Озмуни “Падарони шӯҳратманд”-и Вазорати фарҳанг барои рӯзноманигорни нашрияҳои ҳукуматӣ

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941 — 1945 барои рӯзномаю маҷаллаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмун эълон кардааст.

Масъулини вазорат мегӯянд, ки ин озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Падарони шӯҳратманд” баргузор гардида, маводҳои ба он пешниҳод шаванда бояд таблиғгари анъанаҳои ҷангӣ ва меҳнатии собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон бошанд.

Ин озмун бо ҳадафи инъикоси ҳамаҷонибаи аҳамияти ҷаҳонӣ ва таърихии ҶБВ, саҳми фарзандони барӯманди Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба, шуҷоату диловарӣ ва хизматҳои шоёни онҳо дар майдони муҳорибаҳои шадид ва дар ақибгоҳ баргузор мегардад.

Маводҳое, ки ба ин озмун пешниҳод карда мешаванд, бояд ҷолиб, дорои мазмуни баланд ва бо овардани мисолҳои ҳаётӣ аз рӯзгори иштирокчиёни ҷанг дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ расида бошанд.

Ғолибони Озмунро мукофотҳои пулӣ аз 1000 то 2000 сомонӣ, дипломҳо ва ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг интизор аст. Муҳлати охири қабули маводҳо 1-уми майи соли 2015 муайян шудааст.

http://www.tojnews.org/tj/news/ozmuni-padaroni-shukhratmand-i-vazorati-farkhang-baroi-ruznomanigorni-nashriyakhoi-khukumati

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *