рзу Исоев, рӯзноманигори шинохта, раъйи Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон алайҳи худро дар иртибот бо шикояти масъулони ширкати мавсум ба «Кюнет» ё «Квестнет»-и собиқ ғайримунсифона медонад.
Ин шӯро, ки дар мавриди ҷанҷолҳои расонаӣ доварӣ мекунад, рӯзи панҷшанбе иттилоъияе интишор дода ва дар он оқои Исоевро дар нақзи панҷ банди ойинномаи ахлоқи рӯзноманигорӣ муқассир дониста буд, ҳарчанд далоили мушаххасе дар бораи чигунагии нақзи ин муқаррарот ироа надод.
Оқои Исоев рӯзи ҷумъаи 22 август ба Би-би-сӣ гуфт: «Дар банди аввали айбномаашон эълон кардаанд, ки ман берун аз рисолати касбиву масъулияти соҳавӣ гом мондам, аммо зери мафҳуми рисолат ва масъулияти касбӣ ман панҷ сол дар мактаби олӣ ҳақиқатҷӯӣ, ростгӯӣ ва озодбаёниро омӯхтам.»
«Ҳақиқат ин буд, ки одамони зиёде доду фиғонашонро аз дасти ширкати «Кюнет» ба истудиюи мо меоварданд ва мо бидуни монеъа барояшон имкон медодем, ки ошкорову озодона ақидаашонро баён кунанд.»
Ин хабарнигори собиқи родиюи «Имрӯз», ки акнун фаъъолияташро дар ин расона мутаваққиф кардааст, мегӯяд, ки ба хотири «баррасии ҳамаҷонибаи масъала» дар ҷараёни барномаи «Баҳси рӯз» барои тарафдорони ширкати «Кюнет» ҳам имкони ибрози назарро фароҳам карда буд.
Вай афзуд: «Дар тӯли барнома тарафдорони ширкати «Кюнет» низ занг заданд, аммо мухолифонаш бештар буд, ки ин амре табиъист. Расман нома фиристодем ба номи Сайҳомид Маҳмудов, раиси ширкат. Номаро ман шахсан ба дафтари корияшон бурда, ба қайд гирифта супурдам, аммо наомаданд. Вале Шӯрои расонаҳо ин далелро низ ба инобат нагирифтааст.»
Оқои Исоев иддиъои яктарафа будани барномаҳои худро рад карда ва бархе аз расонаҳо ва нашриётро, ки матолибе алайҳи ӯ мунташир кардаанд, ба бозтоби яктарафа ва муғризонаи ин қазия муттаҳам мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, бархе аз хабарнигорон дар Фейсбук бо ӯ ба баҳс пардохта ва гуфта буданд, ки ҳеч иртиботе бо ин ширкат надоранд, вале баъдан собит шудааст, ки аз муштарикони он ҳастанд. Вай ҳамчунин аз мавориди таҳдиду иръоби бархе аз тарафдорони ширкати «Кюнет» алайҳи худ ёдовар шуд.
Дар ҳамин ҳол, Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои расонаҳо, қаблан ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки ин шӯро аз Орзу Исоев барои ширкат дар ҷаласаи доварӣ перомуни ин қазия даъват карда буд, аммо ӯ наомад.
Вале оқои Исоев дар ин бора гуфт: «Ман нақшаи рафтан доштам, аммо рӯзи таъйиншуда ҷаласаашон доир нагашт. Рӯзи дигараш ман тибқи ҷадвали корӣ натавонистам ширкат кунам.»
Вай дар бораи тасмими Шӯрои расонаҳо гуфт: «Ҳақиқат ин аст, ки Шӯрои расонаҳо аз мавқеъи як рӯзноманигор ва як расонаи бонуфузи кишвар дар баррасии масъалаи муҳимме, ки ба иқтисоди кишвар ва мардуми он зарар мерасонад, натавонист ҳимоят кунад.»
Ширкати «Кюнет», ки гуфта мешавад як ширкати ҳарамӣ буда ва мақарраш дар Ҳунг Кунг воқеъ аст, тайи ҳудуди даҳ соли ахир дар Тоҷикистон муштариён ё муштарикони зиёде пайдо кардааст. Бисёре шиква мекунанд, ки пулҳои ҳангуфтеро барои пайвастан ба ин ширкат пардохта, аммо суде ба даст наовардаанд.
Ба гуфтаи бархе аз масъулони «Кюнет», шеваи фаъъолияти он чунин аст, ки як нафар дар ивази пардохти маблағи қобили таваҷҷуҳ ва дарёфти ашёе, монанди соъату биюдиск, узви он мешавад ва сипас водор мешавад, ки дастикам ду муштарии дигарро ба он муъаррифӣ кунад.
Ҳар кадоме аз ин ду муштарӣ муваззафанд боз ду муштарии дигарро муъаррифӣ кунанд ва ин силсиламаротиб, ҳамин тур, ба шакли ҳарам ё пиромид идома меёбад. Дар сурате, ки муштарии дигаре пайдо нашавад, аъзои ҷадид наметавонанд пулҳои ҳангуфти худро, ки ба ширкат додаанд, бозпас бигиранд.
Ба нивиштаи расонаҳои хориҷӣ, фаъъолияти ин ширкат дар бисёре аз кишварҳо мамнӯъ ва намояндагони мустақилли» он аз ҷумла дар Эрон ва Туркия боздошт ва муҷозот шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки масъулони «Кюнет» мегӯянд, ки ҳадафи аслии онҳо «кумак ба инсонҳои одӣ барои роҳандозии касбу кор ё тиҷорат бо махориҷи андак» ва аз ин роҳ «боло бурдани сатҳи зиндагии хонаводаҳо ва ба худкифоии иқтисодӣ» расондани онҳост.
Ин ширкат, ки ҳоло бештар бо номи «Кюнет» маъруф аст, дар гузашта бо номҳои «Квестнет» ва «Гулдквест» дар бисёре аз кишварҳои осиёӣ фаъъолият карда ва пас аз ҷанҷолҳои расонаӣ перомуни фаъъолиятҳои машкукаш номи худро чанд бор иваз кардааст.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/08/140822_ea_arzu_isayev_media_council.shtml