ

Омилҳои ҳуқуқӣ ва анъанаи одоби журналистӣ (Ба ҷои пешгуфтор)

Таҷрибаи рушди озодии баён дар ҷаҳон муҳимияти риояи одоби нигорандагиро дар баробари омилҳои ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ исбот кардааст. Анъанаи риояи меъёрҳои ахлокии журналистон таърихи беш аз садсола дорад. Соли 2009 Шўрои матбуоти Норвеги ҷашни якасраи худро таҷлил намуд. Моҳи ноябри соли 2010 ҳайати Шўрои ВАО Тоҷикистон дар чашни нимасраи Шўрои матбуоти Нидерландия ширкат варзид. Яъне, ғояи худтанзимзикунии ВАО ва фаъолияти журналистӣ — тавассути риояи қоидаю қолабҳои аз ҷониби худи ҷомеаи журналистон қабулгардида, дирўз пайдо нашудааст.

Танзими ҳуқуқӣ ва худтанзимкунии фаъолияти ВАО дар ҳар мамлакат марҳалаҳои хосро тай мекунад. Масалан, таҷрибаи худтанзикунии ВАО дар Русия таърихи тўлонӣ надошта бошад ҳам, вале хеле ҷолиб аст. Дар ду даҳсолаи охир дар паҳнои ин кишвари собиқ шўравӣ кодексу хартияҳо, эъломияю конвенсияҳои ахлоқӣ, ҳамчунин сохторҳои ташкилии гуногун пайдо шуданд. Зимнан бояд таъкид намуд, ки барои таъмини риояи меъёрҳои ахлоқӣ бояд механизми татбиқи он аз қабили Шўрои ахлоқ ё Шўрои матбуот созмон дода шавад. Имрўз дар Русия Коллегия оид ба шикоёт нисбати матбуот амал мекунад, ки ду палата дорад. Палатаи аввал аз истеҳсолкунандагони маводи иттилоотӣ намояндагӣ кунад, палатаи дигар манфиати истеъмолкунандагони маводи иттилоотиро (аудиторияи ВАО) ифода мекунад. Қаблан дар назди Иттифоқи журналистони Русия Ҳакамоти калон (Большое жюри) амал мекард.

Маъмулан меъёрҳои ахлоқи журналистӣ тибқи миқёси амалашон се хел мешаванд: кодексҳои ахлоқии як нашрия ё ширкати ВАО, кодексҳои ахлоқии як соҳаи журналистика ва кодексҳои ахлоқии сатҳи миллӣ. Хамчунин, шўроҳо ва комиссияҳои матбуот тибки шакли таъсисашон се гуна мешаванд: давлатӣ, давлатию ҷамъиятӣ ва ҷамъиятӣ. Ба андешаи мо, созмонҳое, ки дар асоси ҷаъиятӣ таъсис ёфта ва амал мекунанд, бештар мустақил буда, ҷавобгўи ғояи худтанзимкунӣ дар соҳаи ВАО ҳастанд. Зеро механизмҳои давлатӣ ва давлатию ҷамъиятӣ хоси танзими фаъолияти ВАО буда, ҷанбаи ҳуқуқӣ доранд.

Дар Финляндия қоидаҳои журналист ва Шўрои сухани оммавӣ асоси худтанзимкунии воситаҳои ахбори омма мебошанд. Дар қоидаҳо пешниҳодҳои журналистон ва ноширон дар бораи принсипҳои ахлоқи воситаҳои ахбори оммаи Финляндия инъикос ёфтаанд. Шўрои сухани оммавӣ мақоме мебошад, ки Қоидаҳоро тафсир менамояд, инчунин ба ҳайси довар амал мекунад. Ба Шўро ҳар нафаре метавонад муроҷиат намояд, ки хоҳиш дорад андешаи мутахассисонро дар бораи то кадом андоза аз ҷониби воситаҳои ахбори вайрон кардани одоби журналистро фаҳмад. Шўрои сухани оммавӣ инчунин метавонад оид ба кўшишҳои маҳдуд кардани озодии сухан ва матбуот андешаашро баён кунад.

Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ба омилҳои иҷтимоӣ-эҷодии озодии сухан мутаалиқ ҳастанд. Бинобар ин худтанзимкунӣ танҳо дар чорчўбаи қонун амал карда, озодии баён ва иттилоотро кафолат медиҳад. Меъёрҳои ахлоқӣ рафтори журналистро мутобиқи стандартҳои муайяни касбӣ ба низом дароварда, имконияти ба вуҷуд омадани ҳолатҳои нақзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷониби дигарро (аудитория, шаҳрванд ва ташкилот) пешгирӣ мекунанд.

Худтанзимкунӣ ва риояи одоби журналистӣ дар ҷаҳон баъди соли 1948 рушди тоза ёфтааст. Зеро меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ва назарияи масъулияти иҷтимоии журнализм ба ҳамдигар рабти мустаҳкам доранд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол кўшишҳои худтанзимқунӣ, таҳия ва қабули кодекси ахлоқи журналистӣ аз соли 2000 оғози гардида буд. Нахустин тарҳи кодекс бо номи «Одоби нигорандагӣ» бо ибтикори Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) аз ҷониби профессор Иброҳим Усмонов таълиф шудааст. Дар тўли даҳ сол ин масъала дар сатҳҳои гуногун – ҷаласаю конфронсҳо, «мизҳои гирд» ва ҳамоишҳои миллию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, билохир соли 2009 бо иштироки намояндагони ҷомеаи журналистӣ ва коршиносони миллию байналмилалӣ хуҷҷати муҳим – Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон таҳия гардид. Дар таҳияи он муаллифон аз таҷрибаи мамолики гуногун – Олмон, Қатар, Русия, Финляндия ва ғайра истифода намуданд. Имрўз Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби қариб 70 созмону ташкилоти ВАО эътироф гардидааст.

Мақсад аз қабули Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон баланд бардоштани масъулияти журналистон дар ҷомеа ва сифати журналистика мебошад. Дар пешгуфтори ин санад омадааст, ки «Ҷомеаи журналистони Тоҷикистон озодии суханро асоси фаъолияти худ қарор дода, масъулияти бовиҷдонона амалӣ гардидани онро дарк намуда, ин меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва журналистонро эълом ва қабул медоранд. Ҳеҷ яке аз ин меъёрҳо мақсади маҳдуд кардани озодии суханро надоранд».

Дар кишвари мо қариб ду сол мешавад, ки Шўрои воситаҳои ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шўрои ВАО) амал мекунад, ки мақсади асосиаш таҳкими меъёрҳои аҳлоқии фаъолияти журналистӣ аст. Шўрои ВАО созмони ҷамъиятӣ буда, аз ҷониби созмонҳои рўзноманигорӣ ва ташкилотҳои ВАО таъсис дода шудааст.

Тибқи муқаррароти оинномавиаш, Шўрои ВАО бо мақсади худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон барои қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое таъсис дода шудааст, ки ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ таалук доранд. Хадаф аз фаъолияти Шўрои ВАО рушди озодии баён, баланд бардоштани сифати рўзноманигорӣ ва таҳкими меъёрҳои байналмилалии рўзноманигорӣ дар Тоҷикистон мебошад. Шўрои ВАО дар фаъолияти худ принсипҳои ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунадешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро ба роҳбарӣ гирифтааст.

Риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ аз ҷониби журналистон дар шароити дигаргунсозиҳои демократӣ ба амнияти фаъолияти касбии онҳо ва пурсамар иҷро намудани рисолати ВАО дар ҷомеаи журналистон мусоидат менамояд

Рисолаи мазкур кӯшиши нахустини шарҳ додани Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон буда, ба нияти пойдор гаштани фаҳмиши ягона ва риояи меъёрҳо аз ҷониби журналистон ба хотири рушди озодии баён таҳия шудааст.

МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

ш. Душанбе, 30 октябри соли 2009

Пешгуфтор

 Ҷомеаи журналистони Тоҷикистон озодии суханро асоси фаъолияти худ қарор дода, масъулияти бовиҷдонона амалӣ гардидани онро дарк намуда, ин меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва журналистонро эълом ва қабул медоранд. Ҳеҷ яке аз ин меъёрҳо мақсади маҳдуд кардани озодии суханро надоранд.

Мақсад аз қабули Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон такмили худтанзимкунии матбуот ва баланд бардоштани сифати рӯзноманигорӣ дар кишвар аст.

1. Рисолати ВАО ва журналист

 Ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон – усули (принсипи) фаъолияти ВАО ва журналистон дар Тоҷикистон мебошанд.

 ВАО ва журналистон бо ин асл ва эътибори матбуотро ҳифз мекунанд.

Меъёри мазкур усули (принсипҳои) асосии фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва журналистонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. Принсипҳои (усули) асосӣ — ин қоидаҳои асосӣ, асосҳои роҳбарикунандае мебошанд, ки заминаи асосии фаъолиятро дар соҳаи алоҳида муайян менамоянд.

Ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон он қоидаҳои асосӣ ва асосҳои роҳбарикунандае мебошанд, ки журналистон онҳоро дастури фаъолияти касбии рӯзноманигории худ қарор дода, фаъолияти ҳамарӯзаи касбии журналистиашонро маҳз дар асоси ҳамин усул ва қоидаҳои умумӣ ба амал мебароранд. Меъёрҳои мазкур аз арзишҳои умумибашарӣ ва меъёрҳои ахлоқи башарӣ сарчашма гирифтаанд.

Жураналист фаъолияти ҳаммарӯзаи касбии худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намуда, ба тасвиб расонидааст, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин дар асоси меъёрҳои умумэътирофгардидаи ахлоқ ва қоидаҳои муоширати одоб ба амал мебарорад. Журналист бояд, ки ҳамеша барои баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши касбии худ кӯшиш намояд.

Ҳақиқатнигорӣ яке аз усули муҳим ва асосии фаъолияти журналистӣ буда, чунин мазмун дорад, ки идораи воситаи ахбори омма ва журналист иттилооти ҳаққонӣ ва саҳеҳ, иттилооти мукаммал, саривақтӣ ва дақиқро омода кунанд ва интишор диҳанд. Иттилоот сарфи назар аз шакли пешниҳод шудан — маълумот дар бораи шахc, ашё, воқеаҳо, падидаҳо ва ҷараёнҳо мебошанд. Иттилооти ҳақиқӣ шарти муҳими комёбии фаъолияти рӯзноманигорӣ дониста мешавад. Идораи воситаи ахбори омма ва журналист ҳақиқатнигориро бояд дар маркази фаъолияти касбии худ қарор диҳанд ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи касбии худ аз интишор намудани итттилооти ба ҳақиқат номувофиқ худдорӣ кунанд.

Дар ҳолати пешниҳод кардани хабари аз ҳақиқат дур обрӯю эътибори воситаи ахбор дар байни хонандагонаш коҳиш ёфта, боиси коҳиш ёфтани сафи хонандагонаш мегардад. Вазифаи муҳимтарини журналист таъмин намудани маводе аст, ки ба талабот ва ниёзҳои хонандагон ҷавобгӯ бошад.

Воқеънигорӣ низ яке аз асосҳои муҳими фаъолияти журналистӣ буда, аз идораи воситаҳои ахбори омма интишор намудани иттилооти ба воқеият мувофиқро тақозо менамояд. Воқеънигорӣ инчунин ҳангоми нашр ва паҳн намудани иттилоот беғаразӣ ва холисиро низ тақозо менамояд ва баҳри таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад. Журналист набояд зери таъсири шахсони алоҳида, гурӯҳи алоҳида монад ва ӯ набояд ба ягон гурӯҳи иҷтимоӣ бартарӣ диҳад. Журналист инчунин бояд кӯшиш намояд, ки ба аҳду вазъиятҳои муноқишавӣ ворид нашавад ва аз иштирок дар муносибатҳои муноқишавӣ худдорӣ намояд.

Адолат мафҳуми иҷтимоию ҳуқуқӣ буда, он бевосита ифодакунандаи мазмуни аксари меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад. Адолат баробарии ҳама дар назди қонун, таъмини қонуният, волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсонро тақозо менамояд.

Гуногунандешӣ («плюрализм») чунин мазмун дорад, ки назару андешаҳои гуногун, мавқеи гуногун, нуқтаи назар ва фарзияҳои гуногун дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа вуҷуд доранд ва низоми сиёсии ҷомеаҳои гражданӣ дар асоси гуногунфикрӣ ва бисёрандешагӣ инкишоф меёбанд. Мавҷудияти мафкураҳои гуногун дар ҷомеаи мо дар моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст. Идораи воситаи ахбори омма ва журналист гуногунандеширо асли асосии фаъолияти худ қарор дода, ҳангоми таҳия, нашр ва паҳн намудани мавод бояд, ки назару андешаҳои гуногунро асоси фаъолияти касбии худ қарор диҳад.

Ҳангоми омода кардани мавод рӯзноманигор ба хотири риояи тавозуни назарҳо бо фикру андешаҳои мухталиф, тарафҳои муқобил ва воқеа шинос шуда, сипас онҳоро дар маводаш ҷой медиҳад. Хонандаи закӣ аз байни андешаҳои гуногун хулосаи худашро дар бораи воқеаи баамаломада пайдо мекунад. Дар ин ҳолат инчунин ягон тарафи иштирокчии воқеа аз маводи рӯзноманигор норозӣ намешавад, зеро андешаи онҳо мавриди истифода қарор гирифтааст.

Эҳтироми ҳуқуқи инсон — асли (принсипи) муҳими ҳуқуқи байналмиллалӣ ва меъёри муҳими асосии конститутсионӣ мебошад. Тибқи талаботи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои вай арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Идораи воситаи ахбори омма ва журналист эҳтироми ҳуқуқи инсонро сармашқи асосии фаъолияти худ қарор дода, ҳангоми таҳия, нашр ва паҳн намудани мавод нисбати ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, бо Конститутсия ва қонунҳо кафолат дода шудаанд, эҳтиром мегузоранд. Истифодаи як калима, ҳарф ё аломати ноҷои китобатӣ метавонад боиси ранҷиши хотири одамон шавад. Эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои инсон дар шаклҳои эҳтиром намудани ҳуқукҳо, риоя намудани он, мусоидат намудан ба амалӣ гардидани онҳо ифода меёбанд. Ҳангоми муошират намудан бо шаҳрвандон журналист бояд, ки хушмуомилагӣ, рафтори шоиста ва боэҳтиётиро риоя намояд.

2. Сареҳияти ахбор

 ВАО ва журналист бояд назару андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд. Дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гарданд. Сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд.

Меъёри ахлоқии мазкур «сареҳияти ахбор» ном дошта, он масъалаҳои дурустии иттилоотро ба танзим даровардааст. Тибқи мазмуни меъёри мазкур воситаҳои ахбори омма ва журналистон бояд андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд. Меъёри мазкур аз усули муҳими ҷомеаи гражданӣ — гуногунандешӣ (плюрализим) сарчашма мегирад.

Гуногунандешӣ ё «плюрализим» яке аз нишонаҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи гражданӣ мебошад. Мафҳуми «плюрализим» аз калимаи лотинӣ («pluralis») гирифта шуда, мазмуни «маҷмӯъ ё бисёрӣ»-ро дорад. Гуногунандешӣ ё «плюрализим» чунин мазмун дорад, ки назару андешаҳои гуногун, мавқеи гуногун, нуқтаи назар ва фарзияҳои гуногун дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа вуҷуд доранд ва низоми сиёсии ҷомеаҳои шаҳрвандӣ дар асоси гуногунфикрӣ инкишоф меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, дар он ҳеҷ ягон мафкура ба сифати давлатӣ қабул намешавад. Мавҷудияти мафкураҳои гуногун дар ҷомеаи мо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст.

Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф фаъолият доранд. Ҳангоми омода кардани мавод оид ба лаҳзаҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа, ба эътибор нагирифтани андешаи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои мазкур чунин маъно дорад, ки журналист андешаи (мавқеи) ҳизб ё ҳаракати мазкурро эҳтиром намекунад. Ин ҳолат камбудии журналист ва воситаи ахбор аст. Зеро журналист ва воситаи ахбор вазифадоранд ҳамаи ақида ва фикрҳои ҷомеаро баробар инъикос кунанд ва беғараз бошанд.

Тибқи талаботи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҷунбиш ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Аз мазмуни ин меъёри конститутсионӣ чунин бармеояд, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ ягон мафкура ба сифати мафкураи давлатӣ эътироф карда намешавад ва давлат гуногунандеширо дар ҷомеа кафолат додааст.

Воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳангоми таҳия кардани мақолаҳо, хабару гузоришҳо бояд, ки назару андешаҳои гуногун, мавқеъҳои гуногун, нуқтаи назар ва фарзияҳои гуногунро интишор диҳанд ва зимни таҳия намудни онҳо беғаразиро нигоҳ доранд. Беғаразона нашр намудани андешаҳои гуногун чунин маъно дорад, ки журналист ва идораи воситаи ахбори омма ҳангоми таҳияи мавод бояд, ки холисӣ ва беғаразиро риоя намуда, дар ҷобаҷогузории матн ба ин ё он андеша афзалияти сунъӣ надиҳанд ва бе ягон намуди манфиат ҳама гуна назару андешаҳоро якхела инъикос намоянд. Бидуни таҳриф нашр намудани назару андешаҳои гуногун чунин маъно дорад, ки ҳангоми нашри назару мавқеъҳои гуногун ба таҳрифи матн, иваз намудани калима, ҷобаҷогузории ҷумла, ҷойивазкунии калима, таҳрифи ҳақиқат, ки мумкин мазмуни фикру андешаро тағйир диҳанд, иҷозат дода намешавад.

Тавре таҷрибаи фаъолияти воситаҳои ахбор ва журналистон нишон медиҳад, сарлавҳаи нодуруст ва тасвири ноҷо ҳатто боиси озурдагии хотири қаҳрамонони мақола ва дар ниҳояти кор таъқиботи судии журналистон ва ВАО мегарданд. Дар таҷрибаи журналистикаи тоҷик мисолҳои нодуруст истифода бурдани тасвир зиёд вомехӯрад. Боре дар маҷаллаи начандон маъруф саҳифабанд дар байни матни ба мавзӯи хушунати оилавӣ бахшидашуда акси зан ва марди ношиносро гузоштааст. Маҷаллаи мазкур тасодуфан ба дасти соҳибони акс расида, боиси озори хотирашон гаштааст, зеро одамони аксбардоришуда хоҳару бародар будаанд. Дар натиҷа муаллифи мақола ва мухбири суратгир водор гаштанд, ки дар суд тӯли чанд муддат барои исбот кардани бегуноҳии худ сарсону саргардон гарданд. Ба ҳамин хотир, сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд. Илова бар ин идораи воситаи ахбор ва журналист пеш аз истифода бурдан бояд соҳибони расмҳо, одамони дар он аксёфтаро аниқ кунанд. Ҳангоми ба мақола гузоштани сарлавҳа идораи воситаи ахбори омма, сармуҳаррир, муҳаррир ва журналист бояд чунин меъёрро ба назар гиранд, ки сарлавҳа ва акси мақола бояд ифодакунандаи мундариҷаи асосии он бошанд. Ба мавод ё мақола гузоштани сарлавҳаи номуносиб ва ё сарлавҳае, ки мазмуни онро ифода намекунад, боиси паст гардидани эътибори мақола дар назари хонанда мегардад. Ҳатто ноҷо гузоштани аломатии китобатӣ метавонад боиси ранҷиши хотири нафаре гардад. Сурату аксҳое, ки якҷоя бо мақола нашр мегарданд, бояд ифодакунандаи мазмун ва ҳадафи зеҳнии муаллиф бошанд.

3. Ҳифзи манбаи ахбор

 ВАО ва журналист ҳангоми аз манбаъ гирифтани ахбор ба он эҳтиром мегузоранд, мувофиқи хоҳиши манбаъ маҳрамиро риоя, аз фош кардани манбаи ахбор худдорӣ мекунанд ва бо амали худ ба ошкор шудани шахс, манбаи ахбор ва сирри касбӣ роҳ намедиҳанд.

Меъёри ахлоқии мазкур масъалаҳои ҳифзи манбаи ахбор (сарчашмаи ахбор) ва сирри касбии журналистиро танзим менамояд. Дар мавриде, ки агар соҳиби ахбор аз додани номи худ худдорӣ намуда, ахборро бо шарти пинҳон нигоҳ доштани манбаи ахбор дода бошад, он гоҳ журналист ва идораи воситаи ахбори омма ӯҳдадоранд, ки манбаи ахборро ҳифз намоянд. Тибқи мазмуни меъёри мазкур ҳифзи сарчашмаи ахбор (манбаи ахбор) бо усулҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

— воситаи ахбори омма ва журналист ба манбаи ахбор эҳтиром мегузоранд;

— воситаи ахбори омма ва журналист мувофиқи хоҳиши манбаъ маҳрамиро риоя мекунанд;

— воситаи ахбори омма ва журналист аз фош кардани сарчашмаи воситаи ахбори омма худдорӣ мекунанд;

— воситаи ахбори омма ва журналист бо амали худ ба ошкор намудани шахс, манбаи ахбор роҳ намедиҳанд;

— воситаи ахбори омма ва журналист ба фош гардидани сирри касбӣ роҳ намедиҳанд;

— воситаи ахбори омма ва журналист бо амали худ ба ошкор гаштани сирри касбӣ, яъне шахсияти манбаи ахбор роҳ намедиҳанд.)

Аз тарафи журналист ва ё идораи воситаи ахбори омма вайрон кардани яке аз муқаррароти мазкур ҳамчун далели риоя накардани сирри манбаи ахбор арзёбӣ мегардад.

Журналист ҳуқуқ дорад, ки сирри манбаи ахборро нигоҳ дорад ва ӯро фош насозад. Ягон шахс ҳуқуқи талаб кардани фош сохтани манбаи ахборро надорад, ба истиснои ҳолатҳое, ки махсус дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд. Фош сохтани манбаи ахбор танҳо бо розигии соҳиби ахбор ва ё дар асоси қарори асосноки суд ба амал бароварда мешавад. Танҳо дар ҳолатҳои муайяни дар қонунгузорӣ пешбинигардида суд метавонад журналист ва ё идораи воситаи ахбори оммаро вазифадор намояд, ки сарчашмаи ахборрро фош кунад. Масалан, дар мавриде, ки агар масъалаи дар суд баррасишаванда ҳимояи ҳаёти инсон бошад, дар мавриде, ки агар мақсади мурофиаи судӣ пешгирӣ кардани ҷинояти вазнин бошад ва инчунин, дар мавридҳои дигаре, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст.

Вале ВАО ва журналистон бо мақсади дар байни хонандагон аз даст надодани эътимод ва эътибори касбии худ метавонанд ҳатто озодии худро қурбони сирри касбӣ намуда, дар суд ҳам манбаи ахборашонро фош накунанд.

Дар рафти мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳои доир ба маҳдуд кардани озодии сухан ва баёни ақида аз судшаванда (ва ё ҷавобгар) номбар кардани манбаи ахбор талаб карда намешавад.

Сирри касбӣ пеш аз ҳама иттилооти махфии хосияти касбидошта мебошад, ки ба журналист бинобар иҷрои ваколатҳои касбиаш бо шарти нигоҳ доштани махфият маълум гардидааст ва фош сохтани он метавонад, ки ба эътибори шахс зарар расонад. Эҳтиром кардани сирри касбӣ яке аз вазифаҳои муҳими журналист мебошад.

4. Ақида, далел ва гумону тахмин

 ВАО ва журналист дар байни мафҳумҳои ақида, далел (факт) ва гумону тахмин фарқ мегузоранд. Баёни андешаи ашхос мавриди санҷиш ва бозпурсӣ қарор намегирад.

Меъёри ахлоқии мазкур дорои ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, касбӣ ва ахлоқӣ аст. Мафҳуми «ақида» бевосита дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода нашудааст. Аммо, аз мазмуни баъзе аз меъёрҳои ҳуқуқӣ мӯҳтавои он равшан мегардад. Тибқи талаботи моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳуқуқи фикру ақидаашро озодона баён кардан, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор намудан дорад. Аз мазмуни ин меъёри ҳуқуқӣ чунин бармеояд, ки ҳар шахс метавонад, ки фикру ақидаашро озодона баён намояд, фикру ақидаашро дар ҳар шакл дар матбуот нашр ва паҳн намояд.

Ақида – ин фикри муайян, назару андеша, шарҳ, баёни андеша, фикри баҳогузорӣ мебошад, ки назари шахсро ба ягон ашё, мавзӯъ, ё шахс ифода менамояд ва, зимнан, он мавҷуд будан ва ё набудани далелҳоро (фактҳо) тасдиқ намекунад. Предмети ифода намудани ақида — ин мавзӯъ ва ё ҳодисаи муайян ё шахси муайян мебошанд. Ақидаро тасдиқ ё рад намекунанд ва, маъмулан, он хосияти субъективӣ дошта, маҳз бо ҳамин сабаб нисбат ба он истифода бурдани мафҳумҳои «дуруст» ва ё «нодуруст» мумкин нест. Аз ҳамин сабаб, баёни ақида, андеша, фикр мавриди санҷиш ва бозпурсӣ қарор гирифта наметавонанд. Вобаста ба ҳамин асосҳо, журналистонро барои баёни ақида, андеша ва фикр мавриди пурсиш қарор додан мумкин нест. Мақомоти таҳқиқ, мақомоти тафтишоти пешакӣ ва ё суд наметавонанд, ки аз журналист далели дуруст ва ё нодуруст будани фикру ақидаашро талаб намоянд.

Далел (факт) иттилооте мебошад, ки аз як ва ё якчанд маҷмӯи факту рақамҳо иборат буда, мавҷуд будан ва ё набудани ягон ашё, воқеа ва ё падидаро тасдиқ ё инкор мекунад. Маъмулан, ҳар як нафари далелро пешниҳод ва нашрнамуда вазифадор аст, ки дурустии чунин далелро ба исбот расонад. Гумону тахмин инчунин намуди иттилооте мебошанд, ки онҳо хосияти фарзиявӣ дошта, ҷой доштани далелҳоро тасдиқ намекунанд ё аз баёни гумону тахмин ҷой доштани далел хулоса карда намешавад.

5. Иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр

 ВАО ва журналист бояд иффат ва фарҳанги миллиро ҳангоми инъикоси ҳама гуна матолиб пос доранд. Аз тарғиби фисқу фуҷур, ки боиси косташавии иффати миллӣ мегарданд, худдорӣ кунанд. Дар нигоштаҳо ба фарҳанги ғайр эҳтиромро риоя кунанд.

 ВАО ва журналист аз паст задани қавму миллат, дину мазҳаб ва нажод худдорӣ намуда, ҷаҳонбинӣ ва суннату анъанаҳои дигаронро эҳтиром мекунанд.

Меъёри мазкур бештар ҷанбаи ахлоқӣ дошта, дар фаъолияти журналистӣ аҳамияти муҳим дорад. Ҳангоми инъикоси ҳама гуна матолиб, аз ҷумла масъалаҳои илмию таърихӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию сиёсӣ, нашри мақолаву гузоришҳои характери таҳлилидошта воситаи ахбори омма ва журналист бояд, ки фарҳанги миллии худро эҳтиром намоянд. Эҳтиром намудани фарҳанги миллӣ дар шаклҳои пос доштани таърихи қадимии миллат, эҳтироми забон ва адабиёти миллат, пос доштани таърихи давлат ва ҳуқуқи миллат, эҳтиром гузоштан ба бузургон ва қаҳрамонони миллат, пос доштани расму анъанаҳои миллӣ, эҳтиром гузоштан ба дин ва эътиқоди миллӣ ифода меёбанд.

Дар баробари ин, меъёри мазкур ба воситаҳои ахбори омма ва журналистон тавсия медиҳад, ки ҳангоми нашри хабар, мақола ва гузориш аз тарғиб намудани фисқу фасод, ифроти шаҳват, бадахлоқӣ худдорӣ намоянд, зеро чунин амалу кирдорҳо метавонанд, ки боиси костагии фарҳанги миллӣ гарданд ва оқибат ба сатҳи маънавию тарбиявии аҳолии кишвар таъсири манфӣ расонанд. Нашр ва паҳн намудани иттилоти дорои маълумоти матнӣ, тасвирӣ ва савтӣ, ки меъёрҳои умумибашарӣ ва ахлоқиро бо роҳи истифодаи калимаҳои таҳқиромез, ташбеҳ, симоҳо нисбати нажод, миллат, касб, табақаҳои иҷтимоӣ, гурӯҳи синну солӣ, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва дигар эътиқоди шахсони воқеиро халалдор месозанд, хилофи одоби касбии журналист мебошад. Тарғиб намудани фисқу фасод, ифроти шаҳват дар мавридҳои муайяннамудаи қонунгузорӣ боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ низ шуда метавонанд.

Дар баробари эҳтиром намудани фарҳанги миллӣ, меъёри мазкур инчунин ба воситаҳои ахбори омма ва журналистон эҳтиром намудани фарҳанги дигар миллату халқҳоро низ тавсия медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари тоҷикон намояндагони дигар миллатҳо, ба мисли ӯзбекҳо, русҳо, қирғизҳо, туркманҳо низ истиқомат менамоянд, ки ин миллатҳо дар марҳилаи тӯлонии таърихӣ дар паҳлӯи миллати тоҷик дар ҳайати як давлат зиста, бо кишвару миллати мо таърихи муштарак низ доранд. Аз ин рӯ, ҳангоми нашри мақолаю хабар эҳтиром гузоштан ба фарҳанги миллати ғайр нишони баланд будани фарҳанги шаҳрвандии ҳар як журналист мебошад.

Воситаҳои ахбори омма ва журналист аз паст задани қавму миллат, дину мазҳаб ва нажод худдорӣ намуда, ҷаҳонбинӣ ва суннату анъанаҳои дигаронро эҳтиром мекунанд. Тибқи талаботи моддаи 6 Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон, халқи Тоҷикистонро, сарфи назар аз миллаташон, шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд. Дар кишвари мо халқу миллатҳои гуногун сукунат доранд, ки ҳар яке аз онҳо дорои суннату анъанаҳои миллӣ ва ҷаҳонбинии худ буда, онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, дар баробари миллати тоҷик соҳиби тамоми ҳуқуқҳое мебошанд, ки бо Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ кафолат дода шудаанд. Аз ин рӯ, эҳтиром гузоштан ба суннату анъанаҳои миллати ғайр, дину мазҳаби онҳо нишонаи фарҳанги баланди ҳуқуқии журналистон мебошад.

6. Эҳтироми ҳаёти шахсӣ

 ВАО ва журналист ба ҳаёти шахсии афрод эҳтиром мегузоранд. Интишори маълумот бояд бо иҷозати ашхос ва риояи маҳрамии аснод сурат гирад.

 Лаҳзаҳои ҳаёти хусусии шахсиятҳо, ки арзиши иҷтимоӣ доранд, дар ВАО инъикос шуда метавонанд. Ҳамзамон ҳуқуқи фардии ашхосе, ки дар қазия дохил нестанд, риоя шавад.

Меъёри мазкур ҳам характери ҳуқуқӣ ва ҳам характери ахлоқӣ дорад. Дар баробари ин, меъёри мазкур заминаи ҳуқуқии конститутсионӣ дошта, маҳз дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазирии ҳаёти шахсии инсон кафолат дода шудааст. Тибқи талаботи моддаи 23 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст. Дар баробари ин, эҳтироми ҳаёти шахс дар дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ низ пешбинӣ шуда, мустаҳкам карда шудааст. Чунончи, тибқи талаботи моддаи 175 Кодекси гражданӣ, шаҳрванд ба ҳифзи сирри ҳаёти шахсӣ, аз ҷумла дахлнопазирии мукотибот, гуфтушунидҳои телефонӣ, сирри рӯзномаҳо, қайдҳо, ҳаёти маҳрамона, писархонӣ, таваллуд, сирри тиббӣ, адвокатӣ ва сирри пасандозҳо ҳуқуқ дорад. Фош кардани сирри ҳаёти шахсӣ танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун мумкин аст. Ба ғайр аз ин, бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи моддаи 144 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайриқонунӣ ҷамъ кардан ё паҳн намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад, бидуни иҷозати ӯ, ё паҳн кардани чунин маълумот дар суханрониҳои оммавӣ, асар дар воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет, агар чунин кирдор бо ғарази шахсӣ ё манфиати шахсӣ анҷом дода шуда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонда бошад, боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ шуда метавонад.

Меъёри мазкур аз ду қисм иборат буда, дар қисми якуми он дар бораи эҳтиром гузоштани журналистон ва воситаҳои ахбори омма ба ҳаёти шахсии ашхос муқаррарот пешбинӣ гардидааст. Воситаҳои ахбори омма ва журналистон ба ҳаёти шахсии одамон эҳтиром гузошта, маълумот дар бораи ҳаёти шахсро танҳо бо иҷозати худи шахс нашр менамоянд.

Ҳаёти шахсӣ — ин ҳаёти шахсии инсон, оилаи ӯ, муҳити зист ва манзили истиқоматии ӯ ва дигар биноҳои шахсӣ иборат аст, ки инсон барои фаъолияти ҳоҷагидорӣ, тиҷоратӣ, касбӣ онҳоро истифода мебарад, инчунин дахлнопазирии психикӣ ва ҷисмонии шахс, шаъну эътибори вай, далелҳои шахсӣ ва махфии шахс, суратҳо, расмҳои шахсӣ ва дигар аксҳои вай, иттилоот дар бораи вазъи саломатӣ, сатҳи қобилияти шаҳвонӣ, хусусият ва характери шахс, мукотибот, андеша ва фикрҳои шахсӣ, одат ва дигар хусусиятҳои шахсии ӯ мебошанд, ки истифодаи онҳо танҳо бо иҷозати худи шахс (инсон) сурат гирифта метавонанд.

Дар қисми дуюми меъёри мазкур дар бораи ҳолатҳои махсуси инъикос гардидани лаҳзаҳои ҳаёти хусусии шахсиятҳое, ки арзиши иҷтимоӣ доранд, маълумот дода шудааст. Лаҳзаҳои ҳаёти хусусии шахсиятҳо, ки арзиши иҷтимоӣ доранд, дар воситаи ахбори омма инъикос шуда метавонанд.

Шахсиятҳое, ки арзиши иҷтимоӣ доранд (шахсиятҳои оммавӣ) — асосан сиёсатмадорони давлатӣ, шахси мансабдори давлатӣ, хизматчии мақомоти худидораи давлатӣ, роҳбари ҳизби сиёсӣ ва ё анҷуман мебошанд, ки вобаста ба вазифаю мансаби ишғолнамудааш дар ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ мудом ва мунтазам иштирок менамояд, судяҳо ва прокурорҳо, ки дорои ваколати қабул кардани қарори аҳамияти ҷамъиятидошта мебошанд, дигар ашхосе, ки дорои ваколати маъмурии оммавӣ мебошад, ашхосе, ки хизмати оммавӣ мерасонанд (аз ҷумла, санъаткорон ва актёрҳои оммавӣ), ашхосе, ки фикр ва қарори онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ таъсир расонида метавонад, ашхосе, ки диққати аҳли ҷомеаро ба мавзӯи муҳим ҷалб менамоянд ва дигарҳо буда метавонанд. Вобаста ба нақши муҳими ҷамъиятии чунин ашхос, лаҳзаҳои ҳаёти хусусии онҳоро идораи воситаи ахбори омма ва журналист бе розигии онҳо низ метавонанд инъикос намоянд.

Ҳамзамон ҳуқуқи фардии ашхосе, ки дар қазия дохил нестанд, бояд риоя шавад. Ин меъёр чунин мазмун дорад, ки ҳангоми аз тарафи идораи воситаи ахбори омма ва журналист инъикос намудани ин ё он парванда оид ба паҳлӯҳои ҳаёти шахсӣ, бояд ки ҳуқуқи ашхоси сеюм, яъне ашхосе, ки дар қазия дохил нестанд, вале ба ин ё он тарафи қазия муносибати хешутаборӣ доранд ва ё дар намуди дигар алоқамандӣ доранд, бояд риоя карда шавад.

7. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс

 Паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез ва аксу тасвири номуносиб, ҳамчунин тӯҳмат ва ситоиши нобарҷо хилофи одоби касбии журналист аст.

Меъёри мазкур ҳам тарафҳои ҳуқуқӣ ва ҳам паҳлӯҳои ахлоқӣ дорад. Журналист бо амалҳои худ бояд, ки барои амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намояд. Дар меъёри ахлоқии мазкур кирдорҳое номбар гардидаанд, ки хилофи муқаррароти ҳуқуқ ва одоби касбии журналист мебошанд. Чунин кирдорҳо амалҳои зеринро дарбар мегиранд:

— паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози қабеҳ ва калимаю ибораҳои таҳқиромез;

— паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо аксу тасвири номуносиб;

— тӯҳмат;

— ситоиши нобарҷо.

Аз тарафи журналист ва ё идораи воситаи ахбори омма содир гардидани ақаллан яке аз амалҳои дар боло номбаргардида хилофи талаботи қонун ва одоби касбии журналист мебошад.

Паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози қабеҳ ва калимаю ибораҳои таҳқиромез на танҳо боиси вайрон гардидани одоби касбии журналист мегардад, балки боиси ҷавобгарии ҳуқуқии гражданӣ ва дар баъзе мавридҳо ҳатто боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ низ шуда метавонад. Тартиби ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ бо тартиби ҳуқуқии гражданӣ дар моддаи 174 Кодекси гражданӣ танзим шудааст. Парвандаҳо оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ бо тартиби мурофиаи гражданӣ баррасӣ карда мешаванд. Таҳқир, яъне беадабона, бо алфози қабеҳ паст задани обрӯ ва эътибори шахси дигар тибқи талаботи моддаи 136 Кодекси ҷиноятӣ боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ низ шуда метавонад. Парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба таҳқиру тӯҳмат парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ буда, дар асоси шикояти айбдоркунандаи хусусӣ аз тарафи суд бо тартиби мурофиаи айбдоркунии хусусӣ бе иштироки айбдоркунандаи давлатӣ баррасӣ карда мешаванд. Номгӯйи алфози қабеҳ ва калимаю ибораҳои тахқиромезро дар асоси таъиноти суд хулосаи ташхиси филологию забоншиносӣ муайян карда метавонанд.

Паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо аксу тасвири номуносиб хилофи одоби касбии журналист мебошад.

Мафҳуми “тӯҳмат” бештар ҷанбаи ҳуқуқӣ дошта, содир намудани кирдори тӯҳматангез на танҳо боиси вайрон гардидани одоби касбии журналист, инчунин боиси ҷавобгарии ҳуқуқии ҷиноятӣ низ шуда метавонад. Тӯҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани тафсилоти бардурӯғ, ки обрӯю эътибори шахси дигарро паст мезанад ё номи некашро доғдор месозад, тибқи талаботи моддаи 135 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиноят дониста шудааст.

Ситоиши нобарҷо аз маҷмӯи кирдор ва амалҳое иборат мебошад, ки бевосита ба таърифу тавсифи нобарҷои ин ё он шахс, ба афзал донистани як шахс нисбат ба ашхоси дигар, ба хушомадгӯӣ нисбат ба ин шахс бахшида шудааст. Чунин ситоиши нобарҷо метавонад, ки нисбат ба ҳама гуна шахс, новобаста аз мансубияти иҷтимоӣ ва ё мансубияти мансабӣ раво дида шавад. Дар афъолияти касбӣ содир кардани амали ситоиши нобарҷо ва тамаллуқкорӣ хилофи одоби касбии журналист мебошад.

8. Эҳтимоли бегуноҳӣ

 Ҳангоми гузориш дар мавриди инъикоси қазияи ҷиноӣ ва амсоли он ВАО ва журналист аз пешдоварӣ худдорӣ мекунанд. То собит гардидани гуноҳи шахс дар суд ВАО ва журналист наметавонанд дар бораи гунаҳкории ӯ қазоват кунанд.

Меъёри ахлоқии мазкур бештар хосияти ҳуқуқӣ дошта, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намуда, ба тасвиб расонидааст, асос ёфтааст. Тибқи талаботи моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ҳеҷ кас дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад. Тибқи талаботи қисми дуюми моддаи 14 Аҳдномаи байналмиллалӣ дар бораи ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсии шаҳрвандон, ҳар як шахси оиди парвандаи ҷиноятӣ айбдоршаванда ҳуқуқ дорад, ки то замони тибқи қонун исбот гаштани гуноҳаш бегуноҳ дониста шавад. Дар баробари ин, принсипи конститутсионии эҳтимолияти бегуноҳӣ дар дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ низ пешбинӣ шуда, мустаҳкам карда шудааст. Чунончи, тибқи талаботи моддаи 15 Кодекси мурофаивии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири 3.12.2009) ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.

Бешубҳа, риоя кардани асли эҳтимолияти бегуноҳӣ бештар ба зиммаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан мақомоти таъқиботи ҷиноятӣ ба мисли мақомоти таҳқиқ, мақомоти тафтишоти пешакӣ, мақомоти прокуратура вогузор гардидааст. Дар баробари ин, қонунгузории амалкунанда аз дигар иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ низ тақозо намудааст, ки принсипи конститутсионии эҳтимолияти бегуноҳиро риоя намоянд.

Азбаски воситаҳои ахбори омма қувваи пешбарандаи иттилоотонии ҷомеа мебошанд ва маҳз онҳо робитаи иттилоотии давлатро бо шаҳрвандон таъмин менамоянд, онҳо дар фаъолияти худ хоҳу нохоҳ дар бораи рафти таштишоти пешакиии парвандаи ҷиноятӣ ва ё баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суд хабару гузоришҳо нашр ва паҳн менамоянд. Воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳангоми таҳияи мақола, гузориш ва ё ҳама гуна дигар хабари иттилоотии вобаста ба қазияи ҷиноятӣ бояд аз пешдоварӣ кардан дар бораи гунаҳгор будани ин ё он шахс худдорӣ намоянд. То собит гардидани гуноҳи шахс дар асоси ҳукми судии ба қувваи қонунӣ даромада воситаҳои ахбори омма ва журналистон дар бораи гунаҳгор будани шахси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда ҳукуқи хулосабарорӣ кардан надоранд. Танҳо ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд далели гунаҳгории шахси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда мебошад.

Журналист дар маводи аз ҷараёни мурофиаи судӣ омодакардааш пеш аз қарори суд бояд аз истифода бурдани феълҳои тасдиқкунандаи амсоли «гунаҳкор дониста шуд», «гунаҳкор аст» худдорӣ намояд. Зеро шахси гумонбаршуда ҳанӯз гунаҳкор нест. Эҳтимол, суд бегуноҳии ӯро исбот созад, он гоҳ журналист ва воситаи ахбор дар назди қонун барои нақзи ҳуқуқи бегуноҳии шахс ҷавоб хоҳанд дод.

Дар баробари ин, меъёри мазкур дар ҳеҷ маврид чунин мазмун надорад, ки воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳуқуқи дар бораи қазияи ҷиноятӣ, ҳолатҳое, ки мавриди тафтишот қарор мегиранд хабар нашр ва паҳн накунанд. Воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳуқуқ доранд, ки дар бораи рафти баррасии парвандаи ҷиноятӣ гузоришҳо ва хабарҳо нашр ва паҳн намоянд, бо тарафҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ҳамсӯҳбат шаванд, мавқеи тарафҳоро инъикос намоянд, дар бораи ҳолатҳои бегуноҳии шахси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда мақолаи иттилоотию таҳлилӣ нашр намоянд, мактубу мақолаҳои шикоятии айбдоршаванда, ҳимоячии вай, мактуби ҷавобии муфаттиш, прокурор ва судяҳоро нашр кунанд, вобаста ба қазия дигар маводҳои таҳлилию танқидиро нашр ва паҳн намоянд.

9. Роҳ надодан ба табъиз (дискриминатсия)

 Поймол намудани ҳуқуқи шахс вобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷинсӣ дар ВАО раво нест. ВАО ва журналист аз айбҷӯии ҷисмонии шахс худдорӣ мекунанд.

Меъёри мазкур бештар характери ҳуқуқӣ дошта, он ба пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолатҳои табъиз (дискриминатсия) дар воситаҳои ахбори омма нигаронида шудааст. Табъиз (дискриминатсия) ҳам дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳам дар сатҳи қонунгузории миллӣ манъ карда шудааст. Тибқи талаботи моддаи 26 Аҳдномаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ ҳамаи одамон дар назди қонун баробар мебошанд ва бидуни ҳама гуна табъиз тибқи қонун ба ҳимояи баробар ҳуқуқ доранд. Дар ин маврид, ҳама гуна табъиз бояд бо қонун манъ карда шавад ва қонун, новобаста аз мансубияти нажодӣ, ранг, пӯст, ҷинсӣ, забонӣ, мансубитяти динӣ, андешаи сиёсӣ, мансубияти иҷтимоӣ, вазъи иҷтимоӣ ва дигар ҳолатҳо бояд ба ҳамаи шахсон ҳимояи баробар ва самаранокро ба муқобили табъиз кафолат диҳад. Тибқи муқаррароти моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Поймол намудани ҳуқуқи шахс вобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷинсӣ мумкин аст аз тарафи идораи воситаи ахбори омма, сармуҳаррир, муҳаррир ва ё журналист дар шаклҳои гуногун ба амал бароварда шавад. Нашр накардани хабар ва ё мақола, рад намудани нашри хабар, нашр накардани ҷавоб ё раддия, муқаррар кардани маҳдудиятҳо ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқ ба иттилоот, маҳдуд кардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва ғайраҳо вобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷинсӣ метавонанд намунаи чунин шаклҳои поймолкунии ҳуқуқ бошанд.

Тибқи меъёри мазкур идораи воситаи ахбори омма, сармуҳаррир, муҳаррир ва ё журналист ҳангоми омода ва нашр намудани маводи иттилоотӣ аз айбҷӯии ҷисмонии шахс худдорӣ мекунанд. Аз мазмуни меъёри мазкур чунин бармеояд, ки аз тарафи воситаҳои ахбори омма истифода намудани мафҳумҳо ва ҷумлаҳое, ки бевосита камбудии ҷисмонии шахсро ифода мекунанд ва ё онро мавриди мазаммат қарор медиҳанд, хилофи одоби касбии журналист мебошад. Чунончи, истифодаи мафҳумҳои дар амал маъмули “кар, кӯр, гунг, шал, девона,”ки, ба паст задани шахсияти инсон равона гардидаанд ва ё бо ин восита эътибори шахсияти ӯро дар назди хонандагон поймол менамоянд ва ё таҳқир менамоянд, манъ мебошанд. Айбҷӯии ҷисмонӣ на танҳо дар истифодаи мафҳуму ҷумлаҳои ишоракунандаи камбудии ҷисмонии инсон ифода мегардад, балки он дар истифода бурдани калимаву ҷумлаҳои ташбеҳӣ, монандкунӣ ба дигар ҷисмҳои ҷондор низ ифода ёфта метавонанд, ки чунин амалҳо хилофи одоби касбии журналист мебошанд. Ҷустани камбудиҳои ҷисмонии инсон аз тарафи журналист шаҳодати паст будани сатҳи маърифати ӯ буда, он аз ғарази шахсии журналист нисбат ба ашхоси муайян шаҳодат медиҳад.

10. Гузоришҳои барангезанда ва ҳифзи ноболиғон

 Журналистон ва ВАО аз гузоришҳои барангезанда ба таҷовузу хушунат, ранҷу куштор, инчунин дигар ҷиноятҳо худдорӣ мекунанд. ВАО ва журналист ба хотири ҳифзи ноболиғон ва ҷабрдидагон шахсияти онҳоро ифшо намесозанд.

Меъёри мазкур журналистон ва воситаҳои ахбори оммаро ӯҳдадор менамояд, ки аз гузоришҳои барангезандаи таҷовузу адоват, ранҷу куштор, инчунин дигар ҷиноятҳо худдорӣ намоянд. Идораи воситаи ахбори омма ва журналист ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти иттилоотрасонӣ маводу гузоришҳо ва хабару мақолаҳои характери гуногуни иттилоотидоштаро нашр менамоянд. Намудҳои гуногуни итилоот, аз ҷумла иттилооти фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттилооти ҳуқуқӣ, иттилоот дар бораи шахсият, иттилооти иқтисодӣ, иттилооти тиҷоратӣ ва ғайра мавҷуд мебошанд. Иттилоот наметавонад ҷиҳати даъват ба барҳамдиҳии сохти конcтитутсиони, халалдор намудани тамомияти арзии Чумҳурии Тоҷикистон, ташвиқоти ҷанг, зӯроварӣ, бераҳмӣ, фаҳш, ҷудоиандозиҳои нажодӣ, миллӣ, низои динӣ, таҷовуз ба шахсият, ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну эътибори инсон истифода бурда шавад. Аз ин рӯ, идораи воситаи ахбори омма, сармуҳаррир, муҳаррир, журналист ҳангоми амалӣ намудани вазифаҳои касбиашон аз нашри маводу мақолаҳои характери даъват ба таҷовуз, куштор, адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ, ҷинсӣ, ташвиқоти ранҷу куштор, даъват ба содир кардани ҷиноят худдорӣ намоянд. Аз тарафи онҳо содир кардани чунин амалҳо хилофи одоби касбии журналист буда, онро ҳамчун сӯистифода аз озодии сухан арзёбӣ кардан мумкин аст.

Воситаи ахбори омма ва журналист ба хотири ҳифзи ноболиғон ва ҷабрдидагон шахсияти онҳоро ифшо намесозанд. Меъёри мазкур чунин мазмун дорад, ки идораи воситаи ахбори омма, сармуҳаррир, муҳаррир, журналист ҳангоми таҳия намудани маводу мақолаҳо дар бораи аз тарафи мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ, мақомоти прокуратура, суд баррасӣ намудани парвандаҳо нисбати ноболиғон ва ҷабрдидагон ному насаб, маҳалли зист ва дигар маълумотҳо дар бораи шахсияти ноболиғон ва ҷабрдидагонро фош намекунанд. Чунин амал метавонад, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ноболиғон таъсири бад расонад. Меъёри мазкур ба хотири таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвадон ба ҳимояи судӣ, таъмини бехатарӣ ва ҳимояи ноболиғон, ҳуқуқи эҳтимолияти бегуноҳӣ ва таъмини сирри тафтишотӣ пешбинӣ гардидааст.

11. Шеваи ҷамъ овардани мавод

 Барои ба даст овардани ахбор, тасвир, садо ва дигар маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ набояд аз роҳҳои ғайриқонунӣ ва ноҷоиз истифода шавад.

Меъёри мазкур масъалаи усулҳои ба даст овардани ахбор, тасвир, садо ва дигар маълумот доир ба ҳаёти шахсро ба танзим даровардааст. Гирифтани иттилоот — ба даст овардан ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон ҷамъ намудани иттилоот дар бораи шахc, ашё, далелҳо, воқеаву падидаҳо ва ғайра, сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо мебошад. Тавре, ки мо аллакай дар боло қайд намудем (ҳангоми тафсири меъёри ахлоқии “эҳтироми ҳаёти шахс”), дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст. Тибқи мазмуни меъёри тафсиршаванда вобаста ба ҳаёти шахсии инсон роҳҳои ғайриқонунӣ, усулҳои ноҷоиз бояд истифода бурда нашаванд.

Бо мақсади ҳимояи шаъну шараф ва эътибори инсон, эҳтироми ҳуқуқи ӯ ба ҳаёти шахсӣ, ҳангоми ҷамъ овардан ва паҳн намудани иттилоот, роҳҳои зерини ғайриқонунии ҷамъ овардани мавод бояд истифода нашаванд:

— дар манзили истиқоматии хусусии шаҳрванд ва дар ҳудуди замини наздиҳавлигии ӯ бе розигии шахс сурат ва аксбардорӣ намудан, сабти аудио ва видео намудан манъ мебошад, новобаста аз он, ки шахс дар чунин макон мебошад ва ё не;

— ҳангоми гузаронидани ҷамъомадҳои ғайриоммавӣ бе ризоияти ташкилкунандагони ҷамъомад аксбардорӣ намудан, сабти аудио ва видео намудан манъ мебошад;

— бе розигии шахс аксбардорӣ намудани ӯ, ба навори видео ё аудио сабт кардани ӯ ва ҳамчун реклама дар воситаҳои ахбори омма истифода бурдани он бе розигии чунин шахс манъ мебошад;

— аксбардорӣ намудан ва ба навори видео ё аудио сабт кардани шахси дорои камбудии ҷисмонии ошкоро бе розигии чунин шахс манъ мебошад;

— аксбардорӣ намудан ва ба навори видео ё аудио сабт кардани шахсе, ки бо сабаби бад будани вазъи саломатӣ дар ҳолати оҷизона қарор дорад, бе розигии ӯ манъ мебошад;

— аксбардорӣ намудан ва ба навори видео ё аудио сабт кардани кӯдак бе розигии волидайни ӯ, васӣ ва ё парастори ӯ манъ мебошад;

— истифода намудани сурат, акс, навори видео ва ё аудиоии кӯдакон дар иттилооти характери эротикӣ (шаҳвонӣ) ва порнографидошта манъ мебошад;

— аксбардорӣ намудан ва ба навори видео ё аудио сабт кардани шахси вафоткарда (ё кушташуда) бе розигии аъзоёни оилаи ӯ манъ мебошад.

— мундариҷаи гуфтугӯйи телефонӣ, мукотиба, мухобироти шахсӣ бе розигии шахс иҷозат дода намешавад.

12. Ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама

 Рисолати касбиро қурбони аҳдофи тиҷорат набояд кард. Дар ВАО фаъолияти эҷодӣ аз фаъолияти тиҷоратӣ ва реклама ҷудо буда, матолиб набояд таҳти таъсири шахси сеюм ё манфиати журналист қарор гирад.

 Маводе, ки ба хотири тиҷорату реклама ва тарғиби манфиати гурӯҳе ё шахсе ба нашр мерасад, бояд мушаххас бошад ва аз маводи дигар ҷудо ҷой дода шавад, то хусусияти тарғиботии он аён гардад.

Меъёри мазкур соҳаи муҳими фаъолияти журналистиро, ки ба тиҷорату реклама алоқамандӣ дорад, ба танзим медарорад. Рисолати касбии журналист — пеш аз ҳама ба амал баровардани фаъолияти иттилоотонии аҳли ҷомеа дар асоси усулҳои ҳақиқатнигорӣ, воқеънигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон мебошад. Аз ин рӯ, меъёри мазкур ба журналистон тавсия медиҳад, ки рисолати касбиро қурбони ҳадафу вазифаҳои тиҷоратӣ накунанд. Дар воситаи ахбори омма фаъолияти эҷодӣ аз фаъолияти тиҷоратӣ ва реклама бояд ҷудо бошад. Фаъолияти тиҷоратӣ чунин намуди фаъолияти идораи воситаи ахбори омма мебошад, ки барои ба даст овардани фоида равона гардидааст.

Тибқи талаботи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи реклама” реклама – иттилооте аст, ки дар ҳар шакл, тавассути ҳар навъ воситаҳо дар бораи шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо (ахбори рекламавӣ) паҳн мешаванд ва барои доираи васеи одамон пешбинӣ шуда, ҷиҳати ташаккул ё дастгирии манфиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо, ташаббусҳо таъин гардида, барои фурӯхтани молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо мусоидат менамояд. Аз мазмуни меъёри мазкур чунин бармеояд, ки ба журналистон ва идораи воситаи ахбори омма нашр намудани рекламаи номуносиб низ тавсия дода намешавад. Рекламаи номуносиб — рекламаи бевиҷдонона, нодуруст, беодобона, ошкоро бардурӯғ, пинҳонӣ ё дигар рекламае аст, ки дар он ба вайронкунии талабот нисбати мазмун, вақт, маҳал ва тарзи паҳнкунӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода шудааст. Тибқи талаботи моддаи 5 қонуни мазкур, реклама набояд дар шаҳрвандон ҳисси зӯроварӣ, таҷовуз, воҳима барангезад, инчунин набояд ба амалҳои хатарноке даъват намояд, ки метавонанд ба саломатии шахсони воқеӣ зарар расонанд ё ба бехатарии онҳо таҳдид намоянд ва ба идроки инсон беихтиёр таъсир расонад. Воситаи ахбори омма ва журналист бояд, ки аз нашр ва паҳн намудани рекламаи бардурӯғ, рекламаи беодобона, рекламаи пинҳонӣ худдорӣ намоянд. Тибқи талаботи моддаи 12 қонуни мазкур, дар матбуоти даврии давлатӣ, ки барои ахбор ва маводи хусусияти рекламадошта махсус гардонида нашудаанд, реклама набояд аз 25 фоизи ҳаҷми як шумораи нашрияи матбуоти даврӣ ва дар матбуоти даврии ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 40 фоиз зиёд бошад. Дар воситаҳои ахборе, ки барои интишор додани реклама пешбинӣ шудаанд, маҳдудият муқаррар карда намешавад. Дар барномаҳои радио ва телевизиони давлатӣ, ки ҳамчун воситаҳои барои интишор додани ахбор ва маводи хусусияти рекламавидошта махсус ба қайд гирифта нашудаанд, реклама набояд аз 10 фоизи ҳаҷми намоиши шабонарӯзӣ ва дар барномаҳои радио ва телевизиони ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 30 фоиз зиёд бошад.

Маводе, ки ба хотири тиҷорату реклама чоп мешавад, бояд, ки мушаххас бошад ва аз маводи дигар ҷудо ҷой дода шавад, то ин ки моҳият ва мақсади иттилооти паҳншаванда дарк карда шавад.

13. Подош ва имтиёз

 Ҳар гуна имтиёз ва подош, ки озодии тасмими ВАО ва журналистро маҳдуд месозад, хилофи эътибор ва обрӯи ВАО ва журналист аст.

Меъёри мазкур аз тарафи идораи воситаи ахбори омма ва журналист гирифтани ҳама гуна имтиёз ё подошро вобаста ба иҷро намудани вазифаҳои касбии журналистӣ хилофи эътибор ва обрӯйи воситаи ахбори омма медонад. Гирифтани подош мумкин аст, ки дар шакли маблағи пулӣ, амвол, тӯҳфаи қимматбаҳо, ҳуқуқ ба амвол ва дигар шаклҳои амволӣ ифода ёбад. Гирифтани имтиёз дар намуди бо роҳи ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба имтиёзи пулӣ, имтиёзи молӣ, имтиёзҳои бонкӣ, имтиёзҳои манзилӣ, озод намудан аз пардохт вобаста ба ин ё он ӯҳдадорӣ, имтиёзҳои дигар вобаста ба ҳуқуқҳои иқтисодию иҷтимоӣ зоҳир шуда метавонанд.

Аз тарафи журналист ва идораи воситаи ахбори омма гирифтани подош ва имтиёз барои нашр кардан ва ё накардани ин ё он маводи иттилоотӣ на танҳо хилофи одоби касбии журналист мебошад, балки он озодии тасмими журналистро низ маҳдуд мегардонад, воситаи ахбор ва журналистро дар назди нафари подошдода забонкӯтоҳ мегардонад. Инчунин подоши ба таври ғараз додашуда рӯзе овоза гашта боиси рехтани обрӯю эътибори журналист ва воситаи ахбор мегардад. Бар замми ин, чунин амал дар ҳолатҳои пешбиннамудаи қонунгузорӣ боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ низ шуда метавонад.

Зимнан бояд қайд кард, ки меъёри мазкур ҳуқуқи журналистро барои тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бастани шартномаи музднок барои расонидани хизмати журналистӣ, хизмати иттилоотрасонӣ, ҳуқуқи гирифтани ҳаққи қаламро маҳдуд наменамояд ва чунин ҳолатҳо набояд, ки ҳамчун ҳолати гирифтани подош ва имтиёз арзёбӣ карда шаванд.

Идомаи Тафсирро бо пахш кардани нишонии зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед:http://www.taj.nansmit.tj/publish/?id=8

ТАФСИРИ Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон (давомаш)

14. Асардуздӣ (плагиат)

 Журналист бояд дар фаъолияти касбиаш асардуздӣ накунад. Асардуздӣ ин гирифтани матн, тасвиру садо аз манбаи дигар ва ҳамчун моли худ муаррифӣ кардан аст. Журналист бояд ба заҳмати ҳамкасбонаш арҷ гузорад.

Меъёри мазкур масъалаҳоро вобаста ба плагиат ё худ асардуздӣ ба танзим даровардаст. Меъёри мазкур характери ҳуқуқӣ дошта, бевосита бо фаъолияти касбии журналистон алоқаманд аст. Плагиат – аз они худ намудани ҳуқуқи муалифии шахси дигар ва ҳамчун асари худ муаррифӣ намудани он, бе розигии муаллиф истифода бурдан ва ҳамчун эҷоди худ нишон додани асари муаллиф мебошад, ки дар натиҷаи он ба ҳуқуқу манфиатҳои муаллиф зарари ҷиддӣ расонида мешавад.

Масъалаҳои ҳуқуқи муаллифро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” ба тариқи пуррра танзим намудаанд. Масъалаи мазкур дар ҳамчунин дар Ахдномаи умумиҷаҳонӣ “Дар бораи ҳуқуқҳои муаллифӣ” низ танзим карда шудааст. Муаллиф — шахси воқеие мебошад, ки асар дар натиҷаи меҳнати эҷодии вай офарида шудааст. Ҳуқуқи муаллиф ба асарҳои илмӣ, адабиёти бадеӣ ва санъат, ки натиҷаи фаъолияти эҷодӣ мебошанд, сарфи назар аз таъинот ва аҳамият, ҳамчунин тарзи ифодаи онҳо татбиқ мегардад. Асарҳо бояд дар ин ё он шакли объективӣ, аз ҷумла дар шакли хаттӣ, даҳонӣ, сабти овоз, тасвир ва дигар шаклҳои қобили дарку эҳсос ифода ёбанд. Ҳуқуқи муаллиф ба асари илмӣ, адабиёти бадеӣ ва санъат аз лаҳзаи эҷоди он ба миён меояд. Барои ба вуҷуд омадан ва амалӣ сохтани ҳуқуқи муаллиф бақайдгирӣ, ба таври махсус ба расмият даровардани асар ё риояи ин ё он расмиёт шарт нест. Соҳиби ҳуқуқи комили муаллиф барои огоҳ сохтан аз ҳуқуқи худ метавонад аз аломати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф истифода кунад, ки тартиби гирифтани онро қонун муайян кардааст. Ҳуқуқи муаллиф дар давоми тамоми ҳаёти муаллиф эътибор дорад, ба мерос мегузарад ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, дар давоми панҷоҳ соли пас аз фавти муаллиф амал мекунад.

Зимнан бояд қайд намуд, ки санадҳои расмӣ, аз ҷумла қонунҳо, рамзҳо ва нишонаҳои давлатӣ, асарҳои эҷодиёти халқ, хабарҳо оид ба ҳодисаву фактҳое, ки хислати иттилоотӣ доранд, объекти ҳуқуқи муаллифӣ буда наметавонанд.

Тибқи талаботи моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар чунин шаклҳо сурат гирифта метавонанд: аз ҷумла, бе иҷозати соҳибҳуқуқ таҷдид, паҳн кардан ва тарзи дигари истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, паҳн, тайёр, ворид намудан бо мақсади паҳн кардани таҷҳизот ё пешкаш кардани хизмат, ки барои сарфи назар кардан ё ба сарфи назар намудани ҳар як васоити техникии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он пешбинӣ гардидааст, имкон медиҳад ё мусоидат мекунад, бе иҷозати соҳибҳуқуқ барҳам ё тағйир додани ҳар гуна иттилоъ дар бораи идоракунии ҳуқуқҳо. Нусхаҳои асар ва фонограммае, ки таҳия ва паҳн намудани онҳо боиси вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он мешавад, нусхаҳои ғайриқонунӣ ҳисоб меёбанд. Аз тарафи идораи воситаи ахбори омма, сармуҳаррир, муҳаррир ва ё журналист содир намудани яке аз амалҳои дар боло номбаргардида хилофи одоби касбии журналист мебошад.

Дар баробари ин, меъёри мазкур пешбинӣ намудааст, ки журналист бояд ба заҳмати ҳамкасбонаш арҷ гузорад. Идораи воситаи ахбори омма, сармуҳаррир, муҳаррир ва ё журналист ба заҳмати зеҳнии ҳамкасбонашон эҳтиром гузошта, заҳмати ҳамкасбонашонро бояд қадр кунанд ва нисбати заҳмати зеҳнию эҷодии ҳамкасбонашон ягон намуд беэҳтиромӣ зоҳир накунанд. Аз тарафи журналист зоҳир намудани беэҳтиромӣ нисбати заҳмати ҳамкасбонашро ҳамчун беэътиноӣ нисбати касби рӯзноманигорӣ арзёбӣ намудан мумкин аст.

15 Ислоҳи хато

 Агар нодурустии маводи нашршуда ё хулоса дар мавриди ашхос, имло, сарфу наҳв, ки баъд собит гардад, бояд аз тарафи ҳамон нашрия фавран ислоҳ ва аз нав нашр шавад. Дар сурати роҳ додан ба камбудӣ журналист ва ВАО бояд онро эътироф ва ислоҳ намуда, такроран ба хато роҳ надиҳанд.

Меъёри ахлоқии мазкур масъалаҳои вобаста ба ислоҳи хато ҳангоми нашри маводу мақолаҳоро танзим менамояд. Меъёри мазкур ба идораи воситаҳои ахбори омма ва журналистон тавсия медиҳад, ки ҳангоми роҳ додан ба хато ва ё камбудӣ дар мавриди нашри мавод бояд камбудиро этироф намоянд, баҳри ислоҳ намудани камбудӣ амал кунанд ва кӯшиш намоянд, ки дар фаъолияти минбаъдаи касбиашон ба чунин хато ё камбудӣ роҳ надиҳанд.

Ислоҳи хато яке аз усулҳои муҳими худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма буда, барои таъмини мустақилияти касбии онҳо нақши муҳим мебозад. Ислоҳи хато инчунин гувоҳи масъулиятшинос будани воситаи ахбор буда, эътиборашро дар байни хонандагон баланд мебардорад, зеро ислоҳи хато хонандагонро гумроҳ намесозад.

Ислоҳи хаторо бо усулҳои гуногун, аз ҷумла бо роҳҳои интишор кардани тасҳеҳ, эзоҳ, нашри такрории мавод, эълони ислоҳи хатогии техникӣ, нашри ҷавоб, раддия ва ғайраҳо ба амал баровардан мумкин аст. Эътироф намудан ва ислоҳ кардани хато на танҳо ба зиммаи идораи воситаи ахбори омма вогузор карда шудааст, балки ин ӯҳдадории бевоситаи журналисте низ мебошад, ки маводро омода намудааст. Дар мавриди ба миён омадани чунин ҳолатҳо, журналист вазифадор аст, ки дар назди идораи воситаи ахбори омма дар бораи ислоҳи хато масъала гузорад. Ислоҳи хато аз тарафи журналист ва идораи воситаи ахбори омма барои пешгирӣ намудани пеши роҳи баҳсҳои дар оянда ба миёномада мусоидат намуда метавонад.

16 Ҳамраъйии касбӣ

 ВАО ва журналист ҳамраъйии касбиро пеша мекунанд. Журналист аз иҷрои супоришҳое, ки хилофи эътибори касбӣ ё мавқеи иҷтимоиаш аст, худдорӣ намуда, бояд бар зидди ҳамкасбон ва ВАО-и дигар беасос иқдом накунад. Журналистон ВАО-ро барои хусумати шахсӣ ва ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон истифода намекунанд.

 Агар журналист барои фаъолияти касбиаш таъқиб шавад, ҳамкасбон ӯро пуштибонӣ мекунанд.

Меъёри мазкур ҳамраъйии касбии журналистонро ҳамчун яке аз усулҳои таъмин намудани иттиҳоди ҷомеаи журналистӣ арзёбӣ кардааст.

Журналист аз иҷрои супоришҳое, ки хилофи эътибори касбӣ ё мавқеи иҷтимоиаш аст, худдорӣ намуда, бояд бар зидди ҳамкасбон ва дигар воситаҳои ахбори омма беасос иқдом накунад. Супоришҳое, ки хилофи эътибори касбӣ ё мавқеи иҷтимоии журналистанд — амру фармон ва супоришҳое мебошанд, ки бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дода шуда, ба рисолати касбии журналист мухолифанд ва мувофиқи эътиқоди журналист иҷро намудани онҳо боиси паст гардидани мақому мартабаи касбии журналист дар назди аҳли ҷомеа ё боиси ба миён омадани ягон намуди ҷавобгарии ҳуқуқӣ мегарданд. Зимнан бояд қайд намуд, ки мавқеи иҷтимоии ҳар як журналист мустақилона муайян буда, хусусияти хоси худро дошта, ифодакунандаи назару андешаи касбии ӯ мебошад.

Журналистон воситаи ахбори оммаро барои хусумати шахсӣ ва ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон истифода намекунанд. Хусумати шахсӣ – ғараз, қасд ва манфиатҳои шахсие мебошанд, ки характери бадқасдона ва ихтилофангезона дошта, барои қонеъ гардонидани манфиати шахсӣ равона шудаанд. Ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон, пеш аз ҳама паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, хабари иғвоангез ва нашри маводу мақолаҳои барангезанда аст, ки мақсади ниҳоии онҳо ихтилоф андохтан дар байни ҷомеаи журналистон мебошад.

Тибқи талаботи қисми дуюми меъёри мазкур, агар журналист барои фаъолияти касбиаш таъқиб шавад, ҳамкасбон ӯро пуштибонӣ мекунанд. Журналист вобаста ба фаъолияти касбиаш метавонад, ки дар ҳар шакл, аз ҷумла дар шакли ғайриқонунӣ оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, беасос оғоз намудани парвандаи айбдоркунии хусусӣ, ба суд пешниҳод намудани аризаи даъвогии беасос, ғайриқонунӣ дастгир кардан ва дар ҳабси пешакӣ гирифтан таъқиб карда шавад. Ҳамчунин таъқиб метавонад, ки дар дигар шаклҳои ғайриҳуқуқӣ низ ба амал бароварда шавад. Дар мавриди бо чунин асосҳо ва ё асосҳои дигар мавриди таъқиб қарор гирифтани журналистон, ҳамкасбон ӯро пуштибонӣ менамоянд. Пуштибонӣ намудани журналист аз тарафи ҳамкасбонро бо ҳама гуна роҳу усулҳои қонунӣ, аз ҷумла бо роҳи пахш намудани изҳороти созмонҳои рӯзноманигорӣ, муроҷиат кардан ба мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ, дар саҳифаҳои матбуот чоп кардани маводи исботкунандаи бегуноҳии журналист ва ғайра ба амал баровардан мумкин аст.

Зимнан бояд ёдрас шавад, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои монеъ гардидан ба фаъолияти касбии журналист дар модаи 162 Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст, ки тибқи мазмуни он дар ҳар шакле, ки набошад монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ӯ барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зӯроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурӯғи бофта ё фош намудани дигар тафсилоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро махфӣ нигоҳ дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.

17 Тартиби амалӣ гардонидани меъёрҳо

 Дар сурати риоя нагардидани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ҳар шахси манфиатдор метавонад ба Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон муроҷиат намояд. Тасмими Шӯро дар ВАО нашр мешавад.

Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии васоити ахбори омма мебошад. Шӯрои воситаҳои ахбори омма бо мақсади худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон барои қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое, ки ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ тааллук доранд, таъсис дода шудааст.

Меъёри мазкур тартиби баррасӣ гардидани ҳолатҳои риоя нагардидани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро ба танзим даровардааст. Тибқи мазмуни меъёри мазкур ҳар як шахси манфиатдор метавонад, ки ба Шӯрои воситаҳои ахбори омма муроҷиат (шикоят) намояд. Мафҳуми “ҳар як шахси манфиатдор” мазмуни васеъ дошта, тибқи он ҳар як шаҳрванд, шаҳси ҳуқуқӣ, журналист, идораи воситаи ахбори омма, мақомоти давлатӣ, ташкилоту муасисаҳои ғайридавлатӣ ва дигар ашхос, ки худро тарафи манфиатдори баҳси иттилоотӣ меҳисобад, ҳуқуқи ба Шӯрои воситаҳои ахбори омма муроҷиат (шикоят) намудан дорад. Муроҷиат (шикоят) бояд, ки ҳатман дар шакли хаттӣ мураттаб гашта, дар он ном, насаб, суроғаи шахси муроҷиаткунанда ҳатман нишон дода шуда бошад ва дар он имзои шахс тибқи тартиби муаяншуда гузошта шуда бошад. Муроҷиати хаттӣ якҷоя бо ҳуҷатҳои замимашуда бояд ҳатман дар ҳаҷми ду нусха тартиб дода шуда, ба суроғаи макони ҷойгиршавии Шӯрои воситаҳои ахбори омма оварда, ба Дастгоҳи иҷроияи Шӯрои воситаҳои ахбори омма супорида шавад. Дар натиҷаи баррасӣ намудани муроҷиат (шикоят), Шӯрои воситаҳои ахбори омма муроҷиатро қонеъ ё рад менамояд, ё баҳси иттилоотиро бо созиши оштӣ додани тарафҳо анҷом медиҳад. Тасмими Шӯро дар шакли қаррор нашр шуда, он характери тавсиявӣ дорад. Тасмими Шӯро дар яке аз воситаҳои ахбори омма нашр мегардад. Масъалаи дар кадом воситаи ахбори омма нашр гардидани тасмими Шӯро дар қарори ба тариқи дастаҷамъона қабулнамудаи аъзоёни он қайд карда мешавад.

Муаллифон

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси АМВАОМТ

Соли 1961 таваллуд шудааст. Аз замони мактабхонӣ ба фаъолияти журналистӣ шавқу рағбат пайдо кардааст. Аввалин чакомаҳои қаламаш дар рӯзномаи кӯдакон «Пионери Тоҷикистон» ва рӯзномаи ноҳиявии «Шӯҳрати Ашт» ба табъ мерасиданд, сипас ӯ бо рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ҳамкорӣ мекард. Соли 1984 факултаи журналистикаи Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносовро хатм кард.

Фаъолияти эҷодиашро дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» оғоз карда, ба ҳайси мухбир, мудири шӯъба, роҳбари иттиҳодияи эҷодӣ, муовини сармуҳаррир кор кардааст. Баъдтар ба вазифаи муовини директори АМИТ «Ховар» таъин гашт. Моҳи январи соли 1998 агентии иттилоотии хусусии «Интер-пресс-сервис» таъсис дод. Яке аз ташаббускорони таъсис додани Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОТ) буда, раиси он интихоб гашт. Соли 2002 бори дувум ба вазифаи раиси анҷумани мазкур интихоб гашт, соли 2007 бошад бори сеюм ба ҳамин вазифа интихоб шудааст. Дар тӯли 12 соли фаъолияташ роҳбари ягонаи ин созмони бонуфузи рӯзноманигорон мебошад.

Барои рушди воситаҳои ахбори омма фаъолона кор мекунад. Коршиноси шинохтаи соҳаи ВАО аст. Ба фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ, пуштибонӣ аз манфиатҳои ВАО дар мақомоти давлатӣ машғул аст. Иштироккунанда ва созмондиҳандаи конференсияҳои сершумори минтақавӣ дар соҳаи расонаҳои хабарӣ мебошад. Дорои собиқаи ғании фаъолияти тренерӣ, модераторӣ ва фасилитаторӣ аст. Муаллифи беш аз 600 мақола, очерк ва маърӯзаҳои илмӣ аст. Бо унвони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гаштааст. Узви Шӯрои ВАО ҶТ мебошад.

Иноятов Иноят, адвокат.

Соли 1998 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиноси фаъолияти ҳуқуқии байналмилалӣ бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1998-2000 дар мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ба сифати муфаттиш ва ёрдамчии прокурори ҳарбӣ кор кардааст. Солҳои 2001-2003 дар Шўъбаи рӯзонаи Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аспирант таҳсил намудааст. Солҳои 2000-2003 ба сифати ҳуқуқшинос-маслиҳатчии Созмони байналмиллалии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» фаъолият намудааст.

Аз соли 2003 инҷониб ба сифати адвокати мустақил фаъолият дорад. Ба сифати адвокат дар мурофиаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ иштирок карда, ҳуқуқҳои якчанд воситаҳои ахбори оммаи мустақил ва журналистонро ҳимоя намудааст. Муаллифи як қатор мақолаву дастурҳо дар бораи ҳимояи ҳуқуқи журналистон мебошад.

Аз соли 2006 инҷониб ҳуқуқшинос-маслиҳатчии Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2009 инҷониб узви Шӯрои ВАО Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Раҷаби Мирзо: Дар 7 соли ахир маро касе задан намехоҳад

Ҳашт сол қабл аз ин, дурусттараш 7-уми августи соли 2003 дар Душанбе нашрияи мустақили «Рӯзи нав» ба табъ расида, дастраси хонандагон гардид. Дар як муддати кӯтоҳ ин ҳафтанома дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мақоми хосаеро касб карда, нашрияи серхаридортарини кишвар гардид. Аммо ин нашрия ҳамагӣ як солу як ҳафта умр дид ва шумораи охирини он рӯзи 12-уми августи соли 2004 чоп шуд.

Тайи 7 соли ахир сабабҳои мутаваққиф шудани нашри «Рӯзи нав»-ро ба муассису ҳайати эҷодии он касе аз масъулини мақомот то ҳол шарҳ надодааст. Дар ин бора ва дар чанд мавзӯи дигар «Озодагон» сӯҳбате дошт бо Раҷаби Мирзо (Мараимов), сардабири «Рӯзи нав».

[b]Матни пурраи матлабро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=117]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=117[/url]

Источник:

Раҷаби Мирзо: Дар 7 соли ахир маро касе задан намехоҳад

[b]Ҳашт сол қабл аз ин, дурусттараш 7-уми августи соли 2003 дар Душанбе нашрияи мустақили «Рӯзи нав» ба табъ расида, дастраси хонандагон гардид. Дар як муддати кӯтоҳ ин ҳафтанома дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мақоми хосаеро касб карда, нашрияи серхаридортарини кишвар гардид. Аммо ин нашрия ҳамагӣ як солу як ҳафта умр дид ва шумораи охирини он рӯзи 12-уми августи соли 2004 чоп шуд. Тайи 7 соли ахир сабабҳои мутаваққиф шудани нашри «Рӯзи нав»-ро ба муассису ҳайати эҷодии он касе аз масъулини мақомот то ҳол шарҳ надодааст. Дар ин бора ва дар чанд мавзӯи дигар «Озодагон» сӯҳбате дошт бо Раҷаби Мирзо (Мараимов), сардабири «Рӯзи нав».[/b]

[b]Озодагон: Ба фикри Шумо «Рӯзи нав» то куҷо рӯзномаи муваффақ буд ва асрори мувафаққияти он дар чӣ ифода меёфт?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] Бовар кунед, чӣ қадар бароям дардовар аст, вақте дар бораи «Рӯзи нав» чун моли замони гузашта ҳарф мезананд. Бале ин воқеият аст, ки рӯзнома 7 сол боз чоп намешавад. Аммо ҳақиқат ин аст, ки рӯзнома ягон ҷурми ҳуқуқиву касбӣ надорад. Аз ин рӯ он баста ҳам нашудааст. Ин ҳолат мисли он аст, ки фарзанди касе дар ҷанг мемирад, аммо азбаски ҷисмашро ба пеши падару модар наовардаанд, онҳо ба ҳеч ваҷҳ бовар намекунанд, ки фарзандашон фавтидаст ва доим чашм ба роҳанд. Ман ҳам умед дорам, ки «Рӯзи нав» ҳатман аз нав дар майдони матбуот фаъол хоҳад шуд. Бигзор бидуни иштироки ман. Ёдатон ҳаст, ки дар як сӯҳбати дигарам гуфта будам: ман омода будаму ҳастам, ки ҷабри чанд латукӯби дигарро ҳам бардорам, аммо танҳо ба «Рӯзи нав» касе кордор намешуд.

Фикр мекунам дар бораи муваффақ будан ё набудани «Рӯзи нав»дигарон, аз ҷумла хонандагонаш ва коршиносон баҳо бидиҳанд, беҳтар ва мантиқӣ мебуд. Ҳарчанд барои ман ҳамчун бунёдгузори он тақрибан ягон мушкилоти молие пеш наовардани рӯзнома метавон гуфт, ки бозгӯкунандаи муваффақияти рӯзнома аст. Зеро ҳанӯз аз шумораи дуввумаш «Рӯзи нав» тавонист хонандаи зиёдеро фаро бигирад ва худкифо шавад. Баъдтар бошад ҳатто ба манбаи иловагии даромадҳои ман табдил ёфт. Ба сифати сардабир бошад барои ман дар баробари мушкилоти зиёд пеш овардан обрӯи фаровон ато кард. Пас «Рӯзи нав» -ро ман далеле надорам, ки лоиҳаи муваффақ наҳисобам.

Дар бораи ин рӯзнома, ки воқеан ҳам дарвозаҳои тарсро дар Тоҷикистон шикаст, назарҳои гуногун вуҷуд доранд. Ҳукумат ва бархе аз ҳукуматгароҳо, тавре ишора кардам, тамоми мушкилоти пешомадаи ҷомеаи шаҳрвандиро ба пайдоиши ин рӯзнома нисбат додан мехоҳанд. Озодихоҳону ислоҳотхоҳон комилан фикри дигар ва баръакс доранд. Пас, дар бораи мақому нақши «Рӯзи нав» ба гумони ман бояд дертар, ҳадди ақалл пас аз он сӯҳбат кард, ки ҳукумати нав ба майдон биёяд.

[b]Озодагон: Лату кӯбе, ки нисбати Шумо анҷом дода шуд, бевосита ба нашри «Рӯзи нав» рабт дошт, ё ягон ғарази дигар ҳам буд?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] Замоне, ки дар шаш моҳи соли 2004 ду маротиба ба ман сӯйиқасд карданд, аз ягон кас қарз надоштам, бо касе ҷангӣ ҳам набудам, моли касеро ҳам надуздидаву аз худ накарда будам. Яъне барои ғарази дигар, он тавре, ки Шумо мегӯед, заминаву омиле вуҷуд надошт. Пас аз мутаваққиф шудани «Рӯзи нав» ҳам тақрибан ҳамон ҳолати иҷтимоиро дорам, ки он замон доштам. Пас чаро дар 7 соли ахир (шукри Худо) маро касе задан намехоҳад? Магар ин не ки акнун «Рӯзи нав» фаъол нест?

[b]Озодагон: Чаро дар замони то андозае ҳассос ба нашри матолиб ва мавзӯъҳои мамнӯъ даст задед? Инро иродаи мустаҳкам меноманд ё «Рӯзи нав» «кришаи» қавӣ дошт?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] Барои ман ва аҳли қалами «Рӯзи нав» як мавзӯи мамнӯъ вуҷуд дошт: ҳар чӣ ки қонунгузорӣ манъ кардааст ва ба ахлоқи касбиву инсонӣ намеғунҷад. Дигар мавзӯи табӯ надоштем. Ба кормандони «Рӯзи нав», ки аксаран аз ҳисоби журналистони ҷавон ва навроҳ гирд омада буданд, як чиз мегуфтам: Шумо нотарсида нависед, мо нотарсида ташхис мекунем, ки яон қонун нақз шудааст ё не. Воқеан ҳам, «Рӯзи нав» аз шумораи нахустинаш бо созмонҳои ҳуқуқшиносӣ шартномаи ҳамкорӣ дошт, ки кӯмаки ҳуқуқии ройгон анҷом медод. Яъне аз аввалин расонаҳои Тоҷикистон аст, ки базаи ҳуқуқии худро аз ибтидои фаъолият замина гузошт. Инро бояд чунин фаҳмид, ки мо воқеан ҳам як рӯзномаи ҷиддӣ ва бо фарогириву бархӯрди ҷиддӣ ба майдон омадем. Мутаассифона, ҳатто риояи қонун ҳам ба мо кӯмак накард. Тавре Марат Мамадшоев, муҳаррири «Азия Плюс» ҳолати моро рамзнок шарҳ дод: мо ба маълумоти обуҳавосанҷҳо бовар кардем, ки мегуфтанд «рӯзи офтобӣ хоҳад буд» ва бо худ чатр нагирифтем, аммо дар кӯча борон меборид.

Аммо он чӣ ки ба «криша» ё чатрҳо марбут аст. Шояд ёд доред, ки он замон дар бораи «ҳомиёни» зиёде мегуфтанд, ки ба мо гӯё кӯмак кардаанд. Тақрибан шахсияти таъсиргузоре намонда буд, ки бо ин «ҷурм» муттаҳам нашуд: Тӯраҷонзода, Нурӣ, Ғаффор Мирзоев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Самариддин Фазлиддинов, Қувват Султон…

Вале ҳақиқат ин аст, ки ман ҳеч гоҳ «чатр» -ро дӯст надоштаам. Ҳам ба маънои рамзӣ, ҳам аслиаш. «Криша» ва маблағгузори мо 15 000 хонандаи «Рӯзи нав» буданд, ки ҳар ҳафта нашрияи моро мехариданд ва фаъолиятамонро қавӣ мекарданд.

[b]Озодагон: Баъди аз чоп мондани «Рӯзи нав», ки ҳамагӣ як солу як ҳафта идома дошт ва дар ин давра ҳам латукӯб шудед ва ҳам бо баста шудани рӯзнома якбора ин зарбаҳоро ба шикастагии рӯҳияи Шумо сабаб нагашт? Яъне мисли сармуҳаррири «Рӯзи нав» ҳанӯз ҳам дар касби худ бо иродаи қави пеш меравед ё аз баъзе ҳолатҳо андеша мекунед?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] Пурсиданиед, ки ман оё аз кардаи худ пушаймонам? Ба ҳеч ваҷҳ. Бори дигар мегӯям, ки агар он чиро ки мо анҷом додему касе онро ҷиноят меҳисобад, ман омодаам ин «ҷиноят» -ро аз нав содир кунам.

[b]Озодагон: Сабаби аслии мутаваққиф шудани фаъолияти рӯзномаро дар чӣ мебинед?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] Дар баробари матбуоти қавӣ худро заъиф дидани мақомоти марбутаи ҳукумат.

[b]Озодагон: Пас аз баста шудани рӯзномаи «Рӯзи нав» тӯли 7 сол дар куҷо фаъолият доред ва оянда нақшаҳоятон чист?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] 5 соли аввал комилан бекор будам. Чандин бор ба ҳамкасбонам мегуфтам, агар ба касбияти ман бовар доред, хоҳиш мекунам ба кор қабулам кунед. Ман ҳатто омода будам, ки бо маоши ночизе кор кунам. Танҳо мехостам, ки аз мақоми «ғайрилегалӣ» берун шавам. Дар ин миён тақрибан дар ҳар рӯзномаи навтаъсис ба сифати мушовир ва ғоясоз, аммо ғайрирасмӣ кор кардам. Матлабҳои маро бо имзои худам кадоме аз нашрияҳои фаъол чоп кардан намехост. Аз соли 2008 «Фараж» омода шуд, ки бархе аз матлабҳои ба ҳаводиси сиёсати хориҷӣ марбутбударо нависам ва бо имзои худам чоп кунад. Баъдан як муддати кӯтоҳ дар маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» кор кардам. Аммо пеш аз ин дар ин маҷалла баъзе идеяҳои бандаро роҳандозӣ карда буданд. Яъне ҳамкориҳои мо доманаи фарохтару барвақттаре дошт. Моҳи августи соли 2009 намояндагони радиои «Имрӯз» маро ба кори расмӣ – сармуҳарририи ин радио даъват кард. Як сол он ҷо кор кардам. Азбаски «мушкилоти техникӣ» дар пахши радио ба вуҷуд омад, ба роҳбарияти он гуфтам, ки шояд сабаб дар ман нуҳуфтаасту беҳтараш аз кор меравам. Бубинед, пас аз ин «мушкилоти техникӣ» низ рафъ шуд. Дуруст аст, ки дигар ин радио формати қаблии барномаҳоро низ надорад. То моҳи майи соли 2010 дар нашрияҳои гуногун, аз ҷумла «СССР» ва «Озодагон» матлабҳои муаллифӣ менавиштам. Августи соли 2010 аввалин рӯзномаи ҳаррӯзаи «Имрӯз news» -ро фаъол кардаму то шумораи 57 он зери имзои ман баромад. Айни ҳол дар рӯзномаи «Озодагон» фаъолият дорам. Аммо як лоиҳаи дигаре дорам, ки бо хости Худо ба наздикӣ фаъол хоҳад шуд.

Сӯҳбаторо: Мавзуна Абдуллоева

Источник: http://ozodagon.com/suhbati-ruz/1762—7-2004-

Б.Абдураззоқов: «МАН ДИГАР ТВТ-РО ТАМОШО НАМЕКУНАМ»

[b]Мухтасари мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Барзу Абдураззоқов-коргардони шинохтаи тоҷик.[/b]

[b]»МАН ДИГАР ТВТ-РО ТАМОШО НАМЕКУНАМ»[/b]

[b]Суол:[/b] Шумо ба хориҷи кишвар зиёд сафар мекунед. Барои муқоиса кардан ҳам таҷрибаи зиёд доред. Албатта ҳоло моҳвора корро осон кардааст. Аммо телевизионҳои Тоҷикистон танҳо чеҳраи як нафарро нишон медиҳанд ва ҳама корро ба он як нафар мансуб медиҳанд. Фикр намекунед чунин роҳи таблиғот дилбазан мешавад барои тамошобин. Оё Шумо шабакаҳои Тоҷикистонро тамошо мекунед?

[b]Ҷавоб:[/b] Ман, Шумо ва ягон нафар тоҷики дигар, вақте ҳарфи диламонро, сухани ростро, ки ҳар рӯз мебинем бигӯем аз мо душман месозанд. Барои чӣ? Онҳо фикр мекунанд, ки агар фикри мо ба ТВТ ё ба рӯзномаҳои “Садои Мардум” ва “Ҷумҳурият” дуруст наомад, мо душмани миллатем. Ё дигар “вовчик” мешавем ва ё ҷосуси кадом мамлакате.( инҷо механдад). Онҳо фикр намекунанд, ки мо фарзанди ҳамин сарзамин ҳастем ва дар вақти лозима аз онҳо дида зиёдтар аз ин Ватан дифоъ метавонем кардан ва шукри Парвардигор кардем то ин дам. Дар шиносномаи ман ҳар ҷое, ки рафтаму ҷоизаҳо ҳам гирифтам, тоҷик навишта шудааст. Дар ҳама афишаҳои намоишҳои ман дар ҳар ҷое, ки будам менависанд: Барзу Абдураззоқов-Тоҷикистон. Ростӣ ман аз ин чизро фаҳмонидан хаста ҳам шудам. Агар ман сарҳади Тоҷикистонро убур кунам яҳуд, уйғур, ӯзбак ва ё олмонӣ мешавам магар? Баргардем сари мавзӯъ. Ман дигар ТВТ-ро нигоҳ намекунам. Чун ҳар вақте, ки ин шабакаро рӯшан мекардам, фикр мекардам, ки ман аблаҳам. Аз он тарафи экран касе мегуфт, ки бародар ту аблаҳӣ, ту беақлӣ ва ҳар чизе, ки ман мегӯям ин аст ақл. Ва ман дигар тарсидам. Он чизе, ки ба ман мегуфт маро ба даҳшат меовард. Ҳам намоиш, ҳам ахбор ва ҳам он очеркҳову филмҳое, ки нишон медиҳанд бо як мақсад аст :- ту тамошобин беақлӣ, бетафаккурӣ, бефарҳангӣ ва ин мо ҳастем, ки ба ту фарҳангро меомӯзонем. Гузаронданд. Агар ТВ-ҳои мо аз тариқи моҳвора мунташир намешуд, ин қадар азоб намекашидам, чун онро имрӯз оламиён мебинанд. Обрӯву эътибори миллатро резонида истодаанд. Ман шарм мекунам, аммо чӣ кор кунам, замин сахту осмон баланд.

[b]»ЧУН ЭҶОДКОР НИСБАТАН ОЗОДАМ, АММО…»[/b]

[b]Суол:[/b] Имрӯзҳо дар бораи Истиқлол зиёд мегӯянд ва ба наздикӣ ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Шумо дар замони Истиқлолият то чӣ ҳад худро мустақил эҳсос мекунед?

[b]Ҷавоб:[/b] Барои эҷодкор мустақилият хеле муҳим аст. Новобаста ба равишҳои сиёсиву дигар чизҳо. Ҳамчу эҷодкор нисбатан озодам, аммо ҳамчун як шаҳрванди ин ҷумҳурӣ умуман озодиро эҳсос намекунам. Ҳар бегоҳ вақте бо духтарам Ҳанно ва занам Шоира берун мебароям, мебинам, ки озод нестам. Телевизион мебинам, озод нестам, рӯзнома мехонам озод нестам. Театр мераваму мавзӯъ мегирам ва ин мавзӯъ даҳҳо маротиба аз филтратсия мегузарад, озод нестам. Сензура ҳатто аз даврони шӯравии соли 37 бадтар шудааст. Вақте мо эҷодкорро то ба ин ҳад сахт меқапему меҷафем куҷо мемонад дигар озодӣ? Ҳар чизи классикӣ ҳама вақт сиёсӣ аст. Ҳатто “Мадам Баварӣ”, ҳатто “Золушка”-и Андерсон ва ё “Ҳамлет”-у“Тӯфон”-и Шекспир ҳамаи инҳоро ҳеҷ наметавон аз сиёсат орӣ донист. Классика бе сиёсат буда наметавонад.“Гулистон”-и Саъдӣ чӣ? Чунки дард дошт он мард. “Бӯстон” ҳам. Шоҳ аз раъияти худ як себ гирифт ва аҳли дарбор дарахтро мебурад ва агар як тухм гирифт одамонаш даҳ ҳазор мурғро қурбонӣ мекунанд. Инро Саъдӣ гуфтааст. Аммо ин чиз рӯи саҳна намеояд. Бубинед ҳамин ҳозир бо мошин омадем. Корманди БДА намегузорад бо роҳ гузарӣ ва ба паскӯчаҳо пиёда роҳ рафтем, ним соат зиёдтар дер кардем то ба корхонаи Шумо омадан. Аммо сабабашро нагуфт, ки роҳро барои чӣ бастаанд. Куҷо аст озодӣ? Милиса бояд мефаҳмонид, ки бародар, хоҳиш мекунам, мошинатро онҷо мон, барои он, ки фалону фалон кор ҳаст.

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24292256.html

М.Ҷӯраева: «Айбнома алайҳи Исмоилов исбот нашуд»

[b]Вакили мудофеи хабарнигори «Нури зиндагӣ» мегӯяд, ки айбнома алайҳи Исмоилов исбот нашудааст.[/b]

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳалии «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт, бо айбҳои тамаъҷӯӣ, маҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқири мансабдорони ноҳия аз моҳи декабри соли гузашта то ба ҳол дар боздоштгоҳ ба сар мебарад .

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов гуфт, дар ҷараёни тафтиши парванда аз охири соли гузашта то кунун айбҳои эълоншуда дар муқобили нафари таҳти ҳимояаш, яъне «тамаъҷӯӣ» ва «маҳалгароӣ» исботи худро наёфтааст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=116]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=116[/url]

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник:

М.Ҷӯраева: «Айбнома алайҳи Исмоилов исбот нашуд»

[b]Вакили мудофеи хабарнигори «Нури зиндагӣ» мегӯяд, ки айбнома алайҳи Исмоилов исбот нашудааст.[/b]

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳалии «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт, бо айбҳои тамаъҷӯӣ, маҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқири мансабдорони ноҳия аз моҳи декабри соли гузашта то ба ҳол дар боздоштгоҳ ба сар мебарад .

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов гуфт, дар ҷараёни тафтиши парванда аз охири соли гузашта то кунун айбҳои эълоншуда дар муқобили нафари таҳти ҳимояаш, яъне «тамаъҷӯӣ» ва «маҳалгароӣ» исботи худро наёфтааст.

Хонум Ҷӯраева афзуд: «Азбаски ҳеҷ як аз иттиҳомоти бар зидди Исмоилов тасдиқ нашуд, бо дархости мо барои ташхиси забонии мақолаҳои вай парванда ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон фиристода шуд. То ҳол ташхис анҷом наёфта, парванда баргардонида нашудааст.»

Хонум Ҷӯраева афзуд, зерҳимояаш дар пайи фаъолияти касбӣ ва нашри мақолаҳои танқидӣ дар бораи фаъолияти мақомоти аввали ноҳияи Ашт бо тақозои гурӯҳе аз мансабдорони ҳукумати ноҳияи Ашт боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст.

[b]ИСМОИЛОВ ЧӢ ГУНА «ТАМАЪҶӮӢ» КАРД?[/b]

Ба ақидаи вакили дифои Исмоилов, иттиҳоми «тамаъҷӯӣ», ки то 10 сол зиндонро пешбинӣ мекунад, алайҳи зерҳимояаш таҳмилӣ будааст: «Ба Исмоилов аз рӯи банди «тамаъҷӯӣ» тӯҳмат карда истодаанд. Зерҳимояам соли 2009 хона месозад ва аз як ҷиянаш чанд дона тахта мегирад. Он ҷиянаш дар ҳукумати маҳаллӣ кор мекардааст ва кормандони ҳукумат таҳти фишор ӯро маҷбур кардаанд, то даъво кунад, ки Муҳаммадюсуф он масолеҳро аз вай бо роҳи «тамаъҷӯӣ» гирифта буд.»

[b]ОЁ ИСМОИЛОВ МАҲАЛГАРОӢ КАРДААСТ?[/b]

Хонум Ҷӯраева дар мавриди иттиҳоми «маҳалгароӣ» алайҳи рӯзноманигори нашрияи «Нури зиндагӣ» гуфт, Исмоилов дар як мақолааш навиштааст, ки гурӯҳе аз ҷавонони Хуҷанд ҳудуди 160 ҳектор заминҳои ҳосилхези ноҳияи Аштро аз худ карданд, дар ҳоле ки ҳазорон ҷавони ин маҳал аз бекорӣ ва нодорӣ барои мардикорӣ ба Русия мераванд. Ин нуктаро додситонии Ашт чун барангехтани маҳалгароӣ маънидод кардааст.

Муҳаммадюсуф Исмоилови 51-сола ва ба гуфтаи вакили дифоаш, чанд маротиба аз сар ва қафаси синааш ҷарроҳӣ шуда, тибқи санади расмӣ, маълули дараҷаи сеюм аст. Хонум Ҷӯраева мегӯяд, тибқи пешнависи Қонуни нав дар бораи афв, маъюбони дараҷаи 3 низ мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

[b]ҚАРШИБОЕВ: «ИСМОИЛОВ ОЗОД ШАВАД»[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари иттиҳодияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ мегӯяд: «Ман бар онам, ки ҳатто дар сурати нисбат ба Исмоилов татбиқ нашудани қонуни афв низ додгоҳ бояд тамоми ҷиҳатҳову омилҳои ин қазияро дар назар гирифта, ӯро аз толори додгоҳ озод кунад. Чунки он иттиҳомоте, ки алайҳи Муҳаммадюсуф Исмоилов аз ҷониби додситонии ноҳияи Ашт пешниҳод шудааст, тавре вакилони мудофеи вай ба ин натиҷа расидаанд, устувор нестанд ва таркиби ҷиноят дар аъмоли вай вуҷуд надорад.»

Вале тӯли як моҳ парвандаи хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» аз Душанбе, аз институти забон ва адабиёти Паҳуҳишгоҳи улуми Тоҷикистон барнагаштааст.

[b]ПАРВАНДАИ ПУРСАРУ САДО[/b]

Боздошти хабарнигори «Нури зиндагӣ» вокуниши густардаеро дар маҳофили рӯзноманигории Тоҷикистон ва ҷаҳон ба думбол дошта, аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи вай назорат мешавад.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Амрико, созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, як гурӯҳи байналмилалии ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон ва НАНСМИТ, иттиҳоди расонаҳои мустақили Тоҷикистон боздошти хабарнигорро посухи мақомоти маҳаллӣ ба матолиби интиқодии ӯ номиданд ва ба раҳоии ӯ даъват карданд.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24291364.html

Рустами Ҷонӣ: Таъсиси радиои «Имрӯз» идеяи як нафар буд, касе бо ман паҳлӯ ба паҳлӯ ин идеяро ба вуҷуд наовардааст.

Радиои мустақили мавсум ба «Имрӯз» 4 сола шуд. Барои аввалин маротиба барномаи нахустини ин расона 9-уми августи соли 2007 рӯйи мавҷи 107,4 FM дар Душанбе пахш гардида буд. Тӯли чор соли фаъолият дар фазои иттиллотии кишвар ин расона тавонист ҳаводорони зиёдеро пайдо кунад. Дар арафаи таҷлили чорсолагии радиои мазкур хабарнигори «Озодагон» бо Рустами Ҷонӣ, сарвари кулли ширкати «Ориёно-Медиа», ки муассиси радиои «Имрӯз» маҳсуб мегардад, мусоҳибаи кӯтоҳе анҷом дод. Инак, фишурдаи онро пешниҳоди шумо мекунем.

[b]Матни пурраи мусоҳибаро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=115]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=115[/url]

Источник:

Ещё один сайт на WordPress