3-юми май дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи озодии баён эътироф шудааст. Баробари ин шахсоне ҳастанд, ки аз набудани озодии баён ва ё халалдор шудани он аз тарафи мансабдорон ва ё шахсони алоҳида шикоят мекунанд. Ба ҳамин хотир, ин ҳафта «Фараж» аз алоқамандони ин соҳа пурсид:
Рустам ГУЛОВ: — Озодии баён ба он нафароне халал мерасонад, ки виҷдонашон пок нест. Пеш аз ҳама шахсони ҷамиятиро дар назар дорам, ки фаъолияташон новобаста ба идоракунӣ ва истифодабарии самараноки маблағҳо ва захираҳои табииву ҷамъиятӣ вобаста аст. Инҳо нафароне ҳастанд, ки метавонанд аз мансаб ва вазифаи худ сӯйистифода намуда, дар фаъолияти худ ба хатоҳои ҷиддӣ роҳ диҳанд ва оқибати иштибоҳи онҳо ба тамоми ҷамъият паҳн мегардад. Озодии баён барои онҳо ҳамчун фошкунандаи хатоҳояшон аст, ки метавонад ба гум кардани вазифа ва мансаб оварда расонад. Аз ин рӯ, онҳо бо тамоми ҷидду ҷаҳд ҳаракат мекунанд, ки садди роҳи озодии баён шаванд. Шахсе аз байни онҳо, ки нисбати фаъолияти худ софдилона ва масъулиятнок муносибат мекунад, нисбати озодии баён ҳеҷ хусумате надорад. Аз ин рӯ, мақолаи халқие ба ёд меояд — «Нонат ҳалол бошад, берун бароварда хӯр». Афсӯс, ки нони на ҳама ҳалол аст.
Наргис РАҲМАТШОЕВА: — Озодии сухан ё баёне, ки фарҳангу зебоӣ надорад, халалдору валангоркунандаи ҷомеаву миллат аст. Ҳар баён бояд меъёри дурусти ахлоқӣ дошта бошаду ба манфиати пеш аз ҳама инсон ва баъдан ҷомеа бошад, ки муқаддасоти миллиро валангор накунаду аз байн набарад. Баъдан, баёни бофарҳангу дуруст нишонаи озодазодагии инсон аст.
Ҳумайрои БАХТИЁР: — Озодии баён танҳо ба як гурӯҳ халал мерасонад, гурӯҳе, ки мақоми давлатӣ, масъулиятро бар дӯш гирифта, аз ӯҳдаи иҷрои он намебарояд. Ҷомеаи мо ҳоло то ин ҳад расидааст, ки аз норасоӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ бештар расонаҳои хабарӣ менависанд. Ҷомеаи шаҳрвандии фаъол надорем. Гурӯҳи мазкур ба хубӣ дарк кардааст, ки маҳз озодии баён метавонад ҳақиқати фаъолияти онҳоро ошкор бикунад. Аз ин хотир, онҳо барои вуҷуд доштани озодии баён сад дар сад манфиатдор нестанд.
Исфандиёри ОДИНА: — Ба ҳеҷ кас!
Ин дигарон ҳастанд, ки ба озодии баён халал мерасонанд!
Меҳмоншо ШАРИФОВ: — Аслан ин арзиш, яъне «озодии баён” дар малакатҳои ғарбӣ ҳам ба як бозии сиёсӣ табдил ёфтааст ва мо онро аз воқеаҳои Чарли Абдо дар Фаронса дидем, ки чи гуна аз он истифода мебаранд. Вале дар мамлакатҳое чун Тоҷикистон, ки маҳдудиятҳо ва мушкилоти бештари иқтисоди-иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ доранд, «озодии баён” новобаста ба ин, ки аз ин арзиш ҳамчун рамзи мардумсолор будани худ истифода мекунанд, рақиби мансабдорон аст. Мақсад дур андохтани мардум аз шинохти воқеияти вазнини худ ва муаллифони ин воқеият аст. Бо роҳҳои гуногун садои ҳақро пахш мекунанд.
Иршод СУЛАЙМОНӢ: — Озодии баён аз нигоҳи илмӣ ҷузъе аз озодиҳои сиёсии инсон дониста мешавад. Аз ҷониби дигар, озодии сиёсӣ бо тафовут аз дигар навъҳои озодӣ ба алоқамандии шаҳрванду давлат бармехӯрад. Файласуфи маъруф ва назарияпардози сиёсии инглис Томас Ҳобс ҳам гуфта буд, ки «озодӣ ин пеш аз ҳама вуҷуд надоштани муқовимат мебошад». Бар мантиқи ин фармуда маълум аст, ки озодии баён ба гурӯҳе халал мерасонад, ки манофеи сиёсии онҳо аз роҳи озодии сухан ба муқовимат дучор шудаанд. Яке аз нишонаҳои дигаре, ки мо хубтар бишносем чӣ касоне ба озодии сухан муқовимат мекунанд, ин аст, ки инҳо ҳатман касоне ҳастанд, ки мехоҳанд қудрати сиёсиро инҳисор кунанд.
http://faraj.tj/authorities/9134-ozodii-baen-ba-k1251-halal-merasonad.html