Аз шароитҳои нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ рӯзноманигор шикоят надоштааст.
«Писарам худро гунаҳкор намешуморад», — изҳор дошт дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» Ҳабибулло Мирсаидов, падари роҳбари КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов.
«Зимни дидорбиниҳо дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд ӯ мудом мегӯяд, ки меъёрҳои қонунгузории кишварро вайрон накардааст», — қайд кард Ҳабибулло Мирсаидов. Ба гуфтаи падари рӯзноманигор, субҳи имрӯз низ ӯ бо писараш дидорбинӣ кардааст.
«Ӯ зикр мекунад, ки қонуншиканӣ накардааст ва худро гунаҳкор эътироф намекунад. Хайрулло қотеъона ба ҳамаи бандҳои айбномаи ба ӯ пешниҳодкарда розӣ нест», — гуфт ӯ.
Падари Хайрулло Мирсаидов ҳамчунин изҳор намуд, ки писараш аз шароитҳои нигаҳдорӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ шикоят надорад. Зимнан таъкид шуд, ки Хайрулло дақиқан санҷидани ҳамаи ба истилоҳ «ҳуҷҷатҳо»-и муқобили ӯ ҷамъшударо талаб дорад.
Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ — «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.