Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” дар раддабандии навбатияш- “Озодии матбуот-2014” Тоҷикистонро дар мақоми 115-ум ҷой додаанд.
Дар ин раддабандӣ ки имрӯз 12-уми феврал нашр шуд, аз рӯи ҳафт номинатсия: сатҳи таъқибу фишор, гуногунандешӣ, мустақилияти расонаҳо, худсенсорӣ, муҳит, чаҳорчӯбаи қонун, шаффофият ва сохтор кишварҳоро раддабндӣ шудаанд.
Иоҳан Бир, масъули барномаҳои созмон, ба Радиои Озодӣ гуфтаст, сабаби дар мақоми 115-ум ҷойгир кардани Тоҷикистон дар он аст, ки “соли гузашта дар маъракаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ бештар Эмомалӣ Раҳмон, ки беш аз 20 сол боз раҳбари Тоҷикистон аст, тарғибу ташвиқ мешуд”.
Ба гуфтаи Иоҳан Бир, “маҳдудсозӣ ва қатъи худсаронаи сомонаҳои мустақили хабарӣ, ҳарчанд баъзан ҳамагӣ чанд рӯз идома мекарданд, ба як амри маъмулӣ табдил гардид”.
Муаллифони гузориш ба он нукта ҳам ишора кардаанд, ки дар Қонуни нави матбуот, санаде, ки аз моҳи марти соли 2013 ба ҳукми амал даромад, шароити мувофиқе барои фаъолияти расонаҳову хабарнигорон пешбинӣ шудааст, аммо нуктаҳои он ҳоло татбиқ намешаванд.
Ҳамчунин дар ин раддабандӣ, аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ аз он изҳори нигарони шудааст, ки дар Турманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон, расонаҳои хабарӣ таҳти фишори шадид қарор доранд.
Ба навиштаи муаллифони ин раддабандӣ, ҳанӯз ҳам дар Ӯзбакистон сензураи шадид ҳукмфармост.
Дар гузориш ҳамчунин омадааст, озодии матбуот дар соли 2013 дар Қазоқистон коҳиш ёфтааст.
http://www.tojnews.tj/magomi-navi-tojikiston-dar-guzorishi-ozodii-bayon