[b]Нишасти маҷозӣ[/b]
[b]22 декабри соли равон бо ибтикори Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар фазои Facebook як нишасти маҷозӣ дар мавзӯи «Назокати сухан дар ВАО Тоҷикистон» доир гардид, ки фишурдаи он сӯҳбатро манзури шумо мегардонем.[/b]
[b]Дар конфронси маҷозӣ шахсони зерин ширкат доштанд:[/b]
[b][i]Гардонанда Нуриддин Қаршибоев, Раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)[/i][/b]
[b][i]Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ, устоди маркази омӯзишҳои кӯтоҳмуддат ва фурсатҳои мутолиотӣ дар Эрон[/i][/b]
[b][i]Умед Ҷайҳонӣ, рузноманигор, таҳлилгари масоили сиёсӣ
Шокир Хакимов, олими ҳуқуқшинос
Дориюш Раҷабиён, рӯзноманигор
Хилватшоҳ Хоҷаев, сардабири хабаргузории иттилоотии «Озодагон»
Иззат Амон, таҳлилгари сиёсӣ
Зафари Мирзоиён, рӯзноманигор[/i][/b]
[b]Қисми аввал[/b]
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b]
[b]Дӯстони гиромӣ, ҳамкасбони азиз! Моҳе қабл мо пешниҳод доштем, ки масоили марбут ба маҳалгароиро дар матбуоти Тоҷикистон матраҳ намоем. Вале азизон, бинобар баррасии қазияи халабонҳои рус, ин мавзӯъро мавқуф гузошта шуд. Азбаски мавзӯи маҳал ва муносиботи байни миллатҳо барои муттаҳидии миллат ва давлати Тоҷикистон, ба назари мо, муҳим аст, мехостем сари ин мавзӯот баргардем ва зимни як нишасти маҷозӣ назари Шуморо дар ин бобат бифаҳмем.
Ба ҳамин хотир, саволҳои зеринро ба шумо пешкаш менамоем.
Оё дар матбуоти тоҷик маҳалгароӣ ҳаст? Он дар чӣ зуҳур меёбад? Оқибаташ чӣ мешавад? Чӣ бояд кард, ки ин зуҳурот аз байн равад?
Бо кадом сабабҳо журналистони тоҷик бо вуҷуди мавҷуд будани қонун ва меъёрҳои ахлоқ баъзан дар маводҳояшон ба иззати нафси миллатҳои ғайр мерасанд?[/b]
[b]Умед Ҷайҳонӣ:[/b]
То ҷое, ки ман аз торномаҳои бархе аз рӯзномаву расонаҳои Тоҷикистон дарёфтаам, бунёдгузорон ва ё сардабирони ин расонаҳо зодаи яке аз ноҳияҳои Тоҷикистон ҳастанд. Аз ин рӯ, гумон дорам, ки ин расонаҳо ба масоъили он минтақа каме бештар таваҷҷуҳ мекунанд ва рухдодҳоро баррасӣ мекунанд ва яке аз падидаҳои маҳалгароӣ дар расонаҳо ҳамин аст. Яке аз пайомадҳояш ҳам шояд ин шавад, ки хонандагон аз ин гуна расона рӯйгардон хоҳанд шуд. Маъмулан, рӯзномахонон рӯзномаро аз барои огоҳ шудан аз кишвару ҷаҳон мехаранд ва масоъили маҳаллӣ чандон ҷолиб нестанд. Агар рӯзномае ё расонае дар пӯшиши хабарӣ ё таваҷҷуҳ ба маҳалле вижа ифроту тафрит кунад, хонандагон низ аз хариданаш худдорӣ хоҳанд кард.
Аммо маҳалгароиро бояд аз маҳалдӯстӣ ҷудо кард. Тоҷикистон худ аз рустоҳову шаҳрҳову шаҳристонҳову устонҳо падид омадааст ва оне, ки зодгоҳашро дӯст медорад, табъан зодбумашро низ дӯст хоҳад дошт, чун он зодгоҳ бахше хурдакак аз он зодбум аст. Боре, бузургсозии зодгоҳу барҷастасозияш дар баробари зодбум нописанд ва нохушоянд аст.
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b]
Албатта, маҳалдӯстӣ чизи дигар аст. Вале истифодаи лаҳҷа дар саҳифаҳои матбуот то кадом андоза роиҷ аст?
[b]Хилватшо Хоҷаев:[/b]
Дуруд ба гардонандаи мизи гирд ва кулли ширкатдорон. Бояд гуфт, маҳалгароӣ (маҳалчигӣ) дар кулли манотиқи кишвар ва қишрҳои мухталифи ҷомеа чун заҳрпечак паҳн шудааст ва матбуоти тоҷик низ ҳам мисли як шохаи ҷомеа истисно нест. Инро ҷаноби оқои Нуриддин Қаршибоев, ки ба симмати райиси АМВАОТ чанд сол боз фаъолият доранд, беҳтару хубтар аз ҳар каси дигар медонанд. Ҳам дар ТВ-и давлатӣ ва ҳам дар расонаҳои ҳукуматӣ ва ҳам дар ВАО-и мустақил агар дурусттар назар кунем, падидаҳои маҳалгароиро рӯшан мебинем…. Оқибаташ хеле бад аст. Мегӯед чи тур? Таври мисол: 1 моҳи ахир матлабҳое ба нишонии нашрияҳо меоянд… Табиист, ки бо имзои мустаор ва аз ҳар идораву мақомот. Аммо дар поварақи онҳо пас аз имзои эшон сабт шуда: журналист. Ин ҳам як нишони заъфи мо аст, ки аз пешаи мо, касби мо дигарон истифодаи сӯъ мекунанд. Бархе аз муассисон ва сармуҳаррирони мӯҳтарам ҳам ба ин паҳлӯи масъала аҳамият дода ва ё надода, ин мактубу бӯҳтонномаҳоро ба нашр мерасонанд. Худое накарда, агар мушкиле ба сари нашрия биёяд, аз ин матлабҳо ва ё ҳангомае хезад, ҳиҷ вақт сохҳиби аслии маводи мазкурро намеёбед…Чӣ расад ба меъёр ва этикаи журналистӣ… Агар дигарон аз ин пеша ва ин ҳирфа истифода карда, ҳадафҳои худро пиёда кунанд. Фикр накунед, ки ман мухолифи навиштани матлаб бо имзои мустаорам, на. Ман алайҳи онҳое садо баланд кардам, ки аз касб, пеша, ҳирфаи журналистӣ истифода мекунанд.
[b]Иззат Амон:[/b]
Устоди гиромӣ! Ба гумони ман, маҳалгароӣ дар тамоми мамолик дида мешавад. Ҳатто Маскав, ки мо дар он ҷоем, берун аз маскавиҳоро ҳатто одам намеҳисобад. Ҳамин тавр, ба шаҳрҳои аврупоӣ ҳам, ки зуд-зуд сафар дорам, ин мушкилро ҳис кардам. Вале дар матбуоти мустақили Тоҷикистон ростӣ инро боре ҳис накардаам. Ин таъриф нест, ин воқеият аст. Шояд дар рӯзномаҳои ҳукуматӣ бошад, вале афсӯс, ин рӯзномаҳоро касе намехонад, ба ҷуз аз аъзоёни ҳукумат, ки маҷбурӣ обуна шудаанд.
[b]Шокир Хакимов:[/b]
Будани маҳалгароӣ аз пастии сатҳи тафаккури миллӣ ва номукаммалии ҷомеаи мо гувоҳӣ медиҳад. Барои доираҳои муайани сиёсӣ ин стратегияи идораи давлат аст. Рохи ҳал ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, рақобати сиёсӣ ва иқтисодӣ ва, албатта, бисёрҳизбӣ. Маҳз ин дигар омилҳо шарти стратегии рушди устувори ҷомеа ва бунёди давлати муосир мебошад. Зеро ки рушди соҳибкорӣ ва равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ дар заминаи дигар манфиатҳо шаҳрвандонро муттаҳид намуда, арзишҳои миллиро ҳхимоя мекунад.
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b]
Ташаккур! Ба андешаи Шумо, рӯзноманигорони тоҷик то кадом дараҷа назокати суханро ҳангоми инъикоси мавзӯи муносибати байни миллатҳо риоя мекунанд?
[b]Умед Ҷайҳонӣ:[/b]
Аз он ҷо, ки аксари расонаҳои чопии Тоҷикистон бештар дар пойтахт фурӯхта мешаванд ва камтар ба маҳалҳо мерасанд, маҳалгароии расонадорон ё расонанигоронро ба ин зудӣ ва осонӣ намешавад аз миён бардошт. Боре, расонадорон, ки ҳамвора дар андешаи афзоиши даромади худ ҳастанд, бояд аз пӯшиши хабарҳо ва таваҷҷуҳ ба маҳаллашон бигзаранд ва аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон хабар биёранд то рӯзнома ва ё расонаашон аз чорчӯби як маҳал берун барояд ва расонае миллӣ шавад. Аз диди ман, ин яке аз роҳҳоест, ки метавонад расонаҳоро миллӣ кунад.
[b]Дориюш Раҷабиён:[/b]
Маҳалгароӣ як ҳақиқати торихию иҷтимоъӣ ва ҷуғрофиёии Тоҷикистон аст ва раҳоӣ аз он мусталзими ҷаҳонбинии васеъ, ҷаҳонгаштагӣ, фосила гирифтан аз пархошҳои бисёр ночизу бемаънии дарунқавмӣ аст, ки барои ҳама муяссар намешавад. Зеҳни афроди гирифтор дар муҳити кӯчак ҳамеша гирифтори масоил ва мушкилоти кӯчак аст. Роҳи муқобила бо он паҳн кардани вусъати дид аст; нахуст вусъати диди худи рӯзноманигорон, ки ғолибан бузургтарин омилҳои тавсеъаи маҳалгароӣ дар Тоҷикистон ҳастанд. Пазириши забони меъёри порсӣ, ки фаротар аз марзҳои сиёсии мо биравад ва тамоми марзҳои фарҳангии моро фаро бигирад, яке дигар аз роҳкорҳои дармони маҳалгароист. Хандадор аст, вақте мебинем, ононе, ки барои Самарқанду Бухоро ашки тимсоҳ мерезанд, ҳамин як тикка хоки Тоҷикистонро ҳам бо ҷидду ҷаҳд тикка-пора мекунанд ва мардуми онро ба «тоҷикони асилу ноасил» тақсим мекунанд. Парвариши зеҳнияти миллӣ муҳимтарин роҳи муқобила бо маҳалгароист. Ҳеҷ фарди маҳалгарое ба ростӣ миллати худро дӯст надорад ва суди чандоне аз ӯ барои миллат ҳосил нахоҳад шуд.
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b]
Ташаккур, Дориюши азиз! Назари Шумо ба истифотаи лаҳҷаи ин ё он маҳал бо танз дар навиштаҳои рӯзноманигорон чи гуна аст?
[b]Дориюш Раҷабиён:[/b]
Корбурди гӯишҳои мухталиф дар расонаҳои ҷаҳон собиқа дорад. Бавижа дар навиштаҳои танзомез. Аммо фикр намекунам дар кишварҳои ғарбӣ ё ҳатто Русия маҳалгароӣ ба андозае қавӣ бошад, ки дар Тоҷикистон ҳаст. Аз ин рӯ дар кишварҳои дигар ин навъ… корбурди гӯишҳо ҳассосиятбарангез нест. Шахси ман дар корбурди лаҳҷаҳои мухталиф дар навиштаҳо ишколу эроде намебинам, чун шояд кӯчактарин зодгоҳамро Тоҷикистон медонам. Аммо агар мухотаб мубтало ба маҳалгароист, хондану шунидани он матолиб барояш азоби алиме хоҳад буд ва дар ҷомеъа ҳисси хусуматро доман хоҳад зад.
[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b]
Шояд пештар ҳам хидмати дӯстон арз шуда буд, ки муҳимтарин омили маҳалгароӣ, чӣ дар васати рӯзноманигорон ва чӣ дар авсоти дигар, ҷаҳолат ва нодонӣ аст. Яъне, касе ки маҳалгарост ва ба ҳама чиз аз равзанаи маҳаллу минтақаи худ нигоҳ мекунад… ва ашёро бо меъёри маҳал арзёбӣ менамояд, ин бархоста аз нодонии ӯст. Вагарна, маҳал яъне ҷое, ки ӯ таваллуд ва бузург шудааст ва чизе аст, ки аз ихтиёри ӯ хориҷ аст; ӯ метавонист дар ҷое дигар зоида шавад. Ончи метавонад мояи бартарӣ ва меъёри арзёбии ашхос қарор бигирад, бояд чизе хориҷ аз ихтиёри онҳо бошад. Масалан, лаёқат, истеъдод, дониш, биниш ва аз ин қабил сифот, ки ҳама метавонанд дошта бошанд ва дар ҳитаи ихтиёри онҳо ҳам ҳаст.
Ҳол, чун меҳвари баҳс ин ҷо рӯзноманигорон ҳастанд, арз шавад хидмати азизон, ки ин ҷамоат ба ҷои он, ки худ маҳалгаро бошанд, ки мутаассифона ҳастанд, бояд барои решакан кардани он гом бардоранд. Яке аз роҳҳои решакан намудани ин мараз он аст, ки анҷуманҳои рӯзноманигорӣ навъе рақобати (албатта ғайри илзомӣ) бар нашрияҳо дошта бошанд. Масалан, кӯшиш кунанд, ки дар як нашрия, рӯзноманигорони мухталиф ва аз навоҳӣ ва манотиқи гуногуни Тоҷикистон машғул ба кор бошанд. Агар дар як нашрия рӯзноманигорони мухталиф фаъолият дошта бошанд, ҳатман бо ҳам нишасту бархост доранд ва якдигарро аз наздик хоҳанд шинохт. Ва ҳамин боис мешавад, ин бемории саъбулилоҷ то ҳудуде решакан гардад. Ин корро ҷаноби оқои Қаршибоев худ метавонанд ба роҳ андозанд.
Ва ё роҳи дигар ин, ки, агар матлабе дар нашрияе ба чашм хӯрад, ки аз он бӯи маҳалгароӣ ба машом мерасад, онро тавбех кунанд. Ҳол банда намедонам роҳи ин тавбех чӣ гуна аст, аммо метавон пайдо кард.
[b]Зафари Мирзоиён:[/b]
Дар мавриди маҳалгароӣ инҷониб ду ҳафта пеш рӯи як саҳифаи ҳафтаномаи «Самак» нигари худро ба интишор расонда будам. Пиромуни ба иззати нафси ақвоми дигар расидан бояд ҷанобашонро огоҳ созам, ки мо ба табъи зудранҷи бархеҳо кор надорем ва барои андаконда будани дигарон масъулия ҳам надорем. Ин ки мо қавми бародарамонро бо талаффузи тоҷикӣ ӮЗБАК» мегӯем , шеваи гуфтори тоҷикӣ аст, зеро аз Алишери Навоӣ сар карда, то Аҳмади Дониш Ӯзбик нанавишта буданд, ӮЗБАК навишта буданд. Мо ку малол нестем, ки ӯзбакон моро ТОЖИК мегӯянду менависанд. Агар мо торихи чаповулгарии қарақчиёни қатағану қунғуроти ҳамдиёронамонро рӯи қоғаз меоварем, ба ҷуз бозшинохти гузаштаамон чизи дигаре нест. Тоҷик аз ҳамин нашинохтани гузаштаи худ ба ин рӯз расидааст ва ҳатто эҳсосе ҳам намекунад, ки яке аз таҳрикгарони маҳалгарои саҷоёирамагардон мебошад, ки бидуни таӯсим кардани одамон ба ийлу тайп, улусуурук наметавонанд хешро озод гуморанд. Агар жарфтар биандешед, ғолибан таҳрикдиҳандагони музофотгарои ғайритоҷикон мебошанд. Масалан, тоҷики мастчоҳӣ маҳалгаро нест, хуҷандии ғайритоҷик маҳалгарост, ҳамчунон тоҷики даштичумӣ маҳалгаро нест, вале ғайритоҷики кӯлобӣ, ё кангуртӣ маҳалгарост. Хулоса, набояд гузошт, ки дар миёни рӯзноманигору равшанандешони воқеӣ кирми маҳалгароӣ ҷой дошта бошад. Қавми дигаро ситеза кардан бефарҳангиву бетарбия будан аст, аммо торихро бояд ба ояндагон фаҳмонд. Яҳудиён медонанд, ки Холокост, яъне чи; арманиҳо медонанд, ки бо патриотизми туркиву пантуркистӣ1,5 миллион ҷони арманӣ рабуда шуд. Аммо тоҷик аз миллионҳо сари буридаи Темури Ланги гучастик бояд надонад? Дар бораи бадбахтиҳои гузашта бояд зиёд гуфта шавад, ки такрор нашаванд. Ҳатто дар дини мубини ислом, ки мо ҳама пайравонаш мебошем, бояд андешаҳои миллӣ ҷой карда шавад, яъне дини мо бояд таблиғгари андешаҳои миллиамон бошад. Имрӯз пантуркизм бо сарварии Ислом Карим дасти таҳдид болои сарамон ниҳодааст ва мо бояд барои шиками сер шуда, дар наздашон ба зону бизанем? Мо безорем аз он дипломатияи ғуломгароёна. Гурӯсна мемонем, вале пеши пантуркистҳо сар фурӯд нахоҳем овард.
[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b]
Бо камоли эҳтиром ба дидгоҳи ҷаноби Устод Мирзоён, аммо камин бо таҳлили эшон мувофиқ нестам. Маҳалгароӣ асосан жен надорад; яъне метавонад миёни тоҷикони холис ҳам пайдо шавад ва миёни нохолис ҳам. Чун иллати он жен нест, балки ҷаҳолат ва … нодонӣ аст. Далелаш ҳам ин аст, ки ин мараз дар васати тоҷикони ба истилоҳ холис ҳам фаровон дида мешавад ва ниёз ба овардани намуна ҳам нест ва азизон худ медонанд.
Нуктаи дигар он, ки камина миёни маҳалгароӣ ва миллатгароӣ ба маънои манфии он ҳеҷ тафовуте намебинам. Ҳар ду аз як манбаъ сарчашма мегиранд. Албатта, муродам миллатгароӣ ба маънои манфии он аст. Ва он, ҷое аст, ки мо хештанро аз тариқи кӯбидани миллате дигар муаррифӣ кунем. Масалан, миллатгароии худро бо таҳқири милали дигар собит намоем, мисли он ки таҳқири ӯзбакҳо ҳамвора вирди забони мо бошад ва бо ин, бихоҳем бигӯем, мо ҳам ҳастем.
Ба назари қосири камин, миллатгароӣ хуб аст, аммо мусбати он. Ва он ҷое аст, ки мо хештанро бар дигарон таҳмил кунем ва ба сухани дигар, чунон ороста ба ахлоқи писандида ва пешгом дар тамоми арсаҳои ҳаёт бошем, ки дигарон ночор аз пазириши мо бишаванд, чуноне ки собиқан будем. Агар дар собиқ забони мо (порсӣ) ва фарҳанги мо, мавриди пазириши ҳамаи ҳамсоягони мо аз ҷумла ӯзбакҳо буд, ба ин хотир буд, ки онҳо моро одамони бофарҳанг медонистанд, на ин ки “кӯбанда”.
[b]Умед Ҷайҳонӣ:[/b]
Аз он ҷо, ки забони навиштории расонаҳо усулан яке аз гунаҳои корбурдии забони меъёр аст, истифодаи лаҳҷа дар саҳифаҳои матбуот чандон дуруст нест. Лаҳҷаро метавон дар достону ҳикоёт ба кор бурд чун забони корбурдии ин осор ҳарчанд забони меъёри навишторист, аммо вижагиҳои сабки адабӣ инро иҷоза медиҳанд. Маъмулан забони матбуъот ҳамон забони меъёри навишторӣ аст. Ман дар расонаҳои тоҷикӣ лаҳҷаро камтар дидаам ва жаргонро бештар. Корбурди жаргон дар расонаҳо аз бех нописанд аст.
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b]
[b]Ташаккур аз Шумо барои ибрози назаратон, ки хеле ҷолиб аст. Мо метавонем ҳамфикр бошем, ё назари каси дигаррро қобили қабул надонем, вале ҳатман таҳаммул карда тавонем. Азбаски вақти мо ба поён мерасад, аз дӯстоне, ки назарашонро феълан баён карда натавонистанд, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ақидаи худро дар ин саҳифа гузоранд ё ба нишонии банда ирсол доранд. Ҳазор раҳмат![/b]
АМВАОМТ
Источник: