Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и (МД «МҶТТҲС») Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон барои дарёфти беҳтарин маҳсули эҷоди журналистӣ вобаста ба пешгирии бемории сил озмун эълон мекунанд.
Шартҳои озмун: ҳангоми нашри мавод бояд масъалаи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа дар хусуси пешгирӣ ва табобати бемории сил ба инобат гирифта шавад.
Инчунин мазмуни маводи нашршуда бозгӯи паст намудани тамғазании (стигмаи) беморони сил бошад.
Ғолибони — беҳтарин барномаи телевизионӣ;
— беҳтарин барномаи радиоӣ;
— беҳтарин маводи чопӣ дар нашрияҳо;
— беҳтарин мавод дар сомонаҳои интернетӣ, бо туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Талабот:
— Пешниҳоди маводи аслӣ ва нусхаи он бо нишондоди санаи нашр, рақам, номи ВАО ва муаллиф;
— Дар мавод бемории сил равшан инъикос шавад; маълумоти асосӣ дар бораи бемории сил дода шавад;
— Ба маводҳое, ки дар қолаби жанрҳои таҳлилӣ нашр мегарданд, афзалият дода мешаванд;
— Санаи нашри маводҳо аз 1 январ то 31 августи соли 2016 бошад.
Ба ҳайати ҳакамон, рӯзноманигорон, экспертҳо ва дигар мутахассисони соҳавӣ шомиланд.
Маводҳои нашршуда бояд дар лифофаи маҳкам (бо назардошти мактуби расмии идораи ВАО) бо ишораи «барои беҳтарин маҳсули эҷоди журналистӣ оид ба бемории сил» ба МД «МҶТТҲС» пешниҳод карда шаванд. Интихоби забон: тоҷикӣ ва русӣ.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, 48 бинои Маркази миллии ташхис (Диагностика) ошёнаи 12.
Маводҳо то соати 17:00-и санаи 2-юми сентябри соли 2016 қабул карда мешаванд.
Маросими туҳфасупорӣ моҳи сентябри соли 2016 дар назар дошта шудааст.
Аз санаи аниқ ва макони баргузории он қаблан ба иштирокчиёни озмун хабар дода мешавад.
Шахсони масъул: Мусо Абдуқаҳҳоров, тел: 2340029, 918722724 Сафаралӣ Урунбаев, тел: 2340029, 918513413 E-mail: hayotisolim@gmail.com