[b]Нишасти маҷозӣ[/b]
[b]22 декабри соли равон бо ибтикори Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи Тоҷикистон (АМВАОМТ) ба воситаи почтаи электронӣ як нишасти маҷозӣ дар мавзӯи «Назокати сухан дар ВАО Тоҷикистон» доир гардид, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.
Дар конфронси маҷозӣ шахсони зерин ширкат доштанд:[/b]
[b]Гардонандаи сӯҳбат: Абдуфаттоҳ Воҳидов, ҳамоҳангсози лоиҳаи мониторинги нақзи ҳуқуқи журналистони назди Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)
Иброҳим Усмонов, профессор
Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси масоили сиёсӣ
Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигор
Аҳмадшоҳи Комил, рӯзноманигор[/b]
[b]Қисми дуюм[/b]
[b]Абдуфаттоҳ Воҳидов:[/b]
Дӯстони гиромӣ, ҳамкасбони азиз! Моҳе қабл мо пешниҳод доштем, ки масоили марбут ба маҳалгароиро дар матбуоти Тоҷикистон матраҳ намоем. Вале, бинобар баррасии қазияи халабонҳои рус, ин мавзӯъ мавқуф гузошта шуд. Ниҳоят имрӯз мавриди баррасӣ кардани мавзӯъ фаро расид ва ба ҳамин хотир шуморо ба сӯҳбат даъват менамоем. Хотиррасон менамоем, ки нишастҳои маҷозӣ дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Назокати сиёсии сухан дар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» бо дастгирии Намояндагии Internews network дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Дар навбати аввал, мехостам андешаҳоятонро перомуни масъалаи бо вуҷуди мавҷуд будани қонун ва меъёрҳои ахлоқӣ ба иззати нафси миллатҳои ғайр расидани рӯзноманигорони тоҷик иброз мекардед.
[b]Иброҳим Усмонов:[/b]
Ба назари ман чанд сабаб мавҷуд аст. Аввал, саводи нокифояи сиёсӣ доштани журналист. Шояд журналистон ҳаргиз қасди бад надоранд, вале ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллати худ, манфиатҳои миллатҳои дигарро поймол мекунанд. Дуюм, дар байни журналистони мо баъзан журналистоне дучор меоянд, ки худашонро аз журналистони дигар боло медонанд ва бо ҳамин хотир алайҳи миллатҳои дигар ба таври бошуурона маводи таҳқиркунанда менависанд ва бо ҳамин корашон намоиш додан мехоҳанд, ки онҳо қаҳрамонӣ кардаанд. Сеюм, журналистон, аксар вақт журналистони камтаҷриба, дар муқобили воқеаҳои дар кишварҳои дигар баамаломада ба эҳсосот дода мешаванд.
[b]Рашид Ғанӣ Абдулло:[/b]
Масъалаи ба иззати нафси миллатҳо ё мардумони дигар расидан ба тарбияи маънавӣ ва сиёсии журналист бастагӣ дорад. Зеро вақте ба иззати нафси миллати ғайр мерасед масъалаи низоъи баёни миллатҳо ба миён меояд.
Тарафи дигар масъала. Журналисти хуб метавонад масъалаи бамиёномадаро дуруст шарҳ диҳад ва роҳи ҳалли масъаларо ба миён гузорад.
Таҳқири миллатҳои дигар роҳи сабуки расидан ба шӯҳрат аст. Чунин шӯҳрат албатта бепоя аст.
Дар чунин ҳолатҳо журналистон бояд фаромӯш накунанд, ки давлатҳо фишангҳои мухталифи таъсир расондан ба мамлакати моро доранд. Яъне мо бояд амнияти миллӣ ва давлатиамонро фаромӯш накунем. Ба ибораи мардуми худамон гӯем, «пойро баробари кӯрпа дароз кардан лозим аст».
Мо дар ин шабу рӯзе, ки атрофамонро кишварҳои мухталиф иҳота карда, ҳар кадоме даъвое ба сарамон доранд, бояд тавре рафтор кунем, ки ба давлатамон осеб нарасад
[b]Қироншоҳ Шарифзода:[/b]
Аввал ин ки мутаассифона, журналистони мо, чун як ҷузъи таркибии ҷомеаамон, қонунҳоро намедонанд, қонунписанд ва қонунриоякун нестанд, куҷо расад ба риоя намудани меъёрҳои ахлоқи касбӣ?
Дигар, ба иззати нафси миллатҳои дигар расидан дар маводи интишории махсусан матбуоти ғайридавлатиамон бештар шудааст. Сабаби аслӣ – риояи нашудани принсипи таҳаммулпазирӣ аст, ки худи сармуҳаррирон (сардабирон) ба зердастону муаллифони беруна «намуна» ҳастанд.
[b]Аҳмадшоҳи Комил:[/b]
Ба ростӣ, дар навиштаҳои хабарнигорон маводи мустақим ба мавзӯъи миллатгароиро нахондаам, вале гоҳе масъалаҳое, ки марбут ба равишҳои миллатҳои дигар аст, ба чашм мехӯрад. Аммо бояд мунсифона нигоҳ кард, ки матлаби ин гуна мавод то кадом андоза ба иззати нафси миллатҳои дигар мерасад. Аз сӯйи дигар, агар чунин матлаб воқеан мухолиф ба меъёрҳои ҳуқуқи Тоҷикистон бошад, фикр мекунам маъмурони ҳуқуқ бисёр базудӣ ба дунболи ин гуна мавод ва муаллифи он хоҳанд шуд. Ман аз он тарс дорам, ки дар кишвари мо ҳомиёни ҳуқуқ дар хеле маврид берун аз талаботи меъёри қонунҳо хабарнигоронро ба додгоҳ мекашанд. Мо ин гуна мисолҳо дорем. Ва ҳамин равиши мақомдорони давлати мо низ боиси афзоиш тарс дар миёни хабарнигорон – худсонсурӣ шудааст.
[b]Абдуфаттоҳ Воҳидов:[/b]
Мехостам диққати шуморо ба масъалаи маҳалгароӣ дар матбуотӣ тоҷик ҷалб намоям. Ба андешаи Шумо, оё дар матбуоти тоҷик маҳалгароӣ ҳаст? Он дар чӣ зуҳур меёбад? Оқибаташ чӣ мешавад? Чӣ бояд кард, ки ин зуҳурот аз байн равад?
[b]Иброҳим Усмонов: [/b]
Ба савол якбора ҷавоб дода мегӯям, ки, мутаасифона, дар матбуоти тоҷик маҳалгароӣ мавҷуд аст. Агар журналистони тоҷик тавонанд худашонро аз маҳаллашон боло гузоранд, яъне худашонро ҳамчун намояндаи миллат намоиш диҳанд ва нотавонии мардуми маҳалли дигарро танқид накунанд, он гоҳ маҳалгароӣ аз байн меравад.
[b]Рашид Ғанӣ Абдулло:[/b]
Маҳалгароӣ як зуҳуроти воқеӣ аст. Чун ҳамаи зуҳуроти дигар маҳалгароӣ дар матбуот ҳам зуҳур меёбад. Аз ин маълум мегардад, ки ин ё он рӯзнома ё соҳиби он ба маҳалли худ муҳаббати хоса дорад. Ин ҳолати бад нест. Ба ҳамин восита мо рангорангиҳои кишварамонро мебинем, зеро ҳар нафар, аз он ҷумла журналист ҳам маҳалли худашро аз дигарон беҳтару хубтар медонад.
Вале таносуби байни маҳалгароӣ ва миллатгароӣ аз байн наравад. Маҳалгароӣ бояд миллатгароиро фурӯ набарад ва эътидол бояд мавҷуд бошад.
Тарафи дигари масъала. Ташаккулёбии ҳар миллат аз маҳал ибтидо мегирад. Яъне одам аввал ҳуввияти маҳаллӣ пайдо карда, сипас ин ҳуввият ба миллат бурда мерасонад, яъне минтақаи нисбатан васеъро фаро мегирад.
Ҳуввияти аввал марҳилаи маҳалро аз сар мегузаронад. Ин ҳолат хоси ҳамаи миллатҳо аст. Дар ИМА мардуми соҳили уқёнуси Ором аз мардуми уқёнуси Атлантика фарқ мекунанд. Вале дар мавриди миллӣ онҳо манфиатҳои ягонаашонро ҳимоя мекунанд. Дар Россия ҳам чунин наст. Тавре медонем, дар тӯли даҳсолаи охир аксари роҳбарони олимақоми рус мардуми як минтақа ҳастанд, вале бо вуҷуди ин онҳо манфиатҳои миллатиашонро дар мақоми аввал мегузоранд, на минтақаашонро.
Муҳимаш, таносуби маҳалгароӣ ва миллатгароӣ бояд мавҷуд бошад.
[b]Қироншоҳ Шарифзода:[/b]
Мутаассифона, маҳалгароӣ дар миёни рузноманигорон ва ВАО ҳаст. Ба ҳайати эҷодӣ ва муҳтавои дилхоҳ нашрияе мустақиламонро як назари иҷмолӣ андозед ва хоҳед фаҳмид, ки аксар аз як минтақа, як маҳал ҳастанд ва маводи таърифию танқидӣ низ ба минтақаҳо тақсим шудаанд.
Ин албатта, оқибати нек надорад. Аввал доираи муштариёнро бо ин заҳр олуда месозад, минбаъд ба дигарон сироят мекунад ва м.и.
Маҳалгароиро мутаасифона, бо қонун низ пешгирӣ кардан наметавон. Дар ин масъала маърифати шахс, тарбияи хунии ҳар кас омили ҳалкунанда аст.
[b]Аҳмадшоҳи Комил:[/b]
Ман бо сароҳат метавонам бигӯям, ки ҳама анвоъи матбуоти озод, ки барои мо дастрас аст, тобеъи андешаҳои маҳалгароӣ ва матбуоти русзабонамон гирифтори бемории гурӯҳбозӣ хастанд. То ҷое, ки ошно ҳастам, наметавонам намунае аз нашрияҳоро як нашрияи миллӣ, саросарӣ ва ё ҳаддиақал пуштибони армонҳои миллат бихонам. Имрӯз хонандаи тоҷик ба дунболи мутолиъаи маводи аксаран хому бетаҳрир, сабуку кӯчабозорӣ, нохудогоҳона аз пайи андешаҳои маҳалгароӣ ва гурӯҳбозон меравад. Тавре мушоҳида мешавад, бештарин масъулони хабарнигориҳо комилан тобеъи андешаҳои маҳалгароӣ ва гурӯҳбозӣ ҳастанд. Бархе аз нашрияҳо то ҳадде пойбанди ин равишҳои носолим ҳастанд, ки қаҳрамонсозӣ аз ҳаммаҳалҳояшон, муарифӣ кардани шахсиятҳои беҳунару беарзиш ва таърифу тавсифи бешармона дар бораи онҳоро ба барномаи хабаргузориҳояшон табдил додаанд. Ба як сухан, матбуоти озоди кишвари мо ба манбаъи маҳалгароӣ табдил шудааст.
[b]Абдуфаттоҳ Воҳидов:[/b]
Барои сӯҳбати пурмӯҳтаво ба Шумо ташаккур мегӯям. Аз фурсат истифода бурда ҳамаи шуморо бо фарорасии Соли нав муборакбод мегӯям. Саломат бошед. То сӯҳбатҳои навбатӣ дар торномаи АМВОМТ.
АМВАОМТ
Источник: