ҶОИ ОТАХОН ЛАТИФӢ ХОЛИСТ, КИ ХОЛӢ…

[b]Симои Тоҷикистон дар матбуоти Русия нишон медиҳад, ки ниёз ба журналисте монанди ӯ имрӯз шадидан эҳсос мешавад. Расонаҳои ахбори оми Русия ва ҷаҳон дар Тоҷикистон хабарнигорони доимӣ ва шинохташуда надоранд ва аз Тоҷикистон барои онҳо низ шахсоне наменависанд, ки таҳаввулоти ин кишварро ба гунаи дурусту комил бозтоб диҳанд.[/b]

Агар Отахон Латифӣ зинда мебуд, ҳаргиз даст аз навиштан барнамедошт ва бо он таҷрибаву маҳорати хоси худ ба зуҳури чунин холигоҳ имкон намедод. Вай дар ҳама ҳолат, чӣ дар давраи иқомат дар Эрон ё Русия ва чӣ дар ҷараёни гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон журналист боқӣ монда буд. Навиштаҳои вай дар расонаҳои гуногун ба табъ мерасид ва чанде аз мақолаҳои номатбӯи ӯро ҳамсараш Манзура Ёқубова пас аз куштори Латифӣ дар 22-юми сентябри соли 1998 дар шаҳри Душанбе дар ду китоби хотираҳо мунташир кард.

Эҳтироме, ки дар расонаҳои ҳамагонии Русия дар давраи Шӯравӣ ба Тоҷикистон, мардум, фарҳанг ва таърихи он гузошта мешуд, танҳо натиҷаи низоми мавҷуда набуд, агарчӣ он низ аҳолиро ба шиори “дӯстии халқҳо” мутақоид мекард. Бахши умдаи чунин арҷу эҳтиромро беҳтарин корнома ва дастоварди қавму миллатҳои Шӯравӣ ба вуҷуд овардаву пайваста таҳким мебахшид ва инъикоси онҳо ба расонаҳои ахбори ом, дақиқтараш хабарнигорони алоҳида низ бастагӣ дошт. Ҳамон гуна ки хонандагон дар Тоҷикистон таҳаввулоти Гурҷистони Шӯравиро аз навиштаҳои Лебанидзе, яъне аз нигоҳи ӯ медиданд, гурҷиҳо Тоҷикистонро аз зовияи Латифӣ медиданду дарк мекарданд.

Яке аз ҳамкорони Латифӣ дар рӯзномаи “Правда”, С. Зориян ҳанӯз ҳамон вақтҳо навиштааст: “Отахон Латифӣ яке аз хабарнигорони дурахшонтарин ва худвижаи мост. Вай аз мағзи мардуми худ берун омада буд ва бо обу ғизои хоки ватани хеш ба камол расида. Вай таъриху фарҳанги Тоҷикистон, эҷодиёти мардумӣ ва расму ойини тоҷиконро бо ҳама ҷузъиёташ медонанд. Ин дониш мавзӯъ ва муваффақияти беҳтарин корҳои соли 1970-и ӯро таъмин кард.”

Дарвоқеъ, Латифӣ дар он даврае, ки талош мешуд, ҳама ба як сабки ягонаи ҳизбӣ, хушку расмӣ ва зоҳирпарастонаву шиоргуна нависанд, ба тарзи тамоман дигар менавишт ва дар “ҳизбитарин”, ба истилоҳ, мавзӯъ ё ҳатто масъалаи амиқан иқтисодӣ рӯҳу равони мардуми хеш, таъриху фолклор ва одату оини онро инъикос мекард. Ин вижагиҳои тоҷикии кори журналистии ӯ дар ҳар ҷои навиштаҳояш монанди порчаҳои зар медурахшанд ва имрӯз ҳам матолиби ӯ бо шавқи зиёд хонда мешаванд.

Зоҳиран, муаррифии эҳтиромбарангези мардуми худ дар ҳар мақолаи хурду бузург ё ба таври худҷӯш дар корҳои Латифӣ буруз кардааст ва ё мумкин аст, яке аз вазифаҳои донистакорона баргузидаи ӯ будааст. Дар ин навиштаҳо садҳо калимаву мафҳуми тоҷикиро мехонем, ки аз тарафи муаллиф иҷмолан ташреҳ шудаанд ва хонандаро ба олами ботинии тоҷикон ошнко кардаанд.

Дар ҷое агар вай маънии калимаи “Помир”-ро бе заботарин шева шарҳ диҳад, дар ҷои дигар “шаҳ” унвон шудани домод ва чӣ гуна баланд будани ҷойгоҳи ӯро меорад. Агар дар ҷое осмони пурситораро ба сӯзании тоҷикӣ ташбеҳ додаву чӣ будани сӯзан ва сӯзаниро тафсир кунад, дар ҷои дигар номи сардори истгоҳи ҳавошиносӣ — Мирзоолимро ҳангоми сабти маълумоти обу ҳаво ба русӣ баргардон мекунад ва мегӯяд “Мирзо”, яъне дабир, муншӣ, котиб.

Қариб дар тамоми мақолаҳо ӯ, вақте ҳис мекунад, ки хонанда аз иттилои хушк ё силсилаи арқом хаста шуд, манзаранигорие пеш меояд, ки як гӯшаи Тоҷикистонро ба беҳтарин рангомезиҳо тасвир мекунад. “Найзаҳои хуршед ба тӯдаҳои барф халидаанд.” “Меваҳои тилоӣ дар шохсори зардолуҳо ҳамеланд.” “Аз равзан нур поин меояд ва дуд боло меравад.” “Шаби моҳтобӣ фурсате хубе барои тамошои рӯди Ғунд ва ошиқ шудан ба Хоруғ аст.” “Ҳарчанд чойхона “Чорбед” ном дорад, атрофи он пур аз дарахти бед аст ва ин дарахт дар Тоҷикистон ҳашт навъ дорад.” “Ҳар санг дар кӯҳҳои тоҷик мисли порчаи дил аст.” “Даште беканоре монанди шеър”. “Сохтани сарбанд мисли эҷоди ғазал аст”.

Отахон Латифӣ дар солҳои кораш ба ҳайси хабарнигори «Комсомолская правда» дар Осиёи Марказӣ ва «Правда» дар Тоҷикистон ба ҳамаи гӯшаву канори ватанаш сафар карда, ҳар яке аз ин манотиқро бо беҳтарин шева ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Як хонандаи «Правда» навишта буд, ки бо мақолаҳои Латифӣ гӯё ба хонаи тоҷикон меҳмон мешавад, онҳоро аз наздик мебинад ва дӯст медорад.

Вай агар аз дастоварди ин ё он фарзанди Тоҷикистон менавишт, решаҳои комёбиро на дар сиёсати оқилонаи Ҳизби коммунист, балки таъриху фарҳанги бостонии мардум меҷуст. Мақолаҳояш дар бораи сохтмону меъморӣ, обёрӣ, боғдорӣ, парвариши пилла ва тавлиди абрешим, илм, кӯҳнавардӣ ва риштаҳои дигар ҳамин гунаанд. Дар мусоҳибааш бо раққосаи машҳури балет Малика Собирова, ҳанӯз қабл аз он ки Малика унвони Ҳунарпешаи мардумии СССР-ро гирад, аз рақси тоҷикӣ ёд ва аз ғазали Бедил иқтибос мешавад.

Ҳамин гуна мақолу зарбулмасал ва андарзу ривоятҳои зиёде дар мақолаҳои Латифӣ ҷои муносибе ёфтаанд, ки на танҳо ба ҳалли мавзӯъ кӯмак мекунанд, балки муҳити зиндагӣ ва фалсафаи ҳаёти мардуми тоҷикро бозгӯ мекунанд. “Дӯстам ба ман занг зад”, “ман кӯҳистонро дӯст медорам”, “ин лаҳза модарам ба ёдам расид,” – аз номи худ ҳарф задан, тасвири ҳолати равонии хеш ва навиштаи рӯйдоду хотираҳои шахсӣ дар матбуоти вақт мамнӯъ буд ва метавон танҳо изҳори ҳайрат кард, ки чӣ гуна ба Латифӣ даст медод, дар солҳои 1970 ё 80-ум ин навиштаҳоро нашр кунад. Шояд барои он ки ҳамаи чиз дар мақолаҳои ӯ ҷои муносиби худро меёфт ва матлаб ончунон маҳкаму рехта меомад, ки муҳаррирон наметавонистанд, порчаеро аз он кӯтоҳ кунанд.

Рӯзномаи “Правда”-ро дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ миллионҳо нафар мехонданд ва табъан матлаб дар пайи матлаб, аз рӯи навиштаҳои Отахон Латифӣ ба тоҷикон эҳтиром пайдо мекарданд ва Тоҷикистонро мисли ӯ дӯст медоштанд. Албатта, на як ҷамъоварии ҷузъиёти зебо ё рангини тоҷикӣ комёбии касбии ӯро ба миён меовард, балки пеш аз ҳама мантиқи қавӣ, далелу буҳрон ва қиёси андешаву ақидаҳои гуногуни мусбату манфӣ, пояи қавии натиҷагириҳо ва монанди ин. Навиштаҳои ӯ дарвоқеъ олимона буданд. Аммо ҳамзамон хеле тоҷикона. Яъне ҳамчун муаррифии тоҷикон аз забони як муаллифи тоҷик, ки насаби фарқкунанда ва хотирмони тоҷикӣ низ дошт – Латифӣ.

Салими Аюбзод, «Озодӣ»

Источник: http://ruzgor.tj/matbuot/6189.html

Дархости кӯмак ба хабарнигори бемор

[b]Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳоди журнолистони ин кишвар аз хабанигорон ва соири атбоъи Тоҷикистон даъват кардаанд, ба Ҷумъабой Толибов, хабарнигори мустақил кумак кунанд.[/b]

Дар баёнияи муштараки ин созмонҳо, ки рӯзи чоршанбеи 21 сентябр мунташир гардид, вазъи саломатии оқои Толибов нигаронкунанда арзёбӣ шудааст, ки барои мудовои ҷиддии тиббӣ ниёз дорад.

Тибқи ин санад, боздошт ва муҳокимаи ин хабарнигор дар соли 2005 барои чопи матолиби интиқодӣ ва озодии ӯ аз боздоштгоҳи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд пас аз 6 моҳи зиндон, ҳамчунин, фишорҳо болои ӯ ва баста шудани нашрияи “Пайкон”, ки оқои Толибов муаассис ва сардабираш буд, ба саломатии ин хабарнигор асари манфӣ гузоштааст.

Зимнан, Вазорати адлияи Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ бо даъвое дар қиболи Бюрои “Маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ”-и ин кишвар ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиа карда ва хостори мутаваққиф шудани фаъолияти ин ниҳод шуд.

Ҷумъабой Толибов, раиси ин созмон ва сардабири нашрияи “Пайкон” он замон гуфта буд, ки ҳадаф аз ин иқдоми вазорат эҷоди маҳдудият дар фаъолияти “Пайкон” аст.

Ба гуфтаи оқои Толибов, Бюрои “Маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ” муассиси “Пайкон” буда ва ин нашрия дар моҳҳои октябри соли гузашта ва январи соли ҷорӣ дар бораи вазир ва Вазорати адлия матолиби интиқодӣ чоп карда буд.

Барои бори аввал нест, ки аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ болои нашрияи “Пайкон” фишор ворид мешавад.

Дар авохири моҳи январи соли гузашта додгоҳи шаҳри Душанбе нашрияи мустақилли «Пайкон»-ро муваззаф карда буд, ки маблағи беш аз 300 ҳазор сомонӣ ба «Тоҷикстандарт», ниҳоди нозир бар колоҳои воридотӣ дар Тоҷикистон қаромат пардозад.

Ҳамчунин, дар пайи ҳаводиси водии Рашт дар тирамоҳи соли гузашта фаъолияти нашрияи “Пайкон” як муддат мутаваққиф шуда буд.

Ҷумъабой Толибов аз соли 1984 узви Иттиҳоди журнолистони Тоҷикистон буда ва дар нашрияи “Меҳнат”-и ноҳияи Айнӣ ва сохтори ҳукумати ин ноҳия фаъолият кардааст.

Наздикони оқои Толибов мегӯянд муҳокимаҳои додгоҳӣ ва мушкилоти табъу нашри нашрияи мустақили “Нури ҳақ” ва “Пайкон” оқои Толибовро ба бистари беморӣ кашонда ва ҳоло ӯ ба кумаки молӣ шадидан ниёз дорад.

Дар баҳори соли ҷорӣ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳоди журнолистони Тоҷикистон зимни як муроҷиъа хостори ироъаи кумаки молӣ ба ба хонаводаи Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори зиндонӣ, шуда буданд.

Беш аз 6 ҳазор сомонӣ кумаки молӣ, ки аз ҷониби созмонҳои хабарнигорӣ, нашрияҳои мустақил, хабарнигорони алоҳида ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон ҷамъоварӣ шуда буд, моҳи августи соли ҷорӣ, дар шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба хонаводаи оқои Исмоилов таҳвил шуда буд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110921_mm_talibov_appeal.shtml

Нишастҳои хабарӣ. Акнун дар шаш моҳ як бор

[b]Нишастҳои хабарии раҳбарони идораҳои давлатии Тоҷикистон дар шаш моҳ як бор баргузор хоҳанд шуд.[/b]

Бино ба фармони нави раисиҷумҳури Тоҷикистон акнун нишастҳои хабарии раҳбарони вазоратхонаву кумитаҳои давлатии ин кишвар танҳо дар шаш моҳ як бор баргузор хоҳанд шуд.

Дар ин бора Саидалӣ Сиддиқов, масъули бахши иттилооти дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба баъзе аз хабаргузориҳо иттилоъ додааст. Вай гуфтааст, дар асоси фармони нави раисиҷумҳур нишастҳои хабарии семоҳаи раҳбарони идораҳои давлатӣ, ки тӯли тақрибан шаш соли ахир идома дошт, лағв мешаванд.

Аммо ба гуфтаи ӯ, раҳбарони идораҳои давлатӣ метавонанд дар сурати ба миён омадани зарурат ва ё шарҳи ягон хабари муҳим нишастҳо баргузор ва ба суоли хабарнигорон посух бигӯянд. Шарҳ дода нашудааст, ки ин тағйир ба чӣ далел пеш омадааст.

Фармони ҷадиди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вокунишҳои мухталифи созмонҳои хабарнигорӣ ва рӯзноманигоронро ба дунбол доштааст. Бархе аз хабарнигорони тоҷик аз лағви нишастҳои хабарии семоҳа, ки ба гуфтаи онҳо, ба маъракаи ҳисоботи раҳбарони идораҳои давлатӣ табдил шуда буд, истиқбол кардаанд.

Вале раҳбарони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон дар Тоҷикистон мегӯянд, ин фармон дастрасии рӯзноманигорон ба иттилоъро боз ҳам маҳдудтар мекунад.

Аз ҷумла, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, гуфт, ҳарчанд нишастҳои хабарии семоҳа навъе ҳисоботи раҳбарони идораҳо буд, бо вуҷуди ин хабарнигорон имкон доштанд, ки ба бахши умдаи пурсишҳо худ аз раҳбарони идораҳо посух дарёфт кунанд.

Иҷрои фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баргузории нишастҳои хабарии раҳбарони идораҳои давлатиро ҳар се моҳ як бор муқаррар карда буд, аз соли 2005 шурӯъ шуда, як ҳолати нисбатан шаффофи кори ин идораҳоро ба миён оварда буд. Коҳиши боздиди мансабдорони давлат бо хабарнигорон эҳтимол меравад, ин ба коҳиши ин шаффофияти нисбӣ сабаб гардад.

Радио Озоди

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24336248.html

Лағви муқаррароти баргузории нишастҳои хабарӣ дар ҳар се моҳ

[b]Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дастур додааст, ки муқаррароти нишастҳои хабарии семоҳаи вазорату идороти давлатӣ лағв шаванд.[/b]

Сайидалӣ Сиддиқов, масъули бахши иттилооти дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 22 сентябр ба Би-би-сӣ гуфт, бар асоси фармони ҷадиди Президент Раҳмон акнун барои ниҳодҳои давлатӣ танҳо баргузории ду нишасти матбуъотӣ дар сол, яъне дар поёни ҷамъбасти фаъолияти нисмола ва яксолаи ин ниҳодҳо ҳатмӣ хоҳад шуд.
Оқои Сиддиқов гуфт, ки ин фармон ба далели “ташрифотӣ будани ин нишастҳо ва фақат қироъат шудани ҳисоботҳо дар ин нишастҳо” марбут хонд. Аммо ӯ гуфт, тибқи фармони ҷадид вазорату муассисот метавонанд, дар сурати пайдо шудани зарурат дар як моҳ чанд нишасти хабарӣ баргузор кунанд.
Сайидалӣ Сиддиқов аз таҷрубаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ёдовар шуд, ки «зуд-зуд бо хабарнигорон нишастҳо баргузор мекунад».
Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, фармони ҷадиди Президент Раҳмон дар бораи сарфи назар кардан аз нишастҳои ҳатмии семоҳаи вазорату идороти давлатиро навъи монеъа дар роҳи дастрасӣ ба иттилоъот дар Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, ҳарчанд сифати ин гуна нишастҳо чандон баланд набуд, аммо хабарнигорон имкон доштанд аз сарчашмаи аввал иттилоъ ё шарҳи лозимиро дарёфт кунанд.
Аз сӯйи дигар, Абдуъазими Абдуваҳҳоб, хабарнигори нашрияи “ИмрӯзNews” аз ин амри раиси ҷумҳурӣ истиқбол карда ва гуфт: “Хуб мебуд, ин гуна нишастҳои хабарӣ комилан баргузор намешуданд. Умдатан вазирону раҳбарони идороти давлатӣ аз ин нишастҳо барои қироъати ҳисоботҳо дар бораи дастовардҳои худ истифода карда ва тақрибан фурсат барои суолу посух боқӣ намемонд.”
Аз ин лиҳоз, ба гуфтаи оқои Абдуваҳҳоб, ӯ дар чанд соли ахир аз ширкат дар чунин нишастҳои хабарӣ худдорӣ кардааст.
Фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди ба сурати ҳатмӣ дар ҳар се моҳ баргузор кардани нишастҳои хабарӣ дар вазорату идороти ин кишвар дар моҳи марти соли 2005 мунташир шуда буд.
Дар ин фармон таъкид шуда буд, ки дар канори баргузории нишастҳои хабарӣ мақомоти ниҳодҳои давлатӣ муваззафанд, барои дарёфти иттилоъот ба хабарнигорон мусоъидат кунанд.
Аммо ба гуфтаи коршиносон ва хабарнигорон дар солҳои ахир сатҳи ин нишастҳо ба таври қобили мулоҳиза поин рафтаанд ва дар аксари маворид мақомот бо баҳонаи баргузории нишастҳои хабарӣ аз додани иттилоъи фаврӣ худдорӣ мекарданд.
Зимнан, дар зарфи як соли ахир фишор болои расонҳаои мустақил дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, чопи нашрҳои мустақил мутаваққиф, сомонаҳои мустақил масдуд шуда, чанд нашрияи мустақил ба додгоҳ кашида шуданд. Ҳамакнун дар имконияти дастрасӣ ба иттилоот аз манобеъи давлатӣ низ маҳдудият пайдо шудааст.

Мардони Муҳаммад

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110922_mm_press_conference.shtml

Даъвати кӯмак ба журналист Ҷумъаи Толиб

[b]Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва эътилофи Медиа Алянс ба тамоми ҳамкасбони худ, хонандагон ва бинандагону шунавандагон, мардуми кишвар муроҷиат кард, то дар табобати журналисти саршиноси тоҷик Ҷумъабой Толибов (Ҷумъаи Толиб) кӯмаки худро дареғ надоранд.[/b]

Ин созмонҳо дар изҳороти муштараки худ гуфтаанд, Ҷумъаи Толиб шадидан бемор буда, ба муолиҷаи ҷиддӣ ниёз дорад.

Узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аз соли 1984, Ҷумъабой Толибов солҳои зиёде ба мардуми хеш хидмат кардааст. Вай муддате сардабири нашрияи ноҳиявии “Меҳнат”, муассиси нашрияи хусусии “Нури ҳақ” ва корманди ҳукумати ноҳияи Айнӣ буд.

Дар соли 2005 зимни мақолаҳои муҳим ва интиқодии ӯ ба муқобилаш парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва 26-уми июли ҳамон сол вай ба ду соли ҳабс маҳкум гашт. Он вақт бисёриҳо гумон надоштанд, ки ин ҳукм тағйир хоҳад хӯрд. Аммо афроде буданд, ки аз Ҷумъабой ва навиштаҳои ӯ ҳимоят мекарданд. Бо талоши якҷояи вакилони дифоъ ва мушовирони ҳуқуқӣ ва ҳамчунин бар пояи ҳамраъйии журналистони тоҷику эътирози созмонҳои дохилӣ ва ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот дар 16-уми декабри соли 2005 ҳамкасби мо озод шуд.

Аммо дар ин байн ним солро дар маҳбаси шаҳри Истаравшан гузаронд ва азбаски бо мақомоти нерӯманде дасту панҷа нарм карда буд, борҳо хатаре ба миён афтод, ки ӯро аз нав зиндонӣ кунанд.

Хушбахтона, Додгоҳи Олии Тоҷикистон парвандаи ӯро баррасӣ карда, бегуноҳии журналистро ба исбот расонд. Ин мушкилот Толибовро аз роҳаш барнагардонд. Вай пас аз озодӣ ба навиштан идома дод ва баъд аз муддате ҳамкорӣ бо нашрияи “Фараж” мудири иҷроии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон таъйин шуд ва хабаргузории “Зарафшон-Таймс”-ро таъсис дод.

Солҳои охир Ҷумъаи Толиб раҳбари Дафтари мушовара, пажӯҳиши лингвистӣ ва таҳқиқоти журналистӣ ва ҳам сардабири ҳафтаномаи “Пайкон” аст. Вай ҳамчуин муаллифи матолиби зиёди танқидист, ки бо ин роҳ ба кори беҳтари идораву муассисаҳо ва мансабдорони давлат мусоадат мекунад. Баҳсҳои зиёди додгоҳӣ ва мушкилоти нашрия ва инчунин баста шудани созмони ӯ, ки муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” буд, сабаб гардид, ки журналисти саршинос на танҳо аз кори дӯстдошта, балки саломатияш низ маҳрум гардад. Дар натиҷа, имрӯз ӯ дар ҳоли сангине қарор ва шадидан ба кӯмаки мову Шумо, ҳакасбону дӯстонаш эҳтиёҷ дорад.

Биноан, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии маблағ барои Ҷумъаи Толибро эълон мекунанд. Онҳо аз ҳамаи ҳампешагон ва онҳое, ки барояшон озодии матбуот ва чандгонагии афкор дар Тоҷикистон аҳамият дорад, хоҳиш мекунанд, ба қадри тавони хеш ба Ҷумъабой Толибов ёрӣ диҳанд. Бемории ӯ сахт аст ва ба дорувору табобати гаронқимат ниёз дорад.

Ҳамоҳангии кӯмакҳоро намояндаи НАНСМИТ Аслибегим Манзаршоева дар ӯҳда дорад. Иттилоъ роҷеъ ба ҷараёни маъракаи кӯмак дар торанамои мо — [url=www.nansmit.tj]www.nansmit.tj[/url] бозтоб хоҳад ёфт. Телефонҳои тамос: +992 907 767 239, +992 37 221 3 711; e-mail: [url=asol.77@gmail.com]asol.77@gmail.com[/url]

Ҳамчунин барои фиристодани кӯмакҳо ҳисоби махсуси бонкӣ боз шудааст:

[b]ГСБ РТ «АМОНАТБОНК» ш. Душанбе
Р/с 20202972800479101000
БИК/МФО 350101626
Кор/счет 20402972316264
Инн. 010012355
Ҳадафи сармоя: кӯмак ба Ҷумъабой Толибов[/b]

Источник:

Айбдоркунанда барои Усмонов 5 соли зиндон хост

[b]Рӯзи 21-уми сентябр ҷонибҳои айбдоркунанда ва ҳимояи парвандаи У. Усмонов бо ҳам музокира карданд.[/b]

Айбдоркунандаи давлатӣ-Назирҷон Абдураҳимов аз додгоҳ хост Усмонов мутобиқи бандҳои 36, қисми 5-307 иловаи 3, банди 2-и Асноди ҷиноии Тоҷикистон барои иштирок дар фаъолияти Ҳизб- ут-таҳрир гунаҳкор, барои 5 сол ба ҳабс маҳкум ва бо татбиқи Қонуни афв аз адои ҷазо озод карда шавад. Зимнан, айбдоркундаи давлатӣ ба айбдоршавандагон аз додгоҳ таъини ҷазоҳои ниҳоиеро хост, ки бандҳои айбдории онҳо пешбинӣ мекунад.

Далели аслии айбдоркунада дар мавриди хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ, баёноти худи оқои Усмонов дар ҷараёни тафтишоти пешакии парванда дар мавриди хабар надодан ба мақомот аз мулоқот бо аъзои Ҳизб-ут-таҳрир буд, ки навори он дар толори додгоҳ ба намоиш гузошта шуд. Аммо Усмонов дар додгоҳ арз кард, ки вай ба хотири боз мавриди шиканҷа қарор нагирифтан маҷбур буд чунин баёнот диҳад.

Абдуқаюм Юсуфӣ, вакили дифои хабарнигори Бӣ- Бӣ-Сӣ баъд аз анҷоми мурофиа дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҷониби ҳимоя бо мавқеи айбдоркунанда розӣ нест. Вай афзуд: «Далелҳои дар парванда ҷамъоварда, аз ҷумла хулосаи коршиносон бо роҳи дағалона вайрон кардани қонуни мурофиавии Тоҷикистон ҷамъ оварда шудааст ва мутобиқи қонуни Асноди ҷиноятии Тоҷикистон, чунин далелҳо эътибори қонунӣ надоранд. Мо аз додгоҳ хоҳиш кардем онҳоро аз маҷмӯи далелҳои парванда хориҷ кунад. Ва бо сабаби он, ки дар амалҳои Усмонов таркиби ҷиноят мавҷуд нест, вайро аз айби алайҳаш эълоншуда сафед кунад.»

Инчунин вакилони дифои Усмонов-Абдуқаюм Юсуфӣ ва Файзинисо Воҳидова аз додгоҳ хостанд нисбат ба Эраҷ Давлатов, сардори раёсати амнияти миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки замони боздошти Усмонов дар шабонарӯзи 13-ум ба 14- уми июн ӯро лату кӯб кардааст, мутобиқи бандҳои баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ва ғайриқонунӣ дастгир кардани Усмонов парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.

Аз чаҳор нафари айбдоршаванда, яке-Иброҳимбек Маҳмудов гуфт, замони бори нахуст дар маҳбас буданаш аз узви Ҳизб-ут-таҳрир таълими исломӣ гирифта, аммо ба Ҳизб-ут-таҳрир шомил нашудааст. Вай баъди озодӣ дар ноҳияи Мастчоҳ зиндагӣ карда, ба сабаби ба як узви ин ҳаракат ба иҷора додани манзилаш дар Хуҷанд боздошт шудааст.

Абдунабӣ Абдуқодиров аз додгоҳ ҳукми одилона ва сабуктар хост.

Талъат Мавлонов гуфт, вай айби пешниҳодшуда дар мавриди иштирок дар иттиҳодияи ҷиноиро қабул надорад ва беасос медонад ва аз додгоҳ тақозо дорад онро бекор кунад.

Яҳё Раҳмонхоҷаев ва вакили дифоаш арз доштанд, ки дар ҷараёни бозбинии додгоҳӣ айбҳои пешниҳодшуда алайҳи Раҳмонхоҷаев-даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори қонунии Тоҷикистон бо далелҳои воқеӣ исбот нашуд ва сафед карда шавад.

Ҳамин тавр, бозбинии додгоҳии парвандаи гурӯҳи 5 нафарие, ки Урунбой Усмонов, хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ низ ба он шомил аст, поён ёфт ва қарор аст додгоҳ рӯзи панҷшанбеи 22-юми сентябр барои баровардани ҳукм ба хонаи машваратӣ биравад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24335441.html

Доғи “пирӣ” ё шиканҷа дар сурати Усмонов: шаходати як хабарнигор

[b]Яке аз ду хабарнигор, ки дар рӯзҳои аввали боздошти Урунбой Усмонов ӯро дар идораи амнияти вилояти Суғд дида буд, дар додгоҳ гуфтааст, ки осори шиканҷаро дар сурати ин хабарнигори Би-би-сӣ дар он замон мушоҳида кардааст.[/b]

Илҳоми Ҷамолиён, масъули бахши маҳаллии Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки рӯзи сешанбеи 20 сентябр дар ҷаласаи додгоҳи вилояти Суғд шаҳодат медод, гуфтааст, ки дар идораи маҳаллии амният дар зери абрӯи чапи оқои Усмонов доғеро дида буд, ки акнун ин доғ мавҷуд нест.

Ин дар ҳолест, ки Ленура Мустафоева, хабарнигори дигаре, ки як рӯз қабл аз дидори оқои Ҷамолиён бо Урунбой Усмонов дар идораи амният дидор дошт, мегӯяд, ки он замон дар сурати оқои Усмонов ҳеч гуна осори шиканҷа мавҷуд набуд.

Ин ду хабарнигор дар рӯзҳои 17 ва 18 июн, мутаносибан чаҳор ва панҷ рӯз баъд аз боздошти оқои Усмонов тавассути нерӯҳои амниятӣ, бо ӯ дар идораи маҳаллии амният дар вилояти Суғд дидор карданд. Ин замоне буд, ки вакили мудофеъи оқои Усмонов ва аъзои хонаводааш ҳануз иҷозаи мулоқот бо ӯро надоштанд.

Илҳоми Ҷамолиён дар додгоҳ гуфт: “Ман медонам, ки қаблан акои Урунбой чунин доғе ё холе дар рӯяшон надоштанд, вале ман гумон кардам, ки мумкин аст ин доғи пирӣ бошад.”

Вай эътироф кард, ки акнун дар рӯйи оқои Усмонов чунин доғе намоён нест. Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Урунбой Усмонов, мегӯяд, ки ин баёнот далели он аст, ки “Ҷамолиён дар рӯзи 18-уми июн дар рӯйи оқои Усмонов осори ҷароҳатеро дидааст”, ки зоҳиран аз шиканҷа барҷо монда буд.

Аммо Ленура Мустафоева, хабарнигори дигари маҳаллӣ ки низ дар ин додгоҳ барои шаҳодат додан ҳозир шуда буд, гуфт, ки ҳангоми мулоқоти ӯ бо Урунбой Усмонов дар идораи амният осори шиканҷа дар сару рӯйи вай «мавҷуд набуд.»

Хонуми Мустафоева бо оқои Усмонов рӯзи 17-уми июн дар идораи кумитаи амният дар вилояти Суғд дидор дошт ва вакилони оқои Усмонов мегӯянд, мақолае, ки вай ба дунболи ин мулоқот дар сойти Pressa.tj мунташир кард, “ба шаъну шарафи Урунбой Усмонов латма задааст.”

Дар ин матлаб аз Ӯрунбой Усмонов ба унвони як «узви Ҳизби Таҳрир» ва як «ифротгаро» ва «рӯзноманигори собиқ» ёд шуда ва аз номи чанд узви дигари ин ҳизби мамнӯъ иддаъо шудааст, ки ин хабарнигори Би-би-сӣ дар фаъолияти онҳо мушорикат доштааст.

Аммо Яҳёхон Раҳмонхоҷаев ва Абдуннабӣ Абдуқодиров, ду тан аз муттаҳамон ба узвият дар Ҳизби Таҳрир, дар ҷаласаи додгоҳ бархе аз иддаъоҳои хонуми Мустафоеваро, ки гуфта мешавад дар идораи амният бо онон низ ба таври ҷудогона мулоқот карда буд, такзиб карданд.

Аз ҷумла, оқои Абдуқодиров гуфт, ки вай ба хонуми Мустафоева ҳаргиз нагуфтааст, ки Урунбой Усмонов узви Ҳизби Таҳрир аст. Оқои Раҳмонхоҷаев низ гуфт, ки вай дар бораи ин ки оқои Усмонов дар ин ҳизби мамнӯъа чи мақоме дорад, аслан сухане ба хонуми Мустафоева нагуфтааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи хабарнигори Пресса.тҷ, оқои Раҳмонхоҷаев ба ӯ гуфта буд, ки оқои Усмонов дар силсиламаротиби аъзои Ҳизби Таҳрир мақоми баланде дорад.

Пештар, Шӯрои расонаҳо ё васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, як ниҳоди иҷтимоъӣ, ки баҳсҳои миёни расонаҳо ва хабарнигоронро баррасӣ мекунад, мақолаи хонуми Мустафоеваро таҳвиномез ва муғойир бо одоби рӯзноманигорӣ арзёбӣ карда буд.

Аммо ба гуфтаи хабарнигороне, ки рӯзи 20 сентябр дар ҷаласаи додгоҳ ширкат доштанд, Ленура Мустафаева гуфтааст, ки интиқоди Шӯрои васоити ахбори оммаро эътироф намекунад. Вай гуфт: “Барои ман тасмими ин Шӯро ҳеч аҳаммияте надорад.”

Вай ҳамчунин эълом кардааст, ки узви ҳеч як аз созмонҳои рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон нест ва изҳороти ин созмонҳо барояш аҳаммияте надорад. Аммо хонуми Мустафоева дар ҷаласаи додгоҳ эътироф кардааст, ки ҳамчун журналист бо кормандони амниятӣ пештар ҳам ҳамкорӣ карда ва чанд гузориш бо кумаки онҳо омода ва мунташир кардааст.

Файзинисо Воҳидова дар ин бора гуфт: “Хонуми Мустафоева бештар аз панҷ соъат дар идораи кумитаи амният буд ва шояд дар ин муддат муфаттиш ба ӯ тамоми асноди парвандаи Урунбой Усмоновро нишон дода бошад, аммо бояд гуфт, ки муфаттиш барои ин журналист 5 соъатро сарф кард, вале панҷ дақиқа барои ман, ки вакили мудофеъи вай ҳастам, сарф накард.”

Вай таъкид кард, ки дар ин рӯзҳо чандин хабарнигори дигар низ дархости иттилоъ дар бораи ин парвандаро ба мақомҳои амниятӣ дода ва аммо посухе аз онҳо дарёфт накарда буданд.

Муҳокимаи қазияи Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Бӣ-бӣ-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, фардо дар шаҳри Хуҷанд идома хоҳад ёфт.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110920_sq_urunboy_court.shtml

Гувоҳии журналистон дар муҳокимаи Усмонов

[b]Ҷаласаи нави додгоҳ ба қазияи боздошт ва шиканҷаи хабарнигори Би-би-сӣ Урунбой Усмонов баъзе рӯшаниҳо андохт.[/b]

Ленура Мустафоева, хабарнигори торнамои Pressa.tj ва Илҳоми Ҷамолиён, раҳбари созмони журналистони вилояти Суғд дар муҳокима баёнот доданд.

Ленура Мустафаева гуфт, ба мақсади навиштани матлабе рӯзи рӯзи 17 – уми июн, пас аз чаҳор рӯзи боздошти Усмонов бо вай ва ду айбдоршаванда: Абдунабӣ Абдуқодиров ва Яҳё Раҳмонхоҷаев дар боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии Суғд дар шаҳри Хуҷанд мулоқот ва сӯҳбат дошт. Дар матлаби нашркардаи хонум Мустафоева дар Pressa.tj Урунбой Усмонов

узви Ҳизб-ут-таҳрир, ҳатто болотар аз як узви қаторӣ номида шудааст. Ин дар ҳолест, ки Абдунабӣ Абдуқодиров дар додгоҳ худро аз раҳбарони ин ҳизб дар вилояти Суғд номидааст.

Мустафоева гуфт, барояш дар боздошт қарор доштани Усмонов ва ҳарфҳои айбдоршавандаҳо кофӣ буд, хабарнигори Би-би-сиро мансуб ба ҳизби тундрав эълон кунад.

Шӯрои васоити ахбори оми Тоҷикистон дар як баёнияи худ моҳи июл навиштаи Мустафоеваро хилофи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ карда буд.

Усмонов дар толори додгоҳ вохӯрӣ ва сӯҳбаташ бо Мустафоеваро воқеӣ, аммо матлаби ба нашрдодаи ӯро саропо иборат аз дурӯғу буҳтон номид.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифои Усмонов баъд аз анҷоми мурофиа гуфт, амалкарди хабарнигори маҳаллӣ, ки бидуни ҳукми додгоҳ зерҳимояи ӯро гунаҳкор эълон кард, ба қолабҳои қонунӣ ва инсонӣ рост намеояд: «Вай дар мурофиаи додгоҳӣ, мутаассифона, бори дигар изҳор намуд, ки дар курсии айбдорӣ экстремисту террористон нишастаанд ва вақти вохӯриву суҳбаташ дид, ки бо онҳо дар боздоштгоҳ хеле хуб муносибат мекарданд ва онҳо хурсанд ба назар мерасиданд. Чунин ба назар мерасад мақомот ӯро махсус барои гунаҳкор эълон кардани Усмонов ва пахши иттилоъоти бардурӯғ даъват карда буданд.»

Раҳбари созмони журналистони вилояти Суғд, ИлҳомиҶамолиён, ки рӯзи 18-уми июн бо дастури Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон бо Усмонов мулоқот доштааст, низ дар додгоҳ ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ шуд. Вай гуфт, дар воқеъ вақти мулоқот дар рӯи Усмонов доғеро мушоҳида кард, аммо на асари зарбу лат, балки асари синнусол пиндошт ва ҳоло мебинад, ки ин доғ дигар нест. Усмонов гуфт, чун мулоқот таҳти назорати гурӯҳи кормандони кумитаи амният анҷом мегирифт, танҳо ба он доғи рӯи худ ишора кард, аммо наёрист мавриди латукӯб қарор доштани худро ба забон орад.

Мурофиаи рӯзи 20-уми сентябр то ҳадде санаи боздошти Усмоновро низ ошкор сохт, ки 13 июн аст. чун Мустафоева бо вай 17 июн, баъди чор рӯзи боздошташ мулоқот кардааст. Вакилони дифоъ дар додгоҳ то кунун талош доранд ба исбот расонанд, ки Усмонов асосан дар шабонарӯзи аввали боздошташ, аз 13 ба 14-уми июн лату кӯб шудааст. Аммо раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар номае ба додгоҳ санаи боздошт ва интиқоли Усмонов ба боздоштгоҳи ин ниҳодро боз ҳам 14 – уми июн гуфтааст.

Бо ин рӯшаниҳои нисбӣ муҳокимаи Усмонов ба марҳалаи ниҳоӣ ворид шуда, додгоҳи вилояти Суғд эълон кард, субҳи рӯзи чоршанбеи 21-уми сентябр музокираи ҷонибҳои айбдоркунанда ва дифоъ сурат хоҳад гирифт.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24334741.html

Урунбой Усмонов: «Амири Ҳизби Таҳрир тӯҳмат мекунад…»

[b]Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ, гуфт, дидору мулоқоти ӯ бо Шариф Ёқубов, «амири Ҳизби Таҳрир», барои тарғиб ва ҳамкорӣ набудааст.[/b]

Ин дар ҳолест, ки Шариф Ёқубов дар баёноти худ гуфтааст, бо Урунбой Усмонов баҳори соли гузашта мулоқот дошта ва ба ӯ маҷаллаи «Субҳи хилофат»-ро додааст.

Ҷаноби Ёқубов, сокини 43-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз ӯ ба унвони «амири Ҳизби Таҳрир» низ ном бурда мешавад, моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби нерӯҳои интизомӣ боздошт гардида буд.

Вале хабарнигори Би-би-сӣ ин баёнияи «амири Ҳизби Таҳрир»-ро рад кард ва гуфт, ҳеҷ гоҳ аз Шариф Ёқубов маҷалла нагирифтааст ва ҳам садои ӯро дар гузориши худ истифода накардааст. Ӯ афзуд, «қурбони дасисаҳои Ҳизби Таҳрир» шудааст ва нуктаҳои асосӣ дар баёноти Ёқубов дар ҳаққи вай тӯҳмате беш нест.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Усмонов пас аз анҷоми мурофиа гуфт: «Дар баёноти Шариф Ёқубов ва Урунбой Усмонов мухолифатҳои ҷиддӣ ҷой дорад. Мутобиқи банди 14-и Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Тоҷикистон, модоме ки то ҳанӯз мухолифатҳо бартараф нашудааст, он бар фоидаи айбдоршаванда ҳал карда мешавад.»

Ҳамин тавр, дар мурофиаи додгоҳии парвандаи Урунбой Усмонов, ки баъд аз тақрибан як моҳи танаффус сурат гирифт, баёноти се шоҳид, ки бо сабабҳое ба додгоҳ ҳозир нашудаанд, қироат шуд.

Дар мурофиаи Усмонов дар толори додгоҳи вилояти Суғд Тревер Мур, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, намояндагони САҲА дар Хуҷанд, намояндаи НАНСМИТ ва чанд нафар аз хабарнигорони расонаҳои дохиливу хориҷӣ иштирок доштанд.

Аммо бо ин ҳол, дар ин мурофиа Эраҷ Давлатов, сардори Раёсати амнияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси шоҳид дар толори додгоҳ ҳозир нашуд. Ба гуфтаи раиси мурофиа, вай дар сафари хидматӣ қарор доштааст.

Вакилони мудофеи Усмонов аз додгоҳ талаб карданд, ду хабарнигоре, ки дар рӯзҳои аввали боздошти Усмонов бо ӯ мулоқот карданд, рӯзи 20-уми сентябр ба толори додгоҳ даъват карда шаванд, то ҳақиқати нишони зарбу лат дар чеҳраи Усмонов замони мулоқот бо онҳо дақиқ карда шавад. Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, ӯро дар боздоштгоҳ, бахусус шабонарӯзи аввал мавриди озору шиканҷа қарор гирифтааст.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24333342.html

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Усмонов 5 сол зиндонро дархост кард

[b]Рӯзи 21-уми сентябр ҷонибҳои айбдоркунанда ва ҳимояи парвандаи У. Усмонов бо ҳам музокира карданд.[/b]

Айбдоркунандаи давлатӣ-Назирҷон Абдураҳимов аз додгоҳ хост Усмонов мутобиқи бандҳои 36, қисми 5-307 иловаи 3, банди 2-и Асноди ҷиноии Тоҷикистон барои иштирок дар фаъолияти Ҳизб- ут-таҳрир гунаҳкор, барои 5 сол ба ҳабс маҳкум ва бо татбиқи Қонуни афв аз адои ҷазо озод карда шавад. Зимнан, айбдоркундаи давлатӣ ба айбдоршавандагон аз додгоҳ таъини ҷазоҳои ниҳоиеро хост, ки бандҳои айбдории онҳо пешбинӣ мекунад.

Далели аслии айбдоркунада дар мавриди хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ, баёноти худи оқои Усмонов дар ҷараёни тафтишоти пешакии парванда дар мавриди хабар надодан ба мақомот аз мулоқот бо аъзои Ҳизб-ут-таҳрир буд, ки навори он дар толори додгоҳ ба намоиш гузошта шуд. Аммо Усмонов дар додгоҳ арз кард, ки вай ба хотири боз мавриди шиканҷа қарор нагирифтан маҷбур буд чунин баёнот диҳад.

Абдуқаюм Юсуфӣ, вакили дифои хабарнигори Бӣ- Бӣ-Сӣ баъд аз анҷоми мурофиа дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҷониби ҳимоя бо мавқеи айбдоркунанда розӣ нест. Вай афзуд: «Далелҳои дар парванда ҷамъоварда, аз ҷумла хулосаи коршиносон бо роҳи дағалона вайрон кардани қонуни мурофиавии Тоҷикистон ҷамъ оварда шудааст ва мутобиқи қонуни Асноди ҷиноятии Тоҷикистон, чунин далелҳо эътибори қонунӣ надоранд. Мо аз додгоҳ хоҳиш кардем онҳоро аз маҷмӯи далелҳои парванда хориҷ кунад. Ва бо сабаби он, ки дар амалҳои Усмонов таркиби ҷиноят мавҷуд нест, вайро аз айби алайҳаш эълоншуда сафед кунад.»

Инчунин вакилони дифои Усмонов-Абдуқаюм Юсуфӣ ва Файзинисо Воҳидова аз додгоҳ хостанд нисбат ба Эраҷ Давлатов, сардори раёсати амнияти миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки замони боздошти Усмонов дар шабонарӯзи 13-ум ба 14- уми июн ӯро лату кӯб кардааст, мутобиқи бандҳои баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ва ғайриқонунӣ дастгир кардани Усмонов парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.

Аз чаҳор нафари айбдоршаванда, яке-Иброҳимбек Маҳмудов гуфт, замони бори нахуст дар маҳбас буданаш аз узви Ҳизб-ут-таҳрир таълими исломӣ гирифта, аммо ба Ҳизб-ут-таҳрир шомил нашудааст. Вай баъди озодӣ дар ноҳияи Мастчоҳ зиндагӣ карда, ба сабаби ба як узви ин ҳаракат ба иҷора додани манзилаш дар Хуҷанд боздошт шудааст.

Абдунабӣ Абдуқодиров аз додгоҳ ҳукми одилона ва сабуктар хост.

Талъат Мавлонов гуфт, вай айби пешниҳодшуда дар мавриди иштирок дар иттиҳодияи ҷиноиро қабул надорад ва беасос медонад ва аз додгоҳ тақозо дорад онро бекор кунад.

Яҳё Раҳмонхоҷаев ва вакили дифоаш арз доштанд, ки дар ҷараёни бозбинии додгоҳӣ айбҳои пешниҳодшуда алайҳи Раҳмонхоҷаев-даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори қонунии Тоҷикистон бо далелҳои воқеӣ исбот нашуд ва сафед карда шавад.

Ҳамин тавр, бозбинии додгоҳии парвандаи гурӯҳи 5 нафарие, ки Урунбой Усмонов, хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ низ ба он шомил аст, поён ёфт ва қарор аст додгоҳ рӯзи панҷшанбеи 22-юми сентябр барои баровардани ҳукм ба хонаи машваратӣ биравад

Радио Озоди

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24335441.html

Ещё один сайт на WordPress