Рўзи 3-юми май конфронсиҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «Озодии баён: мушкилот ва дурнамо» дар меҳмонхонаи «Шератон» боҳузури 80 намояндаи ВАО, мақомоти давлатӣ, созмонҳои рӯзноманигорӣ ваҳимояи ҳуқуқи инсон, ташкилотҳои байналмилалӣва сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории конфронси мазкур таҳлили дастовард, мушкилот ва пешомадҳои ВАО дар Тоҷикистон дар як соли охир ва таҳияи тавсияҳо барои рушди озодии баён дар кишвар арзёбӣ шуд.
Пас аз сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби созмондиҳандагони конфронс, лаҳзаи сукут ба хотири поси хотири қурбониёни роҳи озодии сухан дар Тоҷикистон, ки акнун бо мо нестанд, ихтиёр гардид. Баъдан мавзуи аввалро Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ ифтитоҳ намуда, дар мавзуи «Дастрасӣ ба ахбор: назария ва амалия» суханронӣ карда, қайд намуд, ки дар як соли ахир фазои озодандешӣ дар Тоҷикистон хеле маҳдуд шудааст. Ӯ аз раддабандие, ки аз ҷониби «Гузоришгарони бидуни марз» чанде қабл маълум гардид ва Тоҷикистон чандин зина дар он поён қарор дорад, нигаронӣ намуд. Ӯ гуфт: «Агар ин равандҳое, ки дар ҷомеа ба амал меоянд, чунин идома ёбад, то ба охир расидани ин раддабандӣ солиёни зиёд лозим меояд».
Ҳамзамон, Зиннатулло Исмоилов, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, аз камбудии кадрҳои ҷавони журналист сухан ронда, ќайд намуд, ки дар кишвар кадрҳои соҳаи журналистика нисбат ба хатмкунандагони соҳаҳои дигар хеле кам ба назар мерасанд.
Дар ин ҳол, Саймуддин Дӯстов, муассиси нашрияи «Нигоҳ» пешниҳод намуд, то парвандаи Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири «Наҷот», нашрияи Ҳизби мамнуъи назҳати исломӣ бознигарї шавад.
Иштирокчиёни конфронс барои беҳтар гардидани вазъи озодии баён дар Тоҷикистон суханронӣ карда, барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт пешниҳодҳо намуданд.
Дар охири конфронс журналистон бо ҷоизаҳо қадрдонӣ гардиданд. Имсол бори аввал аст, ки Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ҷоизаи касбии «Эътимод»-ро ташкил намуд ва Субҳон Ҷалилов барандаи ин ҷоиза дониста шуд. Хуршед Фозилов, хабарнигор аз вилояти Суғд дар бахши тадқиқоти журналистӣ барандаи ҷоизаи ба номи Ҷумъаи Толиб, Нуралӣ Давлат барандаи чоизаи ба номи Пайванди Гулмуродзода, Дилшоди Абдулмаҷид барандаи ҷоизаи «Ҷасорати журналистӣ» ва Манижа Ќурбонова барандаиҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ аз ҷониби «Медиа-Алянс»-и Тоҷикистон гардиданд.
Бояд гуфт, ки созмондиҳандагони конфронси ҷумҳуриявӣ Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, АМВАОМТ, Ташкилотиҷамъиятии «Хома» бо дастгирии дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, институти «Ҷамъияти Кушод»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/10916-ozodii-bajon-mushkilot-va-durnamo.html