Матбуот — охирин зинаи додхоҳии мардум

[b]Расонаҳои Тоҷикистон охирин зинае шудаанд, ки як нафари тариқи зинаҳои қонунӣ ба адолат нарасида, ба онҳо муроҷиат мекунад.[/b]

Самеъуллоҳ , сокини Ҳисор, ки як баҳси моликияташро дар додгоҳҳо натавонист ҳал намояд, аз ин хотир, дар як нашрия матлаберо ҳам ба нашр расонд, то таваҷҷӯҳи мақомотро ба худ ҷалб кунад. Аммо аз он замон муддати тӯлонӣ гузаштаву ӯ аз баҳри баҳсу ҳалли мушкилаш ҳам баромадааст.

Вай мегӯяд, «мақоларо дар нашрия чоп кардам, ба умеде, ки масъулон мехонанду масъалаи маро баррасӣ мекунанд. Чанд моҳ гузашт. Фақат як бор як нафар аз ноҳия омад ва ҳамроҳи ман сӯҳбат кард. Бо ҳамин касе маро ба ҷое даъват накард. Ман ҳам аз баҳри даъвоҳоям гузаштам.»

Муроҷиат ба нашрия ва матраҳ кардани мушкили худ танҳо ҷузъи қиссаи дурударози Самеъуллоҳ нест. Ҳар ҳафта дар нашрияҳои чопи Душанбе чандин мақолаи афроди норозӣ аз қарори додгоҳҳо ё як-ду муроҷиат ба президенти Тоҷикистон нашр мешаванд. Аз сӯи дигар, ин намунаи кӯшишҳои мардум барои барқарор кардани адолат тариқи матбуот ба унвони охирин зинаи додхоҳӣ ба нашр мерасанд. Бар асоси қарори вижаи ҳукумати Тоҷикистон матолиби баҳсбарангези матбуот бояд ба баррасӣ гирифта шаванд, аммо ба монанди Самеъуллоҳ на ҳама ба ҳалли мушкили худ даст меёбанд.

Қироншоҳ Шарифзода, устоди бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, рӯ овардани мардум ба расонаҳо як гуна таваккал аст: «Ба ғайр аз худро таскин додан ё шикояти худро ба мардум расондан, илоҷи дигар наёфтаанд. Яъне чун мақомоти болоиву поёнӣ ба дарди мардум кам мерасанд ё умуман намерасанд, мардум рӯ ба расонаҳо меоранд.»

Коршиносон мегӯянд, матбуот гӯё озодии суханро барои як шаҳрванди Тоҷикистон таъмин мекунад, аммо мусоидати он ба барқарор шудани адолат мавзӯи дигар аст. Ба қавли онҳо, ниҳодҳои зидахл, аз ҷумла додгоҳҳо умдатан дар ҳоле ин матолибро ба баррасӣ мегиранд, ки аз дастгоҳи раисиҷумҳур дастур мегиранд.

Як масъули ҳукуматӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, агар ҳамаи муроҷиату матолиби шикоятии рӯзномаҳо ба баррасӣ гирифта шаванд, магар ин ки додгоҳҳо ё ягон ниҳоди дигар фақат ба ҷавобнависӣ машғул гарданд.

Аммо ҳамсӯҳбати мо Самеъуллоҳ мегӯяд, ягон зинаи додгоҳ ӯро қаноат дода натавонистааст ва ҳоло ҳам азоби виҷдон мекашад, ки чаро алайҳи ҳамчунин беадолатӣ сурат гирифтааст.

Ҷамшед Муқимов, коршинос дар умури матбуот, мегӯяд, рисолати расона мусоидат ба барқарории адолату ҳақиқат аст, аммо расонаҳои Тоҷикистон маъмулан як маводро нашр карда, аз пайи он намешаванд ва ё бо гирифтани посухе аз мақомот дигар хомӯш менишинанд: «Барои он ки намехоҳанд сари худ ягон ҷанҷол хезонанд. Ин воқеият аст, ки ҳоло матбуот ҳам тиҷорат шудааст. Онҳое, ки нашрияву радиову телевизион доранд, мехоҳанд даромад ба даст оранд. Онҳо ҳеҷ гоҳ намехоҳанд, ки муносибаташонро бо ҳукумат бад кунанд.»

Дар ҳамин ҳол, дар сӯҳбат бо мо иддае аз сарварони расонаҳо гуфтанд, ки бархе аз матолиби онҳо аз сӯи ниҳодҳои зидахл баррасӣ шуда, ҳақ ба ҳақдор расидааст. Вале коршиносон мегӯянд, асосан даъвоҳои хурду реза шояд бозбинӣ шуда, ҳалли мусбати худро ёбанд. Ба қавли онҳо, то замоне ки тамоми мақомот вазифаи худро дуруст анҷом намедиҳанд ва даст ба фасоду дигар қонунвайронкуниҳо мезананд, мардум боз дари расонаҳоро хоҳанд кӯфт.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24510898.html

Э.Раҳмон: «Тӯҳмату таҳқир аз Кодекси ҷиноӣ лағв шавад»

[b]Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, моддаҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир» аз Кодекси ҷиноӣ бардошта шавад.[/b]

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, масъалаҳои марбут ба тӯҳмату таҳқир дар оянда на бар асоси Кодекси ҷиноӣ, балки бар асоси Кодекси шаҳрвандӣ баррасӣ карда хоҳанд шуд. «Мубоҳисаҳо дар атрофи моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки тибқи онҳо рӯзноманигорон барои таҳқиру тӯҳмат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, кайҳо ба ҳама маълуманд… Пешниҳод менамоям, ки моддаҳои вобаста ба таҳқиру тӯҳмат аз қонунгузории ҷиноятӣ ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шаванд»,-таъкид кард раисиҷумҳур.

Вай ба Вазорати адлияи Тоҷикистон супориш дод, санади «кӯч» додани моддаҳои тӯҳмату таҳқир аз Кодекси ҷиноӣ ба Кодекси шаҳрвандиро таҳия карда ва ба ҳукумат пешниҳод намояд.

Президент Раҳмон дар робита ба Интернет ва амнияти иттилоотии кишвар ҳам изҳори назар кард. Ӯ гуфт, “солҳои охир дар сомонаҳои гуногуни интернетӣ бар зидди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон як маъракаи огоҳона ва муғризона идома дорад. Дар чунин шароит масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои сайёра аҳамияти аввалиндараҷа касб намудааст.»

Ба қавли президент, «вақти он расидааст, ки мақомоти қонунгузор, ҳуқуқшиносону рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ дар ин бобат ба таври ҷиддӣ мулоҳиза кунанд.»

Иштироки раисиҷумҳур дар ҷаласаи бахшида ба садсолагии чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» дар пайи даъвати расонаҳо ва Вазорати фарҳанги кишвар сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ба ин ҷаласа бештар сардабирону кормандони нашрияҳои маҳаллӣ ва устодони факултаи рӯзноманигорӣ роҳ ёфта, намояндагони расонаҳои хориҷӣ даъват нашудаанд. Агарчӣ бино ба баъзе хабарҳо, намояндагони расонаҳои Русия дар ин маҳфил иштирок доштаанд.

Ба ин монанд мулоқотро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми декабри соли 2009 бо як гурӯҳи рӯзноманигорон доир карда буд. Гуфта мешавад, пас аз «фирор»-и як қатор иттилоот, аз ҷумла дар бораи Самарқанду Бухоро, ки дар матбуоти Русия ба нашр расид, эътимоди раисҷумҳур ба рӯзноманигорон коста шудааст.

Дар Тоҷикистон пас аз даврони истиқлолият 11-уми март ҳамчун рӯзи матбуоти миллӣ ҷашн мешавад. Соли 1912 дар ин рӯз аввалин нашрияи тоҷикии «Бухорои шариф» дар Бухоро ба нашр расид, ки моҳи январи соли 1913 бо фармони Амир Олимхон баста шуд. Аммо аз замони таҷлили ин ҷашн дар Тоҷикистон, боре ҳам раисҷумҳур дар он ширкат накардааст.

Аммо ин мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо хабарнигорони кишвар дар ҳоле баргузор мешавад, ки расонаҳо аз андози зиёд ва созмонҳои хабарнигорӣ аз фишору маҳдудиятҳо дар кори рӯзноманигорон шикоят доранд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24510884.html

Раҳмон: Моддаи туҳмат ва таҳқир аз қонуни ҷиноӣ лағв шавад

[b]Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки моддаи марбут ба таҳқир ва туҳмат аз қонуни кайфарӣ лағв шуда ва шомили қонуни шаҳрвандӣ карда шавад.[/b]

Вай ин матлабро дар суханронии худ дар робита бо таҷлил аз «Рӯзи матбӯъоти тоҷик» дар ҳузури рӯзноманигорон матраҳ кард.

Оқои Раҳмон зимни тавсиф аз нақши хабарнигорон дар ҷомеъаи муъосири тоҷик, гуфт, ки «100 — солагии матбӯъоти тоҷик на танҳо ҷашни аҳли матбӯъот, балки ҷашни умумимиллӣ низ мебошад.»

Нахуст раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба таърихи матбӯъоти тоҷик рӯй оварда ва онро ба се марҳила тақсимбандӣ кард. «Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиюну родию ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеъа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъъолона мусоъидат намоянд.»

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=182]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=182[/url]

Источник:

Раҳмон: Моддаи туҳмат ва таҳқир аз қонуни ҷиноӣ лағв шавад

[b]Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки моддаи марбут ба таҳқир ва туҳмат аз қонуни кайфарӣ лағв шуда ва шомили қонуни шаҳрвандӣ карда шавад.[/b]

Вай ин матлабро дар суханронии худ дар робита бо таҷлил аз «Рӯзи матбӯъоти тоҷик» дар ҳузури рӯзноманигорон матраҳ кард.

Оқои Раҳмон зимни тавсиф аз нақши хабарнигорон дар ҷомеъаи муъосири тоҷик, гуфт, ки «100 — солагии матбӯъоти тоҷик на танҳо ҷашни аҳли матбӯъот, балки ҷашни умумимиллӣ низ мебошад.»

Нахуст раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба таърихи матбӯъоти тоҷик рӯй оварда ва онро ба се марҳила тақсимбандӣ кард. «Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиюну родию ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеъа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъъолона мусоъидат намоянд.»

Ба эътиқоди оқои Раҳмон, «матбӯъоти кишвари мо имрӯз дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад.» Вай ҳамзамон таъкид кард, муҳим нест, ки расонаҳои гурӯҳӣ мустақил ҳастанд ё давлатӣ.

Президент Раҳмон ба фармони худ дар бораи вокуниши мақомот ба чопи матолиби интиқодӣ ишора кард ва гуфт: «На ҳамаи мансабдорон танқиди воситаҳои ахбори оммаро дуруст қабул мекунанд ва на ҳамеша аз он хулоса бароварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешанд.»

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки «аз бисёр навиштаҳои рӯзноманигорон огоҳ» аст ва «дар мавридҳои зарурӣ» аз онҳо истифода мекунад. Вале ҳушдор дод, ки расонаҳо «набояд ба тамоюли низоъангезиву тафриқаандозӣ, сарфи назар кардан аз арзишҳо ва манфиъатҳои миллӣ, таҳқиру туҳмати шахсиятҳои хидматкарда, тарғиби фаҳш ва дигар кирдорҳои ношоиста роҳ диҳанд.»

Дар ин робита оқои Раҳмон гуфт, ки аз муҳокимаҳои додгоҳӣ миёни расонаҳо ва мақомот ва баҳсҳое дар бораи зарурати лағви муқаррароти қонуни кайфарӣ дар бораи таҳқиру туҳмат огоҳ аст ва дастур дод, ки ин муқаррарот дар қонуни шаҳрвандӣ ҷо дода шавад.

Аз сӯйи дигар, оқои Раҳмон аз хабарнигорон хост, ки ба таҳияи матолибе таваҷҷуҳ кунанд, ки ба манофеъи миллии кишвар созгор бошад: «Бояд аз чоп ва пахши маводде худдорӣ намоянд, ки ба нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонда, боъиси рӯҳафтодагӣ ва навмедии мардум мегарданд ва вазъи ҷомеъаро ноором месозанд.»

Президент Раҳмон ҳамчунин аз забони матбӯъоти тоҷик интиқод карда ва хост, ки матолиби нашрияҳо бояд барои хонандагон фаҳмо навишта шаванд. «Албатта, ҳар як эҷодкор сабку услуби худро дорад, вале он бояд ба доираи васеъи хонандагон фаҳмо бошад.»

[b]Фарҳангистони расонаҳо[/b]

Дар идомаи сӯҳбати худ оқои Раҳмон хабар дод, ки давлати Тоҷикистон ба фароҳам кардани шароит барои тавзеъи нашрияҳо иқдом карда ва ба корхонаи «Почтаи тоҷик» дастур дод, ки дар ин самт пешниҳоди худро ироа кунад.

Дар интиқод аз наҳваи омодасозии кодрҳои ҷавони рӯзноманигорӣ, оқои Раҳмон гуфт, ки «ин мушкил низ бидуни мудохилаи давлат ҳалли худро наёфт» ва ба Вазорати фарҳанг, маъориф ва Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон дастур дод, ки дар ин замина барномаи вижае таҳия кунанд.

Вай ҳамчунин хабар дод, ки ҳоло шароити молӣ имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон Фарҳангистони родию ва телевизиюн, ки дар гузашта имконпазир набуд, таъсис шавад. Вале ба эътиқоди оқои Раҳмон, ин фарҳангистон бояд дигар анвоъи расонаҳои гурӯҳиро низ дар бар гирад.

Аз сӯйи дигар, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои рӯзноманигорон ҷоизаи давлатии Садриддин Айнӣ таъсис дода шавад: «Ин ҷоиза бояд ба рӯзноманигороне супорида шавад, ки фаъъолияти онҳо ба таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодии давлат ва пешрафти маънавии ҷомеъа, густариши арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва фарҳангии шаҳрвандон мусоъидат менамояд.»

Дар поёни суханронии худ Президент Раҳмон ёдовар шуд, ки ҳоло ду милюн нафар аз ҷамъияти кишвар корбарони интернет ҳастанд. Вале ба эътиқоди вай, ҳоло алайҳи Тоҷикистон «як маъракаи (корзори) огоҳона ва муғризона идома дорад», ки ҷузъе аз «ҷанги иттилоъотӣ» аст.

Вай гуфт, ки рушди Тоҷикистон ва «сиёсати бисёрсамтаи хориҷии мо ба доираҳои муъайян хуш намеояд». Ба ин далел, ба эътиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, вақти он расидааст, ки мақомоти қонунгузор, ҳуқуқшиносону рӯзноманигорон ва ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ дар ин бобат ба таври ҷиддӣ мулоҳиза кунанд.»

Гузашта аз ин, оқои Раҳмон афзуд: «Манфиъатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеъа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоъотӣ барои ҳифзи манфиъатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеъа хидмат кунанд.»

Дар поёни сӯҳбати худ Президент Раҳмон аз як матлаби Садриддин Айнӣ ёдовар шуд ва гуфт: «Бале, кори Тоҷикистон гул карданист, ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дурахшон аст!»

[b]Назароти рӯзноманигорон[/b]

Дар ҳамин ҳол, бархе аз рӯзноманигорон, ки дар дидор бо раиси ҷумҳурӣ ширкат доштанд, назароти мутанаввеъе дар бораи ин нишаст бо мо дар миён гузоштанд.

Пайванди Гулмуродзода, устоди риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бар ин бовар аст, ки ҷашни матбӯъот «дар сатҳи баланд» доир шудааст.

Вай аз ҷумла гуфт: «Аз суханрониҳои раҳбари давлат нуктаи ҷолиб барои ман ин буд, ки президент бо таъкид иброз намуд, ки (рӯзноманигорон) дар таърифу тавсиф аз ҳад нагузаронанд ва вақте ки масоили муҳимми ҷомеъаро таҳлилу баррасӣ мекунанд, он бояд бисёр амиқ ва бар манфиъати ҷомеъа равона шуда бошад.»

Оқои Гулмуродзода ибрози умедворӣ кард, ки ин дидор барои рушди минбаъдаи матбӯъот ва масъулияти рӯзноманигору ашхоси масъули кишвар дар ҷомеъа таконе хоҳад шуд. Вай афзуд, ки агар пешниҳоди таъсиси ҷоизаи Айнӣ барои рӯзноманигорон ва фарҳангистони расонаҳо амалӣ шаванд, дар таърихи рӯзноманигории Тоҷикистон сафҳаи тозае боз хоҳад шуд.

Саймиддин Дӯстов, муассис ва сардабири ҳафтаномаи «Нигоҳ», мегӯяд: «Аслан ин мулоқот як мулоқоти идона буд ва фикр мекунам, ки он як навъ ҳатто метавонад таърихӣ ҳам бошад, ба ин хотир ки бори аввал аз забони Президент Эмомалӣ Раҳмон муносибати ӯ, ҳадди ақал муносибати декларативии ӯ, бо расонаҳои мустақил муъайян карда шуд. Фикр мекунам, ки акнун ин як марҳилаи нави рушди матбуъоти миллӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.»

Оқои Дӯстов ҳамчунин мегӯяд, ки нуктаи ҷолиб барои ӯ дар дидор бо раисҷумҳур ин ибтикори оқои Раҳмон барои аз байн бурдани таъқиби ҷиноӣ ва масъулияти ҷиноии рӯзноманигорон (барои тӯҳмат ва таҳқир) аст, ки акнун «барҳам хоҳад хӯрд.»

Ба андешаи ӯ, аз пешниҳоди оқои Раҳмон барои ҳазфи моддаи туҳмат ва таҳқир аз қонуни кайфарӣ «як пирӯзии рӯзноманигории миллӣ» дар кишвар аст.

Оқои Дӯстов афзуд: «Ман аслан интизор доштам, ки гузаштҳо дар бахши андоз (молиёт) ҳам хоҳад буд, вале мутаассифона дар ин маврид имрӯз чизе гуфта нашуд. Ҳанӯз дер нашудааст ва Ҳукумати Тоҷикистон бояд андозбандие, ки дар расонаҳои кишвар аст, ҳадди ақал 50 дарсад бояд кам кунад ва агар ин кор иҷро шавад, заминаи хубе барои рушди матбӯъоти миллӣ ва иҷрои он рисолатҳое хоҳад шуд, ки дар назди матбӯъоти миллӣ дар ин давраи барои Тоҷикистон бисёр ҳассос ҳастанд.»

Иршод Сулаймонӣ, устоди риштаи рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд агар он нукоте, ки раиси ҷумҳур дар мулоқот бо хабарнигорон таъкид кард, мансабдорони давлатӣ бо таваҷҷуҳ ба масъулияте, ки нисбат ба ҷомеъа доранд, иҷро накунанд, бисёре аз мушкилоте, ки рӯзноманигорон бо мақомоти давлатӣ ва мансабдорон доранд, ҳалли худро нахоҳад ёфт.

Ӯ мегӯяд: «Он чи ки имрӯз президент гуфт, бо бархӯрди мақомот ва мансабдорони давлатӣ бо рӯзноманигорон хеле тафовут дорад. Бояд ин тафовутро мансабдорони мо аз байн баранд ва бояд ин мулоқот барои рушди баъдинаи рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон таконе гардад. Барои амалӣ шудани ин нақшаҳо қабл аз ҳама бояд худи рӯзноманигорон иҷрои ҳадафҳое, ки раиси ҷумҳур гуфт, аз соҳибмансабони давлатӣ талаб кунанд.»

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120310_if_rahmon_pressa.shtml

Дар Тоҷикистон гурўснагии маънавӣ ҳукмфармост

[b]Адолати Мирзо, сардабири нашрияи «Миллат», мегӯяд, ки аксари мардуми Тоҷикистон дар панҷ моҳи зимистон ва пойиз аз дарёфти иттилоъ, ки ғизои маънавии мардум аст, маҳруманд.[/b]

Ба гуфтаи хонуми Мирзо, яке аз сабабҳои аслии дар инзивои хабарӣ қарор доштани мардуми ин кишвар дастрасии нокофӣ ба нерӯи барқ дар мавсими сармо будааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи хонуми Мирзо, имкони таъсиси рӯзномаҳо дар ин кишвар замоне фароҳам мешавад, ки аксари муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан бозгарданд.

[b]Матни пурраи мусоҳибаро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=181]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=181[/url]

Источник:

Дар Тоҷикистон гурўснагии маънавӣ ҳукмфармост

[b]Адолати Мирзо, сардабири нашрияи «Миллат», мегӯяд, ки аксари мардуми Тоҷикистон дар панҷ моҳи зимистон ва пойиз аз дарёфти иттилоъ, ки ғизои маънавии мардум аст, маҳруманд.[/b]

Ба гуфтаи хонуми Мирзо, яке аз сабабҳои аслии дар инзивои хабарӣ қарор доштани мардуми ин кишвар дастрасии нокофӣ ба нерӯи барқ дар мавсими сармо будааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи хонуми Мирзо, имкони таъсиси рӯзномаҳо дар ин кишвар замоне фароҳам мешавад, ки аксари муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан бозгарданд.

Ҳамкорамон Заринаи Хушвақт бо Адолати Мирзо дар бораи фаъъолияти ӯ ба унвони як зани рӯзноманигор, ки сардабириии як нашрияро ҳам ба ӯҳда дорад, сӯҳбат кардааст:

[b]Шумо аз ҷумлаи андак бонувоне ҳастед, ки сардабирии як нашрияро дар Тоҷикистон бар ӯҳда доранд. Оё барои як зан дар ҷомеъаи падарсолори Тоҷикистон, сардабирии як нашрияи мустақил душвор нест?[/b]

Хуб, агар нагӯем, ки мушкил аст, пас бояд бигӯем, ки осон нест. Чунки дар Тоҷикистон ба уҳда гирифтани сардабирии нашрияҳо аз сӯйи занон бисёр (ба чашм мехӯрад), вале масъулияти як нашрияи сиёсӣ дучанд мушкилтар аз он аст, ки ба як нашрияи фарҳангӣ ё як нашрияи фароғатӣ ё саргармкунунда раҳбарӣ дошта бошӣ.

Маълум аст, ки дар кишварҳое, ки озодбаёнӣ вуҷуд надорад, демукросӣ нест, аҳзоби фаъъоли сиёсӣ вуҷуд надоранд, опозисиюни (нерӯи мухолифи) солими воқеъӣ вуҷуд надорад, воқеъан кори сиёсӣ кардан бас мушкил аст, бахусус барои занон.

[b]Маъмулан дар ҷараёни кор бо чи масоиле рӯбарӯ мешавед ва ин душвориҳоро чи тавр таҳаммул мекунед? Дар ҳалли ин масоил ниёз ба машварат ва ё кумаки мардони ҳампешаатон доред? Ва ё тамоми масоилро худатон батанҳоӣ рафъ мекунед?[/b]

Бибинед, бояд аз он зовия нигоҳ бикунем, ки мушкил чист, яъне мушкили ҳуқуқӣ аст, мушкили сиёсӣ ва иҷтимоъӣ ё молӣ аст? Алббата, ҳайъати эҷодӣ ва ҳайъати таҳририяи (виростори) нашрияи «Миллат» ҳамеша бо ҳам бо ин мушкилиҳо дасту панҷа нарм кардаем.

Аммо ман фикр мекунам, ки аз кулли занони рӯзноманигор ва онҳое, ки сардабирии дигар нашрияҳоро ба уҳда доранд, имтиёзи ман бештар он аст, ки ман ҳамсари бисёр қарин ва дастгире дорам.

Раҳматкарим (Давлат) метавонад, ки бештар муттакои ман дар чунин лаҳзаҳо бошад. Чун аксари рӯзноманигорони зан дар ҷомеъаи мардсолор бештар мувоҷеҳи мушкили мардсолорӣ ҳастанд.

Аммо чун ҳамсари ман ҳамфикр, ҳамандеш ва ҳамкори ман аст ва ҳамеша мушовири ман аст, мо метавонем ҳамроҳ бо ин мушкилот дасту панҷа нарм кунем ва шояд барои ман таҳаммули ин мушкилот осонтар аз дигарон аст.

[b]Яке аз мушкилоте, ки нашрияи «Миллат» бо он рӯбарӯ шуд, ба додгоҳ кашида шудани он буд. Дар ҷараёни ин қазия Шумо эҳсос кардед, ки дар додгоҳ мардоне, ки дар рӯбарӯйи Шумо меистоданд, ба Шумо ба унвони як зан нигоҳ мекарданд ва тавононии худро чун мард эҳсос мекарданд ва аз ин рӯ, рӯйи шумо фишор меоварданд?[/b]

На, ман фикр намекунам, ки ин марбут ба ҷинсият ё марбут ба зану мард бошад. Вақте дар ҷомеъае, ки қонун бартарӣ надорад ва ҷомеъа қонунманд нест, ин мушкилот ба зану мард будан ва ё ба кадом нажод будан кор надорад.

Мушкили аслӣ риъоят нашудани қонун ва бартарӣ надоштани қонун аст. Ман фикр мекунам, агарчи ҳамаи он қазоёи додгоҳии расонаҳо бештар бо матолибе иртибот дошт, ки ба қалами занҳо мансуб буд, аммо шояд ҳадаф тарсондани чашми рӯзноманигори зан буд ва шояд ҳам набуд. Чаро?

Чунки имрӯз дар фазои сиёсии Тоҷикистон, фазои расонаии ин кишвар ва умуман, фазои ҷомеъаи Тоҷикистон ҳузури мардҳо дар ин ҷомеъа камрангтар аст, зеро мардҳо бештар дар пайи ҷустуҷӯйи даромади рӯзгор ва таъмини хонавода ҳастанд ва бино бар ин, фазо бештар барои аспдавонии занҳо холитар мондааст ва аз ин рӯ бештар дар расонаҳо ҳам нақши занҳо ҷилва дорад.

[b]Адолатбону, дар идомаи ин ҳарфҳое, ки мегӯед, лутфан шарҳ диҳед, ки танҳоии занон бештар ононро водор мекунад, ки хомӯштар бимонанд ва ё барои бедории сиёсии онҳо нақше ифо мекунад?[/b]

На, ман фикр намекунам, ки нақшеро бозӣ кунад. Чун бори дӯши занҳо бештар аз замони Шӯравӣ шудааст. Имрӯз зан на танҳо таъмини рӯзгори хонаводаи худро ба дӯш дорад, балки рӯзгори ҷомеъаи Тоҷикистон ҳам бар шонаҳои нафиси зан гузошта шудааст.

Ман фикр мекунам, ки барои фаъъолиятҳои фаротар ва сиёсӣ барои занҳо фурсати камтаре гузошта мешавад, чун аксари занҳо гирифтори масоили таъмини хонавода ва тарбияти фарзандонашон ҳастанд.

Аз ин рӯ, ба ақидаи ман, имрӯз заъфе, ки чи дар фаъъолиятҳои сиёсии Тоҷикистон ва чи фаъъолиятҳои иҷтимоъии мардум дида мешавад, ин ҳузур надоштани аксари мардҳо дар зиндагии сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеъаи ин кишвар аст.

Яъне бо як панҷа ин мушкилот дар ҷомеъа идора мешавад, вале аз як даст садо намебарояд ва вақте ки як дасти дигар нест, ин дасте, ки бардошта мешавад, дар ҳаво муъаллақ мемонад.

[b]Агар ба таърихи рӯзноманигорӣ ва нақши занони рӯзноманигор дар матбӯъоти тоҷик назар кунем ва аз 100 соли он ёдовар шавем, ба назари Шумо, нақши занони рӯзноманигор дар даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон назаррас буд ё дар даврони истиқлол?[/b]

Агар мо бар ин бошем, ки аз рӯйи шумора, на аз рӯйи сифат (кайфият), баҳогузорӣ (арзёбӣ) кунем, дар ҳама давру замон гавҳарҳое буданд, ки аз қаъри об аз худ дарак медоданд.

Масалан, Бӯринисо Бердиева, яке аз занҳои бисёр ҷасуру далери мо, ки фикр мекунам, ки дар пояи ӯ ҳатто дар даврони Шӯравӣ дар арсаи рӯзноманигорӣ ҳеч мардеро намедонам, ки қад алам карда бошад.

Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки шахсият дар ҳама гуна шароит дар ҳама гуна фазо аз худ ҳатман дарак медиҳад, бахусус агар вай зан бошад, чун маълум аст, ки агарчи ҷомеъаи мо ҷомеъаи мардсолор аст, вале фаъъолияти чашмраси занҳо бештар ба намоиш меояд.

Чун ҷомеъа дақиқан, ки суннатӣ аст, чашмҳо бештар ба фаъъолияти занҳо дӯхта мешавад, бештар ба тарозу кашида мешавад ин аъмоли занон, ки чи кореро анҷом доданд ва чи кореро натавонистанд анҷом диҳанд.

Ба назари ман, дар бахши рӯзноманигорӣ, ки имрӯз ҷойгоҳи мардҳои асили рӯзноманигор ва эҷодкор дар ин фазо холӣ аст, майдони набард ба занҳо вогузор шудааст. Маро маъзур доранд, агарчи хеле аз рӯзноманигорони зан ҳастанд, ки бо имзоҳои зебо, вале бо матолиби хеле беарзиш дар матбӯъот ва нашрияҳои Тоҷикистон ҷилва мекунанд.

Агар фазо бозтар мебуд, агар воқеъан фазои эҷодии солим ба вуҷуд меомад ва метавонистанд мардҳои эҷодкори аслӣ ба ин майдон бозмегаштанд, боз ҳам муҳтавои ин матбӯъот ва рӯзномаҳо ва ҳам фаъъолияти занҳое, ки воқеъан кори мушкили рӯзноманигориро пеша кардаанд ва журнолистони хубе ҳастанд, бештар баҳои воқеъӣ мегирифт.

Яке аз мушкилоте, ки бархе аз занони хабарнигор бо он мувоҷеҳ мешаванд, нодида гирифтани тавоноии зеҳнии онҳост. Ба назарот ва ақоиди онҳо ба унвони «як муштипар» чандон таваҷҷуҳ намешавад. Оё Шумониз мушоҳида кардаед, ки ақидае ва ё суоле, ки Шумо матраҳ кардаед, аз сӯйи мардон нодида гирифта шуда бошад?

Ман шахсан ҳеч гоҳ бо чунин бархӯрде рӯбарӯ нашудаам, вагарна ҳатман посухи ин гуна бархӯрдро медодам.

Вале ин ки зимни натиҷагирӣ аз фаъъолияти рӯзноманигорон дар соли гузашта, фаъъолияти занҳо, бахусус Рамзия Мирзобекова ва Олга Тутубалина хуб арзёбӣ шуд, фикр мекунам, ки назари ҷомеъаи имрӯзии Тоҷикистон ба занҳо яксон нест.

Воқеъан, занони эҷодкор ва ҳунарманд қадрдонӣ мешаванд, агарчи ба онҳо мукофотҳои (ҷоизаҳои) давлатӣ намедиҳанд, вале мардум худаш довари ҳақгӯ аст ва худаш арзёбӣ мекунад, ки фаъъолияти кадом мард ё зан ё фаъъолияти кадоме аз рӯзноманигорон аз дигарон бадтар ё беҳтар будааст.

[b]Бозгардем ба масоили хонаводагии Шумо. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳамсари шумо низ рӯзноманигор аст, оё ду ҳампеша дар як хонавода ба фаъъолияти ҳамдигар халал намерасонанд? Ва ё ҳампеша будан ба суди фаъъолиятҳои рӯзноманигории шумост?[/b]

Ҳеч гоҳ халал намерасонад ва баръакс кумак мекунад. Шавҳарам худаш хуб медонад, ки дар арсаи рӯзноманигорӣ чи мегузарад. Ва ӯ дар тамоми мушкилотам муттакои ман аст.

Агар Раҳматкарим рӯзноманигор набуд, дар интихоби ин касб барои ман муваффақиятҳо пеш намеомад, ман ҳеҷ гоҳ наметавонистам Адолати Мирзо бошам, агар Раҳматкарим дар паҳлӯи ман набуд.

[b]Шумо соҳиби чаҳор фарзанд ҳастед ва фарзандон доранд бузург мешаванд. Оё онҳо орзу доранд, ки шуғли хабарнигориро интихоб кунанд?[/b]

На, танҳо мо ду нафар дар хонавода рӯзноманигор ҳастем, вале аз ғайри интизор фарзандони мо ҳам рӯзноманигор ҳастанд. Яъне онҳо дигар фаъъолиятҳои моро дарк кардаанд ва бархе вақтҳо барои мо аз берун, аз мактаб ва аз хиёбон хабар меоранд.

Масалан дар васоили мусофирбарӣ агар иттифоқе уфтад, онҳо даъфатан ба мо мегӯянд ва масъалагузорӣ мекунанд. Суруш ҳанӯз ду сол қабл чанд матлабе навишта буд ва кӯдакони дигар ҳам блог менависанд ва сойтҳои хешро боз карданд (гушуданд).

Агарчи фарзандон машоғилеро барои худашон интихоб кардаанд, вале дар ниҳод рӯзноманигор ҳастанд. Мо дар тарбияти кӯдакон бештар ба он диққат медиҳем, ки кӯдакон дар оянда тавонанд бо ҳар мушкиле, ки рӯбарӯ шаванд, ҳалли онро худашон пайдо кунанд.

[b]Шумо эҳсос намекунед, ки кӯдакон ва навҷавонон дар Тоҷикистон ба нашрияи вижаи худ ниёз доранд ва мавзӯъи таъсиси чунин нашрияе барои кӯдакон фаромӯш шудааст, ҳарчанд беш аз 50 дарсади ҷомеъаи моро кӯдакон ва навҷавонон ташкил медиҳанд?[/b]

Бубинед, дар кишваре, ки рӯзноманигор дар рӯз кор надорад, дар кишваре, ки миллаташ рӯзнома надорад, дар бораи ҳамчунин чизҳое ҳарф задан як кори беҳуда аст.

Аслан, ман фикр мекунам, ки аз як сӯ, дар Тоҷикистон фазои иттилоъотӣ холист ва кишваре, ки дар асри 21 ба таври рӯзмарра рӯзнома надорад, на танҳо боъиси шармандагии ҳукумати Тоҷикистон аст, балки аз камкорӣ ва бефаъъолиятии институтҳои (ниҳодҳои) демукросӣ, созмонҳои кумаккунанда ба вазъи демукросӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ дарак медиҳад.

Яъне фикр мекунам дар кишваре, ки ба таври рӯзмарра рӯзноманигор кор надорад, мардум ба таври рӯзмарра аз гирифтани иттилоъ маҳрум ҳастанд, агар иттилоъ дар шакли матбӯъот, мактуб бошад.

Чунон ки мебинед, дар Тоҷикистон ҳафтод дарсади мардум дар панҷ моҳи тирамоҳ (пойиз) ва зимистон бидуни барқ ҳастанд, яъне аз гирифтани иттилоъ, ки ғизои маънавӣ аст, маҳрум ҳастанд, яъне гуруснагии маънавӣ, гуруснагии иттилоъотӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо аст.

Вале ин ки инстистутҳои (ниҳодҳои) демукросӣ, созмонҳои мудофеъи озодии баён ин вазъияти Тоҷикистонро нодида мегиранд ва ҳеч бонги изтироб зада намешавад, маънии заъфи онҳоро дорад, маънии онро дорад, ки ҳеч касе дар фикри ин мардум ва дар фикри озодии баён дар ин кишвар нест.

[b]Агар фурсат даст диҳад, метавонед «Миллат»-ро ба таври рӯзмарра, яъне чун рӯзнома, ба табъ расонед ва пешкаши хонандагон кунед, ё дар шароити феълӣ ин кор душвор аст?[/b]

Мушкили аввал дар заминаи таъсиси рӯзнома ҳузур надоштани рӯзномахон дар Тоҷикистон аст. Яъне ҳудуди як милюн нафаз аз қишри фаъъоли ин кишвар дар берун аз хоки Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Яъне қишри таҳсилдида, қишри ҷавон, қишри онҳое, ки дастрасӣ ба манобеъи молӣ доранд ва қудрати харидории рӯзномаро доранд. То он даме ки ин қишри ҷомеъа ба Тоҷикистон, ба ватан, бознагардад ва то он даме, ки дастрас кардани рӯзнома ба ин қишр осон нашавад, чопи нашрия ба таври рӯзмарра як кори беҳуда хоҳад буд.

Вале дар ҷомеъаи имрӯзаи Тоҷикистон бо фароҳам омадани имконоти молӣ метавон нашрияи ҳаррӯза барои занон бо қимати поён ва нашрияи вижа барои кӯдаконро таъсис дод.

[b]Шояд ба унвони рӯзноманигор бо афроде рӯбарӯ шуда бошед, ки сарнавишти ҷолибе доранд. То ҳол ба навиштани китобе дар бораи зиндагии чунин афрод ё дидаву шунидаҳои худ ё дар бораи ҳампешагони худ фикр накардаед?[/b]

Мегӯянд, ки «дар дил ҳавасҳо дорем, дасти норасо дорем.» Воқеъан фаъъолияти ҳар як ҳампешаи мо худаш китобест. Агар имкон ва вақт даст бидиҳад, дил мехоҳад, ки дар гушоиши чеҳраҳо, махсусан дар рӯзҳое, ки 100-умин солагарди матбӯъоти Тоҷикистон таҷлил мешуд ва номи ин фарҳехтагон ба забон оварда нашуд, ёдгорие барои хотири ин афрод дошта бошад ва ё китобе мунташир кунад.

Аммо мо кӯшишҳое дорем, алббата, дар танҳоӣ не, ҳайъати таҳририяи нашрияи «Миллат» тасмим дорад, ки ба хотири рӯзноманигорони шаҳиде, ки дар роҳи расидан ба озодӣ ҷони худро аз даст доданд, таҳқиқоте анҷом диҳад ва онро дар шакли китоб мунташир кунад.

Ҳамчунин, «Миллат» қасд дорад дар бораи чеҳраҳои мондагори матбӯъот, ки насли имрӯзаи рӯзноманигории тоҷик аз он обхӯр об менӯшанд, маҷмӯъи мақолотеро интишор бидиҳад. Масалан, Бӯринисо Бердиева, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Сайдар, Искандари Хатлонӣ, Сайф Раҳимзод ва садҳо тан аз рӯзноманигорон, ки дар ин ҷоддаи ба қавле «номинатдор» заҳмат кашидаанд, ба хотири бақои номи онҳо корҳоеро анҷом бояд бидиҳем ва маҷмӯъаҳое ба нашр расонем.

Аммо дар мавриди он ки китоби хоссе дар мавриди фаъъолиятҳоямон худамон иншо карданӣ бошем, фикр мекунам, ки ҳанӯз дар сар ҳамчунин чизе надорем, чунки то ҳол коре накардаем, ки дар бораи он китоб бинависем ва имрӯз мутаассифона, ҳама китобнавис шудаанд ва ман фикр мекунам, ки ёва гуфтан ва онро китоб кардан ҳунар нест.

[b]Адолатбону, агар фурсат даст диҳад ва дубора имкони интихоби шуғле бароятон муҳайё шавад, боз ҳам шуғли рӯзноманигориро интихоб хоҳед кард ва ё пешаи дигареро, ки мушкилоти камтаре дошта бошад?[/b]

На, боз ҳам дубора рӯзноманигор мешавам.

[b]Сипос аз сӯҳбат.[/b]

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120312_zkh_interview_messmeaia_adolat.shtml

Чашни 100-солагии матбуот бе њузури рўзноманигорони саршинос

[b]Дар теотри уперо ва боллеи ба номи Садриддин Айнӣ маҳфиле ба муносибати ба 100-солагии матбӯъоти тоҷик оғоз шуд.[/b]

Барои бори нахуст дар солҳои истиқлол дар ин ҳамоиш раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ мекунад.

Ҳануз мушаххас нест, ки оё дар чорчӯби ин дидор миёни Президент Раҳмон ва хабарнигорон гуфтугӯе сурат хоҳад гирифт ё хайр.

Тӯли ду ҳафтаи ахир дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз ироаи иттилоъ дар ин бора худдорӣ карда ва ҳатто асомии даъватшудагон ба ин маҳфил махфӣ нигаҳ дошта мешуд.

Ба гуфтаи Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, ин ниҳод ба дафтари раёсати ҷумҳурии кишвар феҳрасти хабарнигороне, ки бояд дар ин дидор ҳузур дошта бошанд, ироа кардааст.

Вале манобеъи огоҳ мегӯянд, ки масъулони дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ин феҳрастро бознигарӣ карда ва бештари хабарнигорони саршинос ба ин маҳфил даъват нашудаанд.

Аз ҷумла, хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва рӯзноманигороне, ки аз онҳо умдатан ба унвони «мухолиф» ё «мунтақид» ном бурда мешавад, ба ин дидор даъват нашудаанд. Ҳарчанд, тибқи иттилоъи расида, бархе аз хабарнигорони расонаҳои Русия дар Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ҳузур доранд.

Чунин шоеъоте низ вуҷуд дорад, ки имсол ба бархе аз хабарнигорони саршинос ҷоизаи Абулқосими Лоҳутӣ эъто шуда ва қарор буд, ки маросими эътои ин ҷоизаҳо дар чорчӯби дидори Президент Раҳмон бо хабарнигорон баргузор мешавад. Вале дар охирин лаҳазот тасмими мақомот тағйир ёфта ва иддае аз «соҳибони» ҷоиза низ ба ин маҳфил даъват нашуданд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз хабарнигорон ба нишони эътироз аз ширкат дар ин маҳфил худдорӣ кардаанд. Яке аз онҳо, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки намехоҳад шоҳиди «тамаллуқ ва мадҳу санохонӣ нисбат ба раҳбари кишвар аз сӯйи иддае аз хабарнигорон» бошад.

Зимнан, рӯзи матбӯъоти тоҷик 11 март дониста мешавад. Яксад сол қабл дар ин рӯз нахустин шумораи рӯзномаи «Бухорои шариф» мунташир шудааст. Дар соли ҷорӣ аз ин рӯз дар Тоҷикистон барои бори нахуст ба сурати густарда таҷлил мешавад.

Бештари мақомоти тоҷик бо ирсоли номаҳои шодбошӣ хабарнигоронро бо ин рӯз табрик гуфтаанд.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар номаи шодбошии худ таъкид кардааст: «Матбӯъоти тоҷик ба ҷузъе аз давлатдории тоҷикон табдил шуда ва ба тақвияти арзишҳои демукросӣ дар ин кившар мусоъидат мекунад.»

Ҳатто, Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, ки пайваста мавриди интиқоди рӯзноманигорон қарор мегирад, низ дар номаи шодбошии худ «нақши хабарнигорон дар рушди кишвар, аз ҷумла дар бахши энержӣ»-ро тавсиф кардааст.

Тибқи иттилоъи манобеъи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, баъд аз поёни дидори Президент Раҳмон бо хабарнигорон, барои рӯзноманигорон барномаи кунсертие баргузор хоҳад шуд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120310_if_tajik_press.shtml

Хабарнигорон хостори таъмини дастрасӣ ба Facebook шуданд

[b]Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ҳамроҳ бо Анҷумани миллии расонаҳои хабарии мустақил, созмони Медиа Алянс ва Бунёди ёдбуд ва пуштибонӣ аз ҳуқуқҳои хабарнигорони Тоҷикистон аз ҳукумат хостори таъмини дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook ва дигар торнамоҳои интернетӣ шуданд.[/b]

Дар изҳороти муштараки онҳо, эҷоди монеъа дар дастрасӣ ба ин торнамоҳо чун поймолсозии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти иттилоъ арзёбӣ шудааст.

Аз ҳафтаи гузашта бо амри хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон бархе аз провайдерҳо дастрасӣ ба чанд торнамо, аз ҷумла, ба Facebook-ро қатъ карданд.

Ахиран Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо низ аз мақомоти Тоҷикистон хост, то қарори манъи дастрасӣ ба ин торнамоҳоро лағв кунад.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20120309/538/538.html?id=24510177

Изҳороти муштараки созмонҳои журналистии Тоҷикистон

ш. Душанбе, 9 марти соли 2012

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Медиа Алянси Тоҷикистон (МАТ), Шўрои ВАО Тоҷикистон ва Бунёди гиромидошт ва ҳифзи ҳуқуқҳои журналистони Тоҷикистон иқдоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook ва иддае аз манбаъҳои Интернетиеро, ки масоили ҳаёти ҷамъиятию сиёсиро инъикос менамоянд, шадидан маҳкум мекунанд.

Аллакай як ҳафта инҷониб шаҳрвандони Тоҷикистон ба шабакаи иҷтимоии Facebook ва иддае аз манбаъҳои Интернетӣ дастрасӣ надоранд, ки ин ҳолат нақзи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо ба дастрас кардани иттилоот мебошад. Тибқи иттилои Интернет-провайдерони Тоҷикистон, рўзи 2 март онҳо аз Хадамоти алоқа дар бораи қатъ кардани дастрасӣ ба Facebook ва чор сомонаи дигар: www.tjknews.com, www.maxala.org, www.centrasia.ru и www.zvezda.ru (Интернет портали «Полярная звезда») супориш гирифтаанд. Сабаби қатъ намуданро танзимкунанда ба «корҳои техникию-профилактикӣ» марбут медонад, ки ондар назари ҷомеа баҳонаи беэътимоб дониста мешавад.

Ба андешаи коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, қатъ намудани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои Интернетӣ иқдоми бесамар ва беандеша мебошад. Дар фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ пештар ҳам чунин норасоиҳо мушоҳида мешуданд. Чунин иқдоми бо санадҳои ҳуқуқӣ асоснокнашуда ба амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита таҳдид мекунад. Тавре Консептсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, кўшишҳои рақибони имконпазир барои поймол кардани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳити иттилоотии ҷаҳон, танг карда баровардани он аз бозори берунӣ ва дохилӣ, пуршиддат шудани рақобати байналмилалӣ барои соҳибӣ кардан ба манбаъҳои иттилоотию техникӣ сарчашмаҳои асосии таҳдид ба амнияти иттилоотӣ мебошанд.

Мо бо эътимоди қавӣ гуфта метавонем, ки нафаре Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои вайрон кардани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба иттилоот ваколатдор накардааст, аз ин рў талаб дорем, ки дастрасӣ ба Facebook ва дигар сомонаҳои интернетӣ ҳарчӣ зудтар барқарор карда шавад.

[b]Акбаралӣ Сатторов, Раиси ИЖТ
Нуриддин Қаршибоев, Раиси АМВАОМТ
Зинатулло Исмоилов, Раиси Шўрои ВАО ҶТ
Хуршед Ниёзов, Директори генералии МАТ
Мухтор Бокизода, Раиси ФГҲҲЖТ[/b]

Источник:

Матбуъоти дањаи 1990: озодие, ки аз Тоҷикистон рахт барбаст

[b]Бо чопи шумораи аввали нашрияи «Растохез» дар моҳи майи соли 1990 дари матбуъоти озод дар Тоҷикистон барои аввалин бор дар беш аз 70 соли ҳукумати Шӯравӣ боз шуд.[/b]

Дар оғози соли 1990 нашрияи «Растохез» танҳо нашрияи ғайриҳукуматие буд, ки ба сурати пинҳонӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон ба нашр мерасид ва дар Осиёи Марказӣ пахш мешуд.

Чопи ин нашрия бар асари зарурати созмони мардумии «Растохез» дар пайи воқеъоти баҳманмоҳ (феврали соли 1990) сурат гирифт. «Растохез» хеле аз фитнаҳои ҳукумати вақти шӯравӣ ва давлати Тоҷикистонро дар шумораи нахустинаш фош кард.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=180]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=180[/url]

Источник:

Ещё один сайт на WordPress