АМВАОМТ дар доираи лоиҳаи “Нигоҳ доштани тавозун: таҳкими устуворӣ ва рушди ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад, озмуни грантҳои хурд барои иштирокчиёни даври омӯзишии “Журналистика ва ҷомеаи шаҳрвандӣ: фаъолияти якҷоя барои аҳолии маҳаллӣ” эълон менамояд.
МАҚСАД:
Рушди ҳамкорӣ байни ВАО (журналистон) ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ.
ВАЗИФАҲО:
- Инъикоси мавзуъҳои иҷтимоӣ ва мусоидат кардан дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ҷомеа;
- Таҳкими ҳамкорӣ байни журналистон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
- Истеҳсоли маводҳо (силсиламаводҳо) дар мавзуъҳои иҷтимоӣ.
ТАЛАБОТ БАРОИ ИШТИРОКЧИЁН:
- Маблағи лоиҳаҳои пешниҳодшаванда набояд беш аз 2500 (ду ҳазору панҷсад) евро мутобиқ ба курси Бонки миллии Тоҷикистон бо асъори миллӣ;
- Пешниҳоди саривақтии ҳисобот дар муҳлатҳои пешбинишуда дар лоиҳа;
- Фаъолияти якҷояи журналист (ВАО) ва ташкилоти ҷамъиятӣ;
- Иҷрои саривақтии чорабиниҳо;
- Нашри мавод дар расонаҳои расмӣ (давлатӣ, ғайридавлатӣ).
Довталабон метавонанд дархости худро дар шакли электронӣ ба суроғаи amvaomt@gmail.com ва ё office@nansmit.tj фиристанд.
АМВАОМТ лоиҳаи “Нигоҳ доштани тавозун: таҳкими устуворӣ ва рушди ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналхалқии ғайритиҷоратии Томсон Медиа (шарики байналмилалӣ) ва муассисаи ғайридавлатии «Маркази ҳимояи ҳуқуқӣ – Адвокати ту» (шарики маҳаллӣ) амалӣ менамояд.
Телефон барои маълумоти иловагӣ: +992 504 3013, +992 37 2248823
БАХШИ МОНИТОРИНГИИ АМВАОМТ