Озмуни Шӯро:Одили Нозир ҷойи аввалро гирифт

Озмуни «Эссеи беҳтарин», ки аз ҷониби Шӯрои ВАО дар мавзӯи «Мо ВАО-и хушахлоқро интихоб мекунем» аз 16-уми ноябр то 13-уми декабри соли ҷорӣ эълон гардида буд, имрӯз ҷамъбаст гардид.

Озмуни мазкур имрӯз дар меҳмонхонаи «Лотус»-и шаҳри Душанбе ҷамъбаст карда шуд. Ин озмун бо иштироки ҳайати комиссион, устодони шинохтаи журналистика Иброҳим Усмонов, Сангин Гулов ва Қироншоҳ Шарифзода ҷамъбаст гардид.

Ҳамин тавр, Одили Нозир аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ҷойи аввалро соҳиб шуд. Санҷар Ҳошимӣ — муҳаррири сомонаи Faraj.tj ғолиби ҷойи дуюм гардид. Зебоҷон Қурбонова — рӯзноманигор аз минтақаи Суғд ҷойи сеюмро гирифт.

Дар баробари ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3, инчунин дигар иштирокчиёни озмуни мазкур бо дипломи Шӯрои ВАО ва АМВАОТ қадрдонӣ карда шуданд.

 

http://faraj.tj/news/11792-odil-va-san1207aru-zebo1207on-1171olibi-ozmun-shudand.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *